Бисёр таассуфовар аст, ки яке аз чеҳраҳои намоёни  журналистикаи миллӣ – Отахон Латифӣ хеле барвақт ва ба таври даҳшатнок аз дасти қотилони наҳзатӣ кушта шуд. 22 – юми сентябри соли 1998 бар асари нақшаи тарроҳишудаи раҳбарони ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Душанбе ин фарзанди фарзонаи миллат бераҳмона террор шуд. Террори устод Отахон Латифӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани таниш ва нобоварӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ, ҳамчунин барои тарсондани озодандешон ва бастани роҳи озодии баён дар қаламрави ҷумҳурӣ барномарезӣ шуда буд.

Устод Отахон Латифӣ аз ҷумлаи чеҳраҳои таъсиргузори журналистикаи миллӣ маҳсуб ёфта, боиси ифтихори миллати тоҷик мебошад. Латифӣ бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва андӯхтани донишу таҷрибаи ҳирфаию зиндагӣ, тавонистааст дар раддаҳои баланди сиёсию иҷтимоии замони Шӯравӣ ва пасошӯравӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи баланд касб намояд. Муҳимтар аз ҳама, аз хонадони як тоҷики музофотӣ баромадан ва рушд кардани устод Латифӣ маънои онро дорад, ки миллати тоҷик дар ҳама давру замон метавонад кадрҳои баландихтисоси сатҳи ҷаҳониро омода ва барои хидмат ба халқу ватан сафарбар намояд. Бадин тартиб метавон дар бораи шахсият, асолат ва ҳайсияти ин журналисти овозадори тоҷик зиёд гуфт, зеро ӯ фарзанди содиқи Ватан ва миллати худ буд.

Решаи муваффақият ва комёбиҳои устод Латифӣ, қабл аз ҳама, дар заҳмату талошҳои фаровони инфиродӣ ва шахсии устод ниҳонанд, ки ӯро ба унвони як журналист ва воқеанигори ҳирфаӣ муаррифӣ кардаанд.

Латифӣ соли 1936 дар ноҳияи Панҷакент зода шуда, ба сахтиҳои рӯзгору зиндагӣ нигоҳ накарда, пайроҳаи омӯзиш ва донишро ҳадафмандона мепаймояд ва саранҷом ба қуллаи мурод мерасад. Соли 1958 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград, ки яке аз бонуфузтарин марказҳои таълимию илмии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт, дохил мешавад ва онро сарбаландона хатм мекунад. Баъдан кору фаъолият дар нашриёт, рӯзномаю матбуоти пурнуфузу пуртаъсир ва мақомоти давлатии вақт – нашриёти давлатии “Ирфон”, редаксияҳои рӯзномаҳои ҷавонон “Комсомолец Таджикистана” ва “Комсомоли Тоҷикистон», дар Дастгоҳи Кумитаи Марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон – ЛКСМ-и ҷумҳурӣ (солҳои 1063-1967), мухбири махсуси рӯзномаи пуровозаи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва минбаъд Осиёи Миёна (солҳои 1967-1973), мухбири тоҷикистонии Рӯзномаи рақами яки Иттиҳоди Шӯравӣ “Правда” (солҳои 1973-1989), муовини раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (солҳои 1989-1991), мухбири махсуси рӯзномаи “Известия” ва ҳафтаномаи “Союз” — “Жизнь”  (аз соли 1991 ба баъд) ӯро ба сифати шахсияти варзида ва таҷрибадори замон миёни ҷомеа маъруфият бахшид. Аз ин ҷост, ки решаи маҳбубият ва маъруфияти устод Отахон Латифӣ дар мушаххасоти зерини шахсиятӣ: масъулиятмандӣ, шоистагӣ, бовиҷдонӣ, хирадмандӣ, гуманизм ва ба истилоҳ, мардумсолории ӯ зоҳир гардидаанд.

Отахон Латифӣ дар давоми фаъолияти журналистӣ аз воқеият ва ҳақиқат убур накардааст ва барои барқарор кардани адолат ва махсусан, адолати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳои шахсиятӣ, ихтисосӣ, мақомӣ, табақотӣ ва билохира инсонии худ истифода бурдааст. Силсилаи мақолаҳои интиқодие, ки дар матбуоти замони Шӯравӣ ба исми Отахон Латифӣ мунташир мегардиданд, баёнгари рӯҳияи озодандешӣ ва масъулиятписандии журналист буданд.

Нуктаи дигари ҷолиб дар ин замина ин аст, ки устод аз дидгоҳи шахсиаш ба масоили доғи рӯзгор назар меафканд ва давр меъёри кору фаъолият ҳамеша адолатро мегузошт. Убур аз адолатро убур аз меъёр талаққӣ мекард ва ба он мекӯшид, ки тавассути матбуоти даврии вақт манофеи мардумиро ҳифз намояд. Дар зимн, устод тайи солҳои 1973-1989 ба ҳайси мухбири рӯзномаи пурнуфузи “Правда” фаъолият карда, бо истифода аз мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ мақолаҳои дархӯри иҷтимоӣ рӯйи нашр меовард ва аз ин тариқ дар ҳалли мушкилоти мардуми Тоҷикистон саҳми сазовор мегирифт. Аз ҷониби дигар, ба забони адабии муосири русӣ балад будан ва ба ин забон навиштани матолиби ҷолиби матбуотӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз осон набуда ва нест. Аммо устод Латифӣ бо шева ва сабки вежа доир ба масоили муҳимми замон гузоришу мақолоти ҷолиб мунташир мекард. Рӯзномаи рақами яки замони Шӯравӣ “Правда”, ки адади нашри он ба 12 млн нусха расида буд, матолиби ҷолиби устод Латифиро ба забони русӣ интишор медод, ки муҳтавои баланди иҷтимоӣ дошта, ин навъ мақолаҳо боиси ҳаллу фасли саривақтии мушкилоти иҷтимоии мардуми маҳаллӣ мегардиданд.

Матолиби устод муаррифгари миллат ва мардуми Тоҷикистони азиз будаанд. Бар илова, ҳар як маводи таҳлилӣ ва гузоришии устод, мансабдорони давлатии сатҳҳои гуногунро ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ водор месохт.

Устод Отахон Латифӣ яке аз ташаббускорони шурӯи музокироти Сулҳи байни тоҷикон ба шумор рафта, тавассути ҷаҳду талошҳояш дар барқарории сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон саҳми муносиб гирифтааст. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997)  ба Душанбе баргашт ва аз моҳи сентябри соли 1997 то дами марг ба ҳайси раиси зеркомиссияи ҳуқуқии Комисияи оштии миллии (КОМ) фаъолият карда, ба василаи баррасӣ ва ҳалли масоили муҳимми давр фаъол будааст. Мавсуф дар қабули як силсила санадҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла қабули Қонуни афв пешгом ва дар ҳалли масоили вобаста ба сулҳ мавқеи созанда доштааст. Ин аст, ки барои хизматҳои шоистааш дар барқарории Сулҳу субот дар кишвар ӯ бо Ордени “Шараф” мукофотонида шудааст.

Террори устод Отахон Латифӣ, пеш аз ҳама, ба фаъолияти касбии ӯ вобастагӣ дошт. Вай ҳамчун рӯзноманигор ва журналисти ҳирфаӣ ва дар айни замон сиёсатмадори миллиандеш ба бисёр гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ки аз қазияи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон манофеи хешро меҷустанд, маъқул набуд. Аз ҷумла, ба муҷриён ва бозигарони тарҳи исломи сиёсӣ дар минтақа сахт нописанд буд. Устод бо ҷаҳонбинии миллӣ ва дунявие, ки дошт, ҳеҷ гоҳ наметавонист дар хидмати бегонапарастон қарор бигирад ва онҳо дар ибтидо хостанд аз нуфуз ва ҷойгоҳи сиёсию иҷтимоии устод Латифӣ дар корзори сиёсӣ ва ҷангӣ истифода бубаранд, вале мавқеъгириҳои миллӣ ва дунявии ӯ чун устухон дар гулӯи ҳавохоҳони режими теократӣ буд. Ин буд, ки бо фароҳам омадани шароити мусоид дар ҳазфи физикии ӯ кӯшиданд.

Ҳамин тавр, субҳи 22 сентябри соли 1998  устод Отахон Латифӣ дар маркази шаҳри Душанбе, аниқтараш, дар наздикии қароргоҳи КОМ аз сӯйи қотилони наҳзатӣ террор шуд. 26 январи соли 1999 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қазияи террори устод Латифӣ изҳороте пахш намуда буд, ки тибқи он, яке аз қотилони устод Латифӣ аъзои ТТЭ ҲНИ Равшан Ғафуров ҳангоми фирор аз боздоштгоҳ безарар гардонида шудааст, 7 июни соли 2000 қотили дигари Латифӣ Абдулло Турсунов, ки низ аъзои ТТЭ ҲНИ буда, бевосита тарафи устод тир холӣ карда уро ба қатл расондааст, боздошт шуда, ба 17 соли зиндон маҳкум гардидааст. Иштирокчии дигари тарҳи террори мазкур аъзои ТТЭ ҲНИ Нозим Воҳидов ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар натиҷа, безарар гардонида шудааст.

Зимнан, дар филми мустанади ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 августи соли 2017 аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ пахш гардида буд, муҷриёну омилони тарҳи террори журналисти варзидаи миллӣ, ки раҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ будаанд,  фош карда шуданд.  Далелҳои шайъие, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ тайи солҳо ҷамъоварӣ гардиданд, раҳбарият ва қотилони ТТЭ ҲНИ- ро дар ин қазия муқассир медонанд ва дигар ҷойи баҳс ҳам нест. Далели бебаҳси даст доштани наҳзат дар тарҳҳои террористии солҳои навадуми асри гузашта, аз ҷумла куштори рӯзноманигорону олимон дар филми мустанади телевизионӣ (манзур филми мустанади ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, 8 августи соли 2017 аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ пахш гардида буд), пурра инъикос ёфтааст. Шоҳидон дар филми мустанади телевизионие, ки 8 августи соли 2017 намоиш дода шуда буд, ошкоро аз ҳузури бевоситаи раёсати ТТЭ ҲНИ ва ҳомиёни пасипардагии он дар ибтидои солҳои навад сухан ба миён оварда, бар он ишора намуданд, ки дар таъсис додан, тамринҳо гузаронидан ва билохира ба марҳилаи ниҳойӣ расонидани гурӯҳҳои махсуси қотил раҳбарияти вақти ТТЭ ҲНИ даст доштанд.

Отахон Латифӣ ҳамчун журналисти ҳирфаӣ хуб медонист, ки рӯзноманигор нафарест, ки бо воқеиятҳои замонию маконӣ рӯбарӯст ва дар асоси воқеият ва ҳақиқати зиндагӣ ба масоил бархӯрд мекунад. Ҳадафи рӯзноманигоре мисли устод Латифӣ, пеш аз ҳама, баёни воқеиятҳои давру замон будааст. Ӯ бо беадолатӣ ва зулму истибдоди дохилию берунӣ дасту панҷа нарм намуда, дар ин раҳ ҷон бохт. Равоншод Отахон Латифӣ тавассути ҳақгӯйӣ ва воқеиятнигориаш, ки аз ихтисос ва мушаххасоти шахсиятии ӯ маншаъ мегирифтанд, боиси ангезиши ҳассосиятҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳ, фурсатталаб, дасисабоз ва иғвогару тавтеасоз гардид ва онҳо, вобаста ба фурсатҳои муносиб аз ӯ дар шакли террори физикӣ – ҷисмонӣ интиқом гирифтанд. Боз даҳсолаҳо ва садсолаҳо мегузаранд ва мардум ва ҷомеаи мадании тоҷик террорҳои рӯзноманигорони варзида, аз ҷумла қатли устод Отахон Латифиро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард ва омилони ин навъ кушторро як умр нафрин хоҳанд хонд. Бо гузашти солҳо аз марги устод Латифӣ ҳанӯз ҷойи ӯ дар журналистикаи миллӣ холист ва ҷомеа ҳаргиз кору пайкори беғаразонаи ӯро фаромӯш нахоҳад кард. Рӯҳи устод шод бод.

Субҳиддин Зиёев,

номзади илмҳои филология

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь