(Ёде аз рӯзноманигори шуҷоъ ва аккоси варзида Муҳиддин Олимпур)

Муҳиддин Олимпур 2-уми марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Дар ибтидоди солҳои 1970-1979 вазифаи мудирии бахши Агентии давлатии иттилоотии ТоҷикТА (имрӯза «Ховар»)-ро бар уҳда дошта, дар нашрияҳои бонуфузи вақти шӯравӣ «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Адабиёт ва санъат» (1983) фаъолият кардааст. Ҳамчунин, чанд муддат минҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат карда, ба Тоҷикистон бармегардад ва шурӯъ аз соли 1990 то замони кушта шудан ба ҳайси мудири бахши Душанбегии радиои ВВС фаъолият менамояд. Мавсуф муаллифи силсилабарномаҳои радио-телевизионӣ ва ду китоб, барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи устод Лоҳутӣ буд.

Устод Муҳиддин Олимпур ҳамчун равшанфикр, озодандеш, рӯзноманигор, филмбардор ва аккоси маъруфи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Устод бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва андӯхтани донишу таҷрибаи рӯзгор тавонист аз як суратгири рӯзнома то ба дараҷаи рӯзноманигори ҳирфаӣ камол ёбад ва миёни ҷомеаи маданӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи баланд касб намояд.

Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ нисбати М.Олимпур чунин суханони некро гуфта буд: “Олимпур ба ҷаҳон бо чашми дил менигарист. Бо чашми сар ва дурбин аз он акс мебардошт. Зебо, манзараҳоро рангоранг медид. Ӯ он қадар дар ҷустуҷӯю такопу буд, ки ҳар ҳодисае рӯй медод, аз назараш ҳамчун ҳунарманд берун намемонд”. Шоир аз диди назари худ ба рӯзноманигор, аккоси чирадасти соҳибмактаб, номабари илму фарҳанги Тоҷикистони азиз ба чаҳор бурҷи олам Муҳиддин Олимпур баҳои сазоворе дода буданд. Зеро солҳои дар Иттифоқи нависандагони кишвар буданашон, ки Лоиқ Шералӣ як ҷо бо Муҳиддин Олимпур кор ва эҷод мекарданд, аз истеъдоди фавқулзикраш, кору бори аккосиаш бохабар буданд. Дар машваратҳои мунтазами кормандони маҷаллаи “Садои Шарқ” ва адибону нависандагон ҳар як дастоварди ӯро аз сафарҳо ба мамоликҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои форсизабонони олам бо хушнудӣ меписандиданд ва таҳсину офаринҳо мегуфтанд.

Дар ҳақиқат рӯзноманигор, нависанда, аккоси матинирода Муҳиддин Олимпур мактаби эҷодии худро дошт, ки он аз рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” имрӯза “Ҷавонони Тоҷикистон” ибтидо гирифта буд. Аксҳои ба рӯи коғаз овардааш ҳар яке аз дигаре ҷаззобтару дилработар баромада, саҳфаҳои рӯзномаву маҷаллаҳоро зеб медоданд. Шӯҳраи ӯро чун нависанда, суратгари чирадаст эҳёгари санъати рассомӣ фузӯда, шӯҳратёраш менамуданд. Аксҳо ормонҳои миллати тамаддунофари моро ба ҷаҳониёни ғарбу шарқ нишон дода, муаллифашро дар ҷодаи санъатвари мониқалам будан муаррифӣ мекарданд.

Устод волотарин шахсияти фарҳангии кишвар буд ва дар ин ҷода шахсиятҳои фарҳангии мардуми форсизабони оламро омӯхта, онҳоро ба Тоҷикистониён муаррифӣ мекард. Чеҳраҳои беҳтарини халқиятҳои кишварҳои ҳамҷавори Туркия, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон ва дигар мамоликро ба хонандаи тоҷик муаррифӣ мекард. Мекӯшид, ки ҳар як дастоварди фарҳангии кишварҳои хориҷ аз диди назар дур намонда ба хонанда бештару хубтар шинос карда шавад. Ҳангоми сафар ба кишварҳои олам ӯ бештар ба муҳити фарҳангии он халқҳо, расму русуми аҷдодии онон, санъату ҳунарҳои ононро аксбардорӣ менамуд. Натиҷаи ҳар як сафари эҷодиашро аз диди назари хеш баҳо дода, қаноатманд мешуд. Ба ҳар кишваре, ки сафар мекард, бо худ аксҳои ҷолиб, манзараҳои дилфиреби кишвари биҳиштосоямонро муаррифӣ мекард.

Устод Олимпур аз ҷумлаи нахустин рӯзноманигорони миллиест, ки ба Урупову Амрико ва Эрону Афғонистон рафта, бо форсизабонони маъруфи дунё тамос ва равобити фарҳангию ҳунарӣ барқарор намудааст. Сафардидаҳояш дар қолаби силсилабарномаҳои радиоии “Аз Душанбе то Лос Анҷелос” мавриди истимои ихлосмандону ҳаводорони шеъру мусиқии Шарқу Ғарб қарор гирифтаанд. Ӯ навигариҳои фарҳангии кишварро ба оламиён дар барномаи радио инъикосгар ба шумор мерафт. Инчунин, дар барномаҳои телевизионии “Ситораҳои Шарқ” барои баҳамоварии мардуми форсизабонҳо, мустаҳкамшавии робитаи онҳо, рушду такомули санъату ҳунар кӯшиш ба харҷ медод ва дар тамоми ҷода комёб мегашт. Дар рӯзнома ва маҷаллаҳои дохил ва хориҷи кишвар бештар муссаввараҳои одамони маъруфи кишварро пешкаш менамуд, то оламиёнро ба симои тоҷиконаи онон муаррифӣ кунад. Чеҳраҳои шоирони номвару номбардори кишвар Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Аскар Ҳаким, Гулназар, Зуҳур Ҳабибуллоев, олимон Муҳаммад Осимӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигаронро бо санъати олии рассомӣ ба қалам дода буд. Барномаҳои радиоии устод Олимпур шунавандагони зиёде пайдо карданд ва миёни ҷомеаи мадании тоҷикӣ ӯро соҳибнуфуз гардониданд.

Шоири тоҷик Хайрулло Юсуфӣ, бахшида ба 76-умин солгарди М.Олимпур шеъре бо номи “МАРО ҶӮЕД ДИГАР…” эҷод карда буд:

Ба қалби мардумони кишвари худ кардаам лона,

Ба эъҷози қалам, бо аксу лавҳи нобу афсона.

Ба паҳнои ҷаҳон бурдам ҳама эъҷози мулкамро,

Ки монад то абад ҷовид ба ҳар як халқи бегона.

Гул овардам, ки бидҳад зеб гесӯи нигоронро,

Ба фасли дай биёвардам гулу себарга, райҳонро.

Паёми Суғд бурдам бар ҳама кунҷу канори даҳр,

Кашидам нақши чун Монӣ фарози обшоронро.

Зи номи Ориён бурдам ба ҳар як тоҷики олам,

Ҳама доди ватанхоҳӣ, ҳама эъҷозу дарду ғам.

Зи сулҳу ваҳдати халқаш, зи мероси ниёгонаш,

Ҳазорон лавҳаҳо бурдам ба ҳар як гӯшаи олам.

Маро ҷӯед дигар аз китоби шеъру афсона,

Маро ҷӯед дигар аз нигористони кошона.

Ки гаштам ман шаҳиди роҳи Истиқлоли ин кишвар,

Ки аксандозҳояш буда сокин баҳри ҳар хона!

Албатта, дар он солҳои 90-и қарни гузашта, М.Олимпур ҳамчун рӯзноманигори ҳирфаӣ ва дар он  замон озодандеши миллӣ ба бисёр гурӯҳҳои манфиатхоҳ, аз ҷумла саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ, ки дар пайи лағви барномаҳои рушди тафаккури миллӣ ва манофеи давлатӣ даст мезаданд, маъқул набуд. Аз ин рӯ, террори Муҳиддин Олимпур, аз дасти ин хунхорони наҳзатӣ қабл аз ҳама, ба фаъолияти кории ӯ вобастагӣ дошт, ки аз манфиатҳои миллӣ ҳимоят карда, муқобили ифротгароӣ ва исломи сиёсӣ буд.  Ҳамин тавр, субҳи 12 декабри соли 1995 устод Муҳиддин Олимпур дар соҳили дарёчаи минтақаи “Ҷазира”, дар наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз тарафи наҳзатиҳои террорист ваҳшиёна ба қатл расонида шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои марбутаи давлатӣ дар ибтидои солҳои 2003 ва 2007 қотилони устод Олимпурро, ки аз нафарони ба доираҳои наҳзат наздик буданд, дастгир карда, ба ин палидон ҷазои сазовор доданд.

Бояд зикр намуд, ки куштори рӯзноманигорони маъруфи кишвар, аз ҷумла М. Олимпур аз ҷониби террористони наҳзатӣ ба хотири ба вуҷуд овардани нобоварӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ, ҳамчунин барои тарсондани озодандешон ва бастани роҳи озодии баён дар қаламрави ҷумҳурӣ, барномарезӣ шуда буд ва ин хашинтарин навъи терроризми байналмилалӣ аз ҷониби саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ ба ҳисоб мерафт.

Хушбахтона, ин палидони наҳзатӣ ба ниятҳои нопокашон нарасиданд ва имрӯз овораю дар ба дар дар хориҷи кишвар мебошанду мисли мор пӯсташонро якчанд маротиба иваз намуданд. Яъне, мавқеъ, сиёсат, рафтору гуфтор, ришу мӯй ва ҳатто либоспӯшиашонро дигар карданд, аз демократия, дунявият ҳарф мезананд, то ки ба талаботи стандартҳои аврупоӣ ҷавобгӯй бошанд. Вале дигар ҳилаву найранги палидони наҳзатӣ ба кор намеравад, чун симои аслии ифротию террористии онҳо ба ҳама маълуму равшан аст, душману бадхоҳони миллатанд ва ҳаргиз онҳо кори хайреро ба манфиати миллату давлат ба анҷом намедиҳанд.

Миллати тоҷик устод Муҳиддин Олимпурро, ки мавқеи миллӣ ва дидгоҳи дунявӣ доштанд, ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо фаромӯш намекунанд, аз Ӯ ифтихор мекунанд, номи некашон ҳамеша дар дилу дидаи мардум ҷой дорад ва вирди забонҳост.

Халифаев Шамсуддин,

сармуҳарри рӯзномаи «Файзи Зарафшон»и ноҳияи Айнӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here