Аз садамаи ҳавопаймо дар Дубай, манъи тамокукашӣ дар Пентагони ИМА, шомилшавии Мақдуния ба СММ, ярчи пурқурбонӣ дар Бразилия ва бунёди бинои осмонхарош дар Баҳрайн, то рӯзи умумиҷаҳонии қавми ҷӯгиҳову ҳавои боронии 8-уми апрел
8-уми апрел дар ҷаҳон чӣ воқеа рӯх дод?
1820 – Ҳайкали машҳури Юнони қадим, Венерус де Мило, дар ҷазираи Милос пайдо гардид.
1873- Алфред Падаф аввалин олегомаргарини муваффақро патент кард.
1946 – дар Олмон ҳамлаи терористӣ бо роҳбарии ҷангҷӯёни Либия ба амал омад.
1970 – Таркиши ҳавопаймо дар хатсайри мусофирбар , ки дар Дубай ба амал омад, 238 нафарро кушт.
1970 – Бомбагузории исроилиҳо дар мактаби ибтидоии Миср ҷони 46 ҷавонро рабуд.
1987 – Директори генералии “Лос Анҷелес” Кампанис пас аз баромади нажодпарастонааш муқобили сиёҳпӯстон дар телевизион аз роҳбарӣ исеъфо дод.
1992 – Тамокукашӣ дар Пентагон аз ҳама пойгоҳҳои низомии ИМА манъ карда шуд.
1993 – Ҷумҳурии Мақдуния ба СММ шомил шуд
1994 – Тенисбоз Тамонис Артуш Эш эълон кард, ки ба вируси маснунияти одам гирифтор шудааст.
1998 – Ҳамсари Мартин Лютин Кинг хурд дар муроҷиат барои таҳқиқоти парвандаи куштори шавҳараш далелҳои нав пешниҳод кард.
2000 – 19 сарбози амрикоӣ ҳангоми суқути як киштии баҳрии “Оспрей 22”, ки ба тамрин машғул буд, дар Аризона кушта шуданд.
2005 – Папаи Рим Юҳано Пол II вафот кард.
2008 – Маркази тиҷоратии ҷаҳонии Баҳрайн як маҷмаи аввалин 240 метра дар ҷаҳон ба анҷом расид.
2010 – Фаромадани ярч дар Бразилия 200 нафарро ба ҳалокат расонд.
2011 – Дар Шанхайи Чин сохтмони Диснейленд бо маблағи 4 миллиард доллар оғоз гардид.
2012 – Рӯзноманигори амрикоӣ Майк Уоллес, ки давоми 38 сол барномаи муаллифиеро мунтазам дар телевизион пахш мекард, вафот кард.
2013 – Сиёсатмадори бритониёи Маргарет Тетчер, ки нахустин сарвазирзан буду дар се давраи интихобот пайдарпай ғолиб омад, вафот кард
2014 – Як косаи беназири чинӣ дар музоядаи Ҳонконг бо нархи рекордии 36 миллион доллар ба фурӯш рафт.
Рӯйдодҳои муҳими таърихии 8-уми апрел дар ҷаҳон
1913 – Кушодашавии парлумони1-уми Чин ба вуқуъ пайваст.
1942 – Давлати Шӯравӣ як роҳи оҳанро бо шаҳри муҳосирашудаи Ленинград боз кард. 1942 – Ҷопон Батани Филипинро ишғол кард.
1943 – Президенти ИМА як қатор ислоҳоти иқтисодиро барои мубориза бо таваррум муаррифӣ кард.
1946 – Лигаи Милатҳо бори охир дар Женева ҷамъ омаданд.
1952 – Президенти ИМА Трумен корхонааҳои пӯлодро зери назорати худ даровард.
1959 – Бонки Байнанмилалии Рушд таъсис ёфт.
1960 – Нидерландия ва Олмон пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон бори аввал миёни ҳам созишнома ба имзо расониданд.
1973 – Ҷавоҳирлаъл Неҳрӯ дар Деҳлӣ аҳдномаи бехатари гурезаҳоро имзо кард.
1992 – Дар Бритониё шуиораи охирини маҷаллаи оаозадори “Пуч” ба табъ расид.
2006 –Дар Амрико қонун дар бораи муҳоҷират қабул гардид.
2010 – Ҷумҳурии Чех шартномаи яроқи ядроиро қабул кард.
2010 – Барак Обама ва ҳамтои русаш Дмитрий Медведев – дар Прага шартномаи силоҳи ҳастаиро имзо карданд. Мутобиқи шартнома бояд тарафҳо миқдори ракетаҳои ядроиро то 1 ҳазору 500 адад кам менамуданд.
ДИИШ дар фронти ал-Нусра таҳти исми Давлати исломии Ироқ ва аш-Шом муттаҳид мешаванд.
Ҷашнҳои ҷаҳон
8-уми апрел рӯзи умумиҷаҳонии қавми ҷӯгиҳо (сиганҳо) аст.
8-уми апрел дар Ҷопон рӯзи динии Буддо таҷлил мешавад.
8-уми апрел дар Русия рӯзи филмҳои тасвирӣ (аниматсионӣ) қайд мешавад.
8-уми апрел дар Белорусия рӯзи муттаҳидшавии комиссарияти ҳарбӣ аст.
8-уми апел дар Қириғизистон рӯзи кормандони мубориза бо маводи мухаддир аст.
Дар ин рӯз таваллуд шудаанд:
– 1859 – файласуфи олмонӣ Эдмунд Ҳуссерл
– 1938 – ҳунарманди амрикоиПатрисия Аркет
– 1941 – дизайнери машҳури Бритониё Вивиен Вествуд
Вазъи обу ҳаво барои имрӯз, 8-уми апрел дар Тоҷикистон
8-уми апрел дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борони шадид меборад
– шамол аз самти Ғарб 3-8 м/с
– ҳарорат шабона – 8-10дараҷа гарм; рӯзона – 16-18 дараҷа гарм
Вазъи боду ҳавои ВМКБ 8-уми апрел тайғирёбанда будаи абрнок мешавад.
– шамол аз самти Ғарб 2-7 м/c
– ҳарорати шабона – 3-5 дараҷа гарм; рӯзона 15-17 дараҷа гарм
Вазъи обу ҳавои вилояти Суғд тайғирёбандаи абрӣ пешбинӣ шудааст
– шамол аз самти Ғарб 3-8м/c
– ҳарорати шабона 7-9 дараҷа гарм; рӯзона – 6-8 дараҷа гарм
Дар вилояти Хатлон 8-уми апрел ҳаво абрнок буда, борон меборад.
– шамол аз самти Ғарб 4-9 м/c
– ҳарорати шабона 10-12 дараҷа гарм; рӯзона 18-20 дараҷа гарм
Маълумот бобати вазъи боду ҳаво аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гирифта шудааст.