Ҳама олам тан асту, Эрон – дил,

Нест гӯянда зин қиёс хаҷил.

Чункӣ Эрон дили замин бошад,

Дил зи тан беҳ бувад, яқин бошад.

Муҳаммадҷаъфари Муҳаммадзода дар навишторе ба сухани Низомӣ дар “Девон”-аш, ки дар бораи нажод, забон, миллият ва худ гуфта, пардохтааст. Ин нависанда ва пажӯҳишгари таърихи забону адабиёти форсӣ ва мудири Радиои Эрон дар ёддошти худ бо унвони “Низомӣ посдори забони форсӣ”, ки онро дар ихтиёри ИСНО қарор дода, навиштааст:

Ҳаким Низомии Ганҷавӣ порсигӯи бузург ва офаринандаи ҳамосаҳои ошиқона дар Эрони фарҳангӣ назди порсигӯён гиромӣ ва бузург дошта мешавад. Дар ин ҳол нигарониҳое аз мусодираи шоирони порсигӯй каме озордиҳанда аст. Ҳақ ҳам ҳамин аст, ки бояд нигарон буд. Низомии Ганҷавӣ бартарин шоири порсигӯи садаи шашум ва зодаи Ганҷа дар сарзамини Аррон дар он сӯи Арас аст, ки дар рӯзгоре на чандон дур зодгоҳаш аз Эрон ҷудо уфтодааст. Бегумон, ӯ барҷастатарин сарояндаи ҳамосаҳои ошиқонаи порсӣ аст. Корҳое ғайрифарҳангӣ ва беасар, аммо нигаронкунанда дар бораи Ҳакими Ганҷа анҷом шудааст, ки ӯро шоири ғайрипорсигӯ муаррифӣ кунанд. Чаро мегӯям бефоида ва ғайрифарҳангӣ: барои он ки агар имрӯз касе битавонад шеъри Низомиро таҳриф кунад, чигуна метавон садҳо нусхаи хаттии баҷоймонда аз садаҳои ҳаштум ба ин сӯ дар китобхонаҳо ва музейҳои маъруфи дунёро нодида гирифт, ки ба хатту забони форсӣ шеъри Низомиро насл ба насл то ба имрӯз ба мо рисондаву мабдаи тасҳеҳу интишори нусхаҳои имрӯзӣ аз “Хамса”-и Низомӣ ва бахшҳои парокандае аз шеъри ӯ шудааст. Гувоҳи муҳкамтари мо бар ҷойгоҳи Низомӣ дар Эрон шеъри Низомӣ ва осори баҷомонда аз ӯ дар “Девон”-и ӯст, ки аз рӯи нусхаҳое аз беш аз панҷсад – шашсад соли пеш ба василаи пажӯҳишгарон тасҳеҳ шуда ва ба чоп расидааст. Дар ин пажӯҳиш нигоҳе хоҳад шуд ба сухани Низомӣ дар “Девон”-аш, ки ӯ дар бораи нажод, забон, миллият ва худ гуфтааст.

Вожаи “порсӣ” дар мутуни куҳани мо ду маънӣ дорад: яке эронӣ ва дигар забони порсӣ ва Низомӣ дар ашъори худ борҳо ду вожаи порсиро дар ин ду маънӣ ба кор бурда ва гоҳе ба ҷои порсӣ дар маънии забон дариро ҳам ба кор бардааст. Дар “Хамса” ва дар “Лайлӣ ва Маҷнун” ва дар оғози бахши “Рафтани падари Маҷнун ба дидани фарзанд” Низомӣ худро чунин муаррифӣ кардааст:

Деҳқони фасеҳи порсизод

Аз ҳоли араб чунин кунад ёд.

Гуфта шудааст, ки модари ӯ курд ва падараш аҳли Аррон ва дар шаҳри Ганҷа зистааст.

Гар модари ман раисаи курд,

Модарсифатона пеши ман мурд.

Дар достони «Хусрав ва Ширин» ва дар ҷое ки Хусрав Ширинро дар чашмасоре мебинад, мегӯяд:

Сухангӯянда пири порсихон,

Чунин гуфт аз мулуки порсидон,
Ки чун Хусрав ба Арман кас фиристод,

Парастиш кардани он сарви озод
Шабу р
ӯз интизори ёр медошт,

Умеди ваъдаи дидор медошт.

Дар байти нахуст порсихон ва порсидон мурод забони порсӣ аст.

Аммо дар манзумаи “Хусрав ва Ширин”, достони “Ба хок супурдани Хусрави Парвиз”, ки мегӯяд:

Ба ойини мулуки порсиаҳд

Бихобонид Хусрав дар он маҳд.

Ойини мулуки порсӣ мақсуд ойини подшоҳони эронӣ аст.

Дар “Лайлӣва Маҷнун” дар бахши “Дар сабаби назми китоб” мегӯяд:

Дар зевари порсиву тозӣ

Ин тозаарӯсро тарозӣ,
Дон
ӣ, ки ман он сухан шиносам,

К-абёти нав аз куҳан шиносам.
Турк
ӣ сифати вафои мо нест,

Туркона сухан сазои мо нест.
Он к-аз насаб баланд зояд,

Ӯро сухани баланд бояд.

Дар ин ҷо Низомӣ забони худро порсӣ медонад ва бо сароҳат мегӯяд, ки шеъри ӯ он гуна ки дархӯри насаби ӯст, порсӣ аст ва худро суханшиносу донандаи мутуни куҳану бостонии эронӣ муаррифӣ мекунад ва вақте мегӯяд “туркона сухан сазои мо нест”, яъне ман туркӣ шеър нагуфтаам, балки ба забони ниёконам сухан гуфтаам.

Дар “Ҳафт пайкар” вақте ки мехоҳад ба дунё омадани фарзанде барои Нӯъмони Номӣ сухан бигӯяд, ки бо Баҳром – фарзанди Яздигирд аз шири як доя хӯрдаанд, он дуро чунин муаррифӣ мекунад:

Шоҳзода дар он ҳисори баланд

Парвариш мегрифт соле чанд.
Ҷуз ба омӯхтан набудаш рой,

Буд ақлаш ба илм роҳнамой.
Тозиву порсиву юнон
ӣ

Ёд додаш муғи дабистонӣ.

Мақсуд аз порсӣ дар ин ҷо забони порсӣ аст, ки дар канори ду забони арабӣ, юнонӣ – забонҳои роиҷи он замон аз онҳо ном бурдааст.

Дар “Ҳафт пайкар” ва дар достони “Огоҳӣ ёфтани Баҳром бар марги падар”, ки дар он замон дар сарзамини Яман буда ва бархе нигаронанд, ки агар подшоҳӣ ба Баҳром бирасад, ӯ ба сабаби зиндагӣ ва рушдаш дар Яман мумкин аст, ки эрониёнро арҷ наниҳад, мегӯяд:

Гарчи Баҳром сарбаландӣ дошт,

Донишу теғу зӯрмндӣдошт.
Тозиёнро ди
ҳад вилояту ганҷ,

Порсизодагон расанд ба ранҷ.
Кас намехост, к-
ӯ шавад бар гоҳ,

Чун Худой хост, барниҳод кулоҳ.

Порсизодагон дар ин ҷой манзур эрониён аст ва возеҳ аст, ки порсизода ба маънии эронӣ ба кор рафта, он гуна ки дидем, худро низ порсизод гуфтааст.

Ва дар достони “Лашкаркашии Хоқони Чин барои ҷанг бо Баҳром” мегӯяд:

Ҳар касе пеши ӯ замин мерафт,

Дархури фатҳу офарин мерафт.
Па
ҳлавихони порсифарҳанг

Паҳлавӣ хонад бар навозиши чанг.
Шоирони араб чу дурри хушоб

Шеър хонданд бар нашиди рубоб.
Шо
ҳи фарҳангдону шеършинос

Беш аз он додашон, ки буд қиёс.

Чунин ба назар мерасад, ки паҳлавихон манзур хунёгарони фаҳлавиётё ҳамон паҳлавиёт бошад, ки осору бақоёи онҳо дар давраи ҷадид дар Озарбойҷон ва Хуросон шиносоӣ шудааст.

Дар “Ҳафт пайкар” дар бахши “Итоб кардани Баҳром бо сарони лашкар” мегӯяд:

Муртафеъ ҷомаҳои қиматманд

Бештар з-он ки гуфт шояд чанд.
Тозиасбони порсипарвард

Ҳама дарёгузору кӯҳнавард.

Порсӣ дар ин ҷой ҳам бадал аз эрониён аст, яъне асбҳои тозӣ/арабӣ, ки эрониён парвариш медоданд.

Дар “Шарафнома” ва дар достони “Вайрон кардани оташкадаҳои Эрон ба василаи Искандар” мехонем:

Ба ҳам кардам он ганҷи окандаро

Варақпораҳои парокандаро.
Аз он кимиё
ҳои пӯшидаҳарф

Барангехтам ганҷдоне шигарф.
Ҳамон порсигӯи донои пир

Чунин гуфту шуд гуфти ӯ дилпазир.

Дар “Шарафнома” ғорати китобхонаҳои Эрон ба василаи румиҳо ва фиристодани теъдоди зиёде аз онҳо барои тарҷума дар достони “Фиристодани Искандар Равшанакро ба Рум” чунин бозгӯ мекунад:

Ҷаҳондор фармуд к-эдар вазир

Ба рафтан нишаст аз бари бодгир.
Китобхонаи порс
ӣ ҳар чи буд,

Ишорат чунон шуд, ки оранд зуд.
Сухан
ҳои сарбаста аз ҳар даре,

Зи ҳар ҳикмате сохта дафтаре.
Ба Юнон фиристод бо тар
ҷумон,

Набишт аз забоне ба дигар забон.

Инҳо ҷоҳое буд, ки Низомӣ порсӣ гуфтааст.

Дар идома нигоҳе мекунем ба ҷоҳое, ки аз вожаи “дарӣ” ба ҷои порсӣ номи бурда ва шеъри худро дарӣ гуфтааст. Дар “Хамса” ва дар достони “Хусраву Ширин” ва “Моҷарои рафтани Шопур ба Арман дар паи Ширин” чунин мегӯяд:

Фурӯд омад бадон дайри куҳансол,

Бар он ойин, ки бошад расми абдол.
Суханпаймои фар
ҳангӣ чунин гуфт,

Ба вақти он ки дурҳои дарӣ суфт.

Дурри дарӣ дар бештари ҷоҳо мутлақи шеъри форсӣ аст он гуна ки Носири Хусрав ҳам шеърро дурри дарӣ мегӯяд:

Ман онам, ки дар пои хукон

Нарезам мар-ин қиматӣ дурри лафзи дариро.

Низомӣ низ дар ин ҷой дурҳои дариро ба маънии шеъри форсӣ ба кор гирифтааст.

Дар “Ҳафт пайкар” ва дар “Сабаби назми китоб” дар оғоз худро шоири порсигӯ муаррифӣ мекунад ва дар идома шеъри порсиро кори худу сазовори худ медонад ва мегӯяд:

Чу дар ман гирифт он насиҳатгарӣ,

Забон баргушодам ба дурри дарӣ.
Ни
ҳодам зи ҳар шева ҳангомае,

Магар дар сухан нав кунам номае.
Дар он
ҳайратобод бе ёварон

Задам қуръа бар номи номоварон.

Низомӣ, ки назми дарӣ кори ӯст,

Дарӣ назм кардан сазовори ӯст.

Чунон гӯяд ин номаи нағзро,

Ки равшан кунад хонданаш мағзро.
Дили д
ӯстон бадӯ нур бод

В-аз ӯ дидаи душманон дур бод.

Ва дар “Шарафнома” дар бахше ба унвони “Гуфтани достон ба тариқи эҷоз” дар бораи баргардондани хирадномаҳои порсӣ ба забони юнонӣ чунин мегӯяд:

Хирадномаҳоро зи лафзи дарӣ

Ба Юнонзабон кард кисватгарӣ.

Дар достони “Бозгаштани Искандар аз ҷанг бо Фирӯз” низ чунин мегӯяд:

Гузорандаи достони дарӣ

Чунин дод назми гузоришгарӣ.

Достони дарӣ ҳам ҳамон достонҳои ҳамосӣ ва ошиқонаи порсӣ аст.

Натиҷа он ки ба эътибори ҳамаи асноди муътабару мавҷуд ва гуфтори мустанад, Низомӣ шоири порсигӯ ва порсинажод ва зодаи Ганҷа дар сарзамини Аррон аст, ки ин минтақа дар шимоли ғарби Эрон яке аз марокизи муҳимми шеъру адабиёт то садаҳои ҳаштум ва нуҳуми ҳиҷрӣ будааст, ва забони сокинони он ҷо монанди забони озарӣ аз забонҳои эронии давраи миёна ба ҳисоб меомада ва ин забонро то садаҳои ҳафт ва ҳашт ҳифз кардаанд, ба гунае ки дар китоби “Нузҳатулмаҷолис”, ки таълифи ҳудуди 750 ҳиҷрӣ ба василаи Ҷамолиддин Халили Шервонӣ аст ва дар он чаҳор ҳазор рубоии порсӣ аз 300 шоири садаҳои панҷум то ҳафтумро гирдоварӣ кардааст, аз 115 шоири порсигӯи минтақаи шимоли ғарб ном бурдааст, ки фақат 24 нафари онҳо аҳли Ганҷа аст.

Ин ҳақиқати талхе аст, ки ҷуғрофиёи сиёсии имрӯзи минтақаи он сӯи Арас ба мӯҷиби ду муоҳидаи истеъмории Гулистон ва Туркмончой дар солҳои 1192 ва 1206 хуршедӣ аз Ватан ҷудо уфтодаанд, аммо агар бо қавмсозӣ ва воруна кардани таърих бихоҳанд шоирони бузург ва порсигӯро ба номи миллиятҳо ва фарҳангҳои дигар мусодира кунанд, коре беҳуда ва ғайрифарҳангӣ аст ва роҳе аст, ки агар порсигӯёну эроншиносону эрондӯстон ҳушёр бошанд, паймуда нахоҳад шуд. Ҳамон гуна ки талошҳои суратгирифта натавонистааст Ҷалолиддини Мавлавиро, ки дар Қуния мадфун аст, аз забони порсӣ ва Эрони фарҳангӣ ҷудо кунад, Низомии Ганҷавӣ ва садҳо шоиру суханвари минтақаи Аррон аз Эрони фарҳангӣ ҷудоинопазир хоҳанд монд.

Дар ҳошия. Тоҷикистони порсизабон ба унвони меросбари фарҳанги гаронмояи порсӣ, ки Ҳаким Низомӣ яке аз барҷастатарин намояндагони он аст, бояд ҷиҳати арҷгузории он шоири порсигӯи миҳанпараст тандиси бузурги ӯро дар яке аз майдонҳои аслии пойтахт – шаҳри Душанбе гузорад.

Вироиши Умар Саъдӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь