Устоди гиромӣ!

Дуруди худро баъди зиёда аз 140 сол нисоратон мегардонам, устоди гиромӣ. Ман ҳамчун мухлиси асарҳои безаволатон мехоҳам Шуморо “бобо” ном барам, зеро бобо набераашро насиҳат мекунаду ба роҳи рост мебарад. Шумо низ бо асарҳоятон роҳи беҳтаринро нишон медиҳед. Бароятон гуфтаниҳои зиёде дорам аз вазъияти замону тағйирот дар он баъди сари шумо.

Бобои азиз!

Дар ҳафтае, ки гузашт, ҳамаи Тоҷикистон дар сӯги ягонафарзанди ду шоири халқӣ – Озарахш ва Фарзона сӯхтанду гиристанд. Ҳумоюни донишҷӯ ба мисли бародаратон – Сироҷиддин  ҷавонмарг шуд. Фақат қотили Сироҷиддин навкарони амир буданду қотили Ҳумоюн дарёи пур аз рози Сир. Бобо шумо дар сӯги бародаратон чизе навишта будед:

Хабаре омаду рафт аз дилу ҷон тоқату ҳуш,

Баъд аз ин кай шавад аз ҳушу дилу ҷон хабарам?!

Хабар ин аст, ки бо теғи ситам кушта шудаст,

Додарам – қуввати рӯҳу дилу қути ҷигарам.

Чӣ дарде доштед ҳамон лаҳза тасаввур нокарданист. Айни ҳол ин дардро тамоми наздикони Ҳумоюн низ ҳис мекунанд ва барои дастгирии онҳо ҳамкасбонашон талош меварзанд. Аз номи шумо низ ба наздикони ӯ сабру тоқатро таманно менамоям.   Масъалаи дигаре, ки мехостам дар бораи он ба шумо хабар диҳам, ин аҳволи матбуот дар замони мо мебошад. Ёд доред бобоҷон, шумо барои кушодани як газета чи қадар талош мекардед, чи қадар азобҳое ки накашидед? Оё дар ёд доред чӣ қадар барои босавод кардани мардум меҳнат мекардед? Ба шумо хабари хуш расонида гуфтаниам, ки вазъияти матбуот ҳоло бамаротиб хуб шудааст. Дар кишвар даҳҳо рӯзномаҳои давлатию хусусӣ нашр мешаванд ва ҳатто хонандаи худро низ доранд. Лекин ман аз он хавотирам, ки сол аз сол танҳо гурӯҳҳои муайян ба хондани маводи рӯзнома мепардозанд. Бештари ҷавонон хондани матолиби дурбадарози рӯзномаро хуш надоранд. Бояд гӯям, ки ҷаҳон хеле тағйир ёфтааст. Шумо гуфта будед, ки “Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гуё забон надорад”. Воқеан бо кӯшишу заҳматҳои шумо ва ҳамзамононатон имрӯз мо – халқи тоҷик соҳиби рӯзнома ҳастем. Лекин, чуноне ки гуфтам, аз баъзе ҷавононе, ки рӯзнома намехонанд хавотирам. Хуб мешуд агар онҳо, аққалан, шакли электрониро мехонданд, аммо намехонанд…

Чун аз вазъияти замон сухан рафт, бояд илова намоям, ки шароити мардум нисбатан беҳтар шудааст. Дар “Ёддоштҳо” аз замони дар мадраса хонданатон сухан гуфтеду шароитатонро ба ин минвол овардед: “…Бемаҳсигӣ маро сахт азоб медод ва поҳоям торс –  торс кафида, замини сахти дандонакашӣ кардашуда барин мешуд. Дар рӯзҳои барфу борон, вақте ки ба кӯча ё ба рӯйи мадраса бароям, даруни кафшам пур аз барфу об мешуд ва аз кафидагиҳои поям, гӯё ки бо корд чок карда бошанд, хун шорида мерафт”. Ҳозир чунин вазъият қариб ба назар намерасад, ҳама ҷо  ҷавонону наврасони бо сару либоси тозаю озода ва замонавӣ, ки на парвои гармӣ доранду на парвои хунукӣ, мегарданд. Бояд шукр кард, ки баъди гузашти як аср чунин дигаргуниҳо шуданд ва одамон дигар азобу уқубатро намедонанд.  Хуб мешуд, агар ба қадри ин мерасиданд. Лек намерасанд… шароит хуб шуду роҳи илму донишро гум карданд. Албатта на ҳама, танҳо аксарият. Як аср пеш зери рӯшноии чароғу фонус мехонданду ҳоло зери лампаи электронӣ хуши хондан надоранд. Чӣ бояд кард бобо? Илоҷи ин вазъият чист?

Бобо, ман номаҳоятонро бо устод Лоҳутӣ хондам ва аз бадхоҳии баъзе ҳамкасбонатон гила дораму аз устод миннатдор. Миннатдорам, ки дар лаҳзаи душвори зиндагӣ шуморо танҳо нагузошту барои сафед кардани номи шумо саъй намуд. Ин аст нишонаи дӯсти ҳақиқӣ ва одами вафодор, балки на онҳое, ки барои манфиати худ мехостанд шуморо бадному шарманда созанд. Мутаассифона, ба тағйироти ҷаҳон нигоҳ накарда, дар ҷомеа ҳоло ҳам чунин одамон ҳастанд, ки ба қавли мардум “кӯзпуштро танҳо гӯр рост мекунад”. Чи ҷои гила 5 панҷа баробар нест – ку? Шумо шахси хушбахт будед, зеро мисли устод Лоҳутӣ дӯсти беҳтарин ёфтед.

Дар ҳамин ҷо ба навиштани ин нома хотима мегузорам, чунки суханҳои мегуфтаамро ба шумо расонидам. Дар охир мегӯям, ки шумо намунаи беҳтарин барои нависандагони оянда мебошед ва асарҳоятон ҳоло ҳам вирди забони хурду калон мебошанд. Онҳо бо гузашти садсолаҳо низ қиммати худро аз даст нахоҳанд дод!

Бо меҳри беандоза дӯстдори асарҳои безаволатон ва пайрави шумо, набераатон Гулистон, пас аз бештар аз  сад сол

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь