Аз даврони Сабуктегин сар карда барои идораи мамлакат вазирони тоҷик ҷалб шуд ва маҳз, онҳо давраҳои тилоии худро бо доштани вазирони номдори тоҷик пушти сар намуданд. Яке аз чунин вазирони номдори тоҷик, ки ба ҷавонияш нигоҳ накарда, дар даврони Ғазнавиён ба ин мансаби баланди давлатӣ расид ва дар ҳаёти сиёсию иқтисодии халқи тоҷик ва дигар халқҳои маскуни Хуросону Мовароуннаҳр нақши калон бозидааст, Абӯалӣ Ҳасан ибни Муҳаммади Аббос мебошад, ки дар таърих бо номи “Ҳасанак” маълуму машҳур аст.

Абӯали Ҳасан ибни Муҳаммад аз ҷумлаи он вазирони машҳури тоҷик аст, ки бо кору пайкори нотакрораш дар таърихи давлатдории Ғазнавиён нақши муассир гузоштааст. Ӯ дар хонаводаи соҳибмаърифати Микойилиён, ки мансубияти онҳоро ба Деваштич ва Баҳроми Гӯр бурда мерасонанд, чашм ба оламӣ ҳастӣ кушодааст. Падари вай Муҳаммад ҳанӯз дар айёме, ки Маҳмуди Ғазнавӣ сипаҳсолорӣ Сомониён буд, бо ӯ пайваста аз муоширону надимонаш ба шумор мерафт. Аммо, бо амри тақдир дар синни ҷавонӣ аз дунё даргузашт ва тарбияи Ҳасани хурдсолро Абӯнаср Аҳмади Микоилӣ, ки аз ҷумлаи шахсони донишманд ва бо илму маърифат ба ҳисоб мерафт, ба ӯҳда мегирад. Муҳити хонавода ва аҳли оила, ки аз ҷумлаи афроди илму адабдӯстдор буданд, Ҳасанро дар ҳамин рӯҳия парвариш медиҳанд. Ҳамин аст, ки ӯ чун шахсияти донишманд ва бо илму фазилат ба камол расида, дар муддати муайян овозаву шӯҳрати хосаро касб мекунад, ки то ба гуши Султон Маҳмуди Ғазнавӣ рафта мерасад ва ӯро султон ба маҷлисҳои худ фаро мехонад. Пас аз барканории вазири дигари номдори тоҷик – Маймандӣ аз мансаби вазорат Султон Маҳмуд амр намуд, ки аз аҳли бузургон ва донишмандон касеро ба вазифаи вазирӣ пешниҳод намоянд. Аҳли дарбор номи чанд тан аз шахсони донишманду обрумандро навишта, ба султон пешниҳод намуданд. Аз миёни афроди пешниҳодшуда, ки номи Ҳасанак низ он ҷо навишта шуда буд, ба ҷавонияш нигоҳ накарда Маҳмуд ӯро вазири хеш қабул мекунад ва ба қавли Уқайлӣ, ки дар асари худ “Осору-л-вузаро” зикр карда “Ҳасанак ба алавинасаб ва камоли ҳасаб бар ҳама фоиқ (бартар-С.М.)” буд, аз ин рӯ Маҳмуд идораи кишварро ба ӯ месупорад ва ӯ то соли 1030 дар ин вазифаи муҳими давлатӣ фаъолият мекунад. Сайиди Маҳдӣ сабаби интихоб шудани ӯро ба мансаби вазорат бо сабаби дастпарвардаи Маҳмуд будани ӯ дониста, қайд мекунад, ки “Ҳасанак дастпарвардаи Маҳмуд… ва ба сиёсат буд… дар замони худкомагӣ ва пайравӣ ва ҳасодати Маҳмуд, ки мардони бо ҳайбат ва қудратро наметавонист дид, беҳтар аз ҳар касе муносиб дошт…” Муддати вазорати ӯро беш аз панҷ сол медонанд.

Ҳасанак қабл аз ба мансаби вазири расидан ҳокими Нишопур буд. Ӯ ки аз хислаҳои ҳамидаи инсонӣ бархӯрдор буд бо раийят муносибати нек мекунад ва мардум ҳама ӯро дӯст медоштанд ва ӯро мадҳу ситоиш менамуданд. Баъди ба вазорат расидан ҳам ӯ ҳамоно маърифатпарвар, инсондӯст, саховатпеша ва вафодор буд ва пайи ободии кишвар талош меварзид. Фарухии Сиистонӣ ӯро тавсиф намуда, замони вазириашро чунин баҳо медиҳад:

…Чун ши (зи) Машриқ вазоратро ба Хоҷа бозхонд,

Бештар шуғле гирифт, аз шуғл Хоҷа бештар.

Хонаҳо обод гашту кохҳо барпой шуд,

Бо хазар бори дигар, боғҳо бехазар.

Дар ҷойи дигар Фарухӣ Султон Маҳмуд ва Ҳасанакро ситоиш карда, мисли онҳо набудани Султону вазирро бо чунин шеваи гуворо баён доштааст:

…Чунонки чун малик, малике нест дар ҷаҳон,

Ҳамчун вазири ӯ ба ҷаҳон нест як вазир.

Ҳасанак дар замони ҳаёти Маҳмуд ба Ҳаҷ меравад ва аз сабаби ноамнии роҳ ҳангоми бозгашт тавассути масири Миср ба Ғазна бармегардад. Аммо, ҳангоми бозгашт аз ҷониби халифаи Фотимиён даъват гашта, ба ӯ ҳадяҳои зиёд ва хилъат бахшид. Халифаи Аббосиён, ки бо Фотимиён душмани сарсахт буданд, аз ин амали вазир ранҷур шуда, ӯро бо гуноҳи гуё қарматӣ шудан, аз Султон Маҳмуд хоҳиши ба вай таслим карданашро мекунад. Абулфазли Байҳақӣ мегуяд, ки Султон Маҳмуд нисбат ба дархости зиёди халифа ба хашм омада, гуфт: “Бад-ин халифаи харифшуда бибояд навишт, ки ман аз баҳри қадри Аббосиён ангушт даркардаам дар ҳамаи ҷаҳон ва қарматӣ меҷӯям ва он чи ёфта ояд ва дуруст гардад, бар дор мекашам ва агар маро дуруст шудӣ, ки Ҳасанак қарматӣ аст, хабар ба амиралмуъминин расидӣ, ки дар боби вай чӣ рафтӣ. Вайро ман парвардаам ва бо фарзандону бародарони ман баробар аст ва агар вай қарматӣ аст, ман ҳам қарматӣ бошам!”. Аз ин ҷо маълум ва равшан мегардад, ки Султон Маҳмуд нисбат ба вазираш Ҳасанак боварии калон дошта, ӯро азизу гиромӣ ва баробари аҳли хонаводаи худ медонист ва “ҳатто аз камоли марҳамат ӯро Ҳасанак мегуфт” (Баъзе маълумот перомуни вазирони аҳди ғазнавӣ, Наҷотова Н.Б., Иноятова С. Э., Муаррих, №2 (30) 2022).

Бо марги Султон Маҳмуди Ғазнавӣ миёни писарони ӯ Муҳаммад ва Масъуд барои соҳиб шудан ба тоҷу тахт низову даргирӣ рух медиҳад ва таърихи ин хонавода бори дигар такрор мешавад. Яъне, замоне ки Сабуктегин вафот мекунад, миёни писаронаш Исмоил ва Маҳмуд низ барои зимоми идораи мамлакатро ба даст гирифтан, муборизаи хунин сурат гирифта, Исмоил аз дасти бародараш кушта мешавад. Айнан ҳамин ҳаводиси хунин пас аз марги Маҳмуд низ ба вуҷуъ пайваст. Бояд гуфт, ки вазир Ҳасанак дар ин давраи пурҳаводис аз Муҳаммад тарафдорӣ мекунад. Донишманди Афғонистон Халилуллоҳ Халилӣ дар китоби худ “Салтанати Ғазнавиён” ҳаводиси ин рӯзгорро ба риштаи тадқиқ кашида, менависад, ки “…Ҳасанак дар ҳаёти Маҳмуд бо Муҳаммад алоқамандии зиёд дошт ва нисбат ба Масъуд суханони каму беш мегуфт ва ҳатто гуфта буд агар Масъуд подшоҳ шавад, маро ба дор кунад”. Мутаассифона, ин пешгӯиҳои ӯ рух медиҳад ва Муҳаммад, ки лаёқати идораи кишварро надошт ва аз ӯҳдаи ба даст гирифтани ҳокимият набаромад, аз ҷониби Масъуд шикаст мехурад. Бо ба тахт нишастани Масъуд кинаву адовате, ки нисбат ба Ҳасанак пайдо намуда буд, аланга мегирад ва баҳонаеро ҷуё мешавад то ки ӯро нест карда, қасди худро гирад. Баҳона низ пайдо мешавад ва ӯро бо гуноҳи гуё қармати шуданаш дар замони Султон Маҳмуд ва бо дархости Халифаи Бағдоду пофишории Бусаҳли Завзанӣ ба дор меовезанд. Достони ба дор овехтани ӯро Байҳақӣ тасвир намуда, менависад, ки “ва Ҳасанакро сӯйи дор бурданд… бар маркабе, ки ҳаргиз нанишаста буд шинонданд ва ҷалодаш устувор бибаст… ва овоз доданд, ки санг занед. Ҳеҷ кас даст ба санг дароз намекард ва ҳама зор мегиристанд, хоса нишопуриён. Пас… Бусаҳл ва қавм аз пой дор бозгушитанд… Ҳасанак қариб ҳафт сол бар дор бимонд, чуноне ки пойҳояш ҳама фуру тарошида ва хушк шуд, чунонки асаре намонд то ба дастуре фуруд гирифтанд ва дафн карданд, чунонки касе надонист, ки сараш куҷост ва тан куҷост…”. Аз марги ӯ, ки бо дасисаву тӯҳматҳо ва ҳасудию бадбинии баъзе аз афроди нотавонбин ба миён омад, мардум зор-зор ашк мерехтанд ва номашро дар қалбашон абадӣ нигоҳ медошанд.

Ҳасанак шахсияти нексиришт ва ҷавонмард буд. Доктори илмҳои таърих Сайфуллоҳ Муллоҷон дар яке аз мақолаҳои худ бо номи “Сарнавишти ибратбахши як вазири ҷавон” аз ҷавонмардию мардонагии ӯ навишта, ӯро ситоиш мекунад. Ӯ қайд намудааст, ки “Ҳасанак дар лаҳзаи ҳассоси марг… бо оромии бемонанд бо дарбориён сӯҳбат карда, ба тамоми суолҳоии эшон ҷавоби дандоншикан медиҳад. Ҳасанаки ҷавонмард метавонист, ки узр ва барои наҷоти худ шафеъ оварад. Вале дар ниҳояти тамкину салобат ба тӯҳматҳои бадхоҳон ҷавоб мегӯяд” ва дар ҷавоб бо дашномҳо ӯ бо тамкину оромиш сухан гуфта, дар ҷое низ бо чунин суханҳо муроҷиат мекунад: “…оқибати кори одамӣ марг аст. Агар имрӯз аҷал расидааст, кас бознатавонад дошт, ки бар дор кашанд ё ҷуз, ки бузургтар аз Ҳусайни Алӣ наям” ва бо ҷавонмарди коми маргро мечашад.

Дар воқеъ, бояд гуфт ки Ҳасанак аз ҷумлаи номдортарину машҳуртарин вазирои қуруни вустоии тоҷикон ба шумор меравад, ки бо кору пайкори наҷибонааш нақши арзишманде дар таърих гузоштааст. Бо ҷавони нигоҳ накарда, ӯ аз ақлу заковат ва истеъдодҳои беназир бархӯрдор буд ва ба олитарин маснади давлатӣ баргузида шуда, муддати беш аз панҷ сол зимоми идораи мамлакатро бар ӯҳда дошт ва бо донишу хиради хеш аз болои аксар афроди соҳибмансаби турку тоҷик назорат мекард ва пайи ободии сарзамини аҷдодии хеш, ба хусус шаҳрҳои Хуросон талоши зиёд намуда, он ҷоро ободу зебо гардонид. Худ, ки аз ҷумлаи аҳли зиё ба шумор мерафт ва аз каромату фазилати илм бархӯрдор буд, ба донишмандону олимони замон дасти кумак мерасонд. Аз сарнавишти ибратомӯзи ин вазири номдори тоҷик чанд нуқтаи муҳимро метавон ишора намуд ва ҳар як афроди ҷомеа метавонад аз он дарси ибрат гирад:

Аввалан, муҳити оилавӣ. Хонаводае, ки ӯ дар он парвариш ёфта ба камол расид ҳама аз аҳли илму фазл буданд ва ин барои чун донишманду соҳибмаърифат тарбия ёфтани ӯ заминаи мусоид фароҳам овард.

Баъдан, рағбати ӯ ба илму маърифат. Ҳасанак ба суйи илму дониш шитофт ва илму дониш бошад, ӯро ба қуллаи мақсуд ва дараҷаҳои баландтарин расонид ва ба ҷавони нигоҳ накарда, вазифаи вазирии  як императории бузурги замонро ба ӯҳда гирифта, аз иҷрои он бо сарфарозӣ баромад.

Сеюм, ҷавонмардӣ ва саховатпешагӣ. Ин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ӯро дар назди ҷомеа соҳибэҳтиром намуд, то онҷое, ки дар васфи ӯ қасидаҳо месуруданд ва ҳангоми маргаш аз чашмони ҳама ашки ғам мерехт.

Чорум, хиёнат накардан. Ҳасанак, новобаста аз он ки дар зери ҳокимияти туркҳо қарор дошт, ба Султон Маҳмуд вафодор буд. Гарчанде ки метавонист аз мансабаш истифода барад, аммо ин корро накард. Ҳамин бовариву эътимод буд, ки Маҳмуд ҷойгоҳи ӯро баробари фарзандону бародаронаш медонист.

Панҷум, тарс надоштан аз марг. Ӯ мардонавор маргро пешвоз гирифт ва пеши ҳеҷ кас сар хам накарда, ба зону назад, ҳол он ки метавонист узр пурсида, аз дор раҳо шавад. Бешак, ин аз бузургии ӯ далолат мекунад.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки воқеан ҳам Ҳасанак яке аз бузургтарин вузарои тоҷики аҳди асримиёнагӣ ба шумор рафта, дар таърихи давлатдории Ғазнавиён ва рушду нумӯи он саҳми беназир гузоштааст. Ҳамакнун, кулли аҳли ҷомеаи имрӯзаи тоҷикро мебояд, ки аз саргузашти ибратбахши ин вазири номдору бузурги тоҷик дарси ибрат омӯхта, таҷрибаи нек касб кунанд ва барои пешрафту инкишофи ҷомеа илму дониш омӯхта, насли ояндаро дар ҳамин руҳия ба камол расонанд ва чун фарзанди асил ва некноми ин кишвар, садоқатмандона барои боз ҳам ободу зебо гардидани Меҳани азизи хеш саҳми худро гузоранд.

Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ,

унҷонҷӯи кафедраи таърихи нав

ва навини кишварҳои хориҷӣ

Самандар МАҲМАДАМИНОВ,

донишҷӯи факултети таърихи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь