Соли гузашта аз ҷониби камина дар хусуси ҷашни Меҳргон мақолае бо унвони “Таъсири тамаддуни тоҷик бар тамаддуни ҷаҳон” иншо ва дар рӯзномаҳои  “Минбари халқ”, “Фараж” ва “Адабиёт ва санъат” чоп шуд. Мақолаи мазкур бо такя бо далелҳои бешумор собит кардан мехост, ки ҷашни Меҳргон аз тамаддуни форсу тоҷик сарчашма гирифта, бо воситаи кишвари Юнон дар сарзаминҳои Ғарб доман паҳн кардааст. Баъди гузаштани чанд муддат аз ҷашни Меҳргон ҷашни Сада фаро расид. Шоми ҷашни Сада дар барномаи телевизионӣ  шахси донишманд, рамзҷӯ ва аз фарҳанги мардумӣ огоҳ Дилшод Раҳимӣ баромад намуда гуфт, ки баъд аз гузаштани чил рӯз аз ҷашни Меҳргон ҷашни Сада мерасад. Баъди шунидани вожаи “чил” ангушти ҳайрат газидам.” Ваҳ,- гуфтам худ аз худ,- ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Наврӯз, Тиргон… бо ҳам робитаи ногусатанӣ доранд.” Ва аз бузургии тафаккури миллати азизам дубора қоил гаштам.

Тақрибан 25-30 сол аз ин муқаддам дар собиқ китобхонаи Фирдавсӣ дар маҷаллаи “Вопросы психологии” бо мақолаи донишманди рус, ки номи муаллиф, номи мақола ва ҷо- ҷо навиштаи ӯро қайд накарда будам ва имрӯз тамоман аз лавҳи хотирам рафтааст, бо мафҳуми рамзии вожаи “чил” ошно гаштам. Донишманди рус ин рақамро бо услуби равоншиносӣ дар ботини инсон ҷустуҷӯ намуда, адади чилро чил отифаи инсонӣ мешиносад. Баъд дар ҷадвале ҳар яки онҳоро паи ҳам меоварад: яъне ғам; шодӣ; дард; даво;.. Ӯ бо овардани далел собит кардан мехоҳад, ки агар шодие шуморо фаро гирифта бошад, ҳатмӣ дар паси он ғаме ҳаст. Баъди ошноӣ бо чунин навишта фалсафаи Буддо ба хотирам расид. Вай низ ғаму шодиро монанд ба ду соҳили дарё мекунад. Ва таъкид мекунад, ки набояд ба соҳили ғам ё ба соҳили шодӣ наздик шуд. Барои раҳоӣ аз ин ду чиз васати дарёро ихтиёр кард.

Донишманди рус дар мақолааш миёни отифа ва ҳис тафриқа мегузорад. “Шумораи отифа аниқ аст,- мегӯяд ӯ,- аммо домани ҳисси инсонӣ зиёд, шояд ҳазорҳо бошад”. Ҳамун шабу рӯз афсонаи “Алибобо ва чил роҳзан” ба хотирам расида буд. Мехостам дар атрофаш чизе нависам, аммо камҳавсалагӣ нагузошт, ки ба ин чиз даст  занам. Дар байни мардуми мо бошад, вожаи “чил” хеле серистеъмол аст. Кӯдаки навзодро чил рӯз то баромадани чиллааш бо эҳтиёт нигоҳ мекунанд. Ба ҳар кас нишон намедиҳанд.

Ҷашни Меҳргон низ аз калимаи “меҳр” гирифта шудааст. 23- юми декарб баъди анҷоми шаби дарозтарин ва ибтидо гирифтани дарозии рӯз тифлаке бо номи Меҳр ба дунё меояд. Онро низ дар тӯли чил рӯз эҳтиёткорона парвариш мекунанд. Баъди гузаштани чил рӯз аз рӯзи таваллуди Меҳр барои афтидан ё наафтидан дар доми гуноҳ ӯро бо оташ имтиҳон менамоянд. Ва он рӯз ҷашни Сада фаро мерасад. Аниқтараш, Меҳр дар ин рӯз марзи кӯдакиро убур намуда, ба марзи наврасӣ мерасад. Чунин манзара рӯзгори Сиёвушро аз осори “Шоҳнома” и Абулқосим Фирдавсӣ ба хотир меоварад. Сиёвушро дар ҳолати муайян намудани тӯҳмат аз оташ мегузаронанд. Оташ монеа буд ва аз он Сиёвуш пок ва беолоиш раҳоӣ меёбад.

Баъзе донишмандон ақида доранд, ки баъди чашни Сада то Наврӯз панҷоҳ рӯз боқӣ мемонад. Ҷамъи панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб, мешавад сад. Ва Сада баргирифта аз ҳамин мафҳум аст. Бигзор чунин бошад. Аммо  ба гумони камина Сада аз мафҳуме, ки дар давраҳои қадим баъзе ноҳияҳо дар аморати Бухоро марзбандӣ мешуданд ва мардум онро “сада” ном мебурданд, гирифта шудааст. “Сада” калимаи тоҷикӣ аст ва решаи он то забони давраҳои қадим шояд бо шакли андаке тағйирхӯрда рафта расад.

Рӯзи ҷашни Сада, яъне дар байни оташ гузаронидани Меҳр овони наврасии ӯ мерасад. Аз байн панҷоҳ рӯз мегузарад. Шабу рӯз бо ҳам баробар мешаванд. Пас давраи ҷавонии Меҳр, яъне Наврӯз мерасад.

Дӯстам, марди донишманд ва фарҳангӣ Ҷонибеки Асрориён дар телевизион барномае дошт бо номи “Илм ва ҳаёт”. Ҳар барномаашро бо шавқ тамошо намуда, аз он маъниҳои  тозае бо худ мегирифтам. Ҷонибеки Асрориён як рӯз дар барномааш гуфт, ки донишманде аз Амрико аз сабзаҳои гандуми суманак доруе омода намудааст, ки вақти истеъмол шахсро тамоман ҷавон мегардонад. Ин барои ман хабари тоза буд ва маро нисбати дурустии андешаам дилпур сохт. Дар ҳақиқат, Наврӯз рамзи ҷавонист. Ҷавонӣ бо дароз шудани рӯз инкишоф меёбад. Баъд ба дараҷаи олияш, яъне дарозтарин рӯз ба 22- юми июн мерасад. Наврӯз ҷояшро ба Тиргон медиҳад. Баъди ҷавонӣ миёнасолӣ мерасад. Рӯз оҳиста-оҳиста кӯтоҳ мешавад. Давраи миёнасолӣ яъне давраи натиҷаи ҳосил аст. Мардум дар давраи ҷавонӣ, ки ҳунар омӯхта буданд, акнун дар давраи миёнасолӣ онро амалӣ намуда, оҳиста- оҳиста ба пирӣ мерасиданд.

Чуноне ки мушоҳида намудед, тафаккури рушдкардаи мардуми тоҷик буд, ки ба Меҳргон, Сада, Наврӯз, Тиргон… ҷон бахшидааст. Онҳоро дар симои гузаштани умри як нафар: аз кӯдакӣ сар карда, то наврасӣ, ҷавонӣ, миёнасолӣ ва пирӣ дидааст. Мардуми тоҷик ҳолати воқеиро бо устура ва рамз омезиш дода, чунин ҷашнҳои дилкашро дар байни одамон ҷовидонӣ гардонидааст.

Ҳамроҳи  АВЛИЁПУР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here