Шумо дар Бухорои шариф будед?
Манораҳои баланд-баланди шаҳри қадимӣ ва навқирони аз қаъри асрҳо омада расида афсункоранд!
Гумбазҳои дар дилатон ҳиссиёти маҳзунро бедорсозаш мафтункунандаанд! Одами маротибаи аввал ба Бухоро омада шаҳри фусункори аз гузаштаи дур омада мондаро дидагӣ барин дилашро нур фаро мегирад…
Дар ҳақиқат Бухорои шариф маскани муқаддас ва муборак аст. Дар шаҳри азими дар навиштаҳои бисёр шоирону алломаҳо тавсифшуда қадамҷою мазорҳои бисёр зотҳои табаррук, валиҳо, авлиёҳои кароматгӯй, дарвешҳои Ҳақро ва фақат ҳақиқатро хоста, аз баҳри дунёи фонӣ гузашта рафта ҳастанд.
Аз чунин зотҳои бузурги дар ин макони табаррук абадӣ маскангирифта маҳсубшуда, инсони орифи дар тамоми дунё бо номи Балогардон машҳуршуда пирамон ҳазрати Баҳоуддини Нақшбанд ба ҳисоб мераванд. Бобои авлиё Баҳоуддини Нақшбанд бо оқилию доноӣ, донишмандии бозаковаташон, олимию фозилиашон, кароматгӯйии бузургашон чаро номи Балогардонро гирифтаанд. Чаро баъзан одамон «Ё Баҳоуддини Балогардон», «Пирамон Балогардон мадад намоянд», гуфта, пасон кореро оғоз менамоянд. Охир ин хислати хоси Офаридгори ҳамаи бало-қазоҳоро дафъ менамудагӣ, ба инсонҳо қувваи рӯҳӣ ва ҷисмонӣ мебахшидагӣ аст-ку.
Ҳа, одамон аз рӯҳи авлиёҳои бузург, инсонҳои комил мададро интизор мешаванд. Лекин дар тафовут аз авлиёҳои дигар дар хаёламон чарх задани саволи:- Чаро айнан аз рӯҳи поки Баҳоуддини Нақшбанд дар бораи балою қазоҳоро дафъ намудан мададро интизор мешаванд?-табиист.
Яке аз авлиёҳои бузург бо номи Муҳаммад Бобои Самосӣ рӯзе аз рӯзҳо вақти аз як деҳаи шаҳри Бухоро баргашта истоданашон ба шариконашон нигариста, имшаб аз ин ҷо бӯи як мард омада истодааст. Ин инсони ба дунё омада истода дар оянда авлиёи бузург хоҳад шуд, гуфта башорат намуда будаанд.
Ҳақиқатан ҳам ҳамон вақт ҳазрати Баҳоуддин ба дунё омада будаанд. Дертар ҳамин авлиёи бузург Бобои Самосӣ ба ҳазрати Баҳоуддин як бӯрк, яъне қалпоқ медиҳанд ва мегӯянд, ки «Ин бӯрк бо баракати Шумо пайдо шудааст ва балою қазоҳоро дафъ менамояд». Ҳазрати Баҳоуддин маҳз барои ҳамин бо номи Баҳоуддин Балогардон машҳур мешаванд.
Баъзе одамон мулоҳазаи: «Ҳазрати Баҳоуддинро Балогардон гуфтан аз нуқтаи назари исломӣ дуруст нест»-ро ҳам мегӯянд. Дуруст, аввало ҳамагуна балою қазо аз Худо аст, онро гардондан ҳам, охир бо иродаи Аллоҳ амалӣ мешавад-да. Аз нигоҳи аввал ин мулоҳизаи хеле бомавқеъ аст. Аммо мувофиқи ақидаи тасаввуф илтиҷои авлиёю валӣ инсонҳои ба Аллоҳ нарасида дар ҳузури Аллоҳ зудтар қабул мешавад. Аз ин боис ҳам Балогардон будани ҳазрати Баҳоуддин рост аст ва дар замири «Рӯҳи Авлиёҳои бузург мадад расонад», «Пирон мададгор шаванд», гуфтани одамон ҳам чунин боварӣ маҳфуз аст.
Дар бисоти халқи донои мо дар бораи бобои авлиёи мо Баҳоуддини Балогардон ҳикояту ривоятҳо, нақлу афсонаҳо бисёранд. Дар ин мақолаи хурд баъзе аз чунин ҳикоятҳои пурҳикмат ва ибратбахшро овардан айни муддао мешуд.
Рӯзе аз рӯзҳо шӯҳрати пири бузурги мо ҳазрати Баҳоуддини Нақшбандӣ ба масҷиди калони як шаҳр омада мерасад. Одамон ба имоми масҷид: «Дар пешин ҳазрати Нақшбандӣ ба ҳамин ҷо омада намозро адо менамудаанд»,- гуфта будаанд, имом хеле ба ҳаяҷон омада, дарҳол ба сӯи хонааш равон шудааст. Ба хонааш расида, либосҳои навашро пӯшида, аз атри хушбӯй пошида, вақти акнун аз хона баромадан хостанаш ба ӯ занаш: «Кӯдаконатон аз саҳар боз гурусна нишастаанд. Шумо бошед, атр пошида рафта истодаед, кай нон мебиёред?»- гуфтааст. Имом каме фикр карда истода: «Майлаш, ҳозир мебиёрам»,-гуфта баромада рафтааст. Вақти ба роҳ баромадан боз омадани ҳазрати Баҳоуддинро ва ба он кас дар намоз имомӣ карданашро ба ёд оварда, кӯдаконаш аз хаёлаш фаромӯш шудаанд. Пас аз дар масҷид намози пешинро хондан одамон ба ҳазрат саволҳои бисёр додаанд. Имоми масҷид ҳам: «Ҳазрат шумо вақти имони комил гуфтан чиро мефаҳмед?»-гуфта пурсидааст. Ҳазрат Нақшбандӣ ба чашмони ӯ нигариста истода: «Имони комил дар хонааш кӯдаконашро гурусна партофта гаштан нест»,-гуфта будаанд.
Ривоят менамоянд, ки яке аз ҳукмдорони Ҳирот ба шарафи ҳазрати Баҳоуддин зиёфат ташкил намудааст. Лекин Баҳоуддини ба зиёфати шоҳ иштирокнамуда аз дастархон ҳатто мағзи нонро ҳам гирифта ба даҳонашон наандохтаанд. Вақти сабаби инро пурсидани шоҳ: «Касби худашон чист?»-гуфтаанд. Ҳукмдор ҳайрон шуда: «Ҳазрат, ман шоҳаншоҳам. Касбам ҳамин аст!»-гуфта ҷавоб додааст. Хоҷа Баҳоуддин: «Шоҳӣ касб нест, Довуд алайҳиссалом оҳангарӣ карда рӯз гузарондаанд. Нозу неъматҳои дастурхони шумо бо арақи пешонӣ ёфта мешуданд, ҳалол мебуданд. Узр, аз ин дастурхон тановул намудан ба мо ҷоиз нест»!,-гуфта аз зиёфати ҳукмдор баромада рафта будаанд.
Ҳа, бобои авлиёи мо ба ҳар кас соҳиби як касб шуданро ва ба воситаи ҳамин меҳнат нон ёфта хӯрданро тавсия намудаанд.
Аз Мавлоно Ҷалолиддин Холидӣ нақл карда мешавад, ки вақти маротибаи дуюм ба Ҳиҷоз рафтани ҳазрати Баҳоуддин мавлоно Холидӣ ба Насаф баргашта истода буданд. Вақти аз он кас: «Ба Бухоро ҳам меравед-мӣ?» гуфта пурсидани Ҳазрати Баҳоуддин он кас: «Хоҷа Баҳоуддин набошанд, ба Бухоро рафта чӣ кор мекунем?»-гуфта будаанд.
Дар хонаи ҳазрати Баҳоуддин молу мулк набуд. Ба мисли ғарибҳо ба сар мебурданд. Дар масҷиди муборакашон дар зимистон хошок буд, дар тобистон бӯйрои кӯҳна. Кӯзаи шикаста доштанд. Он зот хизматгор надоштанд. Вақти «Чаро хизматгор киро намекунед?»-гуфта пурсиданашон: «Ғуломӣ бо хӯҷаинӣ мувофиқ намеояд»,-гуфта ҷавоб дода будаанд.
Ҳазрати Баҳоуддин ба устоди худашон валӣ Мир Кулол ҳурмати беҳад доштаанд. Инро аз ин ҳикоят донистан мумкин аст. Ба ҳазрат устодашон дар хумдон алов даригронданро фармудаанд. Ҳаво гарм, вақти авҷи саратон будааст. Баҳоуддин вақти ба хумдон ҳезум чида истодан пӯстини давлати будаашон баҳисобрафтаи дар танашон бударо кашида ба оташ партофтаанд. Ин ҳолро дида, устодашон: «Эй фарзанд, ба хумдон даромада, пӯстинатонро гиред, ҳоло он ба шумо бисёр даркор мешавад»,-гуфтаанд. Баҳоуддин эътироз намуда: «Агар он санг ё оҳан мебуд ҳам дар хумдон аллакай об мешуд. Аз пӯстини ман ному нишон намондагист»,- гуфтаанд. Мир Кулол: «Эй фарзанди содиқ, дар ишқи Аллоҳ чандин солҳо боз сӯхта омада истодаед, лекин ба ин пӯстинатон он оташ таъсир накард. Ҳол он ки доим дар танатон ҳамин пӯстин буд. Оташи хумдон зинҳор-зинҳор он пӯстинро сӯзонда наметавонад. Чунки, машоихҳо: «Одами сӯхтаро маротибаи дуюм ба оташ намепартоянд», гуфтаанд. Натарсида ба хумдон дароед!»-гуфтаанд. Баҳоуддин «бисмиллоҳ» гуфта ба хумдони сӯхтаистода дароянд, ҳатто як мӯи пӯстинашон ҳам насӯхта будааст. Устодашон: «Эй фарзанд, ба қисми болоии дарвешон оташи ин дунё таъсир намекунад. Шумо барои аз қалби дарвешон ҷой гирифтан кӯшиш намоед оташи дӯзах шуморо сӯзонда наметавонад»,-гуфта будаанд.
Дар як ривоят дар бораи аз дастони Баҳоуддин якчанд сол нарафтани бӯи хок хабар дода мешавад. Чунки, он зоти шариф шабҳо пастию баландиҳои кӯчаҳоро бо кафҳояшон ҳамвор намуда, хасу хошок,, хорҳои дар роҳ хобидаро чида мегаштаанд. Мақсад аз ин, аз роҳ гузашта истода дакка хӯрда наафтидан, ё азият накашидани ягон кас ё одами нобино будааст. Ҳеҷ кас набинад, гуфта чунин корҳоро шабона ба ҷо меовардаанд. Чунки, хизмати дар роҳи Аллоҳ анҷомшавандаро донистани танҳо Аллоҳ ҷоиз аст. Мувофиқи ҳадиси шарифи Пайғамбарамон Муҳаммад алайҳиссалом «Гуноҳҳои аввалаю баъдии одами шохҳои хори дар роҳ хобидаро гирифта партофтаро Аллоҳ мебахшад», ҳазрат Нақшбандӣ чунин намудаанд.
Ҳазрати Шайх дар давоми умр шиори «Дил ба ёру даст ба кор»-ро ба пеш бурдаанд. Маънои ин ҷумлаи пурмазмун бояд «диламон ба Аллоҳу дастамон ба кор бошад» аст. Инсони дар дилаш ишқи Аллоҳ буда табиист, ки аз қабоҳату разолат, умуман аз ҳамаи хислатҳои қабеҳ дур мешавад. Дасташро ба кадом коре занад, интиҳо ва ибтидоро фикр менамояд, онро бо имон ном тарозуи дар дилаш буда бар кашида мебинад.
Бобои авлиёи мо дар давоми роҳи ҳаёти худашон фақат ва фақат маърифати исломӣ-хулқу атвори зебо, некӣ ва адолат, имону диёнатро ба оммаи васеи халқ тарғиб намудаанд. Ва ба шогирдону муридони худ «Ба шамъ монанд шав, токи ба ҳама равшанӣ бахшӣ, худат дар торикӣ бош», «Агар ба айби дӯст нигарӣ бедӯст мемонӣ, ҳеҷ кас дар дунё беайб нест», «Кори одами фикру хаёл менамудагӣ вазнин аст», «Дар сабр ба мисли нақора шудан даркор аст, ки он чӣ қадар шапалоқ нахӯрад, аммо бар хилофи одати худ овоз намебарорад», гуфта насиҳат намудаанд.
Дар ҳақиқат дар бораи зоти бузург, табаррук ва соҳиби дили соҳибҷамол, валиюллоҳ Хоҷа Баҳоуддини Балогардон суханҳои дунёро ҷамъ намоем, боб-боб китобҳо хоҳанд шуд, пайҳои ибратбахш ва муқаддаси ҳаёти ҳафтоду се солаи он зоти шарифро таърифу тасниф намоем, достонҳои бузург хоҳанд шуд. Аммо мо вақти ба ҳамин ҷо омадан суханамонро мухтасар менамоем…
Шумо дар Бухорои шариф будед?! Дар шаҳри манораю гумбазҳои қадимӣ ва мафтунсозаш бӯйҳои гузаштаи дурро ба димоғатон мепошидагӣ дар шаб, хусусан дар шаби ситоразор сайр намудаед?!
Шумо бо як хоҳиши мунис ва нек ба Бухоро ташриф оред, албатта қадамҳоятон шуморо ба қишлоқи Қасри Орифон мебаранд. Дар ин манзили муқаддас авлиёи бузург бобои мо ҳазрати Баҳоуддини Балогардон ба хоби абадият рафтаанд. Ҳар сол аз тарафҳои гуногуни ҷаҳон ҳазорҳо одамон барои зиёрат намудани мақбараи пири бузургамон меоянд. Вақти аз остонаи муборак барои ҳазратро зиёрат намудан қадам мондани шумо ба дилатон ким чӣ хел сафои илоҳӣ ҷорӣ гардида ворид мешавад. Ва ҳамин лаҳза мағалҳои дунёи ғурбатдошта дар зери гӯшҳоятон як дам хомӯш шуда, рӯҳатон нурафшон мегардад. Ба аз шарофати ҳазрати Нақшбандӣ будани ин сурури илоҳӣ ҳеҷ шубҳа наменамоед.
Ёқубҷон АБДУМАННОН
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ