Абунаср Муҳаммад бинни Муҳаммади Форобӣ (873-950) яке аз саромадони ҳикмати машшоии давраи тасаллути ислом маҳсуб мешавад. Вай дар соҳаҳои гуногуни илми замонаш дасти қавӣ дошт ва осори зиёде чун «Шарҳи мантиқи Арасту», рисолаҳое дар ахлоқ, сиёсат, тарбият, дин, риёзиёт, табииёт, мусиқӣ, таърихи табақабандии улум, омӯзиши артиш ва ғайра ба ёдгор мондааст. Бинобар ҳамин вусъати фарогир ва шабоҳаташ ба Арасту буд, ки ӯро Муаллими сонӣ (дуюм) лақаб додаанд. Бисёре аз осораш дар қарнҳои минбаъда ба ибораи лотинӣ тарҷима шудааст.

Форобӣ асарҳои зиёди фалсафӣ низ таълиф намудааст, ки муҳимтаринашон -«Эҳсо-ул-улум», «Мақола фи маъонӣ ул-ақл», «Китоб-ул-ҷамъ байна-л-ҳакиматайни-Афлотун-ул-Илоҳӣ ва Аристотолис», «Китобу орои аҳли-л-мадинат-ил-фозила», «Китоб-ут-танбеҳ, ало сабили-с-саода», «Китоб ул-сиёсати-л-мадания», «Китобу фусул-ул-маданӣ» мебошанд. Дар осораш назари машҳуртарин файласуфон – Демокрит, Афлотун, Арасту, Буқрот, Флутин, Фурфуриус, Уқлидус, Батлимусро тафсиру ташреҳ кардааст. Ӯ вобаста ба масъалаҳои онтология, гносеология, фалсафаи табиат, ҷамъиятшиносӣ, эстетика ва этика андешаҳои арзишманд пешниҳод кардааст.

Абӯнасри Форобӣ (870-950) намояндаи арастуияи шарқӣ (бо номи машшоия машҳур аст), шореҳи Арасту ва Афлотун. Ба андешаи ӯ, зебоии ҳама предметҳо дар татбиқшавии комили вуҷуди он ва камолоти ҳадди аксари он мебошад. Дар инсон зебоии зоҳирӣ (ба андешаи ӯ, зебоии табиӣ аз зебоие, ки ба воситаи зебу зиннат додан ба даст оварда шудааст, болотар аст) ва зебоии ботинӣ иборат аст, ки дар рафтори ахлоқи олӣ ва инкишофи ҳамоҳанги шахсият “адаб” зоҳир мегардад. Форобӣ санъатро ҳамчун “тақлид” мавриди баррасӣ қарор медод, ки ҳадафи он бедор гардонидани эҳсосот ва тахаюлот мебошад. Ба фазли тахаюлоти эҷодии худ, рассом дар образҳои алоҳида ғояҳои умумиро таҷассум мекунад. Шеърият ва санъати калом (риторика) дар доираи мантиқ баррасӣ мешаванд: суханҳои шоирона “мутлақо дурӯғ”, риторикӣ “асосан дурӯғ” ва диалектикӣ бошанд, “асосан ҳақ” мебошанд.

Гуногунии савти инсон назар ба савти мусиқии асбобҳо дорои қудрат ва ҷаззобияти махсус мебошад. “Фанни шеър”-и Арастуро Форобӣ, Сино ва ал-Киндӣ шарҳ додаанд.

Ғояи дурӯғи мутлақ будани ашъор бо он шарҳ дода мешуд, ки онҳо ба шуури шунаванда он чиро намерасонанд, ки “дар бораи он сухан меравад”, балки образеро мерасонанд, ки комилан маҳсули тахайюлот мебошанд. Форобӣ мундариҷаи “Фанни шеър”-и Арастуро шарҳ дода, таснифоти илмҳо ва таърифҳои назми юнониёнии худашро пешниҳод намудааст.

Форобӣ илми мусиқиро ба амалияи мусиқӣ, ки бо иҷрои вокалӣ ва инстументалӣ алоқаманд мебошад ва назарияи мусиқӣ, ки мусиқиро новобаста аз иҷроиши он мавриди омӯзиш қарор медод, тақсим мекунад. Аз назари сохтори оҳанг ҳамоҳангӣ ва ритм ба таври махсус таъкид шудаанд. Форобӣ ҳамчунин мафҳуми “мимикаи ритмӣ”-ро ворид намудааст, ки на ба овоз, балки ба фикри ҳаракатҳои мавзуни раққос тобеъ буда, ваҳми савтҳоро ба миён меоварад. Форобӣ афкори зебоишиносии худро дар китобҳои “Муҳокимаҳо дар бораи санъати шеър”, “Китобу-л-мусиқии ал-кабир”, “Санъати калом (Риторика)”, “Китоби мусиқӣ”, “Китобу эҳсоу-л-иқоъ (ритмҳо)”,”Китоби фи-н-нақлати” ва “Ал-калому фи-л-мусиқӣ”, “Китобу-л-таснифу-л-улум” ва ғ. инкишоф додааст.

Ба андешаи Форобӣ, амалҳои зишт ва зебо вобаста ба хулқи инсон содир шуда, заминаи омезиши ахлоқ ва зебоишиносиро ба вуҷуд меоваранд. Зебоӣ, аз нигоҳи Форобӣ, ҳам дар кайҳон ва ҳам дар инсон вуҷуд дошта, беҳтарин зебоӣ рафтори зебо мебошад. Фазилатҳои зебову зишт дар инсон дар ҳоли билқувва нуҳуфтаанд, яъне онҳо на ба таври табиӣ, балки дар натиҷаи тарбия ба вуҷуд омада, ба воқеият табдил меёбанд. Хислатҳои зебо дар раванди такрор шудани онҳо ба одат табдил ёфта, минбаъд ба шарофати он, инсон соҳиби хулқи зебо мегардад. Тарбияи ахлоқ дар ҳар гуна санъату ҳунар мисли машқу тамрин барои камолот зарур мебошад. Масалан, инсон бо воситаи машқ кардан ва одати доимии навиштан ба дараҷаи баланди ҳунари хаттотӣ мерасад. Аз ин рӯ, ҳокимони мадинаи фозила мардумро бо воситаи такрори доимӣ ба рафтори зебо одат мекунониданд. Дар маркази рафтори хуби ахлоқӣ ва рафтори зебо эҳсоси андоза вуҷуд дорад. Масалан, саломатӣ – натиҷаи нигоҳдории меъёр аст. Нигоҳдории андоза ва ҳамоҳангӣ, асоси мавҷудияти зебоиро ташкил медиҳад. Вайрон шудани он нишонаи пастии ахлоқ ва рафтори зишт аст. Масалан, агар андозаи ҷасорат нигоҳ дошта нашавад, он ба зиддҳои худ табдил меёбад: аз як тараф, ба беақлӣ ва аз тарафи дигар, ба тарсӯӣ. Саховат ва дигар арзишҳои ахлоқӣ низ айнан чунинанд.

Инсон дар санъату ҳунар чанд ҳадафро пайгирӣ мекунад: гуворо, фоидаовар ва зебо будан. Донистани ҳақиқат ва пайдо кардани донишҳои бунёдӣ ҳунари аз ҳама зебо аст, ки дорои ҳадафи зебо мебошад. Амале, ки ҳадафаш дарёфти зебоӣ аст, фалсафа ё ҳикмат ном дорад. Фалсафа аз қисмати назарӣ ва амалӣ иборат буда, қисмати дуввум, роҳҳои татбиқи зебоиро нишон медиҳад.

Дар таърихи илм Форобиро ҳамчун асосгузори илми мусиқии ҷаҳони ислом мешиносанд. Ба андешаи ӯ, мусиқӣ баёнгари ҳолатҳои рӯҳӣ ё равонии инсон аст. Ӯ зарбҳои мусиқиро натиҷаи эҳсоси зебоипарастии инсон мешуморид, ҳарчанд ки заминаҳои мусиқӣ дар муҳит, кайҳон ба шакли зарб, иваз шудани ҳолатҳои табиат, ҳаракати низоми кайҳонӣ ва ғ. ба мушоҳида мерасад.

Форобӣ ба воситаи осори худ чанд ҷиҳати зебоишиносиро мавриди муҳокима қарор додааст: дар фалсафа (ҳадаф дарки ҳамоҳангии ҳастӣ дар кайҳон), дар ахлоқ (зебоӣ – ин ҳадди охирини саодати инсонист) ва дар сиёсат (зебоӣ дар ҳамоҳангии муносибатҳои ҳаётии муҳими одамон) ифода меёбад.

Дар осори Форобӣ масоили зиёде, аз қабили алҳон чист? Мусиқӣ чист? Чӣ гуна мусиқӣ дар инсон таъсир мерасонад? Меъёри зебоӣ чист? Дар кадом асос бунёд меёбад? Мусиқии инсон ва тафоввути он аз мусиқии табиат ва ғ. баррасӣ шудаанд.

Зиёева Зебониссо Идибековна,

ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь