Ҳар гоҳе ки мо – дӯстон дар маърака ва ё маҳфиле ҷамъ шавем, албатта суҳбат ва гуфтугузор аз даврони ҷавонӣ, аз шӯхиҳо, аз бесариҳо ва часпу талошҳо дар майдони варзишии мактаб меравад ва дарҳол хотираҳои ширини аз сарамон гузаштаро бо шавқу шӯр қисса мекунем. Ҳамаи мо бозии футболро дӯст медоштем ва онро ба як навъи парастиш табдил дода будем. Ҷойи шакку шубҳа набуд, ки ҳар яки мо дастаи футболи маҳбуб ва бозингари писандида доштем ва ба маҳорату истеъдодаш қоил буда, дар майдон албатта ба он бозингар тақлид мекардем.
То он замоне ки дастаи футболи «Помир» ба майдони ҳунар баромада, дар мусобиқаҳои Лигаи олии кишвари паҳновари шӯравӣ фурор ва таркиш ба амал наовард, мо ба ҷуз ситораҳои футболи ҷаҳонӣ номҳои Яшин, Численко, Воронин, Стрелстов, Кипиани, Колотов, Блохин, Буряк, Мунтян, Хуртсилаваро бо як эҳтироми бузург ба забон меовардем.
Ҳар яки мо куртаҳои (футболка) махсус, ки дар он номҳои дастаҳои дӯстдошта, амсоли «Спартак», «Торпедо», «Динамо», «Реал», «Челси» ва расмҳои бозингарони писандида – Пеле, Роналдо, Эйсебио, Яшин, Платини часпондаро дар бар карда, бо ин амали хеш меболидем.
Дар ин баҳсу мунозираҳо Ашӯралӣ ҳатман аз комёбиҳои дастаи футболи «Динамо» – и Маскав ҳарф мезаду Иззатулло дарҳол аз пешравиҳои дастаи футболи «Динамо» – и Киев мефахрид.
Чӣ шуду чӣ монд, ки дар яке аз ҳамин гуна муноқишаҳо сухан аз боби мураббиҳо рафт ва Ашӯралӣ ҳамчун донандаи таърихи футбол зуд номи мураббӣ Гавриил Качалинро ба забон овард ва моро гӯшрас кард, ки маҳз дар давраи роҳбарии ин устоди варзиш дастаи яккачини футболи Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1960 Кубоки Аврупоро соҳиб шуда буд.
Рақиби доимии ӯ Иззатулло ҳамон лаҳза номи мураббии навҷӯю ҷасур Лобановскийро ба забон овард, ки дар давраи роҳбарии ӯ дастаи футболи «Динамо» – и Киев ҳафт маротиба чемпиони СССР гашта буд. Абдукарим ба муқобили номзадҳои онҳо насаби Ахалкатсиро ба миён овард ва хотиррасон намуд, ки бо сарварии ин устоди шоиста дастаи футболи «Динамо» – и Тифлис соли 1985 Ҷоми Кубоки Аврупоро ба даст овард. Рӯиҳам номҳои Бесков, Эдуард Малофеев, Фалян, Базилевич, Старостин, Зазроев ва албатта, Шариф Назаров ба забон оварда мешуданд. Бобомурод, ки то ин вақт ду болиштро таги каш монда, ба ҳузур такя дошт, луқма партофт.
– Номи Симонянро фаромӯш накунед. Ман бо ӯ вохӯрӣ доштам.
– Э, воҳима кардӣ – да, – пичинг зад Ашӯралӣ. – Дурӯғ ҳам ба эбаш – да. Ту куҷою Симонян куҷо. Ӯ як замоне дар ҳайати дастаи яккачини футболбозони шӯравӣ иштирок дошт ва ҳоло мураббии дуюми дастаи футболи «Спартак» мебошад.
– Чӣ, ман аз ту қарздорам, ки дурӯғ мегӯям, – паст наомад Бобомурод. – Чизеро, ки аз сар гузарондам, ҳамонро ба забон овардам.
– О, Симонян дар шаҳри Москваю ту дар шаҳри Норак, – розӣ намешуд Ашӯралӣ. – Ту, Бобомурод, беҳтараш ин афсонаро ба бачаҳои синфи якум бигӯй, то ки ба бофтаат бовар кунанд.
– Ман кадом Донишгоҳро хатм кардам? – аз ҷой нимхез шуд Бобомурод.
– Донишгоҳи савдои Самарқандро, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Раҳмоналӣ. – Ман се карат ба зиёрат рафтам. Аҷаб, шаҳри зебост Самарқанд.
– Дар кӯчаи Коммунистӣ, хонаи рақами 42 ҳуҷраеро ба иҷора гирифтам, – Бобомурод ба давоми гапи дӯсташ сухани худро пайваст. – Марди армание бо зани русаш соҳиби манзил буданд. Одатан аввали фасли баҳор чемпионати Лигаи олии мамлакат оғоз мегардид. Ман, ки мухлиси ашаддии дастаи футболи «Спартак» будам, аз машғулият баргашта, зуд тугмаи телевизорро пахш мекардам ва аз тамошои бозингарони ин даста ҳаловат мебурдам.
– Ту медонӣ, ки ин дастаро ҳамроҳи Константин Бесков Никита Симонян машқ медиҳад, – як бегоҳӣ гуфт холаи Анастасия.
– Ҳа, медонам, – зуд ҷавоб гардондам ва илова кардам. – Ҳатто медонам, ки Симонян солҳои 50 – ум ва 60 – ум бозингари дастаи яккачини футболи Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
– Ана, Степани ман бародари калонии Никита мебошад, – маро дар ҳайрат гузошта гуфт соҳиби манзил. – Рӯзҳои наздик Никита ба меҳмонӣ меояд. Аз ҳолу аҳволи бародараш ҳар сол хабар мегирад. Насиб бошад, шуморо бо ин бозингари машҳур шинос менамоям..
Аз байн се ё чор рӯз гузашт. Як бегоҳӣ пас аз супоридани имтиҳони навбатӣ бо табъи болида ба макони зистам баргаштам. Ба хона даромада, дар паҳлуи Степан марди миёнақади зебочеҳраеро бо симои қафқозӣ дидам. Онҳо саргарми суҳбат буданд.
– Ин ҷавон мухлиси доимии дастаи футболи «Спартак» мебошад, – гӯён холаи Анастасия бо ханда маро ҷониби меҳмон тела дод ва суханашро давом дод. – Вай ҳатто ғоибона аз фаъолияти футболбозиат огоҳ будааст.
– Наход!? – меҳмон аз ҷой бархост ва даст дароз кард. – Никита Симонян. – Худатонро шинос намоед?
– Бобомурод, – каме дар хиҷолат мондам. – Бобомурод Ёрмуҳаммадов. Тоҷик. Аз шаҳри Норак.
– Аз шаҳри энергетикҳо, – Никита Симонян маро дар паҳлуяш шинонд. – Футболи тоҷик бо ҳамин ном дар таърихи футболи кишвар қадам гузошт ва ҳоло он номи «Помир» – ро ба худ гирифтааст. Боиси хушнудист, ки ҷавонмарди оқилу донишманд Шариф Назаров бозингарони беҳтаринро ба монанди Ғуломҳайдаров, Раҳимов, Азимов, Муҳаммадиев, Турсунов, Фузайлов, Муродов ва чанди дигарон гирд овардааст ва пас аз чанд мавсим ин ҷавонони дилбохтаи варзиш номи «Помир» – ро дар тамоми мамлакати паҳноварамон машҳур мегардонанд.
Аслан, кишвари шумо, дӯсти ҷавонам, барои варзиш шароити мувофиқ офаридааст. Боду ҳавои гарму тоза, шавқу завқи ҷавонӣ, устодони донишманди соҳа, ғамхории давлат, дастгирии мухлисони бешумор имконият медиҳанд, ки футбол дар Тоҷикистони офтобрӯя ба яке аз намудҳои писандидаи мардум гардад.
Пешгӯйии мураббии варзидаи дастаи футболи «Спартак» ба ҳақиқат табдил ёфт ва дастаи футболи «Помир» дере нагузшта ба яке аз дастаҳои номвари футбол табдил ёфт ва се нафар футболбозонаш соли 1988 дар Сеул чемпиони Олимпиада шуданду Эдгар Гес ба дастаи футболи «Спартак» ва Олег Ширинбеков ба дастаи футболи «Торпедо» гузаштанд. Гузашта аз он Эдгар Гесро ба дастаи яккачини футболбозони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷалб намуданд ва футбол аз рӯйи гуфти Никита Симонян ба як намуди бозии оммавӣ табдил ёфт.
– Аз он вохӯрии ҳаяҷонбахш, – Бобомурод даст ба пешонии фарохаш бурд, – аллаай 37 сол гузашта бошад ҳам, чеҳраи қафқозии Никита Симонян, табассуми дилфиребаш, лаҳни ширинаш пеши назарам истодааст. Ин футболбози машҳур новобаста аз мақому манзалаташ ҳамеша дар ёди ман як инсони хоксор, заминӣ, самимӣ ва ширингуфтор мондааст.
Ин қиссаи Бобомурод гӯё ҳамсуҳбатонро ҷоду карда бошад, ки онро бо ҳавасу бо иштиёқи том гӯш карданд. Бобомурод хомӯш шуд. Ҳикоя кӯтоҳ бошад ҳам, ман пайхас намудам, ки дар симои ҳамсуҳбатон ҷойи нобоварию нописандиро эҳсосоти ҳурмату эҳтиром гирифт ва онҳо акнун ба футболбози беҳтарини давраи мактабхонӣ бо чашми дигар менигаристанд.
Зариф Ғулом, адиб