Соли 1992 буд. Хабар омад, ки як гурӯҳ соҳибкорони ҳинд бо сарварии муовини аввали Корпоратсияи ҳиндии “Татра” ба Ӯротеппа (Истаравшан) меоянд. Онҳо мехоҳанд бо роҳбарияти Корпоратсияи илмӣ – истеҳсолии “Истаравшан” вохӯрда, оиди сохтмони филиали Корпоратсияи “Татра” гуфтугӯ намоянд. Дар байни онҳо олими машҳури ҳинд, доктори илми таърих, пофессори Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳирлаъл Ливендра Каушник, ки донандаи забони русӣ ба сифати тарҷумон омада буд, низ шомил буд. Профессор Ливендра Каушник яке аз шогирдони Академик Бобоҷон Ғафуров буда, бевосита дар зери роҳбарии аллома Б. Ғафуров дар Москва зиндагӣ карда, соҳиби унвонҳои илмӣ гаштааст.

Аз ин сӯҳбат зиёда аз 30 сол гузашта бошад ҳам, новобаста аз гузашти вақт он кӯҳна нашудааст, аз ин сабаб лозим донистам, ки пешкаши ҳамдиёрон гардонам.

Ин олими намоёни зинд яке аз шогирдони вафодори алломаи машриқзамин Бобоҷон Ғафуров буда, солзои 1972-1974 зери роҳбарии академик Б.Ғафуров дар Институти шарқшиносии Академияи фанҳои СССР кор кардааст.

Нашриёти «Прогресс»-и шаҳи Москва монографияҳои Л.Каушникро бо номи «Осиёи Миёна дар марҳилаи замони нав» ва «Алоқаҳои таърихӣ, маданӣ ва иқтисодии байни Ҳиндустон ва Осиёи Миёна»-ро аз чоп баровардааст, олимони Москва бо ин олими ҳинд аз наздик шинос шуданд.

Вақте ки Бобоҷон Ғафуров бо ҳамроҳи як олими юнонӣ монографияи «Искандари Мақдунӣ ва Осиёи Миёна»-ро аз чоп баровард, Л. Каушник аввалин шуда ба он тақриз менависад. Устод тақризро хонда, хеле хурсанд мешаванд ва бо соядаст китоби худро ба Деҳлӣ мефиристонанд. Аз ҳамон вақт шиносоии онзо оғоз гардид ва баъдтар ба дӯстии абадӣ мубаддал ёфт.

– Дар ин донишгоҳ (Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳирлаъл, Неруи шаҳри Дезҳлии Ҳиндустон) аз соли 1979 боз кор мекунам. Ду маротиба кафедраи омӯзиши Иттифоқи Советӣ, Европаи шарқӣ ва Осиёи Миёнаро сарварӣ намудаам, – суханашро чунин оғоз кард ва идома дод меҳмон. – Баъди барҳам хӯрдани СССР ин кафедраро кафедраи Маркази омӯзиш ва тадқиқоти Россия, давлатҳои ИДМ, Осиёи Марказӣ ва Европаи шарқӣ меноманд.

Синну солам ба 65 наздик расидааст. Дар Ҳиндустон шахси ба 60 қадам гузошта, бояд ба нафақа барояд. Ба ман истисно карда, бо қарори ҳукумат боз 5 сол барои кор кардан иҷозат доданд. Соли оянда ин ҳуқуқ ба охир мерасад.

То ин муддат профессор шуда, дар университети шаҳри Ҷемпур, штати Регистон кор мекардам. Ду сол, солҳои 1972-1974 ба банда муяссар шуд, ки зери роҳбарии алломаи Шарқ, академик Бобоҷон Ғафуров дар Институти шарқшиносии Академияи фанҳои СССР кор кунам.

Мухбир: Шуморо ҳамчун мутахассис доир ба таърихи нави Осиёи Миёна хуб мешиносанд, дар ин бора чӣ гуфтаниҳо доред?

Профессор: Ҳамин хел гӯем ҳам хато намешавад. Ман кори худро аз омӯзиш ва тадқиқоти Осиёи Миёна сар кардам ва ҳатто мавзӯи дисертатсияи номзадиам ба Россия ва Осиёи Миёна таалуқдор буд. Баъдтар ба омӯзиши сиёсати миллии Осиёи миёна машғул шудам. Соли 1970 нашриёти “Прогресс”-и шаҳри Москва китоби навам “Осиёи Миёна дар марҳилаи замони нав”-ро аз чоп баровард, ки баъдтар бо забонҳои урду, панҷобӣ, банголӣ ва дигар забонҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд. Пас аз он боз ду китоби дигаре ба Осиёи Миёна бахшида навиштаам, ки “Осиёи Миёна дар давраи сотсиализм” ва “Алоқаҳои таърихӣ, маданӣ ва иқтисодии байни Ҳиндустон ва Осиёи Миёна” (аз аввали асри X1X то давраи советӣ) мебошанд.

Мухбир: Мӯҳтарам профессор, шиносоии шумо бо Бобоҷон Ғафуров чӣ гуна сурат гирифта буд?

Профессор: Вақте Б.Ғафуров бо ҳамроҳии олими юнонӣ монографияи “Александри Македонӣ ва Осиёи Миёна”-ро аз чоп баровард, ман ба он тақриз навишта будам. Бобоҷон Ғафуров тақризро хонда, хеле хурсанд мешаванд ва бо соядаст ҳамин китобашонро ба ман ба Деҳлӣ мефиристонанд. Аз ҳамон вақт шиносоӣ оғоз ёфта ва баъдтар ба дӯстии абадӣ мубаддал гардид.

Соли 1968 дар шаҳри Деҳлӣ тавассути ЮНЕСКО конференсияи байналхалқӣ оиди пайдоиш ва ташаккули Осиёи Миёна баргузор гардида буд. Дар он археологҳо, этнографҳо, антропологҳо, адабиётшиносон, умуман олимони шарқшинос аз Америка, Голландия, Туркия, СССР, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва ғайраҳо ҷамъ омада буданд.

Ман дар мавзӯи “Ҷараёни тараққипарварӣ дар адабиёти Осиёи Миёна то давраи советӣ” маърӯзаи илмӣ кардам ва дар он исбот намудам, ки ҷараёни тараққипарварӣ дар адабиёт новобаста ба таъсири дин, хеле пеш рафтааст. Аммо як гурӯҳ адабиётшиносони ғарб, ки дар конференсия ҳузур доштанд, зидди маърӯзаи ман баромад карданд ва маро зери тозиёнаи танқид гирифтанд.

Дар маърӯзаи иловагиам аз эпосҳои халқҳои Осиёи Миёна “Манас”, “Аломия”, “Гурӯғлӣ” ва шеърҳои таъсирбахши Умари Хайём бо мисолҳо нишон додам. Ва чунин шоирону донишмандон чун Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абай дар асарҳои тоинқилобии худ дар тарафи халқ буданд ва аз ҳаёти халқ менавиштанд.

Мухбир: Бобоҷон Ғафуров чӣ гуна ақида доштанд?

Профессор: Он кас дар толор ҳузур доштанду ба сессияи гурӯҳи кории мо сарварӣ мекарданд. Ногоҳ бинам Б.Ғафуров наздам нишастаанд ва гуфтанд: “Маърӯза олиҷанаб, бигзор танқид кардан гирад. Ман бошам, ба ҳимояи маърӯзаи илмии Шумо баромад мекунам”.

Оҳиста “раҳмат” гуфтам. “Аввал гӯш кунед, ман чӣ мегӯям, баъд раҳмат гуфтан мумкин аст” – гуфта табассум карданд он кас.

Ҳамчун раиси сессия сухан гирифта, бо чунин мисолҳои мушаххас ба олимони Ғарб зарба зада, маро дастгирӣ кардаанд, ки то имрӯз гарчанде наздик ба 30 сол гузашта бошад ҳам, суханашон дар гӯшам садо медиҳанд.

Он солҳо ман дар Университети штати Регистон кор мекардам. Бинобар ин ҳангоми дар конференсия ширкат карданам бо Ғафуров дар як меҳмонхона ҷой гирифта будем. Ҳамон бегоҳӣ дари ҳуҷраи меҳмонхона оҳиста – оҳиста тақ-тақ шуд. Дарро кушода аз ҳайрат чӣ кор карданамро намедонистам. Охир дар рӯ ба рӯям алломаи шарқ Бобоҷон бо табассуми ба худ хос истода буданд.

Онҳо 4 нафар – Ғафуров, писари А.И.Микоян – С.Микоян, академик Левин ва Миша ном олими рус, фамилияаш аз хотиром фаромӯш шудааст, бо таклифи банда вориди ҳуҷра шуданд. Бобоҷон Ғафуров маро сахт ба оғӯш гирифта гуфтанд: “Дар толор ба оғӯш гирифта натавонистам. Бо маърӯзаи илмии ҳаққонӣ Шуморо табрик мекунам. Болшевикон ҳамин тарз ба мисли коммунистони ҳақиқӣ кор ва эҷод мекунанд”.

Бобоҷон Ғафуров дар ҳақиқат инсони бузург ва коммунисти асил буданд, на ба мисли Брежневу Горбачёв.

Ҳамон вақт бо шароити вазнини зиндагии ман шинос шуданд. Он солҳо оилаам дар шаҳри Тошканд буду ман дар Ҳиндустон. Ваъда карданд, ки ёрии амалӣ мерасонанд.

Саҳл вақт нагузашта таклифнома барои дар институти шарқшиносии Академияи фанҳои СССР кор карданро гирифтам. Дар ин вақт аллакай сазовори Лауреати Мукофоти ба номи Неру шуда будам, ки онро маҷаллаи “Индия” таъсис дода буд.

Таклифро хуш пазируфтам ва худи ҳамон сол, яъне соли 1972 ба Москва омада ба институти шарқшиносии Академияи фанҳои СССР ба кор шурӯъ намудам. Ба ман муяссар гаштааст, ду сол, аз соли 1972 то 1974 зери роҳбарии академик Б. Ғафуров кор кунам. Мо на танҳо чун олим якдигарро ҳурмат мекардем, балки чун бародарон эҳтироми хосае доштем.

Ҳеҷ аз хотирам фаромӯш намешавад, хабари писардор шуданамро шунида, маро табрик карданд ва гуфтанд: “Кӯдакро аз таваллудхона кай меоред? Ҳар вақте, ки аз таваллудхона ҷавоб диҳанд, такси накобед, мошини институт ба хидмат тайёр аст. Ман ба ронанда гуфта мемонам”.

Он рӯз фаро расид. Бо иҷозати Бобоҷон Ғафуров мошини сабукрави хизматии “Волга”-ро гирифта, сӯи таввалудхона равон шудем.

Ронанда дар роҳ назди гулфурӯшон таваққуф намуда, як гулдастаи зебое харид ва гуфт: “Ин тӯҳфа аз Бобоҷон Ғафуров”.

Дар таваллудхона ронанда гулро ба завҷаам супорида аз номи устод табрик ва маро бо кӯдаки навзод ба хонаамон овард. Хурсандии мо ҳадду канар надошт. Барои табрик падарам аз Ҳиндустон омаданд. Ба кӯдак ба шарафи Владимир Илич Ленин – Володя ном гузоштем.

Аз омадани падарам Бобоҷон Ғафуров воқиф шуда, ба хонаи мо омаданд ва шахсан завҷаамро бо таваллуди кӯдак табрик гуфта, бо падарам сӯҳбати хосае оростанд.

Ин шахси бузург аз нӯшокиҳои спиртӣ қариб чизе истеъмол намекарданд, бидуни винои тоҷикӣ, ки аз Тоҷикистон махсус барои ӯ меоварданд. Он ҳам бошад, як-ду қулт менӯшиданду халос.

Ҳамон рӯзи дар хона меҳмон буданашон ҳам қатрае вино гирифта нӯшбоди хубе оиди дӯстии халқҳо, дӯстию бародариамон ва тавлиди кӯдак гуфта, дили аҳли оилаи моро шод гардониданд.

Мухбир: Мавқеи Бобоҷон Ғафуров дар Ҳиндустон чӣ гуна аст?

Профессор: Пас аз ду соли кор дар институти шарқшиносии Москва бо оилаам ба Ҳиндустон баргаштан лозим шуд. Назди устод даромада, хоҳишамро арз кардам.

Он шахс ҷавобан гуфтанд: “Чӣ ҳам мегуфтам, ихтиёри рафтан ба худатон. Агар дар Ҳиндустон кор кардан ба дилатон занад, хабар диҳед, мо зуд шуморо боз ба Москва даъват мекунем”.

Пеш аз рахти сафар аз устод хоҳиш кардам, ҳар боре, ки ба Ҳиндустон сафар кунанд, хизматашонро ба ҷо меорам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Соли 1974 ман ба Ҳиндустон рафта, дар Университети штати Регистон ба кор даромадам. Аз ин сол то соли 1976 устод 3 ё 4 маротиба ба Ҳиндустон ташриф оварданд. Он шахсро кормандони сафоратхонаи СССР дар Ҳиндустон хуб пешвоз гирифта, ба меҳмонхонаҳо меоварданд ва каму беш хизматашонро ба ҷо меоварданд.

Боре барқия гирифтам ва устод хабар додаанд, ки бо рейси фалон ба Ҳиндустон парвоз мекунанд. Зуд аз ҷои корам ҳафт рӯз рухсатӣ гирифта, ба Деҳлӣ омадаму устодро дар фурудгоҳ дар қатори кормандони сафоратхона пешвоз гирифтам.

Ба меҳмонхона омадем ва ҳафт рӯзе, ки устод ин ҷо буданд, хидмати тарҷумонӣ кардам, аз ҳолу аҳволашон бохабар будам. То устод ба хонаи хоб даромада истироҳат накунанд, ман хоб намерафтам. Самимият ва хоксории устод буд, ки дар Ҳиндустон дӯстони зиёде доштанд.

Бо собиқ президенти Ҳиндустон Зокир Ҳусейн дӯстони хел назик буданд. Барои ба қабули Зокир Ҳусейн ворид шудан, ҳатто иҷозатномаи доимӣ доштанд. Сарвазир Индира Гандӣ Бобоҷон Ғафуровро хеле ҳурмат ва эҳтиром мекард. Ҳатто дар рӯзҳое, ки маъракаи интихоботи сарвазир мегузашту ба ояндаи кории Индира Гандӣ вобастагӣ дошт, вақт ёфта бо академик Ғафуров сӯҳбат орост.

Воқеа ин тавр сурат гирифта буд: баъди ба меҳмонхона ҷойгир шудан сафири СССР дар Ҳиндустон аз Ғафуров пурсид:

– Боз чӣ хизмат кунам?

Устод хоҳиш намуданд, ки агар имкон бошад, бо Индира Гандӣ вохӯрданро ташкил намоянд.

Сафир ҷавобан гуфт, ки он шахс хеле банд, маъракаи интихобот рафта истодааст. Ин кори ҳалношуданӣ.

Бобоҷон Ғафуров чизе нагуфта, сафирро гусел карданд ва аз ман хоҳиш намуданд, ки рақами телефони қабулгоҳи сарвазирро ёбаму ба қабулгоҳ гӯям: “Бобоҷон Ғафуров ба Деҳлӣ омаданд ва дар меҳмонхона, дар ҳуҷраи фалон ҷой доданд”.

Дар бораи қабул кардан ё накардани сарвазир ҳарфе назанам.

Ҳамин тавр хоҳиши устодро ба ҷо овардам. 10-15 дақиқа нагузашта, занги телефони ҳуҷраи меҳмонхона баланд садо дод. Гӯшаки телефонро бардорам, аз қабулгоҳи сарвазир Индира Гандист. Онҳо аз ман хоҳиш карданд, ки аз устод пурсам, ки кай вақт доранд, то бо сарвазир Индира Гандӣ хӯроки нисфирӯзӣ хӯранд.

Ман ба устод гуфтам. Он шахс каме фикр карда, “пагоҳ нисфирӯзӣ” гуфтанд. Соати ваъдагӣ фаро расид. Ман устодро то қабулгоҳи сарвазир ҳамроҳӣ кардам, вале чун тарҷумон вориди ҳуҷраи кории сарвазир нашудам. Ман тарзи роҳбарии оилавии сарвазирро эҳтиром намекардам.

Бобоҷон Ғафуров пеш аз он ки ба қабули сарвазир раванд, аз ҷомадон тӯппии чоргули тоҷикиро гирифта, ба сар монданд ва гуфтанд:

-Ман ба фарзанди халқи тоҷик монанд шудам?

Дар ин ҷо бояд қайд намуд, ки Бобоҷон Ғафуров дар ҳамаи қабулҳои давлатӣ ва расмӣ ба сар тӯппӣ мепӯшиданд.

Барои Индира Гандӣ бошад, як рӯймоли шоҳии хеле зебои истеҳсоли Тоҷикистонро барои тӯҳфа гирифтанд.

Сӯҳбат наздик ду соат давом кард. Ҳамин буд якчанд лаҳзаи хотираҳои ман нисбати Бобоҷон Ғафуров.

Мухбир: Ба хонандаҳои рӯзнома чӣ гуфтаниҳо доред?

Профессор: Пеш аз ҳама хушиҳои рӯзгор орзу мекунам. Ман боварии қатъӣ дорам, ки мушкилиҳои мавҷудаи имрӯза бартараф мешаванд ва мо онҳоро бо хушнудӣ интизор ҳастем.

Сӯҳбатнигор:

Сайфулло Маҳкамов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь