Тағоям Носир, аз афроди чор кас мешинохтагии гирду атроф ҳастанд, дар яке аз рӯзҳои хуби баҳорӣ ба хонаамон ба меҳмонӣ омаданд. Баъди пешвоз ва пурсупоси гарму ҷӯшон, ману модарам тағоямро ба хона даъват намуда, аз пешгоҳ шинондем.

Модарам дар як лаҳза дастурхон орост, қанду шириниҳои махсус барои меҳмононро овард, нони гарми навпухташударо дар байни дастурхон гузошт. Ман ҳам ба модарам ёрӣ расонидам ва чойро дам карда овардам. Баъд аз он ки чойро кашида, ба тағоям дароз намудаму нонро шикастам, ҳамин лаҳза баногоҳ чашмам ба пушти нон афтод, ки як пораи пушти он канда шуда, ба танӯр часпида монда будааст. Нонро ба даст гирифта, ба модарам рӯ оварда, гуфтам: “Очаҷон, ин нонро бинед… Тағоям пай бурда, зери лаб хандае кард ва ба гап даромад: “Эҳ, ҷиянҷонам! Бачаи мехондагӣ ҳастиву гапи мегуфтагиатро бин?! Нон ҳамеша чизи боқадр аст. Ту агар дар давраҳои ҷанг- солҳои 92-ум мебудӣ, ана баъд мефаҳмидӣ, ки нон чӣ арзиш дорад. Он солҳо шумтарин лаҳзаҳои зиндагии мо – тоҷикон буд.  Аз кунҷораву ҷуворӣ нон карда мехӯрдем. Дигар илоҷ надоштем, агар мисли ту нозу нуз мекардем, мурданамон яқин буд. Ҳамин рӯзҳои баҳориро дида, ҳамон рӯзҳои вазнин ба хотирам меоянд: ба хотири пайдо кардани қути лоямут ба куҳ мебаромадем то чукриву сиёҳалаф ё ягон навъи дигари неъматҳои баҳориро оварда истеъмол кунем ё бурда фурӯшем. Чизе нахӯрда, чанд километр роҳро тай карда, бандчаҳои чукрӣ ё сиёҳалаф меовардем. Ба Душанбе мебурдем то ҳеч набошад бо ягон нон (хлеб) иваз кунем. Он вақтҳо ҳар авбошу кӯчагард соҳиби яроқ буд. Ҳар касе ки яроқ дошт, худаш шоҳ буду табъаш вазир. Дуздиву ғоратгарӣ ба дараҷае авҷ гирифта буд, ки ҳисобаш гум. Касе намедонист, ки Ҳукумат чисту дар куҷост, зеро ҳар яроқдор худро  ҳукумат мегуфт. Дар рӯзҳои авҷи ҷанг 3 бародарам – Урватулло, Мустафо ва Нодир бемор буданд. Дар яке аз рӯзҳои моҳи феврал, ки дар куҳистон ҳанӯз барф бошиддат мебориду ба мавсими чукричинӣ кам вақт монда буд, хостам ба хотири ёфтани як даҳон нон ба шаҳр равам. Пиёда то Душанбе омадам. Дар назди бинои маркази савдои “Тоҷикистон”-и имрӯза, ки мо то ҳанӯз бо номи “Сум” мешиносемаш, як мағоза хурд буду онҷо нон тақсим мекарданд. Назди чойхонаи “Роҳат” истода будам, ки як мошини боркаш аз наздам гузашт. Диққат кардам, ки дар паси мошин бо ҳарфҳои калон “ХЛЕБ” навишта шуда буд. Аз пасаш давидам. Ба назди мағоза расидам, ки аллакай аз мошин нонро фароварда, ба мағоза медароварданд. Ҳоло гӯям шояд бовар накунӣ, аз даҳони тирезаи мағоза сар карда, ками кам 1000 нафар мард ва 300-400 нафар зан саф кашида буданд. Медонӣ барои чӣ? Барои нон, барои як даҳон нон… Ман ҳам ноилоҷ аз қафои сафи мардон рост истодам. Тахминан 200 нафарро ҷавоб доданд ё не ки “нон тамом шуд” гуфта, тирезаи мағозаро маҳкам намуданд. Ваҳ, чӣ шӯру чӣ балвое аз ҷониби мардум хест. Нолаву гиря сар шуд. Ҳама ба тирезаи мағоза часпиданд, қариб панҷараи тирезаро канда буданд, ки ногоҳ 3 яроқдор пайдо шуда, ба ҳаво тир кушоданд. Мижа ба ҳам задам, ки аз назди мағоза ягон одам намонду ҳама фирор карданд. Ман  умедамро аз он ҷо кандаму ба тарафи муқобили роҳ  рафтам. Назди мағоза омадам. Ваҳ, чӣ балое  буд. Дар халтаҳои орд нонҳоро андохта, ба жигуливу запарожестҳо бор карда истода буданд. Димоғам сахт сӯхт, ки охир, нон тамом нашудааст ку, ба куҷо мебурда бошанд. Ба сарам фикре омад, ки шояд бемории додаронамро  далел биёрам, ақалан  якто нон медодагистанд. Бо ҳамин умед ба дари мағоза рафтам ва мушкилиамро гуфтам, аммо онҳо ба ман нигоҳ ҳам накарданд. Фақат як яроқдор ба сӯям яроқро рост карда гуфт: Агар то 5 ҳисоб карданам аз назар ғоиб нашавӣ, ба он дунё мефиристамат. Ман бошам чун барқ аз наздаш дур шудам.  Ҳолатам намонда буд, диққат накардаам, ки рӯз аллакай бегоҳ шудааст. Ҳаво қасд кардагӣ барин, якто-якто барф бориданро шурӯъ намуд. Акнун дигар илоҷи ба деҳа рафтан набуд. Якумаш ин, ки дар дастам ноне надоштам, то ба хонагиҳо барам, дуюмаш ин, ки агар дар ин бевақтӣ роҳи деҳаро мегирифтам, дар роҳ ба дасти ҷинояткорон афтоданам яқин буд.

Ногаҳон ба хотирам расид, ки охир аммаам ҳамин ҷо, дар назди амфитеатр зиндагӣ мекунанд-ку. Бале, ба ҳамон ҷо меравам. Наход ки як шаб роҳ надиҳанд?! Ба ҷониби амфитеатр мерафтам. Ҳаво ҳам мисли он, ки “Тезтар гузар, ҳоло барф боронданиам”-мегуфтагӣ барин, шиддати барфро лаҳза ба лаҳза метезонид. Назди дараш расидаму дарро кӯфштам, аммаам дарро кушода, ба хона даъват намуданд. Хеле чақ-чақ кардем. Аммаам маро ба хонаи дигар гузаронданд, то хоб кунам. Хобам намебурд. Ногоҳ язнаам омад. Ба аммаам хитоб карда: эй, зан! Кист дар дохил? Киро овардаӣ?! Боз кадом хешат-дия…” Ман садои язнаамро шунидаму ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Сипас, садои аммаам баланд шуд: “Биёед, дадош, Носиршоҳ омадааст. Язнаам бошад, гуфт, ки занак ба ҷонам нарас! Ба ман фарқ надорад, ки ҳоло кӣ омадааст! Агар Хӯҷаи Хизр омада бошад ҳам, ба ман фарқе надорад. Инҷо барои авлоди ту меҳмонхона аст магар? Ҳозир гӯй, баромада равад, – гуфта, язнаам гӯё қасдан ба ман мефаҳмонда бошад, дод мезад. Ашки чашмонам шашқатор мерехт. Охир, ман магар хонаи вайро мехӯрда бошам?! Дилу ҷигарам месӯхт. Ҳайратзада  шудам, ки ман акнун ба куҷо мерафта бошам, дар ҳоле ки барф заминро сафед кардааст. Дари ҳуҷра кушода шуд, аммаам, намедонам, бо кадом забон Носирҷон! Хобат бурд? Бачам язнаат мегӯяд, ки ба хона ҳозир меҳмонони зиёд меомадаанд, агар илоҷаш бошад, Носирҷон ягон ҷои дигар ёбад!

Ҳасрат мехӯрдам, ки бо шиками гурусна ман ба куҷо меравам? Оҳ, лаънат ба ҷанг, лаънат ба худозадаҳои ҷангсаркардагӣ, онҳо аз ҳамин ҷанги ташкил кардаашон чӣ мегирифта бошанд? Ҳоло ман ки дар роҳ қатл карда шавам, гуноҳи ман ба гардани кист?

Оҳ, агар ватани ман дар оғӯши ҷанг намебуд, ман барои як даҳон нон 20 км роҳро пиёда тай карда меомадам? – ин суханҳоро ман замоне мегуфтам, ки аллакай ба болои китфам чор ангушт барф борида буду дар кӯча роҳ мерафтам. Ба истгоҳи назди амфитеатр расидам, дигар илоҷ набуд, соат 11-и шаб буд, на автобус мегузашту на дигар чиз. Дар истгоҳ хоб кардам. Менолидаму менолидам. Охир, гурусна будам, ман-ку майлаш, бародаронам ҳоло дар чӣ аҳвол қарор дошта бошанд?! Аз гиряи зиёд оби дидаам ба даруни куртаам мерехт. Барф мебориду меборид. Оромии шабро садои тирпаронии аз кадом дурӣ ба гӯш мерасидагӣ халалдор месохт. Умед надоштам, ки то саҳар зинда монам. Як поси шаб гузашта буд, ки баданам ба ларза даромад… “Моргазидаро хоб мебараду гуруснаро не – гуфтагӣ мақол ба хотирам омад.

Як илоҷ карда, шабро саҳар кардаам. Ба нахустин автобусе ки омада, дар истгоҳ истод, савор шудам. Намедонистам, ба куҷо мерафтам, аммо даруни автобусро гармтар пиндоштам. Хуллас, рӯзи дуюм дар мағозаи назди бинои Сирк дар навбат истодам ва 4 хлеб насибам гардид. Шодиям ҳадду канор надошт, нонро бӯй мекардаму аз бӯйи нони гарм ҳаловат мебурдам. Шукронаи Парвардигор мекардам, ки имрӯз маро ноумед накард. Як порчаи нонро хӯрдаму боқимондаашро ба зери бағалам гирифта, роҳ сӯи деҳа гирифтам…

Он рӯзҳо ҳам гузашт, вале асараш бар дилҳо монд. Шиорамон ин буд, ки: “Аз замин норезаҳоро чида мемолам ба чашм…”.

Барои ҳамин, ҷиянҷони қандам, қадри нонро асло фаромӯш макун. Худат ҳам надида бошӣ, ана ҳамон рӯзҳои ба сари мо омадагиро ба ёд биёр…

Ман ба нақли тағоям дода шуда, оламу одамро фаромӯш кардаам. Боз шудани дар маро ба худ овард. Модарам дар даст табақи чӯбин аз дар даромаданд. Табақи қурутобро оварда, ба рӯйи дастурхон гузоштанд. Додарам Муҳаммадҷон низ ба хона даромад. Танӯри гарми модарам ва деги ҳамеша ҷӯшонаш пеши назарам менамуду ба худ меандешам, ки он солҳои шум ҳазорҳо-ҳазорҳо танӯру дег хунук буд. Миллионҳо одамон аз  гуруснагӣ азоб мекашиданд…

Қаландар НОРОВ, Донишҷӯи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь