Моҳи майи соли 1977 Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ба вилояти Ленинобод меоянд. Мақсад аз ин сафар вохӯрӣ бо меҳнаткашоне, ки устод Турсунзодаро ба депутатии Совети Олии СССР пешбарӣ намуда буданд, иборат буд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебоист дар шаҳрҳои Конибодому Исфара бо интихобкунандагон вохӯрда, оид ба нақшаҳои кори депутатӣ ҳисобот диҳад. Устодонро пеш аз ҳама дар Ленинобод бо самимият пазироӣ намуданд.

 

Раиси комиҷроияи вилояти Ленинобод Усмон Қосимов ба шоирони шинохта аз нақшаҳо ва комёбиҳои вилоят, рафти сохтмони бинои нави комиҷроия ва дигар масъалаҳо нақл кард.

Маросими мулоқот бо вакил Мирзо Турсунзода аз Конибодому Исфара оғоз ёфт. Пас аз вохӯриҳо бо халқ, сайри боғу қасри маданият,  табобатгоҳи «Зумрад», чойхонаҳои нақшини соҳили дарёи Исфара меҳмононро дар колхози ба номи В.И.Ленин қабул намуданд. Дар ин ҷо бо иштироки Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Артисткаи халқии СССР Туҳфа Фозилова, Холмурод Шарифов, Карим Абдулов ва дигарон як суҳбати аҷибе баргузор гардид. Иштирокчии ин нишаст нависанда Холмурод Шарифов дар очерки «Бо ситора ҳамнишин» ёдоварӣ мекунад, ки  суҳбат хеле гуворо ва руҳафзо буд. Ба тасвираш кас оҷизӣ мекунад. Ман ҳеҷ гоҳ Турсунзодаву Раҳимзодаро ба монанди он шаб гӯёву руҳбаланд надида будам. Фақат ҳаминашро бо таассуф гуфтаниям, ки кошкӣ он суҳбати такрорнашавандаву пур аз лутфу эҳсон, зарофатгӯиҳои Туҳфа Фозилова ва ҳунарварони Исфара бо сарпарастии Мирзоқурбон Солиевро ба навор мегирифтанду онро имрӯз дастраси мардум мекарданд.

Он шаб то бевақтӣ аҳли суҳбат бо як эҳсосот нақлҳои аҷоибу шеърхониҳои устодонро гӯш карданд. Як вақт устод Турсунзодаро пурсиданд, ки имшаб дар куҷо хоб мекунем? Дар бӯстонсарои комиҷроияи шаҳр? Мирзо Турсунзода ҳамоно чанд байте аз «Ҷони ширин» қироат мекунад:

 

Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,

Ҳар куҷо, ки буд, ҷои зистам.

Ин дили ман манзили ёди ту буд,

Ёди рӯи ҳуснободи ту буд.

Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам,

Бе ту бар чашмам наёмад хоб ҳам.

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,

Ин қадар беҳуда дилтангам макун.

 

Ҳозирон дар охири шеър кафкӯбӣ карданд. Маълум буд, ки онҳо аз ишқи Мирзо Турсунзода ба ҳамсараш огоҳӣ доштанд…

Он вақт Мирзо Турсунзода дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият дошт. Рӯзе бо як мансабдори иттифоқ гапаш мегурезад ва ӯ бо ҷаҳл баромада меравад. Рӯзи дигар ба поезд савор мешаваду роҳи Ленинободро пеш мегирад. Баъди ба ин шаҳри бостонӣ расидан ба хонаи Раҳим Ҷалил меояд. Дӯсташ ӯро хуш пазируфта аз омаданаш хурсанд мешавад.

Турсунзода қиссаи бо мансабдори интифоқ баҳс карданашро нақл менамояд. Раҳим Ҷалил мегӯяд, ки хонаи ӯ хонаи вай аст, бемалол ин ҷо зиндагӣ кунад. Дар Ленинобод ба ӯ кор меёбанд, ба қавле об ба лаби ҷӯй баробар мешавад.

Ва ҳамин тавр ҳам гашт. Турсунзодаро мудири бахши бадеии Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ таъин мекунанд.

Рӯзе ҳодисае рӯй медиҳаду зиндагии Турсунзодаро ба куллӣ тағйир медиҳад. Он рӯз дар театр асари навро ба саҳна мегузоштанд. Репетитсия давом мекард. Як вақт духтараки зебое, ки дар даст чанд варақ дошт ба назди Раҳим Ҷалил меояду мегӯяд:

– Муаллим, ҳамин калимаҳои душворталаффузро бо синонимҳояш иваз карда намешавад?

Раҳим Ҷалил коғази дар дасти ӯ бударо гирифта мехонаду ҷавоб медиҳад:

– Иваз карда мешавад, Сабоҳатхон. Инро ба мудири нави бахши бадеӣ Мирзо Турсунзода мегӯед, – ба Мирзо Турсунзода нигариста илова мекунад Раҳим Ҷалил. – Мирзоҷон, ба ин актрисаи мо ёрдам диҳед.

Мирзо Турсунзода варақро гирифта чанд калимаашро иваз менамояд ва ин ба актриса писанд меафтад. Ҳамин тавр Мирзо Турсунзодаю Сабоҳат шинос мешаванд ва дере нагузашта оила барпо мекунанд. «Ҷони ширин»-ро Турсунзода ба ҳамсараш бахшидааст ва аз ин бисёриҳо огоҳӣ доштанд…

Ҳамон шаб адибон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Холмурод Шарифов дар Исфара монданд. Рӯзи дигар баъди ду-се вохӯрӣ бо интихобкунандагон онҳо азми ба Ленинобод баргаштан карданд.

Дар канори шаҳр ғайричашмдошт ҳаракати мошин суст шуд ва ронанда онро боздошту гуфт:

– Устодон, мебахшед, чархи мошинро иваз кардан лозим.

Ҳама аз мошин баромаданд ва намедонистанд, ки бо чӣ кор машғул шаванд. Ин дам роҳбалади онҳо мудири шуъбаи тарғиботию ташвиқотии комитети партиявии вилояти Ленинобод Карим Абдулов ба сӯи биное рафту пас аз  чанд дақиқа бо ҷавонзани зебое баргашт. Ҷавонзан хушнудона ба назди адибон омада салом доду пурсупос кард ва онҳоро ба идора таклиф намуд. Меҳмонҳо дудила шуданд, ки даъватро қабул кунанд ё не? Охирон таклиф қабул шуд ва аз паси ҷавонзан рафтанд. Соҳиби утоқи корӣ дар як он рӯи мизро аз нону ширавор пур кард ва зуд гулдастаи зебое оварда, назди меҳмонҳо гузошт. Боқӣ Раҳимзода ба ҷавонзан рӯ оварда гуфт:

– Шинед, шинед, ҷони ширин, шарм накунед, тавассути телевизион донед даркор, ки ман иштирокчии фаъоли клуби «Дугонаҳо» ҳастам. Гӯед, ки чӣ ном доред, чикораед? Моро шинохтед, китобҳои моро хондаед?

– Номам Гулафзо, ҳамин ҷо дар идораи матлуботи шаҳр кор мекунам. Шумоёнро зуд шинохтам, китобҳоятонро ҳам хондаам, – гуфт бо табассум он ҷавонзан.

– Аҷоиботи дунёро бинед, Мирзоҷон,–гуфт филфавр Боқӣ Раҳимзода,–номаш Гулафзо, худаш паричеҳра. Номаш ба худашу худаш ба номаш муносиб будааст.

Дере нагузашта мошин ба кор даромаду Гулафзо меҳмононро гусел кард. Хушбахт буд, ки ду адиби бузургро дар муҳлати кам бошад ҳам, меҳмондорӣ намуд.

Ҳамин, ки мошин равон шуд, Боқӣ Раҳимзода изҳори ақида намуд:

– Мирзоҷон, агар хато накунам, ин духтар, яъне Гулафзо духтари шуданӣ барин, боору номусу алавдор менамояд. Насабашро напурсидем.

– Савриддинова,- гуфт Карим Абдулов.

– Ту хато накардӣ Боқиҷон, ман ба фикрат розӣ, – гуфт Турсунзода ва афзуд, – агар халал нарасонанд, фаъолаи хубе мешавад. Ба роҳбарони вилояти Ленинобод гӯшрас хоҳем кард.

Дар вақти бозгашт меҳмонони олиқадрро сарварони вилоят Рифъат Ҳоҷиеву Усмон Қосимов қабул карданд.

– Боқӣ – ака монда нашудед?- бо овози паст Раҳимзодаро пурсид Усмон Қосимов.

Садои ханда баланд шуд. Гуруҳе, ки зери ин коса нимкоса буданашро медонистанд, қоҳ-қоҳ мезаданд. Нафарони аз асли воқеа бехабар ҳайрон буданд.

Асли воқеа чунин буд, чанд сол пеш Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода вақти сафари эҷодӣ ба вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта буданд. Онҳо дар бошишгоҳҳои саҳроҳои ноҳияҳои навбунёд бо кишоварзон мулоқот намуданд.

Бегоҳ вақти говгум ба бӯстонсарои комиҷроияи вилояти Сирдарё, ки дар маркази вилоят шаҳри Гулистон воқеъ буд омаданд.

Меҳмононро роҳбарони вилоят пазироӣ карданд.

– Боқӣ-ака чарчамадингизми ( монда нашудед)?- пурсид раиси вилоят.

– Чарчадим (монда шудам) – ҷавоб дод Боқӣ Раҳимзода.

– Ин тавр нагӯед,- ба дӯсташ эрод гирифт Мирзо Турсунзода.

– Мирзоҷон ман коммунист ҳастам ва бояд рости гапро гӯям,- ҷавоб медиҳад Раҳимзода.

Ҳозирон механданд. Маълум мешавад, ки Усмон Қосимов аз он воқеа хабар дорад…

Адибон таассуроти хешро аз вохӯриҳо бо интихобкунандагон, меҳнаткашони Конибодому Исфара нақл карданд. Ва дар охир Боқӣ Раҳимзода гуфт, ки мо бо сабаби вайрон шудани мошин, аз фурсат истифода бурда, бо як ҷавонзани ояндадор – Гулафзо Савриддинова шинос шудем. Вақти хайрухуш дуояш намудем, ки Парвардигор иқболаш диҳад. Аз шумоён хоҳиш, аз  паи тарбияи ин ҷавонзан шавед.

– Ин духтарак Гулафзо Савриддинова, тамомкунандаи институти хоҷагии халқи Маскав буда, алҳол раиси ҷамъияти матлуботи Исфара аст – ҷавоб дод Усмон Қосимов.

Мо бо Рифъат Ҳоҷиев ӯро ба назар гирифтаем. Каме таҷриба омӯзад, ба вазифаи дигар мегузарад.

Фоли бузургон нек баромад. Гулафзо Савриддинова сол аз сол маҳорату қобилияти ташкилотчигӣ, кордонӣ, инсонпарварӣ, донишу таҷрибаи кориашро такмил дода, масъултарин вазифаҳоро иҷро намуд. Раисии комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Исфара, мудири шуъбаи КМ ПК Тоҷикистон, котиби якуми комитети партиявии шаҳри Исфара, муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Ромиши Фирдавс

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь