Охири апрел – аввали маи соли 2003 буд. Ба Тоҷикистон омадани сарони давлатҳои Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғистон – падидаи таърихӣ буд. Гуфтугӯй ва ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои муҳим дар сарзамини мо худ нишонаи равшани эҳтирому эътимоди ин кишварҳои Авруосиё ва Кавкоз буд нисбати Тоҷикистоне, ки вақтҳои охир дар миқёси байналмилалӣ тавассути Президентмон дар парастишу таҳкими сулҳу амният ва сиёсати инсондӯстӣ ташаббусу фаъолияти зиёду судманд зоҳир менамояд. Ин вохӯриро бе шак метавон ҳамчун намунаи муттасил амалӣ гардидани идеяи гуфтугӯи тамаддунҳо муаррифӣ кард. Агар тафсири ин падидаро ба истилоҳи мусиқӣ гӯем, он гоҳ метавон ин вохӯриро ҳамчун таъсиси ансамбли нави сиёсӣ арзёбӣ кард.

Дар муродифи ҳамин ансамбли олимақом ба муддати кӯтоҳ ба Душанбе омадани вилианчелнавози машҳури ҷаҳонӣ шаҳрванди америкоии чиннажод  Йо-Йо Ма ва ансабли ӯ “Роҳи абрешим” -ро низ метавон чун падидаи хеле муҳими сёсӣ донист.

Чаро сиёсӣ?

Давоми матн пас аз блоки реклама

– Аз он боис, ки ҳунар ҳам сиёсат аст, сиёсати фарҳангӣ. Ва шояд сиёсати мавзунтару амиқтар ҳам бошад. Зеро сиёсати расмӣ бештар ба ирода ва ақл кор дорад, сиёсати фарҳангӣ бошад тавассути ҳадсу ҳиссиёт ва образҳои бадеӣ ба тафаккуру ирода таъсир  мерасонад. Аз ин ҷиҳат, вай сиёсати фаррохтар ва амиқтар аст. Омадани Йо-Йо Ма бо ансаблаш боз аз он хусус падидаи сиёсӣ аст, ки ин ромишгари мумтоз таи чанд сол пайваста мекӯшад маҳз дар мусиқӣ ва тавассути он консепсияи гуфтугӯи тамаддунҳоро таҳкиму татбиқ кунад. Ва дар ин ҷода ба муваффақиятҳои беназир низ ноил гаштааст. Ба ин хусусан барномаи консертие, ки 1 маи соли 2003 пешкаши шунавандагони ҳазорнафараи душанбегӣ ва меҳмонони пойтахт гардид, далолати равшан аст…

Бояд арз кунам, ки банда мусиқишинос нестам. Ва рӯзноманигор ҳам не. Интизор будам, ки расонаҳои хабарӣ ва мисиқишиносони ҳамон давр пеш аз ба кишвари мо ташриф овардани Йо-Йо Ма ҷомеаро ба пешвозгирии сазовор огоҳу омода месозанд. Вале ишон ё аз омадани Йо-Йо Ма хабар надоштанд ва ё ҳанӯз зери таъсуроти вохӯрии сарони давлатҳо буданд, ки як рӯз пеш аз омадани ромишгарон бо натиҷаҳои хеле ҷолиб анҷом ёфта буд. Дар ҳар сурат аз чӣ сабаб бошад, ки омадани Йо-Йо Ма ва ансамбли “Роҳи абрешим” дар расонаҳои хабарӣ инъикоси зарурӣ наёфт.

Ба Душанбе омадани ромишгарони машҳуру мумтози баландмақом монанди Йо-Йо Ма аз он ҷиҳат падидаи муҳим буд, ки ҳунармандони баландмақоми ҷаҳонӣ Тоҷикистони азизи моро ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ, рӯ ба мардуми фарҳангсоз шинохтаанд ва ба таҳкиму болоравии дастовардҳои он саҳм гирифтанианд. Умед буд, ки бо омадани “Роҳи абрешим” минбаъд сафарҳои ҳунарии ҳунарпешагони баландмақоми ҷаҳонӣ бештару муттасил мегардад.

Дар қайдҳои зерине, ки барои хонандагони арҷманд пешниҳод карданиям, мехостам чанд таассуроту андешаҳоямро вобаста ба омадани Йо-Йо Ма ва мусиқии ӯ иброз намоям. Вале бори дигар такрор мекунам, ки мусиқишинос нестам. Аз ин лиҳоз, мушоҳида ва арзу баёни ман дар мавзӯи шинохти мусиқӣ сирф хусусӣ ва нокомилу хом аст, ҳирфаӣ намебошад. Вале чун ҳам рӯзноманигорон ва ҳам мусиқишиносон дар дарку тафсири ин воқеаи хеле муҳим бар лаб мӯҳри хомӯшӣ зада буанд, наметавонам бетараф бошам. Зеро омадани Йо-Йо Ма нафақат базми суруду мусиқӣ, нафақат пазируфтани Тоҷикистони рӯ ба тарққӣ оварда, балки боз сабақ буд.

Дар ибтидои консерт начандон ӯҳдабароёна ба тоҷикӣ сухан кардани Йо-Йо Ма маро ба ташвиш овард. Гумон кардам, ба қавли мардум “артистӣ” мекунад, худашро пеши ом ширин карданӣ мешавад. Вале баъд, чун дидам, ки чӣ тавр мусиқӣ менавозад, фаҳмидам, ки ин зайл марди баҳунар ба воситаҳои арзони обрӯгирӣ ниёзе надорад. Фаҳмидам, ки ӯ самимона мехост бо порсигӯияш пеши мо тоҷикон эҳтиром гузорад.

Ман дидам, ки Йо-Йо Ма воқеан лидер буд: ҳам сарвари ансамбл ва ҳам дар истеъдод беҳамто. Вале ӯ хеле фурӯтан буд, зеро ҳамеша мекӯшид, ки ҳозирин ҳамкасбони ӯро, ки дар синну сол аз ӯ ҷавонтар менамуданд, бештар бишносанд. Вале пеш аз ин хулоса, бояд иқрор шавам, ки пеши ин ҳунарпешаи бузург дуюм бор гуноҳ кардам. Кирми шубҳа баргҳои эътимодамро нороҳат мекард. Боз мегуфтам ба худ, ки шояд ин дафъа “артистӣ” мекунад. Вале кадом як чизаке маро аз ин зайл гумон худдорӣ мекард. Ӯ метавонист консерташро бештар бо иҷрогарии худаш мураттаб созад, вале барнома тавре сохта шуда буд, ки дар он ҳар иҷрогар ҳам копозитсияи худаш ва ҳунари иҷрогариашро намоиш диҳад.

Таассурот аз консерти “Роҳи абрешим”

Гирдоби зиндагӣ мову шуморо, ҳамватанони арҷманд, чунон ба талвосаву васвасаи ҳаррӯзааш чарх занонда, фурӯ бурдааст, ки барои шунидани мусиқии “зиндаву” амиқ чандон вақте ҳам намеёбем. Танҳо дар кадом як ҳолатҳои хеле кӯтоҳ ва на ҳамеша гуворо тавассути радио ё магнитофон ё агар омад кунад, дар кадом нишасти ҳунарие кадом навое ба гӯшамон мерасад ва беихтиёр онро гӯш мекунем ва заррае ҳам бошад гирогириҳою талошҳои бозори зиндагиро фаромӯш месозем ва худро дар дарёи мусқӣ, дар баҳри хаёлот ғарқшуда мебинем.

Дар ҳар сурат то ҳамин рӯзҳо банда худамро мисли хасаке медидам, ки ҷарайёни пурталотуме мани беиродаву беҳаракатро куҷое мебурду мебурд. Ансамбли “Роҳи абрешим” маро ба худ овард. Ҳар оҳанги навбатие, ки иҷро мешуд, ба вуҷудам воридшуда, маро ба Манам оштӣ месохт, ҷӯр мекард, рӯҳ мебахшид ва ҳаловат. Ҳамин ҳамҷӯрӣ ба ман аввал тавассути мушоҳидаи зоҳирии ҳамдигарфаҳмии ромишгарони ансамбл ворид шуд. Ромишгарон танҳо бо ним ишора якдигарро мефаҳмиданд. Ҳарчанд, бештари асарҳо дар пояи бадеҳанавозӣ (импровизатсия) сурат мегирифт, вале мани дар мусиқӣ камсавод ягон бор садои дурӯғу ноҷӯрро нашунидам. Ҳарчанд, идоракунии Йо-Йо Ма ҳама вақт мушоҳида мешуд, вале ман дидам, ки ҳар як ромишгар дар алоҳидагӣ худаш истеъдоди олӣ дорад.

Бештари навоҳое, ки иҷро мешуданд, дар назари аввал бароям шинос менамуданд. (Барнома бештар аз мусиқии муғулӣву чиниву ирониву туркӣ мураттаб ёфта буд). Вале мусқии гӯё шинос дар таҳияву иҷрогарии тоза ҷадиду навин ба гӯш мерасид. Масалан, борҳои зиёд садои асбобҳои зарбиро шунида будам. Вале копозитсияи Сандип Дас, ки дар паҳлӯи таблаи ҳиндӣ, ки худаш онро хеле моҳирона менавохт, боз дойра, тавлак, нағора ва бубени зангӯладори лӯлиён чунон дилрабо ва маънидор садо медод, ки мислашро то ин дам нашунида будам. Бадеҳанавозии асбобҳои зарбӣ воқеан гуфтугӯи тамаддунҳоро мемонд. Дар маводи иттилоотии ансамбл, ки доиркунандагони консерт ба ҳозирин тақдим карданд, худи Сандип Дас роҷеъ ба ин асари хеш чунин гуфтааст: “Ман тахмин кардам, ки тоҷирон ва ё сайёҳони қадимае, ки дар “Роҳи абрешим” ба ҳам во мехӯрданд, ба тарзи хеле сода бо ҳам мулоқот мекарданд, яъне тавассути ритм”. Ана ҳамин тавр асбобҳои зарбӣ бо ҳам гуфтугӯй мекарданд: аввал ҳар кадом алоҳида, сипас ҷуфт-ҷуфт ва дар поён ҳама зарбҳо якбора ритми мутантан, ритми якдигарфаҳмӣ, ритми рафоқату дӯстӣ менавохтанд.

Дар рафти иҷрои тавлаку доира, ки асбобҳои маъмули тоҷикианд ман аз истеъдоди иҷрогарии ҷавонони аврупоӣ дар ҳайрат будам. Онҳо тавассути ин асбобҳо метавонистанд ин қадар садоҳои аҷибро тавлид кунанд, ки ман то ин дам аз доиразан ё тавлакнавози тоҷик кам дар кам шунида будам. Зарбзанони “Роҳи абрешим” гоҳ ба маврид асоси чӯбини доираро, масалан, мушт мезаданд, ё ангушти тарро ба пардаи он соиш медоданд ва боз чандин техникаи наву ба мо ношинос. Вале ҳамаи ин ба тавлиди мусиқии рӯҳбахш, ба тавлиди образи бадеӣ тобеъ кунонида шуда буд, ки кайфияти даҳчанд мебахшид…

Хонуми муғулӣ дар сару либоси дилрабои миллии хеш аз таронаҳои мардумии ватанаш суруде бихонд. Борҳо мушоҳида кардаем, ки одатан тамошобинони камзавқ дар рафти шунидани суруду навоҳои бегонаву нофаҳм беадабие зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ, бо садо додани бандҳои аввали суруди муғулӣ дилам гум зад. Метарсидам, ки ҳозирин сурудхонии ғулғуладори хонуми зеборо, ки шуниданаш барои издиҳом одат нашуда буд, нафаҳмида, механдад ва бефарҳангии худашро фош менамояд ва шарманда мешавем. Вале аҷаб мӯъҷизае! Тамошобинони ҳазорнафараи толори консертии Кохи Ваҳдат ҳамон рӯз хомӯшона сурудхонии нофаҳмои муғулиро гӯш карданд ва боадабона кафкӯбиҳо карданд. Мардум, бубахшед мани шаккокро! Дилам месӯзаду чунин мегӯям! Аз ин ваҷҳ мехоҳам чунин гумон дошта бошам, ки худи сурудхонии хонуми муғулӣ (Хонгорзул Ганбаатар), ки овози хеле мафтункунанда дошт, сабаб шуд, ки мардум ҳунари волои ӯро бо адабу эҳтироми ғайричашмдошт пазируфт.

Умуман, шояд гапи камасос бошад, вақте ки мегӯянд: мардуми одӣ ҳунари баланди касбиро намефаҳмад. Банда ба ақидаи зайл бештар майл дорам, ки чизи асил новобаста аз завқу тавоноии олами ботин мо мухлисонро ба фазояш мекашад. Моро ҳадсан ба фазои зебоии асил мебарад. Ва ҳатто агар ба дарки амиқи он мо ҳанӯз омодагии комиле надошта бошем ҳам, вале чизе ба мағзу ҳуши мо муҷда мерасонад, ки оне ки мебинӣ ва мешунавӣ – аз моли зебоии кайҳонӣ, зебоии қудсӣ аст.

Филми мустанади “Тоҷикфилм”, ки “Кино” ном дорад,  ба хотирам омад. Дар он киномеханики бадахшӣ бо мошин сӯи чарогоҳи дурдасте рафта ба чӯпонон филми “Гамлет”-ро намоиш медиҳад. Дар назари аввал гӯё  “Гамлет” куҷову чӯпонҳо куҷо. Вале дар рафти филм мо мушоҳида мекунем, ки чупонон ва аҳли хонаводаашон дарди шоҳзодаи даниягиро хуб дарк мекунанд, балки ба ӯ ҳамдард мешаванд, дар чашмонашон ашк ҳалқа мезанад, қамчини дастонашонро сахтар мефишоранд, гӯё омода мешаванд, ки ба дифои ин ҷавони азияткашида бархезанд…

Хулоса, чизи асил бе шак ба дилу рӯҳи мо раҳ меёбад. Бахусус, агар сухан аз мусиқӣ меравад. Ҳамон рӯз, рӯзи 1 маи соли 2003 воқеан, барои ҳозирини Кохи Ваҳдат ид буд иди Мусиқӣ, Мусиқӣ бо ҳарфҳои калон.

Ҳозирин, масалан дар ҳайрат монданд, ки навозандаи хитоӣ хонум Ву Ман тавассути асбоби торӣ, ки “пипа” ном доштааст, бо панҷ панҷааш ба торҳо нохун зада садоҳо ва навоҳоеро эҷод мекарду касро ба самоъ мебурд. Ин асбоб гӯё пур аз тарона буд ва Ву Ман медонист, ки чи тавр он таронаро аз асбоб рӯёнад ва ба шунаванда пешниҳод кунад. Ин хонуми мавзуну сарвқад он чунон ғайрат кард, ки ба гӯши мо садои дили мардуми Чинро бо тамоми тапишҳову навозиш, пур аз меҳру муҳаббат, бо тамоми дарду шодиаш бирасонад. То ин дам ривояте шунида будам, ки скрипканавози машҳур Николо Паганинӣ гӯё дар рафти навохтани асбобаш аз лиҳози рангорангии садоҳо ва полифония онро ба оркестр табдил дода метавонистааст. Вале мани шаккок ин вазъро ҳеҷ тасаввур карда наметавонистам. Вале ҳамон шаб хонум Ву Ман ба оркестр табдил додани як асбобро намоиш дод. Толори азими консертии Кохи Ваҳдат аз нағмаҳои латифу дилнишини “пипа” хомӯшу мафтун буд. Аз ин хотир, вақте, ки нағмасароии “пипа” қатъ гардид, баъди лаҳзаи сукути ҳаяҷоннок толор таркид дар кафкӯбӣ. Ҳозирин гӯё болу пар пайдо карда буданд ва кафкӯбӣ не, балки парвоз кардан мехостанд…

Шейн Шанхан – тавлакнавози амрикоӣ навоҳои ҷолиби туркиеро дар хиёбону кӯчаҳои суннатии Истамбул шунида барои асбобҳои мухталифи ансабли “Роҳи абрешим”, ки онҷо баробари қонуну камонча, наю қӯшнай ва доираву тавлаки форсиву тоҷикӣ боз “пипа”-и чинӣ, контробасу, алту, скрипкаву вилиончели урупоӣ иштирок доштанд, аранжировка ё мутобиқ кунонда шуда буд. Композитсияи мазкур, ки нағмаҳои ҷудогонаи қонуну най, пипаю тавлакро дар худ меғунҷонд, фазои зебо ва пурмаънии шарқиро таҷассум сохт. Балки дар он мусиқӣ навоҳои шиноси ватаниро шунидам. Дар он ман ҳамон зебоӣ ва тамкини хирадмандонаро, ки дар мақомҳои форсию тоҷикӣ ҳаст, мушоҳида кардам.

Балки он композитсия тамошобинро ба шунидани шоҳасари дигари “Роҳи абрешим” – “Шабҳои фирӯзини Нишопур” (маллифи композитсия бастакори теҳронӣ Кайҳон Калхор) овард. Мусиқии суннатӣ дар иҷрои ҳам асбобҳои сирф форсӣ ва ҳам урупоиву ҳиндӣ аввал оҳиста-оҳиста ва бо садои паст ба фазо печид. Ансамбл дар воқеъ, ҳозиринро ба фазои шабҳои фирӯзини Нишопур бурд, ки пур аз шеъру тарона, пур аз рақсу самоъ ва ҳикматҳои орифона буданд. Шабҳое, ки аз баракати онҳо Аттору, Хайём ва умуман назму мусқӣ ва ҳикмати олии порсӣ ғизо гирифта. Он “шаб” – шаби муборак, шаби баланд шудани мақомҳои Борбаду Накисо буд.

Чу дар дастон “Шаби Фаррух” кашидӣ,

Аз он фархундатар шаб кас надидӣ.

Низомӣ Ганҷавӣ

Аҷаб шиносу ношинос буд ин таронаи шаб! Ба торҳои дил нохун мезад, гоҳ тапиши онро метезонд ва гоҳе осуда месохт. Бӯи ватан мекард. Бӯи ҳикмати форсиву тоҷикӣ. Моро ба худамон, ба маънавиёти гузаштаву ҳозирамон мешиносонид. Чи ширин афсона мегуфт, ба ваҷҳ омада! Моро мадҳ мегуфт бо эҳтирому арҷмандӣ. Ифтихори моро аз фарҳанги хеш меафзуд. Ва оташи он шаби ҳикматолудаи рамзиро дар анҷумани Кохи Ваҳдат меафрӯхт…

Пас аз он навою таронаҳои дигар пайваста садо медоданд. Ва яке аз дигаре беҳтар. Яке аз бурдҳои амиқи Йо-Йо Ма ва ансамбли ӯ дар он буд, ки лаҳни гузоришҳо бо вуҷуди нигаҳ доштани “матни” асили мусиқии суннатӣ, дар сабку аранжировкаи муосири урупоӣ, бо тақвияти асбобҳои урупоии касбӣ садо медод. Тафаккури мусиқӣ дар ансамбл дар шакли омезиши мавзуну табии Шарқу Ғарб сурат гирифта буд. Ва ҳам ҳунари иҷрогарии ҳар як узви ансамл дар сатҳи хеле баланд меистод. Тавре, ки аз маълумотномаи ансамбл рӯшан шуд, ҳар кудом аъзои ансамбл дар кишвари худаш намояндаи барҷастаи мусиқӣ будааст.

Бурди дигари ансамбл дастгоҳҳои садобардорӣ (микрафон) буданд. Банда маҳз дар ҳамин консерт ба ҷиддӣ будани кори садобардорӣ қоил шудам. Пеши асбоби ҳар иҷрогар микрафони алоҳида меистод ва коргардон дар толори тамошобинон нишаста, баланду пастшавии онро идора мекард. Гӯё ҳамин корро дар рафти консертҳои мо низ мекунанд. Вале фарқ дар он аст, ки микрафонҳои ансамбли “Роҳи абрешим” ба истилоҳ микрафонанд, на баландгӯяк…

Мутаассифона, ҳамон шаб дар поёни консерт тамошобинон шоҳиди яке аз номераҳои маъмули иҷрогарии тоҷикӣ гардиданд. “Гуфтугӯи орифу шайхи буддоӣ” ном дошт он асар ва он расман ба барномаи Йо-Йо Ма ворид шуда буд. Муаллифаш бастакори ҷаҳоншинохтаи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ буд. Устод Толиб худаш дерижёрӣ мекард. Ва баъди анҷоми композитсия ӯ оҳи сарде кашиду зуд саҳнаро тарк кард.

Чаро?

Маҳз дар ҳамин номераи консертӣ ҳама норасоӣ ва носозгории ҳунари мусиқии классикии полифонии тоҷик аён гашт.

Асари мазкур натанҳо аз нигоҳи зоҳир, балки аз нигоҳи худи консепсияи мусиқӣ ба назарам нокомил буд. Беш аз ҳама гузориши шайхи буддоӣ шунида мешуд. Аз гузориши орф агар буд, вале чизе дар хотирам намодааст. Дар ҳар сурат мусиқие, ки садо медод ба гӯши ба мусиқӣ ҳанӯз ром нашудаи камина ҳамин тавр расид. Сарфи назар аз ин худи ба худ ҳар кадом – оркестри камеравӣ алоҳида ва ҳунармандони ҳиндуӣ – алоҳида хуб буданд. Вале ҳадаф ин буд, ки гуфтугӯи тамаддунҳо дар он ва ё тавассути он бояд зоҳир мешуд. Дар мусиқии устод Толиб Шаҳидӣ, ки бештар импровизатсияро мемонду табланавози ҳиндуӣ (Васӣ Аҳмад Хон бешак иҷрогари беҳамто!) аз лаҳзаи дар оғози номера ҷӯр кардани микрофон маълум буд, ки мехоҳад худнамоӣ кунад. Дар ин номераи консертӣ гуфтугӯй ва мусоҳибаи сивилизатсия набуд. Оркестр бештар вазифаи бавуҷуд овардани фазоеро дошт, ки мебояд табла ва рақси орифонаи ҳиндӣ (раққос – Кумар Чаттерҷӣ) иҷро мешуд. Ман шояд хато мекунам, вале иҷрогарони бахши Тоҷикистону Ҳиндустон, ки аз омадани Йо-Йо Ма ва дастаи ӯ пешакӣ хабар доштанд, бояд омодагӣ мегирифтанд, репититсия мекарданд.

Аз тарафи дигар мусиқинавозонро гунаҳкор кардан нашояд. Ин вазъ – падидаи табииву рамзиест барои Тоҷикистон, ки ҳунару хусусан мусиқии касбӣ, мусиқие, ки дар тӯю маъракаҳо иҷро карда намешавад, мусиқие, ки ғояҳои нави консептуалӣ дорад, аз эҳтимом берун монда. Аз сабаби истифода накардани микрафонҳои асил садои оркестр хеле пасту норӯшан ба гӯш мерасид…

Вале дар ҳар сурат хушнудам. Косерти “Роҳи абрешим”-ро фаромӯш намекунам. То ҳанӯз композитсияҳои зебояш дар вуҷудам садо медиҳад. Гумон мекунам баъди пош хӯрдани империяи Шӯравӣ ин аввалин консерте буд, ки банда мусқии асилро дар иҷрогарии олимақом мешунидам. Он рӯзҳо кайфияти рӯҳиям ба дараҷае баланд буд, ки мехостам парвоз кунам. (Бо чандин дӯстоне, дар ин консерт ҳузур доштанд, дар ин мавзӯъ сӯҳбат доштам. Ҳама мисли ман дар ваҷҳ буданд). Тавассути мусиқии Йо-Йо Ма ва ансамбли “Роҳи абрешим”, ки аз нигоҳи маънӣ орифона буд, ман мисле ки худою худамро шинохта будам. Зиндагӣ бароям ширину дунё ба назарам зебо тобид.

Ба назарам модел ё намунаи ҳунар ва бахусус мусиқии Панҷекати бостонӣ метавонист ба тариқи сода ҳамин зайл бошад. Ин аз бошуурона дарк кардан ва ба амал баровардани идеяҳои гуногунфарҳагӣ дар мусиқӣ шаҳодат медод, умумияти фарҳанги мусиқии халқҳо ва дар айни замон хусусияти этникии интонатсияҳоро таъкид мекард.

Дар замони имрӯза, ки саросар сиёсати кину адоват, тунду ҷангхоҳӣ фаро гирифтааст, сиёсати ваҳдату хайрхоҳӣ ба якдигар, сиёсати инсондӯстӣ ва ҳамзистии бунёдкоронаи мусиқӣ, сиёсати Шоҳроҳи Абрешим сиёсати шоистаи таҳсин мебуд.

Умедворам, ки дар Тоҷикистони азиз низ, ки аз фарзадони баистеъдод бенасиб нест, ҳамин зайл ташаббуси ба вуҷуд овардани “консертҳои” рамзӣ, рӯҳбахшро хоҳем диду шунид. Ҳатман хоҳем дид ва шунид! …

Саъдулло РАҲИМОВ,

профессор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here