Имрӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ, хосатан тариқи сомонаҳои интернетии гуногун андеша ва баҳсҳо оид ба кадом халқ тааллуқ доштани Абӯалӣ Ибни Сино давом дорад.
Аз ҷумла, дар торномаи интернетии оҷонсии «Центр-Азия» нисбати диди вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён оид ба тариқи шабакаи телевизионии «CNN» олими ӯзбек номидани Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино, ки дар ғарб бо номи Ависенна маъруф аст, эродҳои тамоман беасос ва ноҷо ва «насиҳатҳои бархе аз ба ном дӯстони миллати тоҷик» чоп гаштаанд. Ҳоло он ки вазири фарҳанги тоҷик Сатториён чунин иборози ақида намуда буд, ки «чунин шахсиятҳои таърихии сатҳи ҷаҳонӣ, мисли Ибни Сино ба тамоми башарият тааллуқ доранд. Кӯшишҳои дар маҳдудаи миллат тааллуқдорӣ намудани чунин ашхос ғайривоқеъӣ аст».
Бояд гуфт, ки тариқи ин сомона ректори Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Шерзодхон Қудратхӯҷа дар ин хусус изҳори ақида намудааст, ки он чун изҳори ҷамъияти академӣ пешниҳод гаштааст. Аз ҷумла, бародари мо Шерзодхон чунин ибрози андеша намудааст:
«Ман мехоҳам, ки андешаи худро вобаста ба изҳори Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён оид ба кадом миллат тааллуқ доштани Ибни Сино баён намоям.
Якум, ман мехоҳам, ки дӯстии бисёрсолаи халқҳои ӯзбек ва тоҷикро қайд намоям. Ин дӯстиро эҳтиром намуда, мехоҳам, ки гуфтаи файласуф Ситсеронро баён намоям «дустӣ манӣ, лекин ҳақиқат авлотар аст».
Пеш аз ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд рӯи ҳақиқати таърихӣ бо ҳам муттаҳид шаванд, бояд дарк намоем, ки чунин шахсиятҳои маъруф, мисли Ибни Сино ба тамоми минтақа тааллуқ доранд. Танҳо бо муттаҳидӣ мо метавонем, ки ба мероси шахсиятҳои маъруфе мисли Ибни Сино баҳои комилан мувофиқ диҳем.
Дуюм, дар масъалаи мазкур пеш аз ҳама далелҳои таърихӣ бояд ба инобат гирифта шавад. Дар асрҳои 1Х-Х, сарҳади марзҳо байни кишвархои кунунии Ӯзбакистон, Қазоқистон,Тоҷикистон ва Қирғизистон вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, аз як давлат шуморидани Ибни Сино нодуруст аст.
Саввум, зарур аст, ки дар бораи нақши муҳими илм ва дониш дар он давра ёдрас карда шавад. Яке аз омилҳои асосии ба шукуфоии замони Эҳё мусоидаткунанда, ин озодии олимон аст, ки ба дараҷаи намоён фарҳанги интеллектуалии минтақаро муайян намуда буд.
Чаҳорум, агар имрӯз тариқи системаи кофтуковӣ дар интернет оид ба кадом давлат тааллуқ доштани Абӯалӣ Ибни Сино суол диҳед, он гоҳ хоҳед дид, ки вай таваллудгаштаи Бухоро (980-1037) буда, Бухоро маълум аст, ба марзи Ҷумҳурии ҳозираи Ӯзбакистон он замон дохил буд. Аз ин рӯ, Ибни Сино фарзанди Осиёи Марказист.
Панҷум, агар ҳатто масъала оид ба кадом миллат тааллуқдории Абӯалӣ Ибни Сино равад ҳам, ин масъала маҳаки ба худ ҷалб намоиро ба худ касб накунад.
Чунин шахсияти таърихӣ, ба кулли инсоният тааллуқ дорад, истифодаи номи ӯ бо мақсадҳои сиёсӣ ва ё дигар мақсадҳо номумкин аст. Мо ба ин масъала бояд фаррохтар назар андӯзем: тариқи афкори илм, фарҳанг ва таърихи тамоми минтақа.Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки ягонагӣ, дӯстии байни халқҳоро ҳифз намоем.
Да ҳамин асос камина ба ин андешаҳои Шерзодхони бародарам мехоҳам, ки андешаҳои худро баён созам.
Ҷавоб ба андешаи якум: мо мардуми тоҷик бо камоли масъулият ба миллати фарҳангии узбектабор, ки бештар аз 500 сол боз дар сарзамини поку мардхези Осиёи Марказӣ якҷоя, дӯстона зиндагӣ дорем ва дар ғаму шодии худ ҳама вақт шарик будем, ба ин дӯстӣ ва ҳамсоягӣ ҳама вақт арҷи баланде мегузорем. Онро дар мисоли дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, саҳми С. Айнӣ ва Ҳамза Ҳакимзода, Комил Ёрматов ва дигар шахсиятҳои бузурги минтақа метавон мушоҳида кард.
Дарк мекунем, ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино, ки дар Ғарб бо номи Авитсенна (аз решаи ибораи форсии «мадади Сино») машҳур аст, падараш Абдулло аз тоҷикони муқаддастарин шаҳри мардуми тоҷиктабор ва тамоми форсизабонони олам Балх ва модараш аз тоҷиктаборони деҳаи Афшанаи наздикии шаҳри қадимаи Бухоро аст, бо он кору амале, ки дар муддати 57 соли зиндагӣ барои башарият анҷом додааст, на танҳо фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, балки фарзанди минтақаи Осиёи Марказӣ ва балки кулли башарият наст.
Падару модари ориёӣ ва озодманиш ва зебо, бо фаҳмиши озодфикрӣ ва фалсафаи ақлгароӣ (на бидаъатгароии динӣ) писарашонро, ки худ дар сурат ва сират як доди худовандӣ буду истеъдоди табииро барояш Офардигор арзонӣ дода буд, ончунон тарбия намуданд, ки инак 1000 сол боз аз навиштаҳои ӯ дар тамоми ҷабҳаҳои илм, мисли тиб, фалсафа, ҳандаса, мантиқ, риёзиёт, назарияи мусиқӣ, физика кимиё, заминшиносӣ, суханварӣ, назария ва фалсафаи шеър дар забони модарияш -забони форсӣ (форсӣ мегӯӣ, дарӣ мегуӣ варо, ҳар чӣ мегӯӣ бигӯ-сатрҳои барҳақи устод Мӯъмин Қаноат) бо камоли майл истифода мебаранд. Мо мардуми тоҷик ва порсилисонҳои ҷаҳон хушнуд аз он ҳастем, ки мардуми Осиёи Марказӣ, кишварҳои исломӣ ва тамоми кишварҳои олам Абӯалӣ Ибни Синои тоҷиктаборро дӯст медоранд, аз номи баланди ӯ чун инсон, чун як мусулмон, чун як фарзанди минтақаи Осиёи Марказӣ, бошандаи сайёраи Замин ифтихори зиёде доранд. Ҳамчунин аз асарҳояш меомӯзанд ва дар кору амали ҳаррӯза истифода мебаранд ва шеърҳои фалсафии мазмуни баланд доштаи ин нобиғаи ҳамаи давру замонҳоро, ки бо забони модарияш порсии Бухоро эҷоднамуда буд, дар тарҷума бо забонҳои худ мисли забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ, португалӣ, ҳиндӣ, чинӣ, русӣ, гурҷӣ, арманӣ, туркӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, қароқалпоқӣ ва ғайраҳо монда нашуда, мехонанд ва лаззати маънавӣ мебардоранд.
Вобаста ба андешаи дуюми шумо бародари ҷон Шерзодхони азиз, чунин ҷавоб медиҳам, ки оид ба ҳаёту фаъолияти ин нобиғаи башарият дар ҳақиқат далелҳои таърихӣ бояд ба инобат гирифта шаванд ва саҳеҳан ба сарчашмаҳои таърихӣ вобаста ба чунин шахсиятҳо ҳатман такя занем (хушбахтона, чунин далеҳои таърихӣ вобаста ба замони зисту фаъолияти Ибни Сино, таърихи давлати дар он зиндагӣ намудааш, осору ашъораш, кулфати ба ӯ расондааш аз тарафи бархе аз зимомдорони вақт, сӯзондани китобхонааш, ба яғмо бурдану китобҳояш ва баъди чанде бо дасти мардуми атрокие чун Тоши Фаррош сӯхтани китобҳои бузурги илмияш, ёддоштҳои уламои он замон, хосатан шогирди содиқаш Абуубайди Ҷузҷонии порситабор ва бародари худи Синои бузург мавҷуд ҳастанд).
Шумо оиди такя задан ба далеҳои таърихӣ ба маврид, дуруст қайд кардед. Агар ба далелҳои таърихии ҳақиқатнигорона навишта шуда, такя назанем, он гоҳ сухани мо аз як паршохие, ғуборе барои хонанда беш нахоҳад буд (чи тавре, ки алломаи бузурги дигари мардуми иронинажод, фахри башарият ва Осиёи Марказӣ Абурайҳони Берунии бузург дар таъриф (қоида)-и худ оиди дурӯғ гуфтааст: «Суханҳое, ки пояи ҳақиқат надоранд, дурӯғ ҳастанд» -шарҳи Варқаи Зайниддин). Дар ҳақикат дар асрҳои 1Х-Х, сарҳади марзҳо байни кишварҳои кунуние чун Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, аз як давлат, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобидани Ибни Сино нодуруст аст. Ман комилан ба андешаи шумо мувофиқам. Тибқи асарҳои таърихии роиҷи Шарқу Ғарб он замон наздики 180 сол зимомдории қисмати бузурги Осиёи Марказӣ, ки кишварҳои кунунии Ирон, Афғонистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва як қисми Қазоқистонро дар бар мегирифт, бо номи импературии Сомониён ва ё давлати Сомониён бо марказаш шаҳри Бухоро ва забони давлатӣ ва муколамаи мардумаш порсӣ ва забони динияш арабию форсӣ фаъолият менамуд ва шоҳони ин давлатдорӣ асилзодагон, озодагони шаҳри таърихии Балх, фарзандони Сомон аз дудмони шахсияти бузурги таърихӣ аз импературии Сосониён, қаҳрамони миллии иронинажодон Баҳроми Чӯбина, ки дар борааш дар эпоси миллии порситаборон «Шоҳнома»-и донои Тӯс- Ҳаким Фирдавсӣ суханҳои волое ироа доштааст, будаанд. Ин шоҳу шоҳзодагон ҳамагон дар инкишофи ҳаёти онрӯзаи давлатдорӣ ва фарзандони азизи худ, мисли Ибни Сино ҳамроҳ бо падари ақлманд ва озодманиш ва модари хушномаш нақши тамом доштанд.
Дӯсти азизам Шерзодхон, шумо масаъалаи саввумро оиди он, ки зарур аст, ки дар бораи нақши муҳими илм ва дониш дар он давра ёдрас карда шавад. Яке аз омилҳои асосии ба шукуфоии замони Эҳё мусоидаткунанда, ин озодии олимон, аст, ки ба дараҷаи намоён фарҳанги зеҳнии минтақаро муайн намудааст, ба миён гузоштаед.
Дар ҳақиқат масъалаи пешгузоштаи шумо як масъалаи заминӣ ва замонист. Дар ин асос ба маълумоти шумо мерасонам, ки оид ба ин давраи таърихии раванди ҳукмронии аввалин шахсиятҳои аз дудаи Оли Сомон баромада, фурӯ аз соли 820 то моҳи октябри соли 999, ки кишвари озода, рушдёфтаи тамоми башарият дар он замон Оли Сомон аз ҷониби аҷнабиён ва истилгарони нохондае чун ғуломони дирӯзаи Сомониён Маҳмуди Сабуктегин ва Насри илоқи Қарахонӣ ин кишвар аз байн рафтаву даҳҳо китобхонаҳо оташ зада шудаву илму фарҳанг рӯ ба таназул ниҳод, тадқиқотҳои зиёде ҳам дар Тоҷикистон, Ирон, Афғонистон, кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои ғарбӣ ва ғайраҳо анҷом дода шудааст.
Оре, маҳз рушди бесобиқа, оромиши нисбатан беҳтар ва ташкил намудани зиндагии шоиста аз тарафи шоҳони Сомонӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар чун «бораи Бухоро», ки кишварро аз ҳуҷуми қабилаҳои нимваҳшӣ ва саҳронишин боз медоштанд, боиси рушди бесобиқа ва чуноне, ки шумо гуфтед давраи Эҳёи ин императории пурвусъат гашта буд. Ҳамин давра буд, ки забони порсии нав ҷои забони порсии миёна (паҳлавӣ) ва дигар гӯишҳои он, мисли забони суғдиро гирифт ва дар сатҳи давлати забони порсӣ, мисли замони Сосониён боз забони илму адабиёту фарҳанг гашт. Озодии илму дониш, озодии виҷдон ба амал омад ва донишмандону шаҳрвандон озодона илм меомӯхтанд, дар илмҳои гуногун кашфиётҳои гӯшношуниди илмиро барои хизмати мардуми ҷаҳон рӯи об мебароварданд.
Андешаи озоду ақлгарои исмоилиёни порситабор дар як муштаракиёти том бо мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоаъат, зардуштиёни порситабор, аҳли насорои неосторанӣ, андешаҳои қадре бозмондаи олимони тоҷики замоне дар дини пайғамбар Буддо буда, фалсафаи баланди ин дин ва ғайраҳо бо истифодаи захираҳои илмии Ирони пешазисломӣ ва Юнони қадим тавонистанд, ки як давраи тиллоӣ, давраи Эҳёи ватани бузургамон Осиёи Марказӣ ва ҷаҳонро барои асрҳои минбаъда рӯи об биёранд.
Нухбагони бузурге аз қабили Сино, Берунӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абубакри Розӣ ва ғайраҳо дар ҳамин давраи нисбатан озод аз мактабу мадрасаҳои замонавӣ бо фарогирии тамоми илмҳои табиӣ, фалсафӣ, тиб, адабиёт ва фарҳанг манфиати том гирифтаву парвардаи ана ҳамин аёми тиллоии тамадуни Осиёи Марказӣ ҳастанд. Он замон китобхонаҳои азиму пуршукӯҳе дар сар то сари империяи Сомониён сохта шудаву дар истифодаи мардум қарор дошт.
Як далели таърихияш ин роҳ ёфтани Синои бузург ба китобхонаи шоҳии Оли Сомон аст, ки навиштаҳои ин нобиға оид ба ин китобхонаи бузург ва ҷаҳонии он замон, ки онҷо захираҳои бузурги илмӣ бо забонҳои илмии замони кӯҳан ва нави он замон, мисли забонҳои порсии миёна ва қадим, юнонӣ, арабӣ ва порсии нав ҷамъ оварда шуда буданд, хушбахтона, то ҳол мавҷуданд.
Ана ҳамин сиёсати илмдӯстӣ, фарҳангпарварӣ ва сулҳдӯстонаву башариятпарваронаи шоҳони иронитабори Сомонӣ, ҳамдиёрони аслии Абӯалӣ Ибни Сино, ки чун ӯ ҳамагӣ балхӣ буданд, тавонист, ки нерӯи интелектуалии минтақаи Осиёи Марказиро ба дараҷаи хело боло барад. Дар он замони басо пуртазоде, ки доираҳои ифротгароии динӣ дар минтақаи бузурги мусулмонишини ҷаҳон мавҷ мезад, шоҳони илмдӯсти Оли Сомон ва вазирони донишманди онҳо, мисли Балъамӣ ва дигарон тавонистанд солҳо ин раванди саркӯбгари ақлу илму озодаандеширо дар Осиёи Марказӣ ба кундӣ кашанд. Бо ин амал тавонистанд эҷодиёти солим ва ақлониро бо ҷанбаҳои пешқадами илмӣ барои солҳои минбаъда дар ин минтақа таъмин намояд.
Дӯсти азизам Шерзодхон!
Сардафтари адабиёти порсизабонон, ки бо номи Одам -Уш-Шуаро машҳур аст- Абӯабдулло Рӯдакии Самақандӣ дар шаҳри Панҷекати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Эшон устоди устодони шеъри порсии нав барои беш аз 200 миллион поризабонони ҷаҳон шинохта шуда, парвардаи замони давлатдори Сомониён аст ва маҳз нерӯ ва қобилияти баланди маорифпарварии ин шоҳони одил ӯро ба курсии ифтихории «падари шеъри порсӣ» шинонд, ки баъдан 1000 сол лаҷоми шеъру шоирии адабиёти ҷаҳонӣ дар дасти шогирдони ҳамин шахсияти бузурги Осиёи Марказӣ будааст. Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Аттор, Ҷомӣ…… ва шоири маъруфи мардуми туркитабор Алишер Навоии бузург, дӯсти бузурги мардуми тоҷик ва дигарон низ ана аз ҳамин сарчашмаи софу ноби ба истилоҳ «шоири панҷекатӣ» об хӯрдаанд.
Ба андешаи чаҳоруми шумо, ки ишора доред, ки агар имрӯз тариқи системаи кофтуковӣ дар интернет оид ба кадом давлат тааллуқ доштани Абӯалӣ Ибни Сино суол диҳед, он гоҳ хоҳед дид, ки вай таваллудгаштаи Бухоро буда, ин шаҳр маълум аст, ки ба марзи ҳозираи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил буд. Аз ин рӯ, Ибни Сино фарзанди Осиёи Марказист, каминаи камтарин чунин ақида дорам:
Оре, Абӯалӣ Ибни Сино дар ин шаҳри қадимаи ватани бузургамон Осиёи Марказӣ таваллуд ёфта ва ба воя расидаву аз домани ин шаҳри маъруф ҷаҳонгир шудааст. Замоне, ин шаҳр маркази тамаддуни давлатдории порсизабонон ва хосатана шоҳзодагони Оли Сомон буд ва дар тараққиву рушду нумӯъи минтақа ва ҷаҳон фарзандони фарзонаи зиёдеро тарбия намудаву ба воя расонидааст. Бухоро маркази тамаддун ва нумӯъи фарҳанги порсӣ, шеъри порсист ва аз ҳамин ҷо ашъори бузурги сардафтари адабиёти порсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаҳонгир шудааст. Алишер Навоӣ ва устоди бузургаш Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар шаҳри тоҷикнишини Афғонистони имрӯза шаҳри Ҳирот, порчае аз давлати Сомониён ва Хуросони бузург таваллуд ва тарбия ёфтаанд, лекин намешавад, ки сареҳан онҳоро бо номи давлатмардони имрӯзаи Афғонистон паштун номид. То ҷаҳон аст, устод Мир Алишер Навоӣ, сардафтари адабиёти халқи бародари ӯзбек боқӣ хоҳад монд. То ҷаҳон аст Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомӣ бо номи яке аз бузургони шеъри тоҷику форс боқӣ хоҳад монд ва намешавад, ки миллати онҳоро ба хотири дар як кишвари баъди чандсадсола барпошуда ва хосатан калимае бо паштунӣ иншо накарда шоирони паштунтабор номид.
Дар ҳамин маънӣ, ин далели дар замони имрӯза ба дигар миллат тааллуқ доштани Абуалӣ Ибни Синои тоҷиктаборро, ки як калима бо туркии он давра нанавиштаву бо забони модарияш – порсии Бухоро бештар аз 30 асари калонҳаҷм дар илмҳои тиб, мантиқ, фалсафа, назарияи мусиқӣ ва ғайраҳо навиштаву сардафтари рубоиёти фалсафӣ дар адабиёти порсӣ маҳсуб ёфтаву Умари Хаёми бузург давомдиҳандаи бузурги Шайхурраис дар ин самти шеър аст шуда наметавонад. Набояд аҳли ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва мардуми тоҷик ва дигар кишварҳои минтақа аз тоҷикияти ин фарзанди барӯманди миллати тоҷик рӯй гардонанд, ин амалу инкори Сино аз миллаташ як камоли бехирадии томест на чизи дигар. Синои тоҷик, оре фарзанди арзанда ва ифтихори Осиёи Миёна аст ва мо аз оне, ки дӯстону бародарони туркман, қазоқ, ӯзбек, қирғиз, қароқалпоқ, яҳудиёни тоҷикзабони минтақа аз номи ин аллома ифтихор доранд сахт сипосгузорем!
Ба андешаи панҷуми шудо дӯсти азиз, оид ба оне, ки «агар ҳатто масъала оид ба кадом миллат тааллуқдории Абӯалӣ Ибни Сино равад ҳам, ин масъала бояд ба маҳаки ҷазбкунӣ эшон ба тарфи худ қарор нагирад. Чунин шахсияти таърихӣ, ба кулли инсоният тааллуқ дорад, истифодаи номи ӯ бо мақсадҳои сиёсӣ ва ё дигар мақсадҳо номумкин аст. Мо ба ин масъала бояд фаррохтар назар андӯзем: тариқи диди илм, фарҳанг ва таърихи тамоми минтақа. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки ягонагӣ, дӯстии байни халқҳоро ҳифз намоем».
Чунин ҷавоб медиҳам, ки Абӯалӣ Ибни Синои тоҷиктабор, ба ғайр аз олимияш чи тавре, ки ишора намудем, сардафтари рубоиёти фалсафӣ дар таърихи адабиёти порситаборон аст. Аслан айб ҳаст, ки оид ба кадом миллат тааллуқдории Ибни Сино, мисли номенклатураи замони шӯравӣ сухан равад!
Ин саволро мешавад танҳо ба Офардигор дод (чунин савол: эй худованди бузург чаро аз байни аҷдодони тоҷикони порсинажод чунин нобиғаи бузургро офарид?-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Сари ин масъала, миллати сарбаланди тоҷик ҳеҷ гоҳ ба манипулятсия (ҳаннотӣ ва ба худ ҷалб кардани шахси ғайритоҷик) роҳ надодаст ва ба он эҳтиёҷоте низ надорад. Ин амалро аслан он миллатҳое анҷом медиҳанд, ки тибқи гуфтаи бархе аз ховаршиносон, дина рӯз дар назди чашми таърих дида кушодаанд! Он чизе, аён аст ҳоҷат ба баён нест. Оре, бори дигар такрор менамоям, Ибни Сино ин як доди худовандист, ки тариқи хонадони тоҷиктабор барои мушкилоти инсонро осон намудан чанд сад сол пеш таваллуд гаштаву барои инсоният корҳои азимеро иҷро карда, роҳи онҳоро дар тамоми соҳаҳои илм равшан намудааст (агар нохалифиҳои хонҳои саҳронавард намешуд ва аз қафои Синои бузургу асарҳояш барои қатли ӯ ва сӯхтани китобҳояш чун китобҳои зиндиқӣ, ин тоифаи бедонишу хониш гумоштагону лашкар намефиристоданд ва Синои бузург дар пойтахи Оли Сомон ва давлатдории онҳо ҳамин 57 соли ҳаёташро орому осуда мегузаронид, боварии комил дорам, ки имрӯз сари масъалаи муолиҷаи бемории саратон, проблемаҳои мавҷуда кайҳо ҳалли худро меёфт-шарҳи Варқаи Зайниддин). Аз ин рӯ, Шайхурраис, фарзанди Осиёи Марказӣ ва башарият аст. Тамоми мардуми минтақа аз миллати тоҷик дар ин асос бояд миннатпазир бошанд на чизи дигар!
Ҳамчуноне, ки миллати тоҷик бо номҳои фарзандони фарзонаи мардуми Осиёи Марказӣ мисли Алишер Навоии ӯзбек, Махдумқулии туркман, Абай Кунанбоеви қазоқ ,Чингиз Айтматови қирғиз, шоири қарақалпоқ Бердимурод ва дигарон фахр мекунад, дигар миллатҳо низ ба миллати тоҷик ва писари бону Ситораи бухории тоҷиктабор бояд ифтихор дошта бошанд. Инҷо ягон ғарази сиёсӣ ва манфиатдорӣ ва ҳасудию бахилӣ дар тинати миллати сарбаланди тоҷик ҷой надорад, бародарони ҷомеъаи академии Ӯзбекистони азиз!
Дӯсти азизам Шерзодхон, намешавад, ки номи Ситораро дар туркӣ Юлдуз гузорем ва ба ҷои Абдуллои падараш эълом дорем, ки бо амри худованд мисли Исопайғамбар ин бону «Юлдуз» худ аз худ обистан шуду Синои бузург- фарзанди фарзонаи мардуми Осиёи Марказӣ таваллуд гашт. Дурӯғ бошад умри кӯтоҳе дорад.
Аз ин рӯ, чи тавре, ки аз файласуф Сисерон ибораеро пеш гузоштед ва он комилан дуруст аст-ҳақиқат аз ҳама волотару болотар аст. Аминам, ки фарзанди тоҷик будани Ибни Сино боиси на бадбинӣ, балки боиси хушбинии шумо бародарони ҳамсоякишвар хоҳад шуд.
Чи тавре, ки дар замони бозсозӣ, охири солҳои 80-и асри пор, марди фарҳангӣ, адабпарвар, сиёсатмадори баҷаста, собиқ муншии аввали ПК Ӯзбекистони шӯравӣ, шодравон Рафиқ Нишонов дар яке аз баромадҳояш собиқи роҳбарони кишварашро, барои солҳои рукд замонасозӣ намудан ва бе ягон асосу далелҳои зарурӣ, зӯр зада ҳангоми ҷашни 1000 солагии Ибни Сино мехостанд, ки Абӯалӣ Ибни Синоро чун фарзанди барӯманди ӯзбектабор нишон диҳанд, ба зери тозиёнаи танқид гирифтаву изҳор дошта буд, ки бе ягон асос фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯалӣ Ибни Синоро мехостанд ӯзбек бароранд. Ҳоло он ки Ибни Сино тоҷик буда, фарзанди бародар, ҳамсоя ва дӯстони мо, фарзанди мо низ ҳаст, ана ҳамон тавр чун ин марди ҳақиқӣ бояд амал намуд на чизи дигар!
Рафтору гуфтору кирдор, тибқи фармудаи пайғамбари ориёӣ ҳазрати Зардушт ҳамин гуна бояд бошад, на чизи дигар. Дар ин асос аз номи дигар миллат барои худ имҷ сохтан ин камоли оини ҷавонмардӣ нест, дар ҳоли оне, ки шахсияти Ибни Сино ва аз дасти қабилаҳои атрок дар ба дар фирорӣ ва муҳоҷир гаштани эшону дар дарбори сулолаҳои вақти ирониёни ҳаммиллат ва ҳамзабонаш паноҳ ёфтану дар сарзамини поки Ироншаҳр, шаҳри Ҳамадони Иронзамин (Экботани машҳур ва қадима) ба хок супоридани ин нобиғаи ҷаҳонӣ барои тамоми башарият чун офтоб равшан ҳаст.
Оид ба ақидаи коршиносон вобаста ба муттаҳидӣ тариқи мероси умумӣ, ки қайд менамоянд, ки музокираҳо оиди мероси фарҳангӣ, таърихии чунин шахсиятҳо мисли Ибни Сино бояд ба мустаҳкамшавии алоқаи фарҳагӣ ва илмии халқҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.
Эътирофи хизмати онҳо дар масоҳати глобалӣ барои ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақа таъсиргузор хоҳад буд.
Оре, ин суханҳо то андозае дуруст ҳастанд ва дар ин асос бояд фарзандони ҳар як миллати Осиёи Миёна аз тарафи тамоми миллатҳои минтақа эътироф ва ба ин миллат барои тарбияи чунин фарзанд ташаккур баён намуда, арҷ гузошта шавад, ревизияи таърих ва ба номи худ мӯҳр задани фарзандони дигар миллат ин комилан нодуруст, номумкин ва як амали кӯдакона ва комилан нобахшиданӣ аст, на чизи дигар. Ҷаҳониён мо мардуми Осиёи Мрказиро бо ин амалу кашокашамон зери таъна ва масхара хоҳанд кашид. Офтобро намешавад бо доман пӯшид бародарони азиз!
Ибораи шоир Фитрати Дарвозӣ ба ёдам омад:
Фитрат аз рӯи адаб изҳори нодонӣ кунад,
Варна Юнон бурдаанд хокистари Дарвозро!
Дар ҳамин маънӣ мо мардуми тоҷик камоли адабро мисли ҷадди пешгузаштаамон Куруши Кабир, ки гузаштагонаш аз ҳамин тарафи Омӯ, аз марзҳои Самарқанд ва Бухоро ба паҳнои Иронзамини кунунӣ рафтаанд ва асосгузори аввалин импературии ҷаҳон ва аввалин Эъломияи ҳукуқи башар аст, доираи эҳтирому одоби тамоми миллатҳои минтақа ва тамоми мардуми ҷаҳонро медонем ва ҳеҷ гоҳ сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ нахоҳем гуфт.
Бо ибораи маъруфи Ҳаким Фирдавсӣ, «Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед!».
Дар ин маъни миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ фарзандони фарзонаи дигар миллатҳоро ба номи худ мӯҳр назадааст ва дар ҳамин маънӣ ба касе низ иҷозат намедиҳем, ки фарзандони фарзонаи миллати моро, ки дар замонаш онҳоро бархе аз қабилаҳо овораву дарбадар намудаанд, ба номи худ мӯҳр зананд!
Бо камоли эҳтиром ва ниятҳои пок ба шумо ва дигар аъзоёни ҷамъияти академии шумо бо як таманниёту орзуҳои нек дуруди бепоёни худро мефиристам.
Ба гуфти Мавлоно Ҷаллолидини Балхӣ:
Офтобо бори дигар хонаро пурнур кун,
Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун!
Варқаи Зайниддин,
узви ИЖ ҶТ,
аълочии матбуот ва фарҳанги ҶТ,
корманди фахрии мақомоти прокуратура