а) Чингизиён ва садди тоҷикона

Чингизу чингизиён, ки дар қарни XIII азимтарин империяи ҷаҳонро сохта буданд, маҳз аз тоҷикон ҳаросу бими зиёд доштанд ва ин то ҳаде буд, ки худи Чингисхон дар ибтидои тохтутозҳо ба писараш Туллӣ фармуда:

«Эй фарзанд, туро бо ҳафтод ҳазор савор фиристодам то билод ва дунёро бигирӣ… Ва зинҳор бедору ҳушёр бошӣ ва хоса ба тоҷикон эътимод накунӣ, ки дар иқлими чаҳон ба далериву кин хостан ва шабравию камин ҷустан ба сар омада. Ва ҳар тоҷике, ки ба дастат гирифтор бишавад, зинда нагзорӣ, қалъа ва ҳисори онҳоро фатҳ бисозӣ, халқи ҳар шаҳрро аз бачаи гаҳвора то пири садсола ба қатл бирасонӣ…».

Зеро Чингизхону авлодонаш медониста, ҳамин халқро, яъне тоҷиконро аз сари роҳ набардоранд, пеш рафтан ва мулкҳои дигарро истилову тасарруф карданашон осон набошад, балки номумкин бигардад. Аз ин боис бо фармони Тӯлии хуношом «даст ба қатлу наҳби (ғорати) тоҷикон бароварданд… ва кӯштор карданд… аз ҷумла аз худи як халқи Нишопур ғайри чаҳор камонгар (шояд камонгарҳо барои камонсозӣ ба онҳо лозим буд) ҳар офаридаи дигарро зинда нагзоштанд, сагону гурбаҳоро низ бикуштанд, манзилу диёр ва қасру ҳисори Нишопурро ба замин мутаввосӣ гардониданд, ҳафт шаборӯз об дар ӯ барбастанд… Халқи куштаи Нишопурро дувоздаҳ рӯз шумор карданд, ҳазору ҳафсаду чиҳилу ҳафт ҳазор мард бе аврату атфол (ғайри занону кӯдакон) дар қалам биёмад»*. (* Аз китоби «Таърихномаи Ҳирот»–и Яқуби Сайфӣ, рӯзномаи «Маориф ва маданият», 29 январи соли 1983).

Аз рӯи таҳкиқи таърихнигор А. Фарҳод фақат дар шаҳркадаҳои Мовароуннаҳр (Осиёи Миёна) зиёда за даҳ миллион тоҷикро маҳв намуданд чингизиён. Фақат дар шаҳрҳо даҳ миллион тоҷикро куштанд муғулон дар муддати чор-панҷ соле…

Вале маҳз тоҷикон ва баъзе пораҳои боқимондаи лашкари Муҳаммади Хоразмшоҳӣ (забони онвақтаи хоразмӣ ба гурӯҳи забонҳои тоҷикӣ ворид мешуд ва мулки Хоразм дар собиқ як ҷузъи мулки Сомониёни тоҷик буд) дар ниҳоят ба ҳам омада, дар қариби рудоби Панҷобу Ганг истодагарии шадид нишон доданд, ки чингизиён дар ягон ҷанги дигар ба ин миқдор талафот надода ва ба хуни худашон ин сон ғарқа нашуда. Яъне самти рафти чингизиён ва лашкари онон ягон мартиб пурра гирифта ва баргардонда нашуда буд ҷуз ин ҷо ва бо қудрати тоҷикона, ки аксари диловарони тоҷики рӯйи заминро ба ҳам оварда буда.

Баъди ин чингизиён дигар сӯи тоҷикони паси рудобаҳо камингирифта рафта натавонистанд ва Ҳиндустони азим ва кишварҳои атрофи он бо ин сабаб аз ҳуҷуми хунхоронаи чингизиён барои садсолахо дар амон монданд, ҳарчанд ин мулкҳо ба Муғулистони ватани Чингиз басо наздик буданд, вале онҳо илоҷ наёфта ушутулумашонро фақат ба сӯи офтобшинам идома доданд ва бештари қитъаи Осиё ва Аврупои паси куҳҳои Уралро баргирифтанд, ҳатто ба Финландия расиданд, ки аз Муғулистон ҳазорҳо километр дуртар буд*. (*Ҳоло баъзе тадқиқотҳо ба миён омадаанд, ки аз 12 то 18 фисад калимаҳои финӣ аслан муғулианд ва чингизианд).

Дар баъзе қитъаҳои тоҷиконаю ориёна ва форсиёнаи дар забти чингизиён монда истодагарии тоҷикона ҳамоно идома дошт ошкору ниҳон ва хосатан маънавану фикран ва асрори тоҷикона билохир, чунон таъсир расонда, ки ҳарчанд дар ҷаҳон аслану қатъиян, дар ҳар кишвар, забони ғосибону ғолибон пирӯзу дар ҷараён шавад, вале дар мулкҳои тоҷикнишину форсигӯй забони чингизиёни забтгар шикаст мехӯрда ва муғулони дар ин вусъатҳо мустақиршударо ҳамагӣ тоҷикгӯй мегардонда, ин на танҳо ба одамони қаториашон дахл дошта, балки ҳатто ба шоҳони азимашон марбут мегардид.

Ҳатто Амир Темур барин кас аз авлодони чингизиён (яъне курагонӣ) буд, давлаташро ба пуррагӣ тоҷикӣ идора ҳамекард ва амиру беки охирину машҳуртарин ин сулола, яъне Улуғбек (1394-1449), ки ҳамчу нуҷумшиноси бузург эътроф гардида буд, изҳор дошта, забони чингизӣ-муғулиро намедонад. Ва Улеғбек ягона асарашро, ки ҳатто «Зичии Курагони» (яъне нуҷуми чингизӣ) ном дошт, саропо бо тоҷикӣ иншо карда.

Бобури чингизавлод, ки аз Шайбонихони узбек шикаст хӯрда, аз ҷониби онҳо аввал соли 1498-99 ва баъдан соли 1512 аз Осиёи Миёна ронда гашт ва берун партофта шуд, ниҳоятан дар Афғонистон ва Покистон ва Ҳиндустон (ҳамчунин Бангола – Бангладеш) давлати пурра тоҷикиро асос гузошт, ки 322 сол идома ёфт ва он бо номи давлати «Муғулони Кабир» шинохта мешуд ва забони давлатиаш билкул тоҷикӣ ва тоҷикона буд. Фақат тоҷикона. 322 сол давлатдорӣ ва зиндагирдорӣ кардан бо забони тоҷикӣ барои империяи азиме. Инро саҳл набояд пиндошт доири асрор ва муаммои забони тоҷикӣ ва таъсири миллати тоҷик ва доири тилисми он.

б) Бархӯриши инглисҳо бар саду муаммои муғӣ (маги)

Инглисҳо, ки худро шоҳи баҳристону уқёнус ва ҳама қитъаҳо эълон доштанӣ мешуда ва саропои ҷаҳонро ба колонияи худ, яъне мустамликаи худ бадал доданӣ буда, зиёд тасарруфгарӣ менамуда, ҳарчанд Ҳиндустонро ба даст оварда тавониста, дар ниҳоят ва баъдан бо лашкари азиме ҳаракат карданӣ шуданд ҷониби кишварҳои дигари тоҷикзабон, хосатан Афғнистону Эрону Осиёи Миёна, вале эронзаминро забт карда натвониста ва аз истодагариҳои шадид, ки охиринашон дар шафати Кобул ба амал омада, пурра торумор гардида, аз лашкари азиму пурқудраташон чизе намонда ба ғайри як нафар. Балки ҳамонро низ худи тоҷикон раҳо карда, то бираваду изҳор бидорад ба лашкарҳои дигари инглис, ки онҳо дар Покистону Ҳиндустон маскан гирифта буданд ва ҳамчунин ба сарварони онҳо ва сарварони Инглисистон, яъне Бритонияи Кабир расонад, ки ҷониби садди тоҷикӣ-хуросонӣ дастдарозӣ кардан меоварад барояшон дасткӯтаҳӣ ва забонкӯтаҳӣ ва шикасту пошхӯриҳои зиёд.

Яъне сади хуросонӣ – бохтарӣ, тоҷикӣ буда, ки бори нахуст пеши ҷаҳонгирии инглисҳоро баргирифта, яъне онҳо дар ҷое дармонда гардида.

Навиштаанд: «баъди ин дигар ягон бор мисли собиқа ҷаҳонгирӣ карда натвониста инглисҳо, балки мустамликаи худ кардани кишварҳои дигар ва тамоми дунё пешбандашон шуда, баъдан паҳноҳои забткардаи онҳо торафт маҳдуд мегашта, яъне баъди бархӯриш ба сади хуросонӣ-бохтарӣ-тоҷикӣ чунин гардида буд…».

в) Империяи Шӯравӣ ва бархӯриши онҳо ба муаммою садди тоҷикӣ – бохтарӣ, ки номи дигар гирифта буда, яъне «сади афғон»

Русия дар қарни нуздаҳ ҷаҳонкушоӣ карда, кишвари дар ҳалқаи мулку давлатҳои дигар мондаи худро, ки ба обҳои гарм, яъне баҳр, роҳ надошта, ба обҳои гарм бароварда буда, яъне мулкашро паҳно карда ва дар ниҳоят ҷониби қаторкӯҳҳои Урал ҳаракат намуда, баъдан аз он низ гузашта, ба забти Сибир шурӯъ намуда, сӯи Осиёи Миёна низ дастдарозӣ мекарда (солҳои шасти қарни нуздаҳ) ва Қазоқистону Қирғизистон (Қароқирғизро) ва Туркманистонро ргирифта, то бархӯрда, дар ниҳоят, ба сади дигар, ки онро «сади тоҷикӣ» меномиданд, ё «сади бухоро», яъне давлати Бухоро, ки аҳолии асосӣ ва бештаринаш тоҷик буда.

Гар давлатҳои дигари дар боло зикршудаи Осиёи Миёнаро ҳукумати подшоҳии Рус солҳои шасти қарни нуздаҳ ба даст оварда бошад ва забт карда тавониста бошад давлати тоҷикзабони Бухорои шарифро фақат дар соли бистуми қарни бистум (яъне қариб шаш даҳсола баъдтар) бо баҳонаи инқилоб, балки инқилоби сохта забт намуда, ҳарчанд дар баъзе пораҳои тоҷикзабони Осиёи Миёна (масалан Мастчоҳи кӯҳӣ ё қисмати Рашт- Каротегин) алайҳи ҳукумати болшевикиирусӣ то соли 1932 истодагарии шадид идома доштанд.

Ҳукумати Рус алайҳи истодагарии тоҷикона ошуфта шуда ва дар кину қаҳр буд, ки дар оғоз як қисми заминҳои тоҷикиро ба губернияи Туркистон бахшид, яъне аз тоҷикон барканда ва онро номида Туркистон, яъне Туркзамин ва баъдан заминҳои дигари тоҷикнишинро ва қисматҳои беҳтарини тоҷиккишварро байни мамолики Осиёи Миёна тақсим намуд, хоса бештарашро ба ӯзбекон (бо таъсири пантуркизм) ва як пораи умдаашро ба Қирғизистон бахшид (бо таъсир ва сарварии Михайил Фурунзеи абхазӣ, ки худаш аз ташкилкунандагони кружокҳои пантуркистӣ буд дар Бешкек). Ва қисмати Бухорои Шарқӣ (мулки Хисор, яъне Сурхондарё ва Кашқадарёи точикнишин, ки ҳамоно истодагарии шадидро идома медоданд барои маҳвашон ва забташон ҷарортарин лашкари худро фиристоданд бо сарварии Будёний. Ва лашкари Будёний аз дуриҳо истода, аввалан ҳамаи маҳалу дехкадаю шаҳрҳои ин ҷоро беамон бо тири тупҳо ба хок яксон карда, баъдан саворагони ин лашкар ба ин ҷойҳо ворид гардида тоҷиккушӣ мекарда, ба гуфти мардум «аз ҳафтсола то ҳафтодсолаҳоро, бо номи инқилоб, аз дами шамшери бераҳмашон мегузаронда». Яъне ин порчаи мулки Ҳисор (Бухорои Шарқӣ) ҳамчунин забт карда, ба кишвари дигар дода шуд…

Дар натиҷа барои тоҷикон фақат як пораи як кишвари кӯчаки куҳистони бероҳаи аз тамаддуну пешравии ҷаҳон канораю дур монда, ки номаш шуда Тоҷикистон, ҳарчанд зумрае номашро то замоне Кӯҳистон низ меномида (яъне қуҳистони тоҷик як порчае аз мулки азими собиқаи тоҷикон буда, он мулкҳои азим, ки азони дигарон шуда).

Ҳарчанд чунин карда буданд, бо вуҷуди ин таҳи дилашон аз «садди тоҷикона» дар ташвиш монда, яъне аз сади собиқи бохтарӣ-суғдӣ, ки як қисмаш дар паси рудхонаи Омӯ меистод, яъне дар болодасти Афғонистон меистод ва аз он зери дилашон хавотирӣ мекашиданд ва дар фикри аз байн бурданашон мешуданд.

Ба забту истило кардани заминҳои паси омугии садди бохтарӣ гузаштан мехостанд акнун, ки дар ниҳоят ба ҷоҳонгирии азимтар бирасанд, (яъне мақсадашон бо ин василаҳо забти Ҳиндустон буд, ки гӯё Пётри Кабир (асри нуздаҳ) – шоҳаншоҳи кишварашон васият намуда, яъне таъкид карда, ки гар ҳукумати Руссия мулки Ҳиндустонро гирифтаву азони худ карда тавонад он гаҳ яккатози таъриху сайёра хоҳад монд.

Вале ба Ҳиндустон дасташон расида наметавонист то даме, ки садди дар миён истодаро, яъне Афғонистонро ва заминҳои онро забт накарда бошанд.

Аз ин муҷиб дар охири солҳои ҳафтоди қарни бист, ки аз Русияи болшевикӣ (Иттиҳоди Шӯравӣ) тамоми олам меларзид ва ҳарос мекашид онҳо Афғонистонро забт карданӣ шуданд барои дастёбӣ ба ҳинди азим, ки акнун ба Ҳиндустон ва Покистон тақсим шуда буд.

Акнун маълум мешуд, аз дами нафаси абарқудрати дар техникаи ҳарбӣ муҷҷаҳазу аввалдараҷаи дунё дар Хуросони Афғонистон охирин пораи садди муғӣ ва муғонаи собиқаро яъне охирин саду девораи суғдӣ-бохтариро ба пуррагӣ резанду бардошта кунанд.

Иттиҳоди Шӯравӣ ба охирин пораи сади муғона, яъне тоҷикӣ-бохтарӣ бархӯрда, ки яке аз пешвоёни номвараш Аҳмадшоҳи Масъуди Тоҷик маҳсуб мешуд.

Империяи Шуравӣ, ки дар ягон ҷо боре шикасти қисматсоз нахӯрда ва боре аз ҳудудҳои ишғолиаш лашкарашро бурун накашида, акнун дар бархӯриш ба сади хуросонӣ – тоҷикӣ (ё номи дигару наваш «садди афғон» – афганский излом, яъне сар ба сар задан ба садди мусаддад, устувор ва маҳкам ба такон омада ва силтав мехӯрда ва ин таконҳо афзуда мегаштаву мегвашта ва то ҳаде расида, ки тани империяи азим кафидагиҳо ва роғҳо пайдо намуда ва дар нӯҳ соли ба сади хуросонӣ гаштаю баргашта бархӯрданаш ва ба силтави бештар омаданаш баъзе пораҳои узваш канда мешудаву мерехта, яъне давлатҳои ҳамбастааш аз ӯ дур мешуда, яъне империяи давлатҳои сотсиалистӣ, ки аз се як қисмати ҷаҳонро ташкил медода аз тани Шӯравӣ барканда шуда. Ва ниҳоятан худи империяи шӯравӣ, ки то ин замон «тақсимнашавандаи ҷовидона» эълон мешуд, аз ҳам барканда гардида, кишвари абарқудрати шӯравӣ ба 15 кишвари алоҳида ҷудо бигардид.

(Ин ҷо мақсаду мурод ягон касро ё миллатеро бад карданӣ набошад, балки ин як рӯйдодаи аслии таърих ва таърихи на он қадар дур бошад, ки ҳанӯз шоҳидонаш – калонсолон дар ҳаётанд ва ин рӯйдодҳоро пайваста нақл мекунанд ва хоса ветеранҳои ҷанги афғон).

г) Бархӯриши толибон ба «тилисми ҳайрат»

Як нерӯи дигар бархеста ғайричашмдошти ину он, ки тамоми дунёро гирифтан ва ба ақиб кашидан ва бурдан мехоста, яъне ҳаракати мазҳабии «Толибон», ки навадуҳашт қисмати онро паштунзкабонҳо ташкил медода. Ва онҳо зери таъсири Покистон ва қисмати зиёди Афғонистонро зери нуфус ва ҳатто баъдтар зери тасарруф мегирифта, ҳама абарқудратонро низ ба ҳарос меоварда, ки онҳо канор рафта, ё худро дур кашида дар ун даҳсолаи таърих.

Ва ягона нерӯе, ки алайҳи толибон ҳанӯз истодагариро давом медод ва ин даҳҳо сол идома меёфт, ин лашкари тоҷиконаи ҷенерал Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Аз ин боис онро «сади Аҳмадшоҳ» ё «сади тоҷикона» меномиданд.

д) Бархӯриши америкоиҳо ва тилисми ҳайрат

Баъдтар вобаста ба рӯйдодҳои дигари таърих ва такя ба кишварҳои ҳалқаи худашон Амрикои абарқудрат мустақар шудан хоста дар мулки Афғонистон.

Амрикоиҳо муқаддам аз он, ки ба ин ҷо ворид бишаванд, бо дасти ду гумоштаи арабии худашон, ки ба назди ҷенерол Аҳмадшоҳи меҳмоннавоз, гуё ба меҳмонӣ фиристода шуда, вайро таркониданд бо василаи моддаҳои таркандаи андаруни камераи наворгирии дасташон ҷо кардае ин амалро анҷом доданд, зеро бо василаи нест кардани сарлашкари пурдилу зираку истодагар, яъне Аҳмадшоҳи Масъуд америкоиҳо мехостанд тилисми тоҷикӣ-хуросонӣ-муғиро ба пуррагӣ бишкананд, яъне ҳамоне, ки «ба ин муаммои хуросонӣ- бохтарӣ агар барои забташ по мондӣ дер ё зуд шикаст бидиҳад» аз байн бурданӣ мешуданд, ҳарчанд баъзе ғайбдонҳо ва донандагони муаммо ва баъзе рӯҳшиносон ва тилисмшиносони амиқнигоҳи олам таъкид мекарда, ки «тилисми хуросонӣ-муғӣ» амрикоиҳоро низ ба ларза ва шикаст расонида тавонад замоне (чунон ки Шӯравии азимро шикаста) ё ҳеҷ не ба такони гӯшношинид расонад кишвари Амрикоро. Яъне мегуфтанд чунин мешавад агар артиши худро аз хоки Афғонистон ва хосатан қисмати болоии он, яъне шимолиаш, ки тоҷикнишин бошад, ворид бикунад ва гар ин ҷо дурудароз мондан хоҳанд ҳамчу забтгар, он гаҳ сади бохтарӣ – хуросонӣ, ки ба қаъри замин ва коинот алоқаҳои ниҳон дорад оҳиста-оҳиста ва муттасил ин артишро сусту лакот ва беҳолу бемадор намуда, пешравиҳошро бозмедорад, ҳатто тавсия карда буданд, ки артиши Амрико бояд ба қисмати поёндасти Афғонистон, ё паҳлӯҳои чапу рости ин кишвар мустақар шавад, ки бехатар бошад, нисбате, ки дар нимаи болои Афғонистон бошад, ки ин ҷо як пораи садди ноайёни осмонист ва заминист, ки дар собиқ садди муғӣ ва баъдан садди бохтарӣ-суғдӣ ва сипас садди хуросонию тоҷикӣ ва дар замони ҳуҷуми Шӯравӣ бошад номи дигар гирифта, яъне «садди афғонистон». Яъне ин сад муттасилу ноайёну оҳиста-оҳиста зери таъсири худ гирифта тавонад ҳатто лашкари азими давлати абарқудратро ва онро оҳистаю муттасил беҳолу оҷиз бигардонад…

Пешгӯӣ мекарданд: гар чунин шаваду лашкари Амрико зери тилисми хуросонӣ монад он гаҳ қисматаш амсоли лашкари Шӯравӣ бишавад, яъне кафишҳои айёну ноайён ба тани лашкари вай ва хоса ба тани худи кишвари дураш пайдо гардад ва зиёд шавад, – таъкид мекарда дар оғози қарни бистуяк, ҳангоме ки Иоллоти Муттаҳида лашкарашро ин ҷо мустақар кардан мехоста.

Вале лашкаркашони Иоллоти Муттаҳидаи Амрико худписандона ва худбоварона ин тавр накарданду фақат баъди қариб ду даҳсола ин хатарро бештар ҳис намуда ва ба фикри дар шимоли Афғонистон кам кардани артиши худ, ё аз он берун рафтан шуданд ё чораҳои дигар меҷустанд, ки қувваҳои даргирро ба сулҳу оштӣ бикашанд…

Артиши Иоллоти Муттаҳидаи Америко, ки ба осоние яке аз абаркудратҳои олами исломро, яъне Ироқро шикаставу пора кардаву зери тасарруф дароварда буда, ва боним «Баҳори араб» дар басо кишварҳои арабиро тасарруф ва ё ҳукуматашро дигар карда буданд, бо вуҷуди ин дар муддати ду даҳсола фақат аз сӣ фисади хоки Афғонистон тасарруф намуданд ва ин пораҳои тасарруфкардаашон ҳамчунин пурра ба зери қудраташ ва нуфузашон набуд, то даме ки аз он ҷо рафтанд.

Тилисми хуросонӣ (бохтарӣ-суғдии қадим ё тилисми муғӣ ва ё тилисми тоҷикона.

Ҳанӯз як тилисми пурмуаммо ва сабабҳош номакшуф ва ба қаъри сайёраи замин ва қаъри кайҳон вобаста мондааст ва онро чунин донанд амиқназарон ва донандагони асрору муаммо ва онҳо ҳанӯз ин «тилисми ҳайрат»-ро ба пуррагӣ ва ҳаматарафа кушодан хоҳанду пурра ва то умқаш расидан муяссарашон нагашта…

Тилисми пурасрор ва номакшуф ва пурмуаммои миллати қадим… Тилисми муғӣ, ориёӣ, паҳлавию суғдӣ ва бохтарӣ, яъне хулоса бикунем тилисми тоҷикона…

Ҳанӯз ин тилисм боз сар заданаш мумкин аст? Ин дафъа алайҳи кӣ? Магар алайҳи толибони ба дасти Покистон мулки Афғонистонро тасарруф карда ва ё алайҳи неруҳои дигар…

Инро таърихи оянда муайян хоҳад кард.

«Он тилисм ва ё муаммои тоҷикона ҳанӯз дар Хуросону Мовароуннаҳр боқӣ мондааст» – таъкид кардаанд муаммошиносон ва ғайбшиносон.

Шераки ОРИЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь