Як пора ёддошт аз ҷоннисориҳои ватанхоҳонаи собиқ муовини сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Мунавваршоҳ Назриев.

Ману ту эй чароғ, имшаб ба қасди шаб,

Бисӯзему бихандему бимирем,

Бимон ин дилсияҳ бинад, ки мо мардона мемирем.

Зиндагномаи ин родмарди ватанхоҳ саропо аз самимият ва муҳаббати ватандорӣ буда, ҳамин абёти боло бо забони дард бар гӯши ҷони мо аз матонату ҷасорати ватанхоҳонаи ин ҷонфидои роҳи истиқлолияти сисолаи кишвар ҳикоят мекунад. Чароғ, ки рамзи рӯшноӣ, бедорӣ ва истиқлолхоҳӣ мебошад, дар муқобили торикӣ ва тирагиву ноумедӣ муқовимат намуда ба хотири рушани фардои дурахшон худро қурбон месозад. Ҳамин фидоии роҳи истиқлолият ба хотири ваҳдату якпорчагӣ ва пояндагии Ҳукумати навтаъсиси мардумӣ, ки охири моҳи ноябри соли 1992 дар қасри таърихии Арбоб, дар Хуҷанди бостонӣ зери роҳбарии райиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада буд, то вопасин нафас ба халқу Ватан ва Роҳбари олии кишвар содиқона хидмат намуда, 22 – октябри соли 1994 ҳангоми сафари хидматӣ дар ноҳияи Ғарм аз ҷониби душманони истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба шаҳодат расид. Фаъолияти ин ҷоннисори меҳан аз соли 1964 оғоз гардида, дар тӯли бисту панҷ соли фаъолияти пурсамараш дар замони Шӯравии абарқудрат то ба мақоми раиси Кумитаи ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон расида буд. Ӯ аввалин раиси Кумита буда, бо ҷасорат ва матонат дар замони Шӯравӣ аз бойигариҳои табиии Тоҷикистони азиз пуштибонӣ намуда, ҳифзи муҳити зисти кишвар ва дурнамои рушди онро қарзи муқаддаси худ шуморида, беҳтарин мутахассисон ва донишмандони ҳифзи муҳити зистро атрофии худ ҷамъ карда буд. Маҳз бо ташаббуси бевоситаи ӯ аввалин озмоишгоҳҳои биологӣ ва кимёӣ дар кишвар сохта шуда, ин озмоишгоҳҳо мутахассисони варзидаро ҷамъ оварда, барномаи дурнамои рушди муҳити зист таъсис дода шуд. То ба мақоми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист омаданаш, ӯ дар мақоми котиби дуюми Ҳ.К вилояти Қурғонтеппа, раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Қурғонтеппа фаъолият намуда, миёни мардум соҳиби обрӯву эътибори баланд гардида, номи некаш ҳамеша вирди забони аҳли заҳмат буд. Дар ҳамин мақоми идории давлатӣ меҳнати софдилонаву ватанхҳонааш аз ҷониби Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон бо орденҳои «Байрақи Сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ» ва Ифтихорномаву ду медали пурэътибори меҳнатӣ сарфароз гардонида шуда буд. Ӯ, ки дастпарвари мактаби олии Ҳизби Комунистии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Тошканд буд, мактаби бузурги роҳбариро гузашта, дар мақомҳои баланди роҳбарии ҳизбӣ соҳиби эътибори хеле баланде будааст. Яке аз арбобҳои шинохта – котиби авали Ҳизби Комунистии вилояти Қурғонтеппа шодравон Иззатулло Ҳалимов, ки миёни роҳбарияти Олии Тоҷикистони Шӯравӣ хеле соҳибэътибор буд дар мавриди ин арбоби шинохтаи давлатӣ, чунин гцфта буд: «Ман бо Мунавваршоҳ Назриев солҳои дароз ошноӣ доштам. Бо амри тақдир дар вилояти Қурғонтеппа ҳамҷоя кор кардем. Ӯ аз мақоми роҳбарии ҳизбӣ, ки тамоми соҳаи сохтмон ва роҳҳову пулҳоро назорат мекард, ба мақоми Райиси Кумитаи иҷроия омада болои ин ҳама соҳаи обёрии заминҳои ташналаби «Бешкент» низ бар души ӯ вогузошта шуд. Ин кори басо сангин, ки дар нақшаи панҷсолаи меҳнатии Ҳукумати РСС Тоҷикистон яке аз нақшаҳои муҳими дурнамои рушди соҳаи агросаноатии вилояти Қурғонтеппа ба шумор мерафт ӯро хеле серташвиш намуда шабу рӯз дар ҷабҳаи меҳнат буд. Бо ибтикори ин ҷавони серғайрат ва меҳнатдӯсту ватанхоҳ садҳо гектар заминҳои ташналаб сероб гардида, чандин пулҳои пуриқтидор болои наҳру заҳбурҳо сохта шуд. Киштзорҳои пахтаи маҳиннах дар вилояти Қурғонтеппа бо ташаббуси бевоситаи ӯ зиёд гардида, мардум соҳиби нон ва ному эътибори баланди меҳнатӣ шуданд. Котиби аввали Кумитаи Ҳизби Комунистии Тоҷикистон Раҳмон Набиев ба хотири меҳнати ҳалол ва ватандӯстиву ватанхоҳиаш ӯро хеле эҳтиром дошт. Дар яке аз маҷлисҳои сайёри Ҳукумати кишвар дар шаҳри Қурғонтеппа котиби аввали Ҳизби Комунистии Тоҷикистони Шӯравӣ Раҳмон Набиев бо эҳтироми зиёд дар бораи Мунавваршоҳ Назриев гуфта буд: «Агар ҳамаи роҳбарҳо мисли Мунавваршоҳ Назриев софдилона ва ватандӯстона барои халқ ва кишвари худ меҳнат мекарданд кишвари мо гул-гул шукуфта рӯзгори мардумамон хеле беҳтар мегардид».

Ин баҳои Роҳбари олии кишвар гувоҳи поктинатӣ ва меҳнатдӯстиву ватанхоҳии ӯ буда, ҳамагон дар симояш роҳбари пурэътибори баору номуси Ватанро медиданд.

Ҳамин ватанхоҳӣ ва покдиливу меҳнатдӯстиаш буд, ки ҳангоми Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон соли 1992 дар қасри Арбоби Хуҷанди бостон ӯро ба мақоми муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Ӯ бо арҷу эҳтиром ва сипоси бепоён омодаи хидмат ба халқу Ватан буд. Дар ҳамон шабу рӯзи тақдирсоз аз сиёсати ватанхҳонаи раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, яке аз мубаллиғони ин сиёсат дар ҳама маъракаҳои пешазинтихоботии Президенти кишвар буд. Вилояти Қурғонтеппа, ки бо фитна ва дасисаи чанд бебасар ба майдони ҳарб ва ниқору кинаи қавмӣ гирифтор шуда буд, интизори дасту бозӯи тавонои роҳбаре буданд, ки бо муҳаббату самимияти ватанхоҳона ин парокандагиро ҷамъ оварду сулҳу осоиштагии мардумро пойдор созад.

Ҳамин хиради азалии раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки оташи кинаву адоватро хомӯш намояду аз миёни мардум пурэътибортарин фарзандони фарзонаи миллатро атрофии худ ҷамъ созад. Интихоби содиқтарин фарзандони миллат ба мақомҳои роҳбарии шаҳру навоҳии кишвар дар он шабу рӯз аз роҳбарияти Олии кишвар зиракии сиёсӣ ва хираду заковати баландро тақозо дошт.

Рақибони нокомгашта ва фитнабози сиёсати сулҳпарваронаи раиси ҷавони тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита миёни мардум фитна ангехта мардумро гумроҳ намуда, сиёсати фитнаангезашонро миёни мардум паҳн менамуданд. Дарки баланди масъулият ва номусу шарафи ватандорӣ раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистонро лаҳзае ором намегузошт. Ҷамъ кардани як гурӯҳи пурмасъули ватанхоҳ коре буд басо сангин. Мухолифи сиёсати сулҳхоҳонаи раиси Шӯрои Олии кишвар, ки худро намояндаи як гурӯҳи қавмии этникии Тоҷикистон ном мебурданд, аз расонаҳои иғвоангези хориҷӣ фаъолияти Ҳукуматро зери тозиёнаи танқид қарор дода, аъзои Ҳукуматро таҳдид менамуданд. Мунавваршоҳ Назриев, ки дар водии Қаротегин ва миёни мардуми қаротегинии вилояти Қурғонтеппа хеле арҷу эҳтиром дошт, тавонист, ки сиёсати сулҳхоҳона ва ваҳдатофарии раиси Шӯрои Олии вақтро миёни ин мардум пуштибонии ҳамаҷониба намояд. Шояд ҳамин буда бошад, ки намояндагони мурдумии Порлумони соли 1990 ба Мунавваршоҳ Назриев хеле арҷу эҳтиром доштанд. Ӯро ҳамчун роҳбари соҳибарҷу эҳтиром ва ватанхоҳу ободкор мешинохтанд. Мардуми меҳнатдӯсти вилояти Қурғонтеппа зери роҳбарии ӯ хеле аҳлона хидмат намуда, ӯро марҳами дардҳо ва мушкилкушои мардум ном мебурданд. Солҳои 1983-1988, ки дар мақоми раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Қурғонтеппа фаъолият менамуд, бо хирадмандиву дардошноияш миёни мардуми ин минтақа соҳиби арҷу эҳтироми хеле баланд буда, роҳбарияти Олии Ҳукумати РСС Тоҷикистон фаъолияти кориашро борҳо бо мукофотҳои меҳнатӣ қадрдонӣ намудаанд. Воқеият он аст, ки ӯ содиқтарин фарзанди фарзонаи миллат ва сазовортарин узви пайкараи Ҳукумати тозабунёди дар қасри Арбоби Хӯҷанди бостон рӯи кор омада буд.

Воқеияти дигар он аст, ки ӯ дар мақоми муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон шабу рӯзи тақдирсози миллат аз сиёсати ватансозиву сулҳпарваронаи раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ҳамаҷониба намуда дар ин роҳ худро қурбони амнияту осудагии кишвар намуд. Ва ҳамин фарзонафарзанди миллат аввалин қурбонии Ҳукумат ва роҳбарияти Олии кишвар зери роҳбарии Райиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Яъне, дар баҳои ҷони ҷавони хеш аз сиёсати сулҳпарварнаву кишварсозии ин абармарди таърихи навини кишвар пуштибонӣ намуда, садоқаташро ба Ватан ва роҳбари тозаинтихоби он дар амал нишон дод. Ин қурбонӣ вуҷуди роҳбарияти пуштипардагии мухолифини оштинопазири Ҳукумати вақтро ба ларза андохта ҳушдоре буд ба онҳо, ки ин Ҳукумат мансубияти қавмӣ ва гурӯҳӣ надошта саропо мардумӣ мебошад.

Мунавваршоҳ Назриев аз он сарсупурдагони миллат мебошад, ки бе ҳеҷ мансубияти миллӣ, қавмӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ ва динӣ аз сиёсати сулҳхоҳонаи Райиси Шӯрои Олии кишвар, номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ҳамаҷониба намуда, мардуми ба доми фиреб ва фитнаи ошубгарон уфтодаро мефаҳмонид, ки атрофии Ҳукумат муттаҳид гашта, дар роҳи Сулҳу якпорчагии миллат саҳмгузор бошанд. Хамин орзӯву ормонҳои ин фарзонафарзанди миллат, баъди ду соли даргузашти ӯ бо ибтикору талош ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. Ҳеҷ нерӯи аҳриманӣ ба ҳама фишору таҳдид ва зӯровараш натавонист, ки роҳи Сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва якпорчагиву истиқлолхоҳии Пешворо бубандад. Инак он ниҳоли сарсабзи сулҳу оштӣ, ки дар баҳои ҷони садҳо ҷавонмардони ватанхоҳе чун Мунавваршоҳ Назриев бо ранҷу заҳматҳои зиёди Пешвои муаззами миллат парварда шуд, ба дарахти ҳамешабаҳори баркамоли наздик ба чоряк асра расида, аз меваҳои шаҳдбораш мардуми саросари кишвар коми худ ширин намуда, бо кафи пур аз дуо, дуои ҷони Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хонадони покмаҳзари ӯ менамоянд. Хеле бомаврид мебуд, агар дар остонаи ҷашни чорякасраи имзои созишномаи Сулҳу истиқрори миллӣ ва садсолагии пойтахти азизамон шаҳри ҳамешабаҳори Душанбеи азиз бо дастгирии бевоситаи шаҳрдори ҷавони соҳибарҷу эҳтиром ва хушбину зебоиофари ҳампои Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар боғи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ лавҳи ёдгории Мунавваршоҳ Назриев гузошта шуда, хотири неки ӯро шод намоем. Ва дар ҳошияи ибтикорҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт хиёбони хушманзару хуштарҳи замонавиеро ба номи ӯ номгузорӣ менамуданд. То ояндагон аз корномаи ватанхоҳии ин шаҳиди роҳи истиқлолияти кишвар огоҳӣ пайдо намоянду чун ӯ ҷоннисори Ватан ва ормонҳои миллат бошанд.

Ҷумъахони Темурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь