Имрӯз он лаҳзаҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ, фоҷиаҳои даҳшатбору талхи миллату ватани азизамро пеши назар оварда, як бори дигар дарк мекунам, ки ин наҳзатиҳои бегонапараст мехостаанд теша ба решаи миллат зананду Тоҷикистони соҳибистиқлолу мардуми шарафманди кишварро ба нестӣ баранд. Акнун, худсафедкуниҳои ин гуна ашхосро дида, қалбамро дарди фироқи шаҳидони бегуноҳи ҷанги шаҳрвандӣ фишор медиҳад. Аз ҷумла, пеши назарам чеҳраи гарму гесувони дарози Шарифамоҳи Кишвардухт ҳувайдо мегардад.

Шарифамоҳи рӯзноманигор, оқила, ширингуфтору маҳфилоро, донишманду поксиришт, ки яке аз ҳазорон шаҳидони ҷанги бародаркуш, ҷанге, ки саркардагони ташкилоти террористии наҳзати исломӣ ва ҳаммаслаконашон бар ивази маблағҳои пуштибонони хориҷиашон оғоз карда буданд, гардида буд.

Мардуми ба доми тазвир афтодаро гумроҳ намуда, ба майдони «Шаҳидон» кашиданд. Ҳамон айём банда дар рӯзномаи вилоятии «Навиди Вахш» фаъолият доштам. Мардуми дар майдон ҷамъомада аз гаронии нарху наво шиква мекарданд, вале намедонистанд, ки зери ин коса чӣ нимкосае ниҳон бошад. Онҳо фикр мекарданд, ки саркардагони наҳзатӣ пуштибони халқанд, аммо дар асл ин ҳомиёни ба қавли хеш дини мубини ислом ва дар асл душманони ислом, бар ивази ин майдоннишастагон маблағҳои зиёдеро аз хоҷагони хориҷии худ мегирифтаанд. Халқи гумроҳ ҳар як сухани онҳоро фаҳмидаю нафаҳмида ҷонибдорӣ мекард. Ҳадафи саркардагони наҳзатӣ сарнагун сохтани давлати қонунӣ ва мансабталошиву ҳарчи бештар ҷамъ овардани сарвати бедарди миён буд.

Шарифамоҳи Кишвардухтро хуб дар хотир дорам. Он айём мисли дигар рӯзноманигорони нашрияи вилоятӣ амсоли мӯй дар оташ ба худ мепечиду мегуфт: «Ин ҳама кирдорҳои роҳбарони майдони Шаҳидон нобахшиданист». Аз касе ҳарос надошт Шарифамоҳ, рӯйирост, бе ягон тарсу ҳарос фикру ақидаи хешро баён менамуд. Ӯ гаштаву баргашта таъкид мекард, ки саркардагони ташкилоти террористии наҳзати исломӣ барои беҳбудии мардум талош надоранд. Онҳо ҳариси сарвату мансаб ҳастанду халос. Шарифамоҳи Кишвардухт зани шуҷоъ буда, хурофоту ҷаҳолатпарастии ин гуна ашхосро чашми дидан надошт. Ӯ инсони асил буду ҳушманд ва қаламаш пайваста созанда буд, на сӯзанда.

Зимни суҳбат бо хоҳари марҳум – Фирӯза муайян гашт, ки рӯзи 22-юми сентябри соли 1992 бегоҳӣ, яъне вақти шом, ҳамроҳи ягона фарзандаш Дилшоди 16-сола аз хонаи истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) силоҳбадастони наҳзатӣ гаравгон мегиранд. Ҳамон айём дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва аксар мавзеҳои ноҳияи Бохтар (ҳозира Кӯшониён) танҳо силоҳбадастони ташкилоти террористии наҳзатӣ фармонфармоӣ доштанд. Ва дар ҳар гӯшаву канори шаҳру ноҳияҳо қатлгоҳҳои даҳшатзо ташкил карда буданд. Шарифамоҳ низ, тавре ки хоҳараш Фирӯза ёдовар гашт, хӯроки шом омода намуда, тараддуди хӯрокхӯрӣ доштанд. Вақте ки занги дар баланд мешавад, бехабар аз Шарифамоҳ Дилшод дарро мекушояд. Ду нафар бо ришҳои дароз ӯро гирифта мебаранд. Садои очагӯии писарашро шунида, Шарифамоҳ низ аз қафои ӯ мебарояд, то ин ки ҷигарбандашро аз дасти ин даррандагон наҷот диҳад. Вале онҳо модару писарро якҷоя мебаранд…

«Ҳеҷ вақт ин ваҳшиёнро набахшед». Ин буд охирин сухани Шарифамоҳ, ки дар даҳлези бинои баландошёна ҳамсоягон, бошандагони ин маҳалла  шуниданд. Вале дар он замон касе пеши роҳи ин хунхорони наҳзатиро гирифта наметавонист. Баъд аз он шоми 22-юми сентябри соли 1992 касе дигар садои ин рӯзноманигори ҳақиқатҷӯ, ҳақиқатгӯю нотарс, модари қавииродаи матинро, ки чун Гурдофариди таърихӣ худро ба доми аждаҳои бераҳму шафқат ва ақлбохтаю ватанфурӯхтаи наҳзатӣ зад, нашунид. Он яроқдорони ҳайвонтабиат чи хеле ки шогирдони парваридаашон имрӯз дар Сурия ба касе раҳм накарда, ҳазорон кӯдакону модаронро сар буриданд, шаҳрҳоро вайрону валангор намуданд, на танҳо қалби пурмуҳаббати беолоиши модарро надиданд, дарк накарданд, балки бо сад шиканҷаву азият Шарифамоҳу фарзанди ягонаашро ба қатл расониданд.

Ёди он лаҳзаҳои пурдаҳшат намак пошидан ба ҷароҳати қалби модарону падарон, хоҳарону бародарон ва фарзандони ятимгаштаи вақт нест. Бахусус ёди он айём бояд ҳамагон, хурду бузургро ҳушдор диҳад, то ки ҳаргиз ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва фирефтаи суханони дурӯғини наҳзатиҳои хунхор нашаванд.

Имрӯз бояд шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти ватани азиз намоем, ки бо азму талошҳо ва хизматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин рӯзҳои нек расидаем. Душманони миллат ба мақсади нопоки хеш нарасиданд. Орзую омоли Шарифамоҳи Кишвардухт ва ҳазорон шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ расидан рӯзгори тинҷу обод, ваҳдату амнияти ватани биҳиштосо – Тоҷикистони азиз буд ва он орзуҳо амалӣ гардид. Иқдомҳои созандаву инсонпарваронаи Роҳбари давлат дар арсаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфта, ҳамагон зери осмони софу беғубор рӯзгори осуда ба сар мебаранд. Пойтахти ватанамон – шаҳри Душанбе чун нигини дурахшон аст.

Хотираи неки Шарифамоҳи Кишвардухт ҳамеша дар дилу дидаи мардуми кишвар ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Асалмо САФАРОВА,

рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь