Он замон ки Абдуқодир Маниёзов қалам ба даст гирифта, асари илмӣ навиштан хостанд, ҳанӯз мавҷу туғёни Инқилоб баланд садо медод. Инқилобро Офтоби замони осоишта меписандиданд. Инқилоб саргаҳи ҳама гуна маъниҳои тоза буд. Онро чароғи равшан, саодати хонадон, хушбахтии аҳли башар мешинохтанд. Саргаҳи ҳама гуна фикру андешаҳои тоза аз Инқилоб шуруъ мешуд. Дар ин мавзуъ асар навиштан шаъну шарафи бузург ба ҳисоб мерафт. Аҳли адабу фарҳанг ва сиёсат публисистикаро ҳамчун жанри фаврӣ, жанри ифодакунандаи маъниҳои сиёсиву инқилобӣ ва талотумҳо мешинохтанд, ки устод Айнӣ дар яке аз давраҳои эҷодиёти худ публисистика ва инқилобро маҳаки эҷодиёти худ қарор додаанд. Ба Абдуқодири ҷавон мусоидат кардааст, ки ба ҳамин давраи эҷодиёти устод дар мавзуи “Публисистика ва назми устод Айнӣ дар солҳои 1918-1921” қувваву қобилият санҷанд.
Абдуқодир Маниёзов аз аввали солҳои панҷоҳум ба кори илмӣ шуруъ карда, яке аз нахустин муҳаққиқоне буданд, ки дар мавзуи “Марҳалаҳои аввали эҷодиёти С.Айнӣ ва мақоми он дар адабиёти инқилобии Шарқи Наздик” дар раҳбарии И.С.Брагинский дар Шӯрои илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди шӯравӣ дар Москва рисолаи илмӣ дифоъ карда, ба баҳои баланд сазовор гашта буданд. Устод аз қадамҳои аввали фаъолияти худ эҷодиёти устод Айниро дар арафаи инқилоб, замони инқилоб ва баъд аз он ба таҳқиқ гирифтаанд. Азбаски Ҳамид Ниёзов аз Тошканд оид ба эҷодиёти манзуми устод Айнӣ рисолаи илмӣ навишта буд, (банда бо ӯ соли 1972 дар шуъбаи ленинградии Институти шарқшиносӣ шинос шуда будам), устод Абдуқодир Маниёзов бинобар ин ҳам муҳлати маводи таҳқиқи эҷодиёти устод Айниро хеле маҳдуд, солҳои 1918-1921 гирифта, ба фаъолияти инқилобии Айнӣ рисола навишт. Баъд муҳтавои рисоларо мухтасар ба унвони “Публисистика ва назми устод Айнӣ, солҳои 1918-1921” (1958) ба чоп расондааст. Мо, мутаассифона, нусхаи диссертатсияро пайдо карда натавонистем, лекин дар ин китоб, ки ном гирифтем, ашъори инқилобии устод Айнӣ дар Шарқи Наздик берун аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар Эрону Афғонистон ва дигар мамолики Шарқ пурра баррасӣ нагардидааст. Шояд устод Маниёзов ба ин муносибат мулоҳизаҳои худро ба сифати китобу мақолаҳои алоҳида баррасӣ кардан мехостанд, ки аз он намунаҳо хабар надорем. Воқеан, баъзе мулоҳизаҳо дар мақолаҳои ҷудогона дида шуда, дар бораи ашъори тоҷикию инқилобии Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва гирдоварии чунин осори ин шоир аз ҷониби муҳаққиқ ба табъ расидаанд.
Рисолаи илмии “Публисистика ва назми устод Айнӣ” аз ду боби асосӣ назм-ашъори публисистии инқилобӣ ва публисистика-асарҳои мансури инқилобии устод дар мисоли мақолаву очерк ва намунаҳои аввалини асарҳои таърихӣ ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ба таҳқиқ расидаанд. Устод Маниёзов муҳтаво ва зарурати ба миён омадани чунин осори устод Айниро дар душвортарин лаҳзаҳои ҳассоси замона, ки тиру туфанг меборид ва аз шофу шамшер хун мерехт, натарсидаю наҳаросида, ба манфиати халқу миллати тоҷикон ва мардуми Осиёи Марказӣ, хусусан дар ду органи давлатӣ – маҷаллаи тоҷикии “Шуълаи инқилоб” ва рӯзномаи ӯзбекии “Меҳнаткашлар товуши”, ки дар Самарқанд ба сифати муҳаррир кор мекард, бо ҷиддияти тамом шабону рӯзон ин асарҳои тунду тез ва пур аз эҳсосоту андешаро менавишт. Публисистика, яъне суханҳои пурҳарорати таблиғотӣ дар чунин вазъият асоси эҷодиёти манзуму мансури устодро ташкил менамуданд.
Устод Абдуқодир Маниёзов дар рисолаи “Публисистика ва назми устод Айнӣ” пеш аз он ки дар бораи шеърҳои инқилобӣ ба мулоҳиза дароянд, нахустин қадамҳои фаъолияти Садриддини ҷавонро дар эҷод кардани асарҳои манзум, саҳми муҳити атроф, талабагону мударрисони мадраса, Ҳайрат, шоирони он замон, адибони ҳавлии Шарифҷон-махдуми Садри Зиё, хусусан аз “Наводир ул-вақоеъ” ба пояҳои баланди эҷодӣ расида, сухан гуфтани адиб, мулоҳиза менамояд. Яъне устод Маниёзов таҳаввулоти фикрии устод Айниро ба ҷуз шеърҳои анъанавӣ, ки то замони инқилоб навишта шуда буданд, нишон додан боз тадриҷан бурӯз кардани афкору андешаҳои устод Айниро дар ин давра нишон додан мехоҳад. Ин муҳаққиқ публисистикаро аз дидгоҳи замони худ ба мулоҳиза гирифта, эҷодиёти манзуму мансури устод Айниро дар се-чор соли 1918 то соли 1921 ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ба мулоҳиза гирифта, хизматҳои шоиста кардани устод Айниро дар муҳлати кӯтоҳ бо забони ширину фасеҳи нақди адабӣ таҳқиқ менамояд. Устод Шакурӣ гуфтаанд: Навиштаҳое, ки ба таҳрир эҳтиёҷ надошт, азони Маниёзов буданд.
Назари таҳқиқии устод Маниёзов дар шеърҳои инқилобии Айнӣ ва дигар адибони замони Инқилоб хеле васеъ ва амиқ буда, аз шеърҳои ҳасбиҳолӣ то ғояҳои ҷадидию маорифпарварӣ ва сиёсию иҷтимоӣ табиати диалектикии осори устодро дар назму наср нишон дода, бо публисистика ба пояҳои баланди маънавӣ расиданашро дар шеъру ғазал то достону асарҳои бадеӣ нишон медиҳад. Публисистика аз назари устод Маниёзов имкон ба вуҷуд овардааст, ки адиби ҷавон суханҳои чун шамшер тез навишта, ҳамчун адиби овозадор шинохта шавад. Устоди муҳаққиқ ин жанрро дар эҷодиёти Айнӣ ҳамчун жанри ҷанговар шинохта, муборизаҳои тунду тезашро дар намунаҳои шеъру наср нишон медиҳад. Ҳиҷрат дар Самарқанд, аз берун амиру аморати Бухоро ва ҳодисаҳои нави ба амал омадаистодаро ба мулоҳиза мегирифт. Яъне дар даҳ соли то замони инқилоб дар замони маорифпарварӣ муҳаққиқ ба дунёи маънавӣ ва назари сиёсию иҷтимоии устод Айнӣ пурра дохил шуда, симои воқеию маънавии ӯро дар замони пур аз хавфу хатар ба ҳадаф мегирифт.
Устод Маниёзов шеърҳои инқилобии устод Айниро дар солҳои 1918-1921 ҷамъ оварда, дар он миён миқдори ашъори ӯзбекиро нисбат ба ашъори тоҷикӣ зиёдтар эҳсос карда, дар ашъори оид ба маорифу маданият гуфтаи ашъори ӯзбекӣ баъзе ақидаҳои ҷадидию туркигарӣ дидааст. Ва ҳар кадом шеърро тибқи мазмуну мундариҷа ва ҳодисаҳои пурошӯби замони инқилоб дар ҳар ду забон таҳқиқ менамояд. Маниёзов суханҳои бо ҷӯшу хурӯш навиштаи устод Айниро дар нақди адабию адабиётшиносӣ хуш қабул менамояд.
Воқеан, инқилоб ритму зарби шеърҳоро дигар кард. Ҳамаи онҳое, ки ба инқилоб шеър менавиштанд, бо эҳсос ва тапидани хурӯши қалбию фикрӣ сухан меронданд. Устод Маниёзов ҳассосиятро дар шеърҳои инқилобии Айнӣ ва дигар шоирони ҳамзамон махсус қайд карда, дар ашъори онҳо аз таҷрибаи шоирони рус ва Ғарб бо гӯш кардану дар ҳамон оҳангу мазмуни мисли “Марселйеза” ва “Интернатсионал” ва аз дигар суруду таронаҳои русию ҷаҳонӣ фаровон кор бурдааст. “Марши ҳуррият”, Ҳуррият марши”, “Инқилоб”, “Ба муносибати Инқилоби Бухоро”, “Байналмилал марши”, “Биринчи Май марши”, “Ҳилоли аҳмар марши” ва ҳоказоро навиштан ва аз замони ҷунбишҳои пурҳарорати инқилоб бафурсат мулоҳиза меронад. Муаллифи диссертатсия дар ин роҳ аз хосиятҳои қалами устод Айнӣ, ки пур аз мазмунҳои сиёсию иҷтимоӣ буданд, ҳамеша дар болои асарҳои эҷодкардааш кор кардан, баъзе ҷузъҳоро таҳриру тасҳеҳ намудан сухан мегӯяд,. Дар суруди “Марши ҳуррият” (1918) нақароти аввали “Ҳуррият, адолат, мусовот”-ро дар маҷмӯаи шеърҳои “Ахгари инқилоб” (1923) “Пролетар, пролетар, пролетар”, дар қиссаи “Одина” (1927) “Ранҷбар, барзгар бо тифоқ” тасҳеҳ кардааст. Ба мулоҳизаи ин донишманди мумтоз чунин аҳволро устод Айнӣ қариб дар ҳамаи ашъор ва дигар асарҳояш низ риоя менамуданд.
Устод Маниёзов аз муҳтавои умумии шеърҳои инқилобии тоҷикию ӯзбекӣ, дар бораи ҳар кадом шеъру мақола алоҳида сухан ронда, аз табиати шеърҳо, мазмуну мундариҷаашон, хизмати бузурги сиёсию иҷтимоӣ адо кардани эҷодиёти индавраинаи устод Айнӣ бафурсат сухан мегӯяд. Лекин устоди муҳтарамамон дар ин низом санъати сухан, вазну қофияи ҳар шеърро номбар карда, дар бораи вазифаҳои бадеии онҳо кам таваққуф кардаанд. Зеро устод дар ин масъала асари алоҳидаи назарӣ навиштан хоста, борҳо аз ин хусус ба дӯстону шогирдон хотиррасон карда, мутаассифона, ба ҷуз баъзе навиштаҳои мисли барномаву дастур ин орзуро бо худ бурдаанд.
Қисми зиёди рисолаи Абдуқодир Маниёзов ба маколаву очеркҳои таърихию публисистии устод Айнӣ бахшида навишта шуда буданд. Зеро устод Айнӣ, ба фикри устод Маниёзов, дар матбуоти баъдиинқилобии “Шуълаи инқилоб” ва рӯзномаи “Меҳнаткашлар товуши” кор карда, холиҷойҳои нашрияҳоро бо мақолаву имзоҳои мустаори худ пур менамуданд. Аз ин рӯ, миқдори мақолаҳои тоҷикию ӯзбекии устод Айнӣ дар мавзӯъҳои инқилобию иҷтимоӣ ва сиёсию байналмиллӣ хеле зиёд навишта шуда, дар рӯзномаи “Зарафшон” ва дигар намунаҳои матбуот низ нашр мегардиданд.
Устод Маниёзов дар мақолаву очеркҳои таърихӣ симои Айниро ҳамчун шахси сарсупурдаи масъалаҳои инқилобӣ дида, барои халқу миллат ва умуман тамоми заҳматкашони дунё ҳеҷ оромӣ надошта, ҳамчун педагог, муаррих, агитатору пропагандист ба ҷон хизмат карда, ба муҳимтарин воқеаҳои солҳои аввали инқилоб ҳамовозӣ кардан, барои ифода намудани маъниҳои инқилобӣ аз таърихи миллат (тоҷикон), мактабу маориф, босмачиёни водии Фарғона, воқеаҳои дунё, ҷангҳои ғайриодилонаи капиталистон ва империализми байналмилалӣ, дар ҳифзу ҳимояи халқу миллатҳои Осиёи Миёна ва умуман Иттиҳоди шӯравӣ ӯро ҳамчун қаҳрамон намоён месозад. Аҳамияти байналмилалии эҷодиёташро ба муқобили капитализми Англия, Франсия ва Америка муфассал нишон медиҳад.
Мулоҳизаҳои инқилобию иҷтимоӣ ва сиёсии устод Айнӣ дар таҳқиқоти Абдуқодир Маниёзов хеле равшан нишон дода шуда, ҳисси озодихоҳию ватанпарварии хонандагонро меафзоянд. Ба назари ин муҳаққиқ, мавзуи Шарқ минбаъд дар эҷодиёти адибони тоҷик Лоҳутӣ, Пайрав, Мирзо Турсунзода ва дигар адибон аз устод Айнӣ сарчашма гирифта, ба пояҳои боз баландтаре расидааст.
Хулоса, рисолаи устод Маниёзов дар бораи шеъру мақолаҳои публисистию инқилобии устод Айнӣ яке аз аввалин намунаҳои нақди адабист, ки устод ҳамеша орому самимӣ дар бораи ашъори устод Айнӣ сухан ронда, гарму нарм ва ботамкин мулоҳиза меронад. Ӯ минбаъд ҳам дар атрофи эҷодиёти устод Айнӣ 17 адад мақола навишта китоби осори манзумашро ба унвони “Ахгари инқилоб” (1958), куллиёти осори устод Айниро дар ҷилдҳои 2, 9 солҳои 1960-1981 таҳрир намуд. Китобҳои “Устод Айнӣ дар хотироти дӯстон ва шогирдон” (1968), “Ҷашнномаи Айнӣ” (ҷузъҳои 1-8, 1963-1978), “Музеи адабии Айнӣ” (1965), “Шӯҳрати ҷаҳонии Айнӣ” (1978), “Олимони ҷавон ба 100-солагии Айнӣ” (1980) ва монанди инҳоро таҳия ва нашр кардааст. Устод Маниёзов дар солонаҳои устод Айнӣ бо маърӯзаву мақолаҳо баромад карда, бештар маврид андешаву мулоҳизаҳои худро дар мавзӯъҳои гуногуни эҷодиёти ӯ дар пешсухан ё ҷамъбаст изҳор менамуд. Хусусан дар садою симо ҳамеша аз эҷодиёти устод Айнӣ мулоҳизаҳо баён мекард. Устод Маниёзов аз аввал то охир ҳамдаму ҳамнафаси устод Айнӣ буда, ӯро ҳамчун асосгузори адабиёти инқилобии тоҷику ӯзбек дӯст медошт, эҳтиром мекард ва дар мавридҳои зарурӣ фикру андешаҳояшро бо эҳтиром иброз менамуд. Чунон ки мебинем, як гӯшаи хотири устод Маниёзов ҳамеша дар бораи устод Айнӣ банд буда, чун зарур шавад, ҳамеша қалам ба даст гирифта, дар бораи устод Айнӣ ҳамчун шогирд дар қатори дигар устодони сухан андеша ва мулоҳизаҳои худро дареғ намедоштанд. Мо аз ҳар ду – аз устод Айнӣ ва устод Маниёзов миннатдор мебошем, ки яке дар душвортарин солҳои инқилоб асарҳои пурарзиши ҷаҳонӣ навишт ва дигар ӯро бо қалами нозуки таҳқиқ ба оламиён нишон додан тавонистааст.
Шоҳзамон РАҲМОН, Профессор