Аз айёме, ки инсон падид омад ва қадам бар замин ниҳод то кунун дар сарзамин зебоманзари Осиёи Миёна миллате сукунат дорад, ки бо фарҳанги бағоят бузургу забони ниҳоят шевову гуворо, сирати поку ахлоқи накӯ, расму ойини ба худ хосу ҷашнҳои пуршукӯҳи бостонӣ, сулҳҷӯву сулҳпарвар, некандешу некхоҳ, бунёдкунандаи аввалин шаҳрҳову ташкилкунандаи нахустин империяҳо ва дорандаи донишмандону нобиғаҳои нотакрор дар ақсои олам маълуму машҳур мебошанд. Ин миллат нексиришт, ки бо тамоми хулқу атвор, рафтору кирдор, инсондӯстию инсонпарварӣ ва ҳазорҳо хислатҳои наҷибона аз дигар ақвому миллатҳо фарқ мекунад, тоҷик аст.

Бояд тазаккур намуд, ки дар масири пурпечу фарози таърих бо амри тақдир тоҷикон ба шикасту бохтҳои азим низ дучор гардида, аз давлатҳои миллии хеш маҳрум гаштанд ва чархи гардун халқиятҳоеро соҳибдавлат намуд, ки аз фарҳангу тамаддун садсолаҳо дур буданд ва имрӯз онон даъвои мутамаддиниву заминҳои аҷдодии моро доранд, ки агар ба тарозуи ҳақ бингарем, зери пардаи сиёсати беруна мақсаду мароми онҳо кинаву адоват рехтан ва ноором сохтани ҷомеа мебошад на чизи дигар. Бо ибрози андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфтаанд: “Таърих боинсофтарин ва олитарин ҳакам аст ва ҷумлаи неку бади гузаштаву имрӯзаро дар мизони адли хеш бармекашад”. Агар ба гузашта назар афканем ва далоили таърихиро ба инобат гирем, пас мебинем ки Каюмарс – аввалин подшоҳ дар ҷаҳон ориёӣ аст ва 16 кишваре, ки дар “Авасто” – китоби муқаддаси зардуштиён дарҷ шудааст, бешак онон сарзамини тоҷикон аст, ки аксаран дар қаламрави имрӯзаи Осиёи Миёна қарор доранд ва бояд қайд созем, ки ҳақ ба ҷониби академик Юсуфшоҳ Яъқубов мебошад, ки бо далелҳои раднашаванда, мегуяд: “Тоҷикон дар Осиёи Миёна ягона халқи ориёинажоданд. Онҳо аз қадимулайём дар ин ҷо сукунат доштанд ва доранд. Дигар халқҳои имрӯзаи Осиёи Миёна дар давраҳои гуногуни асри миёна ҳамчун кучманчӣ ин сарзаминро ишғол намуданд” ва ҳамчунин, профессор Қ. Расулиён иброз медоранд: “Осиёи Миёнаи кунунӣ як ҷузъи сарзамини бузурги Ориёно ё Эронзамин ва ватани аслию аввалияи ақвоми ориёинажоди эронитабор, яъне тоҷикон мебошад…”.

Зикр намудан лозим аст, аст ки аҷдодони мо – ориёиҳо ба андешаи аксари донишмандон, аз он ҷумла, олими забардаст Бобоҷон Ғафуров таъкид месозанд, ки “Қадимтарин маҳалли иқомат ва маркази асосии паҳншавии тоифаҳои эронӣ Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамҳудуди шимолии он буданд”. Бояд қайд намуд, ки онҳо ҳанӯз дар ҳазораҳои 4-2 ба маданиятҳои кишоварзию чорводорӣ ва моҳидорӣ дар Осиёи Миёна асос гузошта буданд ва дар нимаи дуюми асри 6 то мелод аввалин империяи бузург дар ҷаҳон – Ҳахоманишиҳоро бо сарварии Куруши Кабир бунёд намуданд. Бояд зикр намуд, ки Куруш ва ворисонаш бо ифтихор худ ва аҷдодонашонро ориёӣ хонданд. Чунончӣ, аз катибае, ки аз канали Суес пайдо шуда ва мутаалиқ ба Дориюши Бузург аст, ӯ чунин мегуяд: “Ман порсиам ва ба дастёрии порсиҳо Мисрро гирифтам. Фармудам аз оби равони Нил… то ба Порс наҳр бикананд”. Мақсад аз ибрози ин андешаҳо дар он аст, ки замоне ки мо соҳибтамаддун ва давлатҳои хурду бузургро ташкил намуда будем, ҳанӯз баъзе аз ақвоми сарзамини Осиёи Миёна дар дигар ҷойҳо дар ҳолати қавмию қабилавӣ умр ба сар мебурданд ва қисмати дигаре ҳанӯз ҳамчун халқ ба вуҷуд наомада буданд, аммо аз чи бошад, ки айни замон онон далелҳои таърихиро ба инобат нагирифта, аз худ афсонабофӣ мекунанд ва баъзе ба истиллоҳ донишманд лофзани намуда, бе исботи андешаи худ тоҷиконро ба қавми турку арабу ӯзбек бурда мерасонанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар байни кишварҳои ҳамҷавори Осиёи Миёна масоили мубраме ба амал омадааст, ки аз ҷумлаи онон даъвои беасоси қирғизҳо дар бораи баъзе аз ҳудудҳои ҷумҳурии мо мебошад, гуё он қитъаҳои замин дар марзбандии соли 1924 аз қирғизҳо гирифта шуда, ба ҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуда бошад. Бале, дар ҳақиқат аз назари таърихӣ гирем тақсимоти марзии соли 1924 ноадолатона сурат гирифт, аммо бар нафъи кӣ ва бар зарари кӣ? Бо далелҳои таърихӣ метавон гуфт, ки ин тақсимот на ба нафъи миллати тоҷик, балки ба фойидаи халқҳои дигар анҷом гирифт, ҳол он ки мебояд қисми зиёди сарзамини имрӯзаи Осиёи Миёна моли тоҷикон мебуд. Болшевикон, хосатан худи И. Сталин ба хубӣ медонист, ки тоҷикон аз қадимтарин бошандагони ин сарзамин буда, қисми аз ҳама зиёди аҳолии Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд ва онон соҳибмаърифату мутамаддин ҳастанд ва агар бар онҳо қисми зиёди қаламрави Осиёи Миёна дода шавад, онон ба зуди аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо шуда, бо ҳамқавмони худ- Афғонистону Эрон якҷо мегарданд ва хуб дарк мекард, ки ин сарзамин ба туркнажодҳо дода шавад, онҳо тамаддуну фарҳанг надошта, тарзи идоракунии давлатдориро хуб намедонистанд, зеро дар таърихи чандинасраи худ гарчанде дар сари ҳокимият омада бошанд ҳам, вале давлатро тоҷикон идора менамуданд, аз ин рӯ, идораи онон осон аст.

Дар баробари ин, бояд қайд сохт, ки имрӯз туркҳо бо камтарин далоилҳо худро аз авлодони Тӯр ва тӯрониён, ки онон маскуни Осиёи Миёна ва аз қавми чорводори Ориёиҳо маҳсуб мешаванд, бурда мерасонанд, ки аз воқеияти таърихӣ фарсахҳо дур мебошад. Тавре, ки донишанди эронӣ Эраҷи Баширӣ барҳақ, иброз медорад: “…истилоҳи Тӯрон ва тӯрк (бо ҳам – С.М.) алоқамандие надорад… ва Эрон ва Тӯрон ватани аслӣ ва таърихии эрониён ва тоҷикон мебошад. Бинобар ин, баҳсҳое, ки дар ин замина имрӯз вуҷуд доранд, бештар характери таасубомез дошта, аз ҳақиқати илмӣ дур мебошанд” ва донишманди дигари эронӣ Забеҳулло Сафо қайд месозад, ки “… нажоди тӯрониро шуъбае аз нажоди ориёни эронӣ бидонем ва хати батлон дар тамоми ишорате, ки… дар бораи тӯрк донистани тӯрониён шудааст, бикашем”, зеро “Қавми эронӣ, ки… шаҳрнишин шуда буданд, қабилаҳои ориёни дигареро, ки ҳанӯз чодарнишини мекарда ва ба сарзамини ободи муҷовири худ дар талаби неъмат ҳуҷум меоварданд… ғайр аз худ мешумурданд…” ва туркҳо аз ин зидиятҳо истифода бурда, худро ҳамин тӯрониён эълом доштанд ва бад-ин васила  соҳибтамаддуниву таърихи қадима доштани худро нишон доданианд, ҳол он ки ҳанӯз то асри 6 мелодӣ дар ҳолати кучиву қабилавӣ қарор доштанд ва дар Муғулистону Олтой сукунат мекарданд. Тавре, ки сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд воридшавии туркҳо ба Осиёи Миёна бори аввал дар миёнаҳои асри 6 пас аз барҳам хурдани аввалин давлати феодалии тоҷикон – Ҳайтолиён ба вуқуъ пайвастааст, аммо ин раванди таърихӣ пас аз ҳуҷуми арабҳо ба ин манотиқҳо қатъ мегардад. Пасон бояд таъкид сохт, ки бори дуюм воридшавии туркҳо ба қаламрави аҷдодии мо  дар замони Исмоили Сомонӣ ва ба баъд сурат гирифт. Сомониҳо туркҳоро мағлуб намуда, ононро ҳамчун ғулом ба қаламрави худ оварда, тарбият намуданд ва тавре ки донишманди бузурги аврупоӣ Э. Бертелс таъкид месозанд: “халқҳои турк дар Осиёи Миёна ҳамон вақте пайдо шуданд, ки тамаддуни эронӣ дар он ҷо комилан ташаккул ёфта, адабиёту забони форсӣ ба комёбиҳои азиме ноил гардида буд”. Воқеан, бояд қайд намуд, ки маскуншавии туркҳо дар Осиёи Миёна дар асрҳои 9 – 10 сурат гирифт, ки мо тоҷикон дар ҳамин ҳангом ҳамчун халқият пурра ташакул ёфта будем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бузурге будем, ки ҳатто аз ин тамаддун аврупоиҳо истифода намудаанд. Чунончӣ, Б. Дюрант худ иброз медорад: “Аврупо … бештар аз давлати Сомониён рушди ҳаёт, ахлоқ, адабиёт, тиб ва фалсафа, тарзи омода намудани ғизо, доруву даво, низоми хонаводагӣ, адабу фарҳанг ва саноату тиҷоратро омӯхтааст”.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки тоҷикон, гарчанде, ки пас аз суқути давлати Сомониён ва ба сари ҳокимият омадани туркҳову пасон муғулу ӯзбекҳо дар Осиёи Миёна аз ҳокимият маҳрум шуда бошанд, лек ақлу заковат ва донишу таҷриба ба онҳо имконият дод, ки истилогаронро идора намоянд ва барои ободии сарзаини аҷдодии хеш кушишҳои зиёде намоянд, ки инро дар симои Хоҷа Низомулмулк ва дигарон метавон собит намуд. Дар баробари ин, халқҳои аҷнаби дилбастаи фарҳангу расму ойини мо гаштанд ва давлатро мисли давлатдории тоҷикон идора менамуданд.

Ҳамин тариқ хулоса намудан мумкин аст, ки Осиёи Миёна аз қадимулайём сарзамини тоҷикон аст ва инро тавассути сарчашмаву далелҳо метавон исбот намуд ва тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Мо ҳаргиз даъвои миллатпарастӣ, шовинизми миллӣ, мероси таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии ҳамзабон ва ҳамсояҳои дуру наздики худ аз рӯи тамаъ ё ғараз баҳо намедиҳем… мо фақат мехоҳем, ки таърихи гузаштаи миллат ва давлату давлатдориамонро хубтар омӯзем, ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз чанголи карахтӣ ва бегонапарастиҳо раҳида, ба қадри тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгон бирасем. Дар зери парчами гузаштагони бузургамон гирд омада, истиқлолияту якпорчагии ватани азиз, иттиҳоду ваҳдати ҳамагониро пеша намоем…”.

Воқеан, имрӯзҳо, ки раванди ҷаҳонишавӣ қарор дорад, ҳамаи халқиятҳо мехоҳанд соҳибтамаддунии хешро ба ҷаҳониён муаррифи кунанд ва ба ҳар роҳу восита ба иҷрои ин мақсад равона мекунанд. Дар ҳамин ҳангом, ки бархурди тамаддунҳо сурат гирифта истодааст, тамоми қишри ҷомеаи тоҷикро мебояд, ки таърихи гузаштаи хешро омӯзем ва забони гуворои худро эҳтиром гузорем ва бад ин васила ҳисси худшиносию худогоҳии хешро боло бардорем. Дар баробари ин, муаррихони тоҷикро мебояд, ҳар чи бештар ба ин масъала таваҷҷӯҳ намуда, бо далелҳои қотеъ ин масъаларо боз ҳам равшан гардонанд, то насли ҷавони тоҷик аз воқеаҳо огоҳ шуда, мисли фарзанди ҳақиқии ин сарзамин ба ин Меҳан муносибат намоянд.

Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ,

Самандар МАҲМАДАМИНОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь