Тамоми бостоншиносону ҷаҳонгардон бар онанд, ки халқи тоҷики форснажоди ориёитабор яке аз аввалин халқиятҳои дорои тамаддуни баланд ва соҳибшаҳру соҳибкитобу соҳибфарҳангу соҳибхирад буданд ва ҳастанд. Аммо дар ин миён чандин халқиятҳои дигар аз доштани рашки зиёди душманона борҳо ба шаҳрҳои бостонии мо ҳуҷумҳои бераҳмона анҷом додаву дар натиҷа шаҳрҳоро ё ба коми оташ гирифтор намуданд, ё вайрону валангор ва китобҳоу зарҳову дигар ганҷинаҳоро бурданду бурданд. Яқин, ки агар ҳар халқияти дигаре баҷои мо мебуд на нишоне аз он мемонду на забоне…

Яке аз он шаҳрҳои пурганҷу пурасрори бостонии мо Карон-шаҳри зери хоку сангпораҳо нуҳуфта мебошад, ки дар қаламрави ноҳияи Дарвоз, дар шарқи Тоҷикистон, воқеъ буда ва масоҳати ин шаҳри бостонӣ 100 гекторро ташкил медиҳад… Барои расидан ба ин макони пурганҷ моро зарур омад, ки беш аз 400 километр роҳро тай кунем ва сипас ҳудуди ду километри дигарашро бо роҳи сангфарши кӯҳистонӣ. Ҳафриёти мазкур дар наздикии рустои Рузвайи ноҳияи Дарвоз воқеъ буда бештари қиссаҳои мардумие ҳам дар мавриди шаҳр миёни солхӯрдаҳои ин русто мавҷуд аст. Шаҳри бостонии Карон дар баландии ду ҳазор метр аз сатҳи дарё қарор дорад ва тавре, ки бостоншиносон мегӯянд, дар ин шаҳр мардум асрҳои 10-12 зиндагӣ мекарданд. Биноҳо дутабақаӣ буда ва шаҳр бо таваҷҷуҳ ба масоили таъмини амният бунёд шудааст. Яъне вай дар баландӣ қарор дошта ва тамоми роҳҳои меомада ба наздики шаҳр аз дидбонгоҳҳо назорат мешуданд. Дар натиҷаи ҳафриёти бештар дар ин макон имкон дорад, саҳифаҳои бештари таърихи зиндагии мардумони шаҳри Карон дар даврони қабл аз ислом низ хонда шавад. Дар ин шаҳри бостонӣ осори диж ё қалъае пайдо шуд, ки бузургтарин ҷойи нишасти шоҳон дар кӯҳистони Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ба андешаи бостоншиноси ин шаҳр Ёқубшоҳ Юсуфшоҳ “Шаҳри Карон дар замони қабл аз ислом сохта шуда ва ӯ бо ишора ба як манори куҳан гуфт, ки он “оташкада” аст, ки дар ҷаҳон шояд ҳамто надошта бошад. Шаҳри Карон аз чаҳор бахш иборат буда ва дар бахши шимоли ғарбӣ аз маъбади оташи муқаддас ва баъдан ибодатгоҳ, майдонҳои варзишӣ ва дорои манори бузург. Ин манор аз манори марказии чаҳоркунҷаи баробарпаҳлӯ ва чаҳор бурҷи мудаввар, ки дар байни онҳо айвон ва аз чаҳор арк иборат аст. Яъне бино панҷманор буда ва дар меъмории Осиёи Марказӣ амсол надорад. Манори марказии чаҳоркунҷа хосси меъмории пеш аз ислом мебошад ва он ба замонҳои қадим таъаллуқ дорад. Аммо таҳқиқоти изофӣ нишон дод, ки бурҷҳо ба манори марказӣ пайвастаанд, яъне онҳо дар як вақт сохта шудаанд ва ба урфияти ойини Маздоясно алоқаманд будаанд.”…

Албатта, ки барои кашф ва поксозиҳои қисматҳои дигари ин шаҳр, равшанӣ андохтан ба саҳифаҳои норавшан ва дурустии роҳ ниёз ба сармояи бештаре дорад, то он паҳлӯҳои норавшани таърихи ниёгонамон, ки ормони ҳамешагии мо буду ҳаст, дақиқ бигарданд. Ба қавли Лоиқ Шералӣ:

То дур наравӣ, касе наҷӯяд номат,

То гум нашавӣ, нарасад пайгомат.

Таърих чунин фурсат дорад, бидон,

Оғози туро бигӯяд аз анҷомат.

Тоҳир Назар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь