Марти Хосе Хулиан (Марти-и-Перес Хосе Хулиан) фаъъоли Ҷунбиши миллӣ-озодибахши Кубо, шоир, публитсист, мунаққиди адабӣ. Диплумоти маъруф ва наққош ҳам буд. Ӯро қаҳрамони миллии Кубо ва падари модернизм медонанд ва бисёре аз маҳфилҳои адабӣ муътақиданд, ки чандин шоъири дигар аз ӯ таъсир пазируфтаанд. Дар Ҳавана (28. 1. 1853), ба дунё омад, аз хонаводаи низомӣ. Бо ин ки падару модараш аз Воленсиё, аз муҳоҷирини испониёӣ буданд, Хосе Марти эълом кард, ки дар баробари таҷовузи испониёиҳо бояд истод ва бо онҳо мубориза ва озодии ватанро таъмин кард. Барои ӯ истеъморзудоӣ аҳаммийяти бисёр дошт. Ӯ дар 16-солагӣ нахустин мақолаашро барои рӯзномаи «El Diablo Cojuelo» навишт ва аз мардуми Кубо хаст, ки занҷири истеъморро пора кунанд. Ҳамон сол маҷмуъаи мелодрамие бо номи «Озодии Ватан» интишор дод. Марти аз истеъморгарони испониёӣ, ки кишварашро тасхир карда буданд ва низ аз низоми бардадорӣ, ки дар Кубо роиҷ буд, нафрат дошт ва инро дар навиштаҳояш мунъакис мекард. Дар соли 1869 аз сӯи давлати Испониё ба иттиҳоми хиёнат боздошт ва ба шаш сол зиндон маҳкум шуд. Баъдан аз зиндон ба модараш ин гуна навиди уммед дод:

«Модар, гиря макун…, гул аз миёни хорҳо сар мекашад»…

Аммо Хосе Мартиро дар зиндон бар пой ғулу занҷир бастанд, ки дучори уфунати по шуд ва маъмури бозрасии зиндон соли 1871 шаш соли ҳабси ӯро ба табъид дар Испониё табдил кард. Ба амри сарнавишт, ин табъид мояи такмилу таҳаввулоти бузургтар дар руҳияву ҷаҳонбинии илмиву сиёсии Мартин гашт; ӯ имкон ёфт, ки дар донишгоҳи Мадрид (1871–74) ва сипас дар Донишгоҳи Сарагоса дар риштаи ҳуқуқ, адабийёт ва фалсафа мувавффақона таҳсил кунад ва бо рӯшанфикрони аврупоӣ боби мукотибаро бигушояд. Ҳамчунин шуруъ ба навиштани мақолаҳое дар мавриди хиёнатҳои ҳукумати Испониё ба Кубо кард ва даъват ба мубориза барои истиқлоли Кубо ва иттиҳоди кишварҳои лотинамрикоиро давом дод. Марти бо даъвати рӯшанфикрони Фаронса ба Порис рафт ва дар соли 1874 аз ҷумла бо Виктор Ҳуго мулоқот намдуд. Аз Фаронса бо гузарномаи ҷаълӣ ба Кубо бозгашт. Солҳои 1875–76 ҳамчун рӯзноманигор дар Мексико кор кард ва соли 1877 бо номи Хулионо Переса дар донишкадаи Гватемало ба тадриси адабийёт, таърих ва фалсафа пардохт. Аз соли 1881 дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ ва бо рӯзномаҳову маҷаллоти мухталифи амрикоиву лотинамрикоӣ ҳамкориро идома дод. Чунончи дар Флоридо барои барпо кардани инқилобе бар зидди Испаниё ва истиқлоли кишвараш Анҷумани кубоитаборҳои он кишварро ташкил дод ва ононро ташвиқ ба мубориза бо истеъморгарон ва озод сохтани Кубо кард. Ӯ мегуфт: «Вақте як инсон силӣ мехурад, бояд ҳама инсонҳо дарду сӯзиши онро ҳис кунанд».

Аммо дар ҳамин ҳолат талош мекард, аз илҳоқи Кубо ба Амрико, ки орзуи баъзе аз сиёсатмадорони амрикоӣ буд, ҷилавгирӣ кунад, марому мақсади ӯ Кубои озоду мустақил, бидуни дастдарозии ҳич қудрати ҷаҳонӣ буд. Соли 1892 бо такя аз созмонҳои парокандаи муҳоҷирон ҳизби инқилобии Куборо таъсис кард, ки пойгоҳи иҷтимоии онро коркунони коргоҳи танбокуи Флоридо ва низ моликони кубоии он маҳаллаҳо ташкил медод. Марти ҳадафи аслии ҳизбро озодсозии Кубо ва Пуэрто-Рико аз императории Испониё бо роҳи, ба истилоҳ, ҷанги ҳатмӣ эълом дошт; ӯ таблиғоти инқилобӣ мебурд, барои ниёзҳои ҳарбӣ маблағҳо ҷамъоварӣ мекард. Моҳи марти 1895 ҳамроҳ бо Гомес Баэс (аз сарварони муборизаи озодихоии Кубо) Баёнияи истиқлоли Куборо мунташир сохт ва аз мардуми Кубо хост, то мубориза алайҳи ҳукумати Испониёро дубора шуруъ кунанд.

Морти – паёмбари истиқлол ва башоратовари инқилоби Кубо

Хосе Марти саропо мазҳари андешаву инқилоби озодии кишвараш гашта буд ва бе ҳич хастагӣ кору пайкорашро идома медод. Аз ҷумлаи корҳои ҳадафраси ӯ навиштан буд ва мақолот, ашъор, корикотурҳо ва китобҳояш пайваста интишор меёфт. Ӯ, чунончи Баёнияи истиқлоли Куборо мунташир сохт. Дар ин манифест ба кубоиён ёдовар шуд, ки бояд худашон қиём кунанду ба истеъмор поён диҳанд ва рӯйи кумаки хориҷӣ набояд ҳисоб кунанд ва набояд аз як давлати хориҷӣ ва аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳида, ки омодагии додани чунин кумакеро дорад, бихоҳанд, ки ёрмандӣ кунад. Бо ин амал аз дасти як хориҷӣ раҳо нашуда, ба доми дигаре хоҳанд уфтод.

Хосе Марти ҳар ҷо, ки мерафт (Косто-Рико, Панамо, Ҷомойко, ё Мексик, Аржентин ва Гуватемало, ё дар Уругвай, Парагвай, Венесуело…) такяи каломаш муқовамату мубориза буд. Ӯ муътақид буд: «Касби озодӣ бидуни таъмини фарҳанг имконнопазир аст»!

Хосе Марти 19 майи 1895 дар ҷараёни набард бо неруҳои мутаҷовизи испониёӣ кушта шуд, аммо марги ӯ муборизаро поён надод. Пас аз ҷанги Иёлоти Муттаҳида бо Испониё, ки Испониё шикаст хурда буд, аз ҷумла, аз Кубо ҳам хориҷ гардид ва баъди чанде Кубо аз қайди бегонагон озод шуд. Хосе Марти бо ин диловарию фидокорӣ маҳбуби мардуми Кубо гашта буд, ӯ паёмбари истиқлол ва муждарасони инқилоби Кубо ном гирифт.

«Озодии бидуни фарҳанг озодӣ нест»!

Хосе Морти, ки марди инқилоб, шӯридаи озодии томми кишвару шаъну шуҳрати пойдори он буд, дар ҷоддаи муборизоти беамони сиёсияш қаламу суханро бузургтарин силоҳе дар саркӯбу нобудии хасми мутаҷовиз медонист. Ӯ яке аз намоёнтарин адиби Кубо эътироф гардид. Чунончи Морти яке аз бунёнгузорони модернизми лотинамрикоӣ ба шумор меравад. Аз таълифоти ӯ осори лирикию публитсистияш машҳуртар аст. Ӯ дар маҷмуаи аввалияи шеърияш – «Исмоэлило» («Ismaelillo», 1882) ба ваҷд аз ишқи худ ба писараш ва ҷудоӣ аз ӯ суҳбат мекунад. Драммаи ҳамосии «Абдуло» ((«Abdala») низ аз таълифоти барҷастаи ӯст. Абдуло (Абдуллоҳ) ҷавоне аз ноҳияи Нубии Судон аз ҷисму ҷони худ гузашта, ба истеъмор пайкор мекунад, ки нидоҳои ӯ нидои қаҳрамонони озодии миллиянд. Хосе Марти бо ин фаъъолиятҳои қаламӣ ба унвони як муборизи зидди бардагӣ, зидди истеъмор, зидди беҳуқуқии инсонҳо ва зидди фасоди мақомоти маҳаллӣ шинохта шуд. Риққати ҷанги золимона, даъват ба инқилоб ва назму тартиби ҷаҳонии одилона дар маҷмуъаҳои шеърии «Шеърҳои озод» («Versos libres», 1913) ва «Ашъори сода» («Versos sencillos», 1891) тавсиф шудааст.

Ашъори Марти. саршор аз вожаҳои ноби оммаписанд мебошад. Дарки шоирона аз ҷаҳон ва майл ба ошкор сохтани асолати тарзи тафаккури лотиномрикоӣ дар публитсистикаи Марти, аз ҷумла дар памфлети зиддииспониёии «Зиндони сиёсӣ дар Кубо» («El presidio politico en Cuba», 1871), китоби очеркҳои «Гватемала» («Guatemala», 1878), эссеи «Ҷумҳурии Испониё дар баробари инқилоби Кубо» («La república espaňola ante la revolución cubana», 1873), «Америкаи мо» («Nuestra América», 1891), «Саҳнаҳои Америкаи Шимолӣ» («Escenas norteamericanas», 1891) ва ғ. бозтоб шудааст. Машҳуртарин асари ӯ «Асри тилоӣ» аст, ки дарбаргирандаи ашъори ӯ барои бачаҳост. Баъзе аз ашъори Марти рӯйи мусиқӣ танзим шуданд ва ба унвони машҳуртарин мелодиҳои кубоӣ, ки бар пояи мусиқии маҳаллии Кубо қарор доштанд, даромаданд. Ӯ яке аз бунёнгузорони журнолистикаи кудакон дар Кубост. Романи «Дӯстии маргбор» («Amistad funesta», 1885), пиесаҳо ва номаҳо аз дигар осори машҳури Марти мебошанд.

Хосе Марти мегуфт: «Кори ман хондани таронаҳои зебо, ҷалби таваҷҷуҳ ба мардуморни шарифу наҷиб ва таҳсини ҳама чизҳои бузургу мондагор аст». Дар маъруфтарин асари худ – «Даврони тилоии ҳаёт» ҷавононро ташвиқ ба озодагию мубориза кардааст. Ӯ муътақид буд, озодӣ бидуни фарҳанг ба даст намеояд!

Марти – мазҳари қидосат ва шарофати инсонӣ

Гуфтаанд: Хосе Марти қади кӯтоҳ ва саре бузург дошт ва ба иллати дандонҳои зишту номураттабаш зоҳири зебое надошт. Фидел Костру ёддошт медиҳад, ки «Мартиро қад он қадар кӯтоҳ буд, ки сараш ба наздикии шиками ман мерасид. Агар қарор буд, ки ман медоле рӯйи синааш овезон кунам ё бибусамаш, бояд рӯйи зонуҳоям меистодам, то худамро ҳамқади ӯ кунам».

Аммо Марти ба далели ростӣ дар кору гуфтор, ба далели муқаддас доштани мафҳуми озодӣ, ба поси саъю ҷидолаш баҳри таъмину пойдории озодии меҳану мардумаш на танҳо истеҳзо намешуд, балки метавонист ба унвони як қиддис (порсову некукор) дар назари бисёре аз мардум зоҳир шавад.

Соли 1972 яке аз болотарин ҷоизаи Ҷумҳурии Кубо – Ордени Хосе Мартин таъсис шуд. Имрӯза фурудгоҳи байнулмилалии Ҳавоно ва дар бисёре аз шаҳрҳо номҳои хиёбонҳо ба номи Хосе Марти номгузорӣ шуда ва бинои ёдбуди Хосе Марти дар Майдони Инқилоби шаҳри Ҳавано диданист. Китобхонаи миллии Кубо, ки соли 1901 дар Ҳавано таъсис шуда буд, Китобхонаи миллии Хосе Марти хонда мешавад. Дар Музеи Инқилоб, дар шаҳри Ҳавано тандиси зебое аз Хосе Марти дида мешавад.

Мардуми одии Кубо низ ӯро дӯст дошта ва доранд. Ба далели маҳбубияти Мартии қаҳрамони милли Кубо, родиёе, ки Иёлоти Муттаҳида барои мардуми Кубо барнома пахш мекунад, Родёи Марти номгузорӣ шуд.

Дар ноябри соли 1994 ЮНЕСКО ҷоизаи Хосе Мартиро дар ростои ба расмийят шинохтани муассисот ё афроде, ки барои ҳамгароию якпорчагии кишварҳои Арикои Лотин ва ҳавзаи баҳри Кариб талош мекунанд, таъйин кард.

Муҷассамаи Хосе Мартин ҷудо аз Кубо, дар Ню-Йорк ва Мексика ва чандин кишвари дигар низ мавҷуд аст.

Обид ШАКУРЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь