Варақгардон кардани саҳифаҳои рангини меҳани дилкашу хушманзара, ки дар доманаи кӯҳҳои сабаландаш, водиҳои сарсабзу хуррамаш ва канори чашмаҳои серобаш ба воя расидаем, барои насли наврас муҳим аст. Зеро таърих ибрат аст. Ҷавонон бояд таърихи сарзамини хешро донанд, зеро он дастури муҳимест ба оянда. Дар ин нигошта банда ҳам чанд сафҳа аз таърихи тираи гузаштагонамонро варақгардон мекунам.

Деҳаҳои кӯчаку бузурги водии Зарафшон бо манзараҳои дилфиреб, сарватҳои гаронбаҳо, чашмаҳои сероб, гулу гиёҳҳои шифобахш ва арчазорҳои сарсабзаш назаррабост. Русияи подшоҳӣ аз солҳои 60-уми асри XVII бо чашми тамаъ ба сарзамини Осиёи Миёна, аз ҷумла ба водии Зарафшон нигоҳ мекард. Ҳамин аст, ки оҳиста-оҳиста ин минтақаро тасарруф кард. Соли 1864 Чимкент; соли 1865 Тошканд, 25 майи ҳамон сол Хуҷанд, 5 майи соли 1865 Самарқанд ба Россия тобеъ карда шуданд. Дар Осиёи Вусто генерал –губернатори Туркистон ташкил када шуд, ки ба он генерал К.П. Кауфман сарварӣ мекард. Дар деҳаҳои болооби Зарафшон, дар Фалғар, Мастчоҳ, Фон, Киштӯд ва Моғиён мирҳои ниммустақил ҳукмронӣ мекарданд.

Барои тасарруф кардани ин маскан, ки аз ангишт ва арча бой буд, генерал-губернатори Туркистон бо роҳбарии А. К. Абрамов юриши ҳарбӣ ташкил кард. Баҳри руйпӯш кардани мақсади ҳарбӣ як даста олимони варзидаи мардумшинос А.Л.Кун, табиатшинос А.П. Федченко, А.Д. Гребёнкин, ки забон ва алифбои маҳаллиро нағз балад буд, кӯҳшинос Д.К. Мишенков, топограф А. М. Скасси ва дигарон шомил буданд.

Соли 1970 А.Л. Кун аз Самарқанд котиб ва рӯзноманигори мадрасадида Абдураҳмони Мустаҷирро ба ҳайат ҳамроҳ кард. А Мустаҷир, саргузашти ин саффарро иншо мекард, ки дар натиҷа асаре падид омад, ки бо номи «Рӯзномаи сафари Искандаркул» маълум аст. Дар ин асар Мустаҷир дар баробари навиштани тафсилоти сафараш, дар бораи расму русум ва оинҳои деҳаҳои болооби Зарафшон ба тафсил сухан меронад.

Мувофиқи шаҳодати Мустаҷир 28 июли соли 1870 даста аз Искандаркӯл поён шуда ба сарвода омада, мавзеи Фонро тай карда ба тагобае дохил мешаванд, ки он мавзеъро Киштут меноманд. Ӯ менависад: «Гирду атроф ва кӯлҳои он ҷо ҳама бурсзор будааст. Баногоҳ рафта истода будем, ки аз пеш як тангӣ баромад. Ба даҳанаи он тангӣ киштӯдиҳо қурғонаҳошонро рехта асбоби ҷангро тайёр карда будааст. Ва дигар дар болои кӯл ағбаи кундаланг ҳаст, ки теппаи Говхона мегӯянд. Дар болои он ҳам мергани бисёреро монда будаанд. Ва аз он ҷой тӯрагон ҳам асбоби ҷанг тайёрӣ карданд. Онҳо дар болои ағба ва ҷамоаи аскари урусия дар поён… Киштӯтиён аз болои ағба санг ва камон андохтан гирифтанд. Сарбозони маъа тӯрагон аз поён тӯпу камонандозӣ карданд. Илоҷи баромадан нашуд. Охируламр сарбозони маъа тӯрагон ғалаба карданд. Чанд одам мурда ва чанд одам ярадор шуда, бо чӣ азобу уқубат дар болои ағба расиданд.” (А. Мустаҷир «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» саҳ .163)

Ин набард то шоми торик идома ёфта, сокинони он манзил барои  дифои ватани файзборашон ба муқобили забткорони истодагарӣ карда, дар камари кӯҳпораҳо ҷой гирифта хешро мардонавор  дифоъ намуданд.

Забткорон аз маҳорати мардуми шуҷоъу ватандӯст ба хашм омада, вақте, ки ба деҳаи хушбоду ҳавои Артуч ворид шуданд се масҷид ва манзилҳои ободтари деҳаро оташ заданд. Чун пойи нопоки забткорон ба деҳаҳои ободу зебо мерасид, ҳатман масҷидҳову чойхонаҳои ободу пурнақшунигорро оташ мезаданд. Онҳо ба ин васила бо урфу одат, расму русуми сокинони ин водӣ  оташ задан мехостанд. Роҳро пеш гирифта аз Панҷруд гузашта ба қурғони мирнишини Киштут, ки дар баландии деҳаи Кулолӣ ва Зери Ҳисор ҷойгир аст.

Қурғони мирнишини Киштут дар мавзеи хушбодуҳавое ҷойгир шуда, боғҳои ободи зардолу, чормағз, себ ва нокзор дошт. Садои дарёи Уреҷ ба дилҳо нуру сурур мебахшид. Қурғон аз чор самташ бо деворҳо ва дидбонгоҳҳо иҳота шуда дар мобайн бинои зебову хушсохте дошт.

Ин бино низ ғазаби ғосибони русро бедор кард. Генерали бемаърифат ба зиддияти олимони ҳамроҳаш нигоҳ накарда, сарбозонро амр дод, ки ин бинои нодир ва бо санъати баланди меъморӣ сохтаву кандакорикардашударо оташ зананд…

Мардуми далеру шуҷоъи суғднажоди сакоитабори Артуч, ки дар водӣ ба паҳлавонӣ, чобуксаворӣ, гуштингирӣ шуҷоату далерӣ ном бароварда буданд, ба ғоратгарон сар хам накарданд ва дар замони Ниёз кончӣ масҷидҳо ва биноҳои валангоршударо барқарор карданд…

Ин як саҳифаи тираи таърихи миллати мо аст, ки ҷавонон бояд донанд. Бояд дарк кунанд, ки бегонагон бо чӣ роҳу васила сарзамини моро забт ва ба муқаддасоти мо дастдарозӣ карданд…

Инқилоби Октябр ғалаба карду Ҳукумати подшоҳӣ сарнагун шуд, ва ҷамъияти нави лененӣ болшевикӣ рӯи об омад. Амири Бухоро фирор кард. Фрунзе ва Куйбишев Бухорои Шарифро бомбаборон карда, китобхонаҳоро сӯзониданд, ба пайкари миллати мо ва забони мо латма заданд. Соли 1924 дар тақсимоти ноадолатонаи миллӣ Ҷумҳурии Автономии Сотсиалистии Точикистон таъсис ёфт, ки баъдан соли 1929 ҷумҳурии алоҳида шуд. Вале шаҳрҳҳои таърихиву марказҳои мадании моро аз дастамон ба зӯр гирифтанд…

Соли 1958 мо ду нафар ҳуҷҷатҳоямонро ба Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд супорида шомили шуъбаи филологияи ин даргоҳ шудем. Машғулиятҳо оғоз ёфтанд. Ҷонишини декани факултети филология баҳри шинос шудан бо донишҷӯён ба гурӯҳи мо даромад. Дар байни 25 нафар донишҷӯи тоҷик, танҳо мо ду нафар тоҷикистонӣ дар шиносномаамон “тоҷик” будему халос. Вай қарор дод, ки ин гурӯҳро баста гурӯҳи ӯзбеки ташкил кунанд ва ҳар дуи моро ба шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фиристанд. Мо эътироз кардем, ки зодгоҳи мо ба Самарқанд наздик аст ва мо метавонем ҳар ҳафта ба хонаамон равем. Вале ӯ аз раъяш намегашт. Ҳамкурсони мо низ, ки дар асл тоҷик буданд барои ҳифзи гуруҳи тоҷикӣ талош карданд.

Хушбахтона, раиси иттифоқи касабаи донишгоҳ профессор Қудратхон Мусоев, ки мудири кафедраи забони англисӣ буд, ин арзи моро ба ректор Аҳрор Муллоҷонов расонд ва гуруҳи мо баста нашуд. Соли 1963 мо ин донишгоҳро бо ба баҳои аъло хатм кардем…

Даврони Шӯравӣ чунин саҳифаҳо ҳам дошт, ки муаррихони мо дар ин бора наменависанд. Вале насли имрӯз ҳақ дорад, ки ҳақиқати таърихи сарзаминашро донад.

Боз чанд хотироти ин давронро ба ёд меорам.

Соли 1932 дар деҳаи кӯчаки Заврон колхоз таъсис ёфт, ки дар заминаи он фермаи хукпарварӣ ташкил карда шуд. Ин гарчанде хилофи расму оини мардуми мо буд, вале маҷбур шуданд, ки чандин сол хукпарварӣ кунанд. Зеро ҳукумати вақт ҳаминро талаб мекард.

Соли 1961 ба дашти Марғедар об омад. Амр шуд, ки дар заминҳо тамоку кишт карда шавад. Ин зироат низ ба табиати мардуми мо ва ба иқлими ин минтақа созгор набуд…

Чунин лаҳзаҳои дилхарош аз даврони “адолатпарварии Шуравӣ” кам нестанд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик наҷот ёфт. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мардуми мо ба роҳи нави рушду камолот расид. Арзишҳои миллии хешро соҳиб гардид ва онро ба маснади ҷаҳонӣ нишонд. Имрӯз Наврӯзи мо дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад, ки ин ҳам баракати Истиқлол аст.

Банда беш аз 80 сол умр дорам ва умри хешро сарфи кори мактабу маориф ва таълиму тарбия кардам. Беҳуда чанд лаҳзаро аз таърихи гузашта ба ёд наовардам. Муроди ман ин аст, ки ҷавонони мо аз гузашта ибрат гиранд ва дарк намоянд, ки ҳеҷ ганҷе беҳтар аз истиқлол нест ва ин неъматро пос дошта, баҳри ободии Ватан бикӯшанд.

Нуриддин Шарифзода,

сокини рустои Заврони ш. Панҷакент

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь