Вақте аз Истиқлоли давлатӣ ҳарф мезанем, пеш аз ҳама, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотир меояд, ки гуфтаанд: «Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллии мо ба шумор меравад».
Дар ҳақиқат, Истиқлол боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар даҳ асри охир мебошад. Он муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи гӯёи озодии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат аст.
Дастовардҳои кишвари мо дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ барқарор намудани сулҳи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.
Бо шарофати Истиқлол ва баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мо ба дастовардҳои бузурги давлатдории миллӣ ноил гардидем. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва молиявӣ пазируфта шуд. Имрӯз ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар масъалаҳои об, экология, сулҳофаринӣ, татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ ва амсоли ин аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон ҳамовозӣ пайдо мекунад, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат аст.
Таҳлили таҷрибаи бисёр халқу кишварҳо нишон медиҳад, ки пойдории сулҳу ваҳдат, рушду инкишофи давлат ва устувор намудани инфрасохтори он кори басо мушкил аст ва муддати тӯлониро талаб мекунад. Тоҷикистон имрӯз аз лиҳози мавқеи геосиёсӣ дар чорсӯи бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва низомҳои сиёсию идеологӣ қарор дорад, аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими худ корҳои зиёдеро ба анҷом расонем.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки сиёсатмадорон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳли қалам ва кормандони васоити ахбори омма наврасону ҷавононро аз пайомадҳои талх, алалхусус, пайравии кӯр-кӯронаву ғофилона аз идеологияҳои бегона ва ғояҳои такмилёфтаи кишварҳои хориҷӣ пайваста ҳушдор диҳанд. Онҳоро огоҳ намоянд, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон арзишмандтарин дастоварди миллӣ аст ва халқи тоҷик онро бояд ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ҳамеша азизу муътабар донад.
Андешаи миллатсози ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ меорад, ки агар моҳияту мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру манзалати Истиқлоли давлатӣ, худшиносиву ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар як сокини мамлакат ҷой гирад. Агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими истиқлолу ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузорем, пас метавонем чун миллати воҳид бо асолату фарҳанг ва симои хоси худ миёни давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон мавқеи сазовор пайдо кунем.
Субҳон САТТОРОВ,
омӯзгори муассисаи давлатии таълимии
“Литсейи касбии махсуси маъюбон”