Шоири асри XI Фахриддин Асъади Гургонӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик бо достони «Вис ва Ромин»-и худ маълуму машҳур аст. Тавре ки аз таърихи адабиёти форсу тоҷик маълум аст, достони «Вис ва Ромин» яке аз ёдгориҳои қадими халқҳои эронинажод буда, то давраи Фахриддин Асъади Гургонӣ бо забони паҳлавӣ вуҷуд доштааст».

Фахриддини Гургонӣ дар охири соли 1042 ва аввали 1043 бо хоҳиши Абулфатҳ Музаффар ба таълифи ин асар даст задан ва забони достон дар оғоз паҳлавӣ буданро чунин баён кардааст:

Маро як рӯз гуфт он қиблаи дин,

«Чӣ гӯӣ дар ҳадиси «Вису Ромин»,

Ки мегӯянд чизе сахт некӯст,

Дар ин кишвар ҳама кас дорадаш дӯст?»

Бигуфтам, к-он ҳадиси сахт зебост,

Зи гирдовардаи шаш марди доност.

Надидам з-он накӯтар достоне,

Намонад ҷуз ба хуррам бӯстоне.

Валекин паҳлавӣ бошад забонаш,

Надонад ҳар кӣ бархонад баёнаш.

Дар ҷойи дигари достон шоир ибораҳои паҳлавии «хур осад» ва «хур осон»-ро мутаносибан ба ибораҳои «хур ояд» ва «хур оён» шарҳ медиҳад, ки чунин амал дар фаҳмидани калимаю ибораҳои паҳлавӣ барои хонандаи имрӯз басо судманд мебошад:

Забони паҳлавӣ ҳар, к-ӯ шиносад,

«Хуросон» он бувад, к-аз вай хур осад.

«Хур осад» паҳлавӣ бошад «хур ояд»,

Ироқу Порсро хур з-ӯ барояд.

«Хуросон»-ро бувад маънӣ «Хуроён»,

Куҷо аз вай хур ояд сӯи Эрон.

Аз гуфтаҳои Фахриддини Гургонӣ бармеояд, ки дар асри XI на ҳар кас забони паҳлавиро мефаҳмида будааст. Дар хусуси содабаёнӣ ва ҷо-ҷо дар достони «Вис ва Ромин» истифода шудани калимаҳои номаънус адабиётшиноси эронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯб ҳам чунин ишора кардааст: «Бо он ки сабки баёни шоир аз перояи санъатҳои бадеӣ холӣ нест ва ҳатто вуҷуди баъзе алфози номаънус ҳам, ки дар ҷой-ҷойи он ҳаст, ба лутфи баёнаш то ҳадде латма мезанад, санъатгароӣ дар каломи ӯ мутакаллифона нест, ҳатто ғолибан номаръӣ (диданашаванда) аст ва кашфи он аҳёнан муҳтоҷ ба диққату тааммул. Аммо содагии баёнаш чунон машҳуд ва бориз аст, ки суханшинос дар мутолиаи он аҳёнан оҳанги каломи содаву бетасаннуи Фаррухиву Атторро бозмеёбад».

Фахриддин Асъади Гургонӣ дар достони «Вис ва Ромин» аз калимаю таркиботи паҳлавӣ низ истифода кардааст. Дар хусуси он, ки забони паҳлавӣ то замони шоир дар Эрон ривоҷ доштан ва дар гуфтугӯи баъзеҳо боқӣ будани он адабиётшиноси маъруфи эронӣ Забеҳулло Сафо дар китоби «Таърихи адабиёти Эрон» чунин овардааст: «Достони «Вис ва Ромин» хилофи бисёре аз кутуби паҳлавии пеш аз ислом, ки дар нахустин қарнҳои ҳиҷрӣ ба арабӣ дароварда буданд, аз он забон нақл нашуда буд, лекин дар баъзе навоҳии Эрон ҳанӯз нусхаҳое аз матни паҳлавии он дар миёни мардум роиҷ ва мавриди алоқаи онон буд ва дар Исфаҳон мардум бар асари донистани забони паҳлавӣ он китобро мешинохтанд ва мехонданд».

Забеҳулло Сафо дар китоби хеш чанде аз калимаҳои паҳлавиро, аз қабили «дужхим», «дужписанд», «дужмон», «осад», «осон», «дошан» ва «минӯ»-ро, ки мутаносибан маъноҳои «бадхӯ», «бадхоҳ», «бадандеш», «ояд», «оён», «аҷру ҷазои нек» ва «биҳишт»-ро доранд, низ овардааст.

Мо дар ин мақола кӯшиш намудем, ки перомуни калимаҳои номаънуси достони «Вис ва Ромин»-и Фахриддини Гургонӣ сухан ронем. Тавре ки маълум аст, достони «Вис ва Ромин»-и Фахриддин Гургонӣ ҳанӯз соли 1966 бо кӯшиши адабиётшинос Алиқул Девонақулов ба табъ расида буд ва тадқиқоти мо низ аз рӯи он сурат гирифтааст. Таҳиягари достон калимаҳои куҳнаву номаънусро ба хотири ба хонанда равшан шудани маъноҳояшон дар поварақи китоб ҷой додааст. Тибқи ҳисобу китоби мо вожаҳои қадимаву ноошно, аз ҷумла калимаҳои иқтибосии паҳлавӣ, юнонӣ ва арабӣ дар достони «Вис ва Ромин» наздики 300-то мебошанд, ки маъниҳои гуногунро дар бар гирифтаанд.

Калимаю вожаҳои қадимӣ, ки баъзеашон аз забони паҳлавӣ боқӣ мондаанд, маъноҳои мухталифро баён мекунанд. Калимаю вожаҳои номаънуси достони «Вис ва Ромин»-ро мо дар поён вобаста ба мазмуну муҳтаво ва қаринии онҳо ба чанд гурӯҳ ҷудо намудем:

Исми шахс ва калимаҳои ба инсон тааллуқдошта: балоя – зани бадкор, ваю – бева, барда – ғулом, занбора – занбоз, марди булҳавас, куноранг – ҳоким, Ораш – паҳлавоне, ки бо тирандозӣ машҳур гаштааст, навшод – тозадомод, навдомод, раҳӣ – чокар, хидматгор, рӯспӣ – зани бадахлоқу бадкор, ҳамол – шарик ҳамсаф;

Исми узвҳои бадани инсон: зифар – даҳон, зиҳор – зери шикам, кала – гесӯ, марғул – зулфи печон.

Номи китоб: «Артанг» – «Аржанг», номи асари Монӣ.

Номи сайёраҳо: Баҳром – сайёраи Миррих, Замӣ – мухаффафи Замин, Кайвон – камон, Зуҳал, Занаб – ситораи думдор, Хур – офтоб, хуршед, Муштарӣ – номи сайёра, Тиннин – номи ситора, ситор – ситора, Суҳо – номи ситора.

Номи фаслҳои сол, вақт, рӯзу моҳҳои қадимӣ: бом – бомдод, Дай – зимистон, Маҳоқ – охири ҳар моҳ, ки дар он се шаб Моҳ дида намешавад, Найсон – моҳи дуввум аз фасли баҳор; баҳор, ҳамешабаҳор, Озар – охирин моҳи фасли тирамоҳ, тирамоҳ, оҳанҷ – аввал, оғоз, Урдибиҳишт – моҳи дуюми фасли баҳор, Хурдод – номи моҳ, моҳи охири фасли баҳор, хур – офтоб, хуршед, шанбад – шанбе.

Номи асбобҳои мусиқӣ: говдум, табира – табл, нақора, санаҷ, сантур, сапил – наво, овоз, тироҳ – овоз, садо.

Номҳои ҷуғрофӣ: Арванд – кӯҳест дар Ҳамадон, дарёб – дарё, кавир – шӯразор, дашти шӯразор, сароб, Карх – маҳаллаест дар Бағдод, равшанон – ситорагон, Тӯр – кӯҳ, номи кӯҳест дар Арабистон, Ҷур – ноҳияест дар Нишопур, Тахора – тахористонӣ, шӯрум – кӯҳ.

Номи гиёҳу наботот: абҳар – навъе аз гул, аскар – ангур, баҳман – гул, кабаст – талх, кадӯи талхмаза, мурд – муруд, гул, нол – найшакар, обсолон – боғ, саътар – гиёҳи биёбоние, ки гули кабудранг дорад, хайзурон – рустании най, қамиш, ҷавз – чормағз.

Номи хӯроквориҳо: ангушт – навъе аз ҳалво, каб – заҳр, талх, сик – обғӯра, сирко, табарзад – қанд, ҳуш – заҳр, марг, чина – дона, донаи мурғон, шаранг – заҳр, талх.

Номи асбобу анҷоми гуногун: абранҷан – ҳалқаи тилло ё худ нуқра; бозубанд, байрам – навъе аз матоъ, бобзан – сих, сихи кабоб, бурд – матои ранга, буссад – марҷон, виқоя – матоъ, сарбанди зан, вошома – сарбанд, рӯсарии занон, ганҷи шойгон – ганҷе, ки лоиқи шоҳону бузургонанд; номи яке аз ганҷҳои Хусрави Парвизро низ гӯянд, густӣ – зуннор, дайҳим – тоҷ, далв – сатил, даруна – камони ҳаллоҷӣ, диз – қалъа, жупин – найза, ирмон – хонаи орият, кандиз – куҳандиз, кемухт – пӯст, куноғ – тори абрешим, лунг – камарбанд, мансуҷ – матоъ, михлаб – чангол, миҷмар – оташдон, мутраф – пероҳани абрешимин, ронин – шим, шалвор; зиреҳ, румҳ – навъе аз найза, сиқоя (сиқоят) – зарфи обхӯрӣ, паймона, пиёла, суморӣ – киштӣ, устом – зин ва афзоли асб, тароиф – чизҳои тоза ва нав, тахти мадҳун – тахти чармин, пашиз – пули сиёҳ; ночиз, ҳеч, полаҳанг – лаҷом, сундус – абрешими рангоранг, сӯфор – зеҳи камон, танг – айил, торам – хона, торӣ – мухаффафи торик, тӯ – тӯб, тӯза – пӯсти дарахте, ки ба камон ва зини асп мепечонданд, фисор – лаҷом, шодирвон – саропарда, пешгоҳи боргоҳ, шӯрум – кӯҳ, яшк – дандони тезу бурандаи ҷонварони дарранда.

Номи рангҳо: бурд – матои ранга, киноя аз зарду сурх шудан, вашифом – сафедранг, кофур – сафед, ситабрақ – сабз, хинг – сафед, шангарф – сурх, қор – моддаи сиёҳранг, ки аз нафт ҳосил гардад.

Номи бӯйҳо: бухур – бӯи хуш, муаттар, кофур – доруи хушбӯ, малҳам форам, пиласта – хушбӯй, пиластгин даст – дасти хушбӯй, нозук.

Номи ҳайвоноту парандаҳо: бутимор – мурғе, ки пайваста дар канори об нишинад ва онро ғамхӯрак ё худ моҳихӯрак мегӯянд, ғурм – меши кӯҳӣ, ифрит – дев, наҳанг – киноя аз шер, ранг – бузи кӯҳӣ, сорӣ – мурғи хушовоз, таҷора – той, тойча, тиннин – аждаҳо, хинг – асп, ҳужабр – шер.

Номи амалу касбу кор: ашкор – шикор, каҳбад – хазинадор, кушшӣ – кушанда, қотил, кутвол – соҳиби қалъа, нигаҳбони қалъа, пизишк – табиб, духтур.

Шумора: анд – якчанд.

Феълу масдар: аштоб – шитоб, хиёнат, база – гуноҳ, барам – бароям, бахшой – дареғ дорӣ, биҳил – бигузор, битракад – битаркад, ваҳрат – гирифтор гардидан; таъсир намудан, ваҳҳар – гирифтор гардидан; таъсир намудан, газ – газанд, зарар, гӯши ман дор – гӯш ба ман дор, кушуфтан – хароб кардан, нест намудан, маёмавз – маёмӯз, маниш – хӯй, хулқ, атвор, наваштан – печонидан, нӯз – ноз, озин – зебу зинат, ороиш, руфу кардан – дӯхтан, ямоқ кардан, руштан – ранг кардан, сунбидан – сӯрох кардан, ковидан, суфтан, тӯхтан – дӯхтан, кашидан, фарҳанҷидан – адаб омӯзондан, тарбият кардан, ҳанҷидан – рабудан.

Зарф: арзиз – камарзиш, чизҳои сохта, арзон – арзанда, божгуна – вожгуна, баргашта, гурозон – хиромон, базон – вазон, ғарҷа – паст, забун, дарвой – афрохта, лозим, муҳим, диранг – ором, жарф – амиқ, чуқур, кашафта – пажмурда, махбар – ботин, дохил, машӣ – ахлоқ, набаҳра – носара, нохуш, оҳу – зишт, норасоӣ, пажмурида – пажмурда, ситанба – қавипайкар, зӯр, қавиҳайкал, бадҳайбат, талоя – пешрав, танбул – макр, найранг, тахти мадҳун – тахти чармин, хасту – ошкор, равшан, харидор, хоҳон, ҷалдӣ – шитобкорӣ, ҷофӣ – пурҷафо, шарза – дарғазаб, хашмнок, шафшоҳанг – шиканҷа, шахуда – пажмурда.

Калимаҳои ифодакунандаи ҳиссиёту ҳаяҷон: ано – ранҷ, азоб, бурд – киноя аз зарду сурх шудан, ба хиҷолат мондан, гурм – тарс; азоб ва уқубат, андуҳ, ғунҷ – ноз, ишва, дажком – хашмгин, дажхим – бадхӯ, бадқаҳр, пидром – хушу хурсанд, дароз, ромаш (ромиш) – хурсандӣ, шодӣ, салаф – нохуш, ташвир – шармсорӣ, изтироб, парешонӣ, ошуфташавӣ, хоҷолат кашидан, хунук – чи хуш, зиҳӣ.

Исми ашё: барзан – маҳалла; хона, басеч – созу сомон; қасд, бодафроҳ – ҷазо, буссад – марҷон, бӯж – гармӣ, боҳарорат, бӯз – гарм, гармӣ, боҳарорат, дошан – ато, бахшиш, дуда – хонадон, зуфт – мумсик, бахил, золим, ифрит – дев, каб – заҳр, кавир – шӯразор, дашти шӯразор, сароб, кала – гесӯ, кандиз – куҳандиз, каҳбад – хазинадор, кашафта – маҳв, нест; пажмурда, кемухт – пӯст, ковин – кобин, қалин, маҳр, кофур – доруест хушбӯ, куноғ – тори абрешимӣ, куноранг – ҳоким, минӯ – биҳишт, хинҷор – роҳ, ҳинҷор – роҳи рост, ҷайз – лашкар.

Сифатҳо: балоя – зани бадкор, вижа – хоса, беҳтар, божгуна – вожгуна, баргашта, зид, муқобил, база – гуноҳ, гаст – зишт, нозеб, нописанд, гунда – калон, бузург, гурбиз – зирак, доно, оқил, ҳушёр, зуфт – мумсик, бахил, золим, фархор – зебо, ороста, озода, хулқон – куҳна.

Пешояндаҳо: абр – абар, бар, зӣ – сӯй.

Хулоса, омӯзиши калимаю вожаҳои номаънуси достони «Вис ва Ромин» -и Фахриддини Гургонӣ дар фаҳмидану донистани баъзе калимаҳои забони паҳлавӣ ба хонандаи имрӯз мадад расонида метавонад. Калимаҳои паҳлавӣ аз лиҳози оҳангнокӣ ва тарзи талаффузашон аз вожаҳои иқтибосии арабӣ ва забони адабии тоҷикии имрӯза ба куллӣ фарқ мекунанд. Хонандаи имрӯзаро зарур аст, ки ба фарқи калимаҳои иқтибосии арабӣ ва вожаҳои паҳлавӣ диққат дода, онҳоро бо ҳам омезиш надиҳад.

Худоёрзода Раҷабалӣ, омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь