Мардуми Тоҷикистон тӯли 80 сол аст, ба хотираи корнамоиҳои аҷдодони худ, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои озодӣ ва истиқлолияти Ватан ҷон нисор кардаанд, арҷ мегузоранд. Имрӯз кишварҳои пасошӯравӣ дар масъалаи муқобилат нишон додан ба кӯшишҳои аз нав дида баромадани таърих бо Русия ҳамраъй ҳастанд, зеро ин кишвар ҳамаи кӯшишҳои Ғарбро барои таҳриф кардани далелҳо ва кам кардани нақши ҳалкунандаи халқҳои Иттифоқи Советӣ дар Ғалаба бар фашизм ва харакати озодихоҳӣ дар Аврупо рад мекунад. Дар Тоҷикистон хотираи қаҳрамонони Иттифоқи Советиро то имрӯз бо эҳтиром ёд мекунанд ва арҷгузорӣ менамоянд.

Қаҳрамонони Тоҷикистон

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб 300 ҳазор зодаи Тоҷикистон ба майдони ҷанг рафта, барои озодӣ ва истиқлолияти Ватани худ меҷангиданд. Зиёда аз 90 ҳазор нафар тоҷикон дар муборизаи зидди фашизм ҷони худро нисор карданд.

Тоҷикистон дорои иқлими мувофиқ буд. Ҳавои гарм ва хушк ба зуд шифоёбии захмиён, махсусан танкистон ва лётчикони сӯхта мусоидат мекард. Пас аз муолиҷа дар госпиталҳо онҳо дар шифохонаҳои Варзоб ва Оби Гарм табобат мегирифтанд. Дар бораи сокинони маҳаллӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо ба қадри имкон ёрӣ мерасониданд. Сабзавоту мева меоварданд, ба аскарони ярадор нигоҳубин мекарданд, хун медоданд. Меҳмоннавозии тоҷикон дар ғалаба нақши калон бозид. Барои госпиталҳо на танҳо дар муассисаҳои тиббӣ, балки мактабҳо, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ низ ҷудо карда шуданд. Аксари муассисаҳои тиббӣ аз дигар минтақаҳои ИҶШС  ба Тоҷикистон кучонида шуданд. Масалан, беморхонаи 1767 аз Рязан ба ин ҷо тахлия карда шуда буд” – мегӯяд Ғафур Шерматов, муаррихи ҳарбӣ ва роҳбари гурӯҳи ҷустуҷӯии Хотира-201.

Таърихшиноси ҳарбӣ, роҳбари гурӯҳи ҷустуҷӯии «Хотира-201» Ғафур Шерматов саҳми аскарони тоҷикро қайд карда, мегӯяд: «Маҳз дар ҳамин ҷо, дар Кӯлоб, Сталинобод (Душанбе) ва Қӯрғонтеппа (Бохтар) дивизияи 61-уми савора ташкил карда шуд. Ин дивизия дар ҳайати корпуси 4-уми савора ташикил ёфта, ҳуҷуми қушуни танкҳои зиреҳпӯши Вермахтро, ки муҳосираи армияи 6-уми немисҳоро дар назди Сталинград рахна кардан мехостанд, боздошт.

Дивизияи 61-уми савора бо амалиётҳои фаъолонаи худ пеши роҳи қушунҳои душманро баста, нагузошт, ки онҳо қисмҳои нави танкиро ба майдони ҷанг ворид кунанд. Сарфи назар аз истодагарии танкчиёни немис – дивизияи 6-уми танкии Вермахт яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб мерафт – ҷанговарони мо тайёрии хуб доштанд ва устуворона меҷангиданд. Ин яке аз аввалин таҷрибаи бакорандозии “палангҳо” буд, тамоми баталион дар ҳуҷуми корпуси 4-уми савора иштирок кард. Авангардҳои танкии немис бо талафоти калон ба сӯи дарёи Мишкова, ки 48 километр дуртар аз доираи берунии муҳосира воқеъ буд, ҳаракат карданд, вале танкчиёни мо тоб оварданд. Онҳо қариб чор рӯз ҳуҷумро нигоҳ дошта, баъд бо армияи 2-юми гвардиягии Малиновский вохӯрданд. Ин як лаҳзаи дигаргуншавии қатъӣ буд, зеро баъд аз он немисҳо дигар ҳеч кор карда натавонистанд (мағлуб шуданд)».

Тоҷикистон дар Ғалаба на танҳо саҳми низомӣ, балки меҳнатӣ низ гузоштааст. Ҷумҳурии мо ҳамчун ақибгоҳи боэътимод хизмат карда, ҷабҳаро бо озуқаворӣ, либос ва лавозимоти ҳарбӣ таъмин мекард. Дар ақибгоҳ ҳазорҳо занон, куҳансолон ва кӯдакон дар заводу фабрикаҳо ва саҳроҳо ба ҷойи мардон кор мекарданд. Дар солҳои ҷанг Тоҷикистон барои Армияи Сурх 150 вагон маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла ғалла, гӯшт, шир, равған ва дигар молҳои зарурӣ равон карда буд. Ҷумҳурии мо, инчунин, кирмак ва пахта дастрас мекард, ки барои тайёр кардани матоъ истифода бурда мешуданд. Барои мисол, фақат барои сокинони Ленингради муҳосирашуда 50 вагон маҳсулоти озуқаворӣ фиристода шуд.

Илова бар ин, солҳои ҷанг Тоҷикистон даҳҳо ҳазор шаҳрвандони аз минтақаҳои ғарбӣ ва наздисарҳадии Иттиҳоди Шӯравӣ тахлияшударо қабул кард. Беш аз 50 ҳазор нафар, аз ҷумла кӯдакони хонаҳои бачагони тахлияшуда, инчунин, коргарону муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили киностудияи ба номи Горкий, ба ҷумҳурии мо кӯчонида шуданд. Солҳои ҷанг дар соҳаи тибби Тоҷикистон низ осори худро гузоштанд. Дар саросари ҷумҳурӣ 29 госпиталҳои тахлиявӣ, аз он ҷумла 22-то дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуданд. Дар ин госпиталҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷанговарони маҷрӯҳ табобат гирифта, зиёда аз нисфи онҳо пас аз барқарор шудани саломатиашон ба ҷабҳа баргаштанд. Гузашта аз ин, он солҳо дар Тоҷикистон қариб 10 ҳазор кӯдакон дар боғчаву кӯдакистонҳо паноҳ ёфтанд.

Барои шуҷоат ва қаҳрамонӣ 56 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд, 55 нафар сарбозон сазовори мукофоти олӣ – унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар дорандаи ордени Шараф гардиданд.

“Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Душанбе (он замон Сталинобод) ба маркази асосии тахлия табдил ёфта буд. Дар шаҳр шифохонаҳои зиёд ташкил карда шуданд, ки аскарони маҷруҳ ва командирони Армияи Сурхро табобат мекарданд. Дар ин ҷо базаи хуби тиббӣ мавҷуд буд. Ҳанӯз соли 1939 дар Сталинобод Донишкадаи тиббӣ таъсис дода шуда буд ва дар ин муассиса тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, табибони беҳтарин барои кор ба ин ҷо равон карда шуданд. Он солҳо ҷумҳурии мо ҳанӯз ҷавон (навтаъсисёфта) буд ва мутахассисон ду-се баробар зиёд маош мегирифтанд. Бинобар ин, ба ин ҷо аз тамоми гӯшаю канори Иттиҳоди Шӯравӣ духтурон меомаданд”, – мегӯяд Ғафур Шерматов.

Таҷдид ва кӯчонидани муҷассамаи ёдгорӣ ба Боғи Ғалаба кӯшиши Тоҷикистонро барои ҳифзи хотираи таърихӣ ва ба наслҳои оянда додани он нишон медиҳад. Маҷмааи навшуда макони асосии баргузории чорабиниҳои ёдбудӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон гардида, ифодагари эҳтироми амиқи мардум ба корнамоиҳои аҷдодони худ мебошад.

Муаррих суханашро давом дода мегӯяд: «Дар Душанбе то ҳол хонаҳое, ки дар он ҷо тахлияшудагон аз Ленинград, Крим, Киев, Одесса ва Москва зиндагӣ мекарданд, боқӣ мондаанд. Одамон барои наҷот ёфтан ба Сталинобод меомаданд. Бисёр мушкил буд – беморхонаҳо, мактабҳо ва меҳмонхонаҳо ба госпиталҳои тахлиявӣ табдил дода шуданд. Танҳо аз Ленинград ду театр ба ин ҷо кӯчонида шуданд: Театри мазҳакавӣ ва гурӯҳи Аркадий Райкин. Онҳоро низ дар ягон ҷо ҷойгир кардан лозим буд. Ғайр аз ин, дастаҳои театрӣ аз Украина ва Белоруссия низ ба ин ҷо тахлия карда шуданд. Он солҳо ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор нафар ва ба худи Душанбе фақат аз Ленинград 15-20 ҳазор нафар одамонро тахлия карданд. Ҳамаи ин мардумро мебоист дар ягон ҷо ҷой кард. Онҳоро дар хонаҳои сокинони Душанбе – дар ҳуҷраҳо ҷойгир мекарданд ва сокинони шаҳр ба ин муқобил набуданд. Мо мардуми як давлат будем. Баъзеи онҳо ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кӯч карданд, вале дар ҳама ҷо онҳоро самимона, бо меҳмоннавозӣ, чун одами наздики худ пешвоз мегирифтанд.

Дар ин ҷодда хидматҳои котиби якуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Дмитрий Протопоповро қайд кардан ҷоиз аст. Ӯ тамоми захираҳо, ҳатто такяҳои роҳи оҳанро истифода бурда, 25 кулбаи дароз сохт. Дуруст аст, ки об ва ҳоҷатхона дар берун буд, вале муҳимаш мардум сарпаноҳ ва манзили гарм пайдо карданд. Барои ин кораш ӯ сарзаниш гирифт, вале ҳама медонист, ки ҳама кораш ба хотири беҳбудии шароити мардум аст. Баъдтар, дар паҳлӯи ин кулбаҳо “Бозори сабз” пайдо шуд, тахлияшудагон дар он ҷо баъзе чизҳои худро фурӯхта, аз ин ҳисоб зиндагӣ мекарданд. Қаблан дар ин ҷо Зеленстрой буд.”

Дар Тоҷикистон ба хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша арҷгузорӣ карда мешавад, корнамоиҳои ҷанговарон ва меҳнаткашони ақибгоҳро, ки баҳри Ғалаба тамоми қувваи худро сарф карданд, бо эҳтиром нигоҳ медоранд. Иштироки ҷумҳурии мо дар чорабиниҳои низомӣ абадӣ дар таърих сабт шудааст ва саҳми мардуми тоҷик дар Ғалабаи умумӣ бебаҳо аст.

Пас аз солҳо

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон корҳои абадигардонии хотираи қаҳрамонон идома доранд – ёдгориҳои нав бунёд мегарданд, муҷассамаҳо барқарор карда мешаванд, маъракаҳои ватандӯстӣ ва барномаҳои тарбиявӣ баргузор мегарданд. Собиқадорон ва меҳнаткашони ақибгоҳ аз ҷониби давлат пайваста дастгирӣ карда шуда, насли наврас дар руҳияи эҳтиром нисбат ба таърих ва корнамоиҳои ниёгон тарбия карда мешавад. Дар кишвари мо ягон ҳолати тахриб кардани муҷассамаҳо, ёдгориҳо ва ҷойҳои шуҳрати ҷангӣ ба қайд гирифта нашудааст. Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурии мо беш аз ҳазор ёдгориҳо ва муҷассамаҳо мавҷуданд, ки хотираи қаҳрамонони ҳалокшудаи солҳои 1941-1945-ро абадӣ мегардонанд. Мақомотҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои волонтёрӣ дар барқароркунӣ ва нигоҳубинкунии ин муҷассамаҳо кумак мерасонанд, ки ин аз аҳамияти калон доштани ин мерос барои ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Дар соли 2024 маъракаи “Лентаи Георгий”  аз ҷониби “Хонаҳои русӣ” дар Душанбе ва Хуҷанд, инчунин, бо дастгирии созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонон ташкил карда шуд. Дар доираи ин чорабинӣ вохӯриҳо бо собиқадорон, дарсҳои мавзӯӣ ва чорабиниҳои ватандӯстӣ баргузор карда шуданд, ки ба ҳифзи хотираи таърихӣ дар байни насли наврас равона  карда шудаанд.

Ғафур Шерматов дар бораи чанд ёдгориҳои Тоҷикистон мегӯяд: “Муҷассамаи коргарони роҳи оҳан дар боғи ҳамном гузошта шудааст, он ба роҳиоҳанчиёни солҳои сиюм, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҷабҳа рафта, дигар барнагаштаанд, бахшида шудааст ва ба муносибати 30-солагии Ғалаба ифтитоҳ ёфта буд. Ва ман мехоҳам ба роҳбарияти боғ барои нигоҳ доштани ин ёдгорӣ изҳори сипос кунам. Боз як ёдгории дигар дар маҳаллаи Рӯдакӣ ҷойгир аст. Ба назари ман, ин зеботарин ёдгорӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба муносибати 30-солагии Ғалаба ифтитоҳ гардида буд, дар муҷассама аскарон таҷассум ёфтаанд, ки дар пояи стеллаи гранитӣ дар пеши номи рафиқони ҳалокшудаашон сари зону нишастаанд. Дар он инчунин, номи шаҳрҳои қаҳрамон ва шаҳрҳои озодкардашуда навишта шудааст. Муаллифи муҷассама Борис Василевич Эдунов, иштирокчии ҷанг ва ҳайкалтароши боистеъдод аст, ки дар саросари Иттифоқи Советӣ ҳайкалҳои зиёде офаридааст».

Моҳи майи соли 2024 дар остонаи таҷлили 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Боғи Ғалабаи пойтахт дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии ифтитоҳи маҷмааи ёдгории таҷдидшуда бахшида ба қаҳрамонони дар ҷанг ҳалокшуда баргузор гардид. Унсури асосии ин ёдгорӣ танки афсонавии ИС-2 мебошад, ки дар ҷангҳои назди Висла-Одер дар ҳайати фронти 2-юми Белоруссия иштирок кардааст. Ин танк соли 1987 дар майдони Ғалабаи шаҳри Душанбе гузошта шуда буд ва моҳи январи соли 2024 бо сабаби бунёди гузаргоҳ ба Боғи Ғалаба интиқол дода шуд. Қабл аз ифтитоҳ низомиёни Пойгоҳи низомии 201-уми Русия ин ёдгориро таъмир карда, ба ин намоишгоҳи таърихӣ намуди авваларо баргардониданд. Санаи 8-уми майи соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе маҷмааи ёдгории навшударо ба хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ифтитоҳ намуд.

Дар маросими ифтитоҳи он меҳмонони воломақом, аз ҷумла муовини раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Шолбан Кара-оол, сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо иштирок доштанд. Маҷмааи ёдгории мазкур рамзи ягонагии мардуми тоҷику рус дар солҳои ҷанг буда, ёдоварӣ аз муборизаи муштараки халқҳои мо зидди фашизм мебошад.

Дар ҷумҳурӣ ҳамасола дар санаҳои таърихӣ собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро зиёрат мекунанд. Соли 2024 барои ҳар як собиқадори дар қайди ҳаёт буда аз фонди захиравии президент ва буҷети пойтахт 40 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Илова бар ин, дар ҷои иқоматашон ба онҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ то 5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Тибқи маълумотҳои омории то 1-уми январи соли 2025, дар Тоҷикистон 21 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 140 нафар меҳнаткашони ақибгоҳ умр ба сар мебаранд.

Дар остонаи Ғалабаи бузург дар Тоҷикистон маъракаи анъанавии “Лентаи Георгий” баргузор карда мешавад, ки рамзи хотира ва эҳтиром ба қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гардидааст. Волонтёрон – хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон, инчунин, сокинони шаҳри Душанбе ва як қатор шаҳру ноҳияҳои шимолии ҷумҳурӣ, аз қабили Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ​​ дар тақсими лентаҳо фаъолона иштирок намуданд. Ин маърака на танҳо дар шаҳрҳои калон, балки дар шаҳрҳои хурд низ баргузор гардида, дар рафти он ихтиёриён дар бораи маънои ин рамз ва корнамоиҳои халқи советӣ дар солҳои ҷанг нақл карданд.

Тоҷикистон ташаббуси дар соли 2025 ба муносибати ҷашни 80-умин солгарди Ғалаба таъсис додани осорхонаи ақибгоҳ ва Хиёбои шӯҳрати Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ –  зодагони ҷумҳуриро дастгирӣ кард. Ин пешниҳодҳо аз ҷониби Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон пешбарӣ гардида, аз ҷониби президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон писандида шуданд. Тавре  Элмурод Турсунов, котиби масъули Шурои собиқадорон иттилоъ дод, тасмим дар бораи таъсис додани осорхона ва хиёбони Шӯҳрат дар асоси як қатор пешниҳодҳои аз рӯи натиҷаҳои конфронси байналмилалии илмию таърихӣ таҳияшуда, ки моҳи сентябри соли 2024 баргузор гардида буд, гирифта шуд.

Мардуми Тоҷикистону Русия дар посбонии ҳақиқати таърихӣ истода, намегузоранд, ки ҷиноятҳои натсизм ва фашизм фаромӯш шаванд. Нигоҳ доштани хотираи он ҳодисаҳои фоҷиавӣ гарави пешгирии такрори онҳо ва асоси ояндаи осоиштаи кишварҳои мост. Ҳама гуна кӯшишҳои Ғарб барои истифода бурдани ғояҳои неонатсистӣ ҳамчун воситаи фишори сиёсӣ ва ҷанги иттилоотӣ барои ҳарду кишвар қобили қабул нест.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь