Моҳи октябр дар Душанбе кинофестивали навбатии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад. Дар он филмҳои ду соли охири кишвар ба намоиш гузошта ва қадр карда мешаванд. Ҳамчунин аз хориҷа синамогарони маъруф омада, ширкат меварзанд. Дар дохили кинофестивал рӯзҳои синамои Эрон, Русия ва Белорус низ дар нақша бошад.

Ва ин кинофестивал ба яке аз чеҳраҳои тобони синамои тоҷик, яъне артисти халқии ҷумҳур, барандаи ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ ва барандаи ҷоизаҳои зиёди байналхалқӣ, яъне Тоҳир Собиров (1929-2002) бахшида мешавад.

Устодон Борис Кимёгаров ва Тоҳир Собиров ду боли қавие буданд, ки мурғи синамои тоҷикро дар чанд даҳсола дар парвоз медоштанд. Ба чунон парвозе, ки қудрату назокати онро дигарон бубинанду эҳсос бикунанд.

Бе ин ду боли қавӣ дар он чанд даҳсола синамои тоҷикро тасаввур карда натвон.

Тоҳир Собиров ҳангоми кор ҳамеша ду дасташро боло бардошта гӯё аз осмон мадад хоста, баъдан панҷаҳояшро мушт карда, тамоми нерӯҳои осмониву заминӣ ва нерӯҳои ҷисмониву маънавии худро якҷоя намуда, нидо дармекашид:

– МАТОР!!!

Яъне наворгирии пораҳои филм шурӯъ мегардид ва идома меёфт, то баъдан ҳамаи ин пораҳо ҷамъ мешудаву пас аз корбасти ҳунарӣ филми комилро ташкил медода.

Тоҳир Собиров касе буд, ки дар роҳи эҷоди асари нав тамоми нерӯи гурӯҳи эҷодиашро ба ҳам пайваст карда метавонист. Яъне чи нерӯи нақшофарон (ҳунармандон), чи наворгиру либоссозон, чӣ тасвиргару кормандони техникиро якҷо мекард ва филмҳои нерӯманд ва комил ва шоён ба миён меовард.

Мисоли барҷастааш филми «Марги судхӯр» аз рӯи асари Садриддин Айнӣ аст.

Ин филм на танҳо доири саргузашти замони собиқа аст. Балки андарунаш таърихи меъморӣ ва таърихи хислату рафтори одамон дорад. Яъне ин филм омехтаи саргузашту хислату меъмориву таърих аст.

Аз ҷиҳати тасвиргарии таърихӣ он дар қатори 100 филми беҳтарини ҷаҳон гузошта шудааст.

Дар басо филмҳои дигараш низ устод Тоҳир Собиров хислату рафтору саргузашти одамонро бо меъморӣ пайваста карда, рӯи навор меовард. Яъне мебиниву бовар мекунӣ воқеоти он асру замон бошад. «Як шаби дигари Шаҳрзод», «Афсонаи нави Шаҳрзод», «Шаби охирини Шаҳрзод» аз намунаҳои баҷастаи ин ганҷинаҳо ҳисобида мешаванд.

Албатта, баъзан, барои баҳои ҳаққонӣ додан ҳиммати атрофиён намерасад. Вагарна чаро эътироф накунем хизмати дигари ӯро, ки на танҳо филмҳои беҳтарини ватанӣ ва шӯравиро меофарид, балки ягона таҳиягари тоҷик буд, ки дар киностудияҳои кишварҳои дигар ҳамкорӣ ва эҷодгариҳо мекард. Масалан дар «Туркманфилм» асари «Шоҳсанам ва Ғариб» – ро офаридааст.

Магар кам буда дар «Туркманфилм» онҳое, ки ин афсонаи миллати худро рӯи навор биоваранд. Аммо ба нерӯи эҷодии Тоҳир Собир бештар итминон карданд ва ба умеди ӯ шуданд ва ӯ ин корро бо муваффақияте анҷом дод.

Барояш ин замина шуд, ки минбаъд рӯй биоварад ба филм-афсонаҳои ҷаҳонгир. Яъне баъдан дар «Тоҷикфилм» аз рӯи фасонаҳои «Ҳазору як шаб» филмҳо ба миён овард. Дар ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ чунин филмҳо сохта мешуд ва ин буд, ки Тоҳир чанд ҷоизаи байналхалқию шӯравиро соҳиб гардид, хосатан дар Қоҳира шоҳҷоизаи «Шамшери тиллоии Димишқ» -ро мушарраф гардид.

Тоҳир Собиров дар як мусоҳибааш таъқид карда буд, ки асли «Ҳазору як шаб» паҳлавист, яъне тоҷикӣ-форсӣ ва дар даврони қадим «Ҳазор афсона» ном дошт, ки баъди истило кардани аъроб, ҳамин китобро, яъне тахминан сесад афсонаи онро ба арабӣ тарҷума карда буданд»

Ва Тоҳир Собиров нимшухиву нимҷиддӣ идома дода: «…Аз он даврони тарҷумакарда то замони мо фақат як шамшери он империяи онҳо монда буд, ки ман ҳамонро низ дар шакли ҷоизаи барои филмҳои «Ҳазору як шаб» ба мулки тоҷик овардам ва он «Шамшери тиллоии Дишишқ» ном дорад».

Ин филм дар кинофеставали сатҳи ҷаҳонии «Афсонаи Вилнюс» низ чор ҷоизаи мӯътабарро соҳиб шуда буд.

Дар ин силсилафилмҳо аз «Ҳазору як шаб» нақшҳои шоҳаншоҳро худи Тоҳир Собиров бозидааст.

Чунончи аввалин нақши худро Тоҳир Собиров ҳангоми донишҷӯи Донишгоҳи театрӣ ва ҳунарӣ буданаш дар киностудияҳои мансуби Русия офарида буд.

Умуман дар он солҳо ҷоизаи байналхалқиро аз Тоҷикистон фақат филмҳои Кимёгаров ва Тоҳир Собиров мегирифтанд. Зеро онҳо ду қуллаи баланди филмофарии он даҳсолаҳои миллати мо буданд.

Вақте ки асари Сотим Улуғзода «Восеъ» иншо гардид, Тоҳир Собиров ба он таваҷҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд. Ҳамон Тоҳир Собиров, ки алалакай филмҳои зиёдаш (ба амсоли «Хиёнат», «Вохурӣ дар дараи марг» ва ғайра) гӯянда ва тасвиргари ҷараёнҳои инқилобӣ ва ҳаракатҳои миллӣ озодихоҳӣ маҳсуб мешуд. Ва ӯ яке аз нақшҳои аввалинашро низ дар ҷавонӣ дар «Тоҷикфилм» марбути ин мавзуъ ба миён оварда буд, яъне нақши Дохундаро дар филми «Дохунда» – и Кимёгаров.

Аз рӯи романи «Восеъ» бошад худи муаллифи китоб Сотим Улуғзода филмнома иншо намуд.

Вале ҳанӯз филмгирӣ шурӯъ нашуда, нерӯҳои онзамона Улуғзодаро бо ҷурму гуноҳкобиҳои гуногун канора карданд ва филмномаашро мамнӯъ сохтанд. Баъдтар дар асоси ин роман каси дигар аз Маскав ба навишти филмнома шурӯъ намуд. Ва Тоҳир Собиров талош ба харҷ медод, то беҳтарин ҷиҳатҳои филмномаи пеш эҷодкардаи Улуғзода хосатан аз ҷиҳати хисолу рафтори қаҳрамонон ва аз хусусиятҳои миллӣ ва русуму ойинҳо таҷассуми худро ёбад.

Барои филме, ки баъдтар «Ашк ва шамшер» ном гирифт, хело муҳим буд интихоби офарандаи нақши асосӣ, яъне Восеи шӯришгар.

Мардум, дар бораи хислату рафтор ва амалҳои Восеъ зиёд шунидаву тасаввуротҳо доштанд, мехостанд ин қаҳрамонро рӯи навор маҳз он тавре бубинанд, ки дар хаёлашон шакл гирифтааст.

Тоҳир Собиров низ чунин касро меҷуст, ки гӯяндаи ин ҳама талаботҳо бошад. Яъне болобаланду таҳамтан, бовиқору сарбаланд ва зираку ҳушёр, чобукрафтору қавӣ. Билохира пайдо кард. Офарандаи ин нақшро донишҷӯи Донишгоҳи санъати Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров, ки баъдтар Шоҳиён насаб гирифт интихоб кард. Ин оғоз барои ин ҳунарманди ҷавон шуду баъдан ба ҳунарманди қавӣ бадал ёфт, нақшҳои зиёд дар синамо ва театр офарид, ки зиёда аз бисто мебошанд ва ӯ алъон сарвари «Тоҷикфилм» мебошад. Дар «Тоҷикфилм» бо василаи Маҳмадсаиди Шоҳиён сабки Тоҳир Собиров дар ҷараён аст.

Бармегардем ба он замон, ки синамои чанд даҳсолаи «Тоҷикфилм» – ро эҷодгариҳои Тоҳир Собиров идомаи хушгувор ва муваффақе мебахшид. Ва бармегардем ба ҳамон филми вобастаи Восеъ, ки чор қисмат дошт ва ғайри дар саҳнаи кинотеатрҳои тамоми шӯравӣ ба рӯи парда намоиш дода шуданаш, бо василаи ягона шабакаи онвақтаи теливизионии умумиттифоқ борҳо барои тамоми хоки шӯравӣ нишон дода мешуд.

Умуман аз телевизиони марказии шӯравӣ ба Тоҳир Собиров фармоишҳо мешуд, барои офаридани филмҳои сериёлӣ – телевизионӣ. Ва ӯ ин корро бо шавқу масъулияти хоса анҷом медод ва хосатан бо василаи офаридани филмҳои сериолӣ аз рӯи романи Садриддин Айнӣ. Ва онҳо аз ду силсила иборат буданд. Силсилабандии аввалаш ном дошт «Ҳеҷбудагон» (дар се сериёл) ва силсилабандии идомааш ном гирифта «Ҳеҷбудагон ҳама чиз шуданд» (ҳамчунин дар се сериёл).

Яъне Тоҳир Собиров дар ин филм, ки аз рӯи романи «Ғуломон» буд, калимаи «ғуломон» – ро нисбати халқи худ истифода набурд. Яъне ба ҷойи он «ҳеҷбудагон» – ро гузошт, яъне онҳое, ки пеш чизе буданду қадру сарфарозие доштанд ва баъдан аз зулму тааддии бегонагон ва тасарруфгарони аҷнабӣ ба ҳеҷбудагон бадал ёфтанд, вале ин ҳеҷбудагон ҳама чиз шуда тавонанд аз сари нав ва барои ин талошҳо ба харҷ медиҳанд. Бале Тоҳир Собиров, ки дар асл аз авлоди тоҷикони ашрофзодаи самарқандӣ буд, халқи худро ашрофзодагони собиқ медониста, ки боз ба ашрофзодагии дигар бирасанд.

Ва аз миёни таҳиягарони тоҷик аз ҳама зиёд сериёлҳои вай аз шабакаи пурқудрати телевизони шуравӣ пахш мешуд, ки фарогири тамоми хоки шӯравӣ мегардид.

Тоҳир Собиров барои Марказ филмҳои телевизионӣ меофариду вале онҳоро маҳз дар рӯҳияи хоси миллӣ ба миён овардан мехост ва бо саргузаштҳои тоҷикона ва расму русуми диёраш ороставу пероста мекард.

Филмҳои лирикӣ-ишқии омехтаи танзу шухиҳои малеҳро низ маҳз вай ба миён оварда буд, ки нишони барҷастааш «Писар бояд зан гирад» мебошад. Дар филми ҳамчунин машҳуршудаи «Ман бо духтаре вохӯрдам» вай таҳиягари дуюм буд ва андаруни филм ҳамчунин таҳиягари асосии театри халқӣ нақш меофарид. Ҳамон таҳиягар, ки намоиш-консерти хотимаи ин филмро ба миён гузоштаву он тантана дошта ва сурудаи он дар Тоҷикистон ва тамоми шуравӣ вирди забон шуда, яъне:

Дидам ҷамоле, абрусиёҳе,

Дар зери чашмаш бинҳода холе.

Ақламро бурд холи сиёҳ,

Дилпора кард теғи нигоҳ…

Намунаии русии ин суруда бо номи «Я встретил девушку» дар тамоми гӯшаю канори шӯравӣ машҳур шуда буд.

Умуман Тоҳир Собиров як мактаби бузурги ҳунарварӣ ва филмофарӣ буд ва ҳама чизро бо сабку услуби хосаи худаш ба миён меовард. Ва ӯ ҳидоятгару роҳбари тамоми синамогарони Тоҷикистон низ маҳсуб мешуд, ки солҳо вазифаи пурмасъулияти раиси Иттифоқи Синамогаронро бар дӯш дошт.

Шераки ОРИЁН,

дорандаи ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ.

 

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь