1
Хазинаи Амударё пас аз он ки ба дасти ҳиндувон ва англисҳои Пешовар расид, онҳо бинобар гаронбаҳо будани мавод зуд миёни худ тақсим карда гирифтанд. Генерал А. Каннингем нахустин бор дар маҷаллаи “Ҷамъияти осиёии Банғола” се мақола навишта, фикру андешаҳои худро нисбат ба Хазина муфассал баён намуд. Муҳаққиқи эронӣ М.Доулафой низ чанд навбат нисбати ин санъати қадимаи тоҷикон, ки бо санъати юнонию дигар мардумони шарқ пайвандӣ доштааст, фикру андешаҳояшро дар матбуоти Фаронса баён намуд. Е.Фландин ва П. Косте, Н. Кондаков ва Ҷ. Толстой ҳамчунин, мулоҳизаҳои дар бораи хазина доштаашонро ба туфайли воситаҳои ахбори Фаронса иброз доштанд. Ҳамаашон дар лаҳзаҳои аввал як дастоварди бисёр муҳими замони қадим, санъату маданияти волои ҷаҳониро хеле хуб ба мардум арзёбӣ намуда, бо ҳиссиёт ва андешаҳои хуш пазироӣ карданд.
Лекин О.М.Далтон аввалин муҳаққиқе мебошад, ки Хазинаи Амударёро бо ҳамаи дороиҳои аҳамияти ҷаҳонӣ доштааш дар муқоиса бо дигар ёдгориҳои мардуми ҷаҳон санҷида, ҳақиқати воқеии онро маълум намуд. Ба фикри ӯ, маводи Хазинаи Амударё пайдокардаи фарҳангу санъати маънавии мардумони таҳҷоӣ буда, таъсир аз дигар халқу миллатҳо низ зиёд дорад. Масалан, дар рушди санъати Балх таъсир аз юнониён, ки дар ин музофот қариб 200 сол ҳукмронӣ кардааст, кам намебошад. Ҳамчунин ӯ дар ин санъат нақши дастони санъаткорони Эрону Ҳинд ва скифҳои поёни Русро махсус қайд менамояд. Хубии навиштаҳояш ин аст, ки вай нисбат ба ҳар кадом мавод хоҳ тасвири одаму ҳайвон ва фаъолияти бевоситаи мардумони ин сарзамин, ҷанговарону аслиҳаҳои ҷангӣ, шофу шамшер, теғу камон, ё дар бораи сару либос, асбобҳои маишии рӯзгор, ашёи ҷудогонаи мисли ороишоти занона-дастпонаву ангуштарӣ, авезаҳои гӯшу гардан, муҳраҳо алоҳида мулоҳиза намуда, санъати дастони ҳунарманди балхиёнро дар муқоиса бо дигар мардумони дунё хеле хуб, зинда ва амиқ нишон медиҳад.
Тасвири асбу гардунаҳои зарҳалин, бисёр ҳайвоноти хушкигарду обӣ, ашрофони давлатӣ, анъанаҳои қадими миллии бохтарӣ, Шарқи қадим ва эллинию дигар миллатҳои ҳамсояро дар пайванди ҳамдигар ба таҳқиқ гирифта, образу сужаҳои нави маданияти гузаштаи дури халқамонро хайрхоҳона нишон медиҳад. Ӯ маводи зиёдро моли ҳунармандони шарқӣ, хусусан ҳахоманишиён дониста, аз сабки маънавиёти дигар халқҳои ҳамсоя низ хабардор менамояд. Хусусан, дар нисбати ёдгориҳои аз ҷиҳати санъату ҳунар баланди ҳахоманишиёну балхиён ба осори мардумони юнонию форситабор, тоҷикону ҳиндизабон ва фарҳангу маданияташон ҷиддӣ диққат медиҳад. Шикори шерро аз ҷониби ассириён бо либоси ҳиндӣ дидааст, Астиаз Курушро домод мегирад, дастаи шофу шамшерро намунаи сабки мидийҳо медонад, дар дастонаву ангуштарин ва авезаҳои гӯшу гардан таъсир доштани юнониёнро ба қалам медиҳад, ҷавонмарди бараҳна, сари кушодаи мардро аз тасвири санъаткорони юнонӣ донистааст, ки дар муҳити Шарқ ва мардуми шаҳрнишини Балх ба тасвир расидаанд. Таъсирбахшоии маданияти ду қавм ё гуруҳи мардумон, таъсир аз юнониён, ки дар ин музофот хеле зиёд ҳукмронӣ кардаанд, аз санъати Балх кам намебинад. Ҳамчунин ӯ дар ин санъат нақши дастони санъаткорони Эрону Ҳинд ва скифҳои поёни Русро зиёд ба қалам медиҳад. Хубии навиштаҳояш ин аст, ки вай нисбат ба ҳар кадом мавод хоҳ тасвири одаму ҳайвон ва фаъолияти бевоситаи мардумони ин сарзамин, ҷанговарону сарлашкарон, аслиҳаҳои ҷангӣ, шофу шамшер, теғу камон, ё дар бораи сару либос, асбобҳои маишии рӯзгор, ашёи ҷудогонаи мисли роҳи рафтуомад ва дӯстии байни ҳамдигариро боиси пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ медонад. Истилогарӣ, ҷангу ғорат низ аксар маврид чунин ҳодисаро тезу тунд ба миён мегузорад. Масалан, аз рӯйи навиштаҳои О.Далтон маводи ҷангии скифҳо дар қӯшуни Искандари Мақдунӣ зиёд истифода шуда, то бисёр халқу миллатҳо расидааст. Намунаҳои боло ном гирифтаи моро, ки О.М.Далтон таъсиргирифтаи ҷаҳон медонад, аслан бо дастони пурэъҷози балхиён, дар замони ҳахоманишиёни асрҳои 4-3 то милод эҷод шуда, баъзе таъсир аз дигар халқу миллатҳо низ вуҷуд доштаанд. Б.Я.Стависский ва Б.Ғафуров ба бисёр андешаҳои О.М.Далтон муқовимат карда, Хазинаи Амударёро ёдгориҳои аз берун омада не, балки маводи бевоситаи худи мардумони маҳаллӣ ба қалам медиҳанд.
2.
Бостоншиносони ҷумҳурӣ ва умумииттифоқ солҳои ҳафтодуму ҳаштодум – ду даҳсола аз соли 1975 ба баъд дар мавзеи Тахти Қубоду Тахти Сангин ҷиддӣ ба фаъолият даромада, аз сари нав ба кофтукови ин мавзеи таърихӣ, хушбахтона, шурӯъ карда, бо вуҷуди душвориҳои сахту сангин ба дастовардҳои чашмрас муваффақ шуданд. Экспедитсияи бостоншиносон дар раҳбарии Б. Литвинский ва отряд дар раҳбарии И.Р.Пичикиён пеш аз ҳама тарҳи қадимии Тахти Сангинро пайдо карда, аз он чӣ, ки умед доштанд, маводи бениҳоят зиёд пайдо намуданд. Лекин онҳо дар бозёфтҳои кори худ ва навиштаҳояшон гоҳ аз осори пештараи Хазинаи Амударё низ сухан ба миён оварда, миёни бозёфтҳои асри нуздаҳуму асри бистум умумият ба вуҷуд оварда сухан мегӯянд. Ба фикрам, мо бояд бозёфтҳои асри бистумро бо номи “Хазинаи Амударё” ва пайомадҳои навини бостоншиносонро бо номи “Маъбади Тахти Сангин” ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва миёни ин ҳар ду давра – охири асри 19 ва охирҳои асри 20 бояд тафриқа ба миён гузорем. Канӣ, акнун бубинем, пас аз пайдо шудани Хазинаи Амударё ва ҷаҳонӣ шудани он акнун дар замони нав бостоншиносон аз Маъбади Тахти Сангин боз чӣ маводи тоза пайдо кардаанд, ба хонандагон равшан маълум шавад. Дастоварди аз ҳама муҳимтарин, ба фикри мо, пайдо кардани тарҳи қадимии Маъбади Тахти Сангин мебошад, ки онро бостоншиносон, махсусан дар раҳбарии бевоситаи Б.Литвинский ва И.Р.Пичикиён аз берун ва ҳам аз дарун пурра муайян кардаанд. Дигар, Дафинаи Амударё ва Маъбади Тахти Сангин ҳар кадом бо дороиҳо ва нақши худ дар пешорӯйи ҷаҳониён маълум шуда истанд. Агар дар бораи Хазинаи Амударё маълумот бениҳоят зиёд навишта шуда бошад (ниг.: Е.В.Зеймал), пас дар бораи Маъбади Тахти Сангин ва дороиҳои он ба ҷуз навиштаҳои М.Литвинский ва И.Р.Пичикиён ва чанд нафаре дигар сухан нагуфтаанд, Худи онҳое, ки меҳнат карда, бозёфт ба вуҷуд оварда, мақолаҳо менавиштанд, бо вуҷуди ин мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ ҳанӯз хеле кам мебошанд. Аз ин рӯ, кӯшиш бар он аст, ки дар бораи бозёфтҳои ин ду бостоншинос ва муҳаққиқ алоҳида мулоҳиза ва баррасӣ кардан зарурат дорад.
Жуков Ф. (Н.А.Майев), Т.И.Зеймал, Е.Е.Кузмина аз Тахти Қубод ёфт шудани бойгониро такрор ба такрор қайд менамуданд. И.Р.Пичикиён сохтмони Тахти Сангинро ба замони эллинии баъди Ҳахоманишиён мутааллиқ медонад. Қурбонгоҳи сангини Толори Сафед, се чунин намунаи аз Айвон ёфтшуда, маводу расмҳои зиёди тасвирӣ бо мазмун ва тарҳи сохтори Тахти Сангин мардумони дунёро аз нав ба ҳайрат мегузоранд. Ҳайкалчаи Худои эллиниро, ки Силени найнавоз меноманд, шоҳони муқтадири замони Ҳахоманишиёну Кӯшониён, сарлашкарони шуҳратманди бохтариёни донишманд, ҳамаи табақаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, хушбахтона, дар осорхонаи маъбад нигаҳдорӣ кардаанд.
Қисми зиёди маводи ҳарбии маҳаллӣ ва дигар аслиҳаҳои ҳарбиро, ки ба маъбад аз дигар манотиқ ҳадя мефиристоданд, дороиҳои Тахти Сангин мебошанд. Искандари Мақдунӣ ба ҷуз аслиҳаҳои дар даст дошта боз беҳтарин аслиҳаҳои маҳаллиро ба Руму Юнон мефиристод, то ин ки аслиҳаҳои наву тозатаре таҳия намоянд. Мегӯянд, вай баъди аз дарёи Граник бо ғалаба гузаштан 300 афзоли ҳарбиро ба калисои (храми) Афина фиристодааст.
Бостоншиносон дар чуқуриҳои мисли охурҳои даҳлези Тахти Сангин ва дар рӯйи фарш миқдори зиёди силоҳҳои ҳарбӣ дидаанд, ки онҳо аз оҳану биринҷ, намунаҳои гуногуни тир, шофу шамшер, акинак, нӯгҳои теғу пайкон ва тоскулоҳҳо, ғилофҳои ҷангиву миниатюрӣ, дастаи махайри* бо сари грифон (саги дарозмӯи шикорӣ), ғилофҳои ҷангӣ, дастаи махайри мисли сари паррандагон, дастаи комфос*, бутерол* (* аслиҳаҳои ҳарбии ҷангӣ)-дастаи шамшери юнонӣ ва ҳоказоҳо сохта шудаанд. Дар Тахти Сангин 7 бутероле пайдо намудаанд, ки 5 адади он хеле бузургҷусса мебошад.
Нӯгҳои пайконҳои биринҷӣ қариб 50 адад ва ҳамчунин 50 дастаи ханҷарчаҳои биринҷӣ, 666 нӯги пайконҳои биринҷиву оҳанин нигаҳдорӣ шудаанд (16,114). Соли 1979 5 синони нӯгашон серпаҳлӯгини паҳншакли гупчадори биринҷӣ, камони нодири мураккабсохт аз устухони фил, ду адади онҳо майл ба замони қадим доштанд, нӯги пайконҳои оҳанин (50+60+100+666+1000+150 адад, дар маҷмуъ 2020 адад), дастаи шамшер, дастаи ханҷар, дастаи махайри Дадон, 2 корд, маводи ҷангии аз оҳан сохташуда, 3 нӯгмонаки теғ, маводи гуногуни аз маъдан сохтаи ҳарбиён иборат мебошанд.
2000 синонҳои нӯкашон серпаҳлӯгини паҳншакли губчадори оҳанин, даҳҳо наёмҳои (ғилофҳои) оҳанин, ду нусхаи акинак, 2 рӯкаши миниатюрии ғилофи махайр-дар яке тасвири Искандари Зулкарнайн бо намои Геракл дар пӯстини шеру шохҳои Аммон ва тоскулоҳи душоха
(асри 3 то м) аз ҷониби бузургтарин муҷассамасозони Юнон: Лискап, Леокар, Евкрадит, Евфражор ҳамчун сарлашкари бузург ба тасвир оварда шудааст. Онҳо ҷавонии Искандарро, ки то замони мо расидааст, ҳамчун Худо -қаҳрамон ба тасвир меоваранд.
Аз Маъбади Тахти Сангин ғилофи бутеролу акинак аз устухони фил, маводи ҳарбии оҳанини иборат аз 5000 адад, қисми зиёди маводи ҷамъшуда иборат аз ғилофҳои шамшери юнонии ктисофону махайр мебошанд. Аз маъбад ғилофҳои тиллоӣ (27,5 см) низ ёфтаанд.
Нӯки пайконҳои биринҷӣ (20 адад), ханҷарҳои оҳанин, акинакҳои тарзи скифу сарматисохт, шамшерҳои юнонӣ, ки як қисм аз биринҷ сохта шуда буданд, пулакчаҳои асбобу афзоли ҷангӣ, камонҳои мураккабсохти аз устухон. 7 акинаки комил, 5 нӯгмонаки теғ, рӯкаши ғилофҳои устухонифилии болдор, шамшери юнонии ксифос (5 адад) ва махайр (10 адад), бутероли намуди биринҷӣ, лавҳаҳои акси шикор (2 адад), камонҳои мураккабсохту нодир аз усухони фил, ду адади онҳо ба санъати қадимии парфяниву сосонии Эрон мутамоил мебошанд.
Дар муҷассамаҳои даррандагон, асарҳои зиёди санъати юнонию бохтарӣ, маводи зиёди аз устухони фил сохташуда, алоқаи бевоситаи бо ҷаҳони сакҳою скифҳо доштаамон низ ҳувайдо мегарданд. Дар он замон аз устухони фил сохтани маводи ороишию ҷангӣ ва заргарӣ талаби замон буда, бозёфтҳои Тахти Сангин, ба фикри М.Литвинский ва И.Р.Пичикиён, таърихи қадимаи фарҳанги тоҷикони Вароруд, таъсири байни-ҳамдигарии онҳоро дар Шарқи хориҷӣ ва Байнанаҳрайн равшан нишон медиҳад.
Саҳнаи шикор дар танаи сандуқчаҳои аз устухони фил сохташуда, нақшу нигори қиматбаҳо, ду лавҳаи манзараи шикор (асри 2 то ҳиҷрӣ), расмҳои ҳуҷҷатии ҷангӣ, саркашии асп, насли аспҳо, шаҳрдори аспсавор, ҷанговарону ғолибони кӯшонӣ, бо асарҳои зиёди тасвирии юнонию бохтариён, намои зиёди даррандагон ёфт шудаанд.
Баъзе намунаи суратҳоеро низ мушоҳида менамоем, ки Кӯшон дар айёми шикор (асри 2-1 то м) тасвир шудаанд. Дар онҳо ҷуръат, нотарсию диловарии шикорчиён, аз болои асп ба шеру паланг ва дигар ҳайвоноти ваҳшӣ тир андохтану ҷангиданашон тасвир шудаанд. Дар ин маврид одамон бештар бо камон тир меандохтанд ва дар камар шофу шамшер доштанд. Дар як сурат ба паланг чанд тир задааст, лекин вай бо вуҷуди ин барои нигаҳдории наслҳояш ҳамчунин сӯи камонвар ҳамла менамояд ва дигар ҳайвонҳо дар ҳолати гурез нишон дода шудаанд. Ҳар ҷузъиёт диққатҷалбкунанда буда, кас мехоҳад соатҳо ба чунин расмҳо, ки афту андоми зебои гузаштагонамон ва феълу амали онҳоро дар лаҳзаҳои ҷангу шикор ба тасвир оварда шудаанд, нигоҳ карда шинем. Тарзи либоспӯшиашон ҳам диққатрабост.
Дар ҷойҳое, ки ҳанӯз пойтахт нестанд (мисли Бохтар),-менависанд муаллифон,- шамшерҳои замони Искандари Мақдуниро мо ҳатто даҳ баробар нисбат ба дигар марказҳои юнонӣ зиёдтар ба мушоҳида мегирем (16,120). Ва дар муҳити Бохтар (Тоҷикистон, Афғонистони шимолӣ, Ӯзбекистон, Покистон, шимоли Ҳиндустон) ёдгориҳое дида шудаанд, ки мо дар дигар муҳит онҳоро мушоҳида наменамоем.
Бостоншиносон дар мобайни даҳлез ёдгориҳои мухталифи ороишот, кулоҳу варақаҳои тунуки зарҳалин, ду гӯшвори зардӯзӣ, варақаҳои заррини тоҷи ифтихор, варақаҳои заррини мисли нилуфар, 45 маводи конусшакли зарҳалин, 61 лавҳаю ғилофи зарҳалини (27,5 см) пайдо намудаанд.
Дар фарши даҳлези севуми Толори Сафед пораи (лентаи) зарҳалине ёфтаанд, ки мисли печонаҳои дуқабатаи пайвандии бо нуқра алоқаманд мебошад (17, 203). Чанд пора аз парчаҳои зарҳалини ҳошиядор бо риштаҳои зарҳалини дӯхташуда (асрҳои 4-3 то м), 3 ангуштарини биринҷии бо ҳарфи гаммаи юнонӣ сохташуда, маснуоти зиёди биринҷӣ, рӯкаши зарҳалин ва ғайраҳо пайдо намудаанд.
Тугмаҳои биринҷӣ (14 адад), мехҳои биринҷӣ (41 адад), мехҳои биринҷии дарозиашон 10-15 см, дастпонаҳои биринҷӣ (42 адад), лавҳаҳои биринҷӣ (49 адад), лавҳаҳои биринҷии росткунҷаву секунҷа (43 адад), дастаҳои биринҷии ханҷарҳои хурд (50 адад), тирҳои биринҷӣ (асри 2 то м) ва бисёри монанди инҳоро пайдо намудаанд.
Теғу найзаҳои аз биринҷ сохташуда, ҳалқаҳои биринҷӣ, гӯшвораҳои росткунҷа, тасвири биринҷии Эрот, маснуоти рехтагарии биринҷӣ, шумораҳои зиёди ангуштариҳои биринҷӣ, лавҳаҳои аз биринҷ сохташуда (36 адад), миқдори аслиҳаҳои ҳарбӣ (50 адад) рӯ овардаанд.
3.
Дар байни маводи Хазинаи Амударё тангаҳои зиёд пайдо намудаанд, ки миқдорашонро В.М.Массон 500, О.М.Далтон 1500 ва Е.Е.Кузмина 1700 адад қайд менамоянд. Герднер Хазинаро асосан аз тангаҳои замони Селевкиҳо ва тангаҳои шоҳони он замон Лисимах, Тарс, Синоп, Аспен ва Эфес ба забон мегирад, Э.Нюэлл тангаҳои дар ин давр сикказадашударо дақиқ омӯхта, онҳоро моли ҳамин қисми шарқи Давлати Селевкиён, моли мардуми Балх таъкид менамояд.
Ба мулоҳизаи А.Каннингем, тангаҳоро пас аз ба Ҳиндустон (Покистони ҳозира) овардан зуд парешону пароканда мешаванд: як қисм ба Осорхонаи Британия, қисми зиёд ба дасти дӯстдорандагони маводи атиқа мерасанд, вале қисми бештари тангаҳо ба дасти А.Грант ва А.Каннингем расидааст. Одамоне, ки тангаҳоро харида гирифта буданд, барои муайян карданашон аз А.Каннингем зиёд маслиҳат мепурсиданд. Ба қавли А.Каннингем, шумораи умумии тангаҳои пайдошуда: 64 зарҳалин, 523 нуқрагин буданд. Ва миқдори аз ин камтарро ба офитсерҳои армияи Афғонистон фурӯхтанд. Шумораи умумии тангаҳои ёфтшуда 150 зарҳалин, 100 ё 120 нуқрагин, 90 адади дигар шояд оҳанин будааст. Он замон дар дасти генерал Каннингем ҳамагӣ 700 адад танга вуҷуд доштааст, ки ба мулоҳизаи ӯ, дар Осорхонаи Британияи Кабир тангаҳо ҳанӯз хеле кам вуҷуд доштанд. Тангаҳоро дар замони қадим аслан дар Юнон – Аканф (Македония), Афина ва Византия сикка мезаданд. Ба мулоҳизаи ӯ, тангаҳои зарҳалин ва нуқрагини замони ҳахоманишиҳои асрҳои 5-4 то милодро дар Осиёи Хурд сикка мезаданд. Тангаҳо дар Шарқ дар замони шоҳигарии Тарибаз, Фарнабаз, Датан, Мазай, Сратон ва Пиксодар ва ғ. сикка зада шуда буданд. Ба мулоҳизаи Шлюмберже, тангаҳоро дар Шарқ, дар ҷануби Бохтар ҳам сикка мезаданд.
Тангаҳои биринҷии ба номи Вими Кадфиз, Канишка ва Хувишкаро (50 адад) ёфтаанд. .Дар таърих миқдори зиёди тангаҳои замони Искандари Мақдунӣ, тангаҳои замони Евтидеми 1, Евтидеми 2 (бо манзараҳои шикор ва маводи хӯрок ва ҳ.), тангаҳои Агафокл, биринҷии Антиохи 1, Диодот маъмул буданд. К.Реллинг тангаҳоро ба ду қисм-тангаҳои то асри 4 ва тангаҳои замони эллинӣ ҷудо кардааст. (Реллинг, 1928, с. 90). И.Г.Спасский таърихи шуъбаи нумизматикаи Эрмитажро таҳқиқ намуда навиштааст, ки соли 1883 дар хазинаи А.Грант 379 адад тангаҳои бохтарию кӯшонӣ ва ҳиндӣ, ҳамчунин 7 адад тангаҳои ба номи Антиох, Диодот ва 5 адади замони Селевкиён вуҷуд доштааст. Дар Хазинаи Амударё қариб 200 адад тангаҳои Александри Мақдунӣ нигаҳдорӣ шудаанд. Бояд зикр намуд, ки тангаҳои Селевки 1-ро дар Селевкия, Вавилон, Суз, Экботан, Балх ва тангаҳои Антиохи 1 ва Антиохи 2-ро дар Балх сикка задаанд.
4.
Хусусан тасвирҳои шахсони алоҳида дар Тахти Сангин хеле зиёд дида шудааст. Мо бо муҷассамаи Силени найнавоз, сурати Куруши Кабир, Дорои бузурги дароздаст шахсони номаълум, ҷавони бараҳна, ва бисёри дигарон дучор мешавем, ки қисми зиёдашон ҳанӯз ҳам шинохта нашудаанд. Муҷассамаҳои беҳтарин сарлашкарони Юнон Лискап, Леокир, Евтократ, Евфражор шукуҳманд кашида шудаанд. Тангаҳои биринҷии 50 адад сикка задашудаи Вими Кадфиз, Канишка ва Хувишка,(с-ҳои 75-78), тангаҳои Стер Мегас 2 адад, тангаҳои Герай ва тангаҳои шоҳони номаълум (278-333 то м), сурати дар либоси фохира рост истодаи Канишка, ки ҳанӯз ҳам хуб нигаҳдорӣ шудааст, тангаҳо дар ҳамаи охуракҳо 98 адад нигаҳдорӣ шудаанд. Нишоне бо тасвири нимпайкараи ҳоким зебову шукуҳманд тасвир шудааст.
Ниҳоят бостоншиносон Б.Литинский ва И.Р.Пичикиён бар ин ақида мебошанд, ки ташкил шудани мактаби меъмориву тасвирии шарқи-эллинӣ дар як масофаи хеле паҳновар боиси рушд кардани санъати тасвирию субҳи дурахшони мактабҳои маҳаллию эллинии мисли Гандхари ҳиндӣ дар сарзамини Бохтар мебошад (1,134). Бозёфтҳои беназири аз Маъбади Тахти Сангин ёфтшуда таъриху тамаддуни қадими тоҷикон ва умуман форситаборонро дар Осиёи Миёна ва ҷаҳон ғано мебахшад.
Шоҳзамон РАҲМОН,
профессор