Дар миёни доманаҳои ҳамешасапедпуши қаторкӯҳҳои Бадахшон ва Ҳиндукӯш гаҳвораи яке аз кӯҳантарин фарҳангҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Ба бовари бисёре аз пажуҳандагони оини маздаясно хостгоҳи нахустин навиштаҳои Зардушт, сарзамини кунуни Тоҷикистон ва қисмате аз Бохтари қадим будааст. Ва чӣ басо ба гумони бархе Зардушт дар маконе перомуни шаҳри имрӯзаи Балх дида бар ҷаҳон кушодааст. Ҳарчанд дар бораи зодгоҳи ӯ пажуҳишгарон дидгоҳи яксоне надоранд.

Тамаддуни Амударё беш аз 4 ҳазор соли пеш бар каронаҳои ин рӯд реша давонид. Ва оҳиста-оҳиста доманаи паҳноваре аз кишварҳои имрӯзаи Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эронро дарбар гирифт.

Дар асри биринҷ мардумони ин сарзаминҳо ба бозаргонии сангҳои гаронбаҳо ба вижа лоҷувард ва фулузоти қалъагӣ ба боландагии чашмгире дастёфтанд. Ва тавонистанд бо ёрии ин доду ситадҳо дониш, фанноварӣ ва дороиҳои худро афзун намоянд.

Заргарон дар пайи солҳо кор дар рӯи мис дарёфтанд, ки бо омехтани андаке фулузоти қалъагӣ метавон ба метале дастёфт, ки устувортар ва ҷилобахштар аз мис бошад. Биринҷ барои сохти ҷангафзор то абзорҳои кишоварзӣ ба кор гирифта мешуд. Ва нақши барҷастае дар пешрафти тамаддунҳо иҷро намуд. Лоҷувардҳои нилгуни Бадахшон дар Тоҷикистон ва Ироқи кунуни то сарзамини Миср зиннатбахши гавҳарҳо ва кохҳои ҷаҳони бостон будаанд. Ин сангҳои гаронбаҳо аз роҳҳои кунунӣ ба баҳри Миёназамин ва сипас ба ҳудудҳои аврупо мерасиданд.

Дар паи шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён шаҳрнишинони паҳнои Вахш ё Амударё ба сатрапиҳои Бохтриш, Марғуш ва Суғд ҷудо гашта буданд. Виштосп падари Дорюши якум ба ҳангоми фармонравоии Куруши бузург ва Камбуҷия фармондори Бохтриш шинохта мешуд.

Пас аз чирагии Искандар ба Дорюши севум фармонравоии саросарии марзҳои Ҳахоманишиён ба дасти юнониён ва мақдуниҳо афтод. Ва бадин сон бистаре фароҳам шуд то фарҳанги ин мардумон дар бисёре аз шаҳрҳои ин императорӣ, густариш ёбад.

Аз ин пас дар марзбандиҳои юнониён сатрапиҳои Бохтриш ва Суғд ба ҳам пайваст шуданд. Ва дар девонсолории навин бо номҳои Батриё ва Суғдиё ёд шудаанд.

Искандарияи Амударё яке аз шаҳрҳоест, ки дар давраи фармонравоии Искандар таҳкурсии он бунёд ниҳода шудааст. Ин ҷойгоҳ имрӯз Ойхонум номида мешавад. Ва дар дурдастҳои 230 километрии Балх қарор дорад. Вайронаҳои Ойхонум дар асри 20-ум ба дасти яке аз хонҳои қундуз бо номи Сарвар Ношир пас аз асрҳо фаромушӣ ёфт гардид. Ва сипас бостоншиносони фаронсавӣ онро бозковӣ намуданд.

Бо марги зудҳангоми Искандар дар соли 323-и пеш аз мелод Императории Мақдунӣ чанд пора шуд. Ва миёни сардорони ӯ тақсим гардид. Дере напоид, ки Диё Дитус фармондори Суғд ва Бохтар низ аз селевкиён эълони истиқлол намуд. Ва давлати юнонии Балхро бунёд ниҳод. Марзҳои ин давлат миёнаи солҳои 180-пеш аз мелод ба авҷи густардагии худ расид.

Дар ин даврон дар ҳам омехташудани фарҳанги Юнон бо оинҳои кӯҳане чун Зардушт, Ҳинду ва Будо сабаби офариниши ҷилваҳои тозае аз ҳунар гашт, ки имрӯз бисёре аз ин дастовардҳо дар осорхонаҳои ҷаҳон нигаҳдорӣ мешаванд.

Тахти сангин бозмондаест аз шаҳри бостонӣ, ки дар пайвандгоҳи руди Вахш ва Паҷ қарор гирифтааст. Мардумони таҳҷоӣ сарчашмаҳои ин рӯди хурӯшонро арҷманд медонистанд. Ва ниёишгоҳе барои эзадрӯди Вахш дар ин шаҳр барпо сохтанд. Меъмории ниёишгоҳи Вахш омехтаест аз оташкадаи зардуштӣ ва парастишгоҳи Юнонӣ, ки перомуни 2300 соли пеш ҳангом бо фармонравоии юнониён дар Балх сохта шудааст. Ин пойгоҳи Бостонӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ва дар фосилаи 600 метри аз марзи Афғонистон қарор дорад.

Миёнаҳои солҳои 1870-и пеш аз мелод вилояти Хатлон ва минтақаҳои паҳновари Осиёи Миёна мавриди лашкаркашиҳои Расияи подшоҳӣ бахше аз хоки ин императорӣ гашта буд. Ва инчунин Расияи подшоҳӣ бо Ҳиндустон ва Ағонистон мустамликаҳои Британия ҳамарз шуданд.

Дар ин солҳо генерал Майф фармондори низомӣ дар Хатлон гузоришҳое аз ёфтшудани ёдгориҳои анбуҳе иборат аз сикка ва дастсохтҳои заррин дар соҳили рӯди Кофарниҳон дар наздикии тахти Қубод дарёфт намуд.

Ин ҷойгоҳ дар дурдастҳое дар фосилаи 40 километрии тахти Сангин қарор дорад. Аммо дар он рӯзгор ҳанӯз ин пойгоҳи бостонӣ ошкор нагашта буд.

Ба гуфтаи рустоиёни ноҳияи Қубодиён ин ганҷина ончунон пароканда буд, ки мардум дар фаслҳои камборон дар миёнаи гилу лойи руд ба думболи сиккаҳои зарр мегаштанд.

Рӯйдодҳои бисёреро метавон пинҳон нигоҳ дошт аммо хабари пайдо шудани тиллоро ҳаргиз на.

Дар соли 1877 гурӯҳе аз бозаргонони ҳиндӣ бахши бузурге аз ин ганҷинаро аз савдогарони гуногуне дар Бухоро харидорӣ намуданд. Онҳо бар он буданд то ин осори гаронқадрро бо қимати баланде ба заргарони Ҳиндустон ба фуруш бирасонанд. Ҳарчанд барои напардохтани молиёти марзӣ ин ганҷинаро даруни хурҷини аспону шутурон пинҳон намуданд ва аз роҳи Афғнонистон равонаи Ҳиндустон гаштанд. Дар миёни роҳ бо шабехуни роҳзанон шуморе аз ҳамроҳони бозаргонон кушташуда ва ҳамаи ганҷина дуздида шуд.

Соҳибони мол ба додхоҳӣ назди Сарвон Бертон намояндаи сиёсии қароргоҳи низомии Британия дар Кобул рафтанд. Бо пайгириҳои Бертон ва кушишҳои зиёде роҳзанон дастгир шуданд аммо беш аз як чаҳоруми ганҷина дар махфигоҳи онҳо ёфт нашуд. Сарвон Бертон яке аз осори ин ганҷинаро аз бозаргонон харидори намуд ва ба яке аз бостоншиносони англис бо номи Сер Ҳоринкон дар Ҳиндустон фиристод. Ӯ миёни солҳои 1861 –то 1865 сарпарасти нақшабардорӣ аз ковишҳои бостоншиносӣ дар қаламрави ҳинд шинохта мешуд. Конинг Ҳон ба ҳамроҳи Серг Волостун дастёри бахши осори бостонии осорхонаи Британия бар он шуданд то ҳамаи ин маҷмуъаро ҷамъоварӣ ва харидорӣ намоянд.

Ин ду нафар бо ёрии бозаргонони ҳиндӣ дар пайи чандин сол тавонистанд шуморе аз ин осори гаронбаҳоро ба шакли пинҳонӣ вориди Ҳиндустон намоянд. Волостун пас аз бозгашт ба Англия саҳми Конинг Ҳонро харидори кард. Ва ин осоро бо номи ганҷинаи Амударё дар маҷмуъаи худ нигаҳдорӣ намуд. Ӯ пеш аз даргузашташ васият дошт то ҳамаи осоре, ки гирдоварӣ намудааст дар ихтиёри осорхонаи Британия қарор гирад. Ва бадин сон ганҷинаи Вахш дар соли 1897 ба ин осорхона эҳдо гардид.

Ин маҷмуъа дарбаргирандаи 200 сикка 182 порча мебошад, ки имрӯз дар бахши ориёни бостони Осорхонаи Британия нигоҳдорӣ мешавад.

Дар оғози асри 20-ум огоҳӣ ва фанновариҳои мо барои шинохти тамаддунҳои пешин бисёр андак буд. Аз ин рӯ коршиносони осорхона бароварди равшане аз деринагии ин осор надоштанд. Аммо кам кам пас аз нимаи аввали ин қарн дастёфтҳои бостоншиносӣ ҳамчун шикастаҳои порашудаи як кӯза ба ҳам пайванд шуданд ва чашмандози ғуборолуд аз гузаштаи моро ошкор сохтанд.

Дар соли 1931 нахустин ковишҳои бостоншиносӣ дар тахти Ҷамшед бо роҳбарии Эрнест Эмивелст оғоз гардид. Ёфтаҳои ӯ равшан сохт, ки ин ҷойгоҳ на боргоҳи Ҷамшеди Шоҳнома балки пойтахти оинии подшоҳони Ҳахоманишӣ будааст.

Бисёре аз осори ин ганҷина ҳамонандиҳои фаровне бо нақшҳои бакоррафташуда дар пайкараҳо ва сангнигораҳои кохҳои ин шоҳаншоҳӣ дорад. Ин гувоҳҳо равшан месохт, ки миёни ганҷинаи Вахш ва тахти Ҷамшед пайванде барқарор аст. Аз суи дигар озмоишҳои навини бостоншиносӣ баён медошт, ки таърихи ин осор ба садаҳои 4-рум ва 5-уми пеш аз мелод боз мегардад.

Ба ёд дошта бошед, ки наздиктарин пойгоҳҳои бостоншиносии ёфтшуда аз қаламраве, ки ин осор падидор гаштаанд, ниёишгоҳи тахти Сангин ва шаҳри бостонии Ойхонум ҳастанд, ки миёни садаҳои дувум ва севуми пеш аз мелод бунёд шудаанд. Бинобар ин осори ганҷинаи Вахш 100 то 200 сол куҳантар аз таъсиси ин шаҳрҳо ҳастанд.

Дар миёни ҳамаи ин осори ганҷина танҳо як вожа ба забони Суғдӣ ба рӯи ангуштаре, ки бо нигораи шери болдор ороста шудааст, дида мешавад. Ва он вожаи Вахш, номи кӯҳани амударёст.

Бисёре аз пажуҳишгарон бар ин боваранд, ки ганҷинаи Вахш бахши кучаке аз дороиҳои як оташкада ваё ниёишгоҳи зардуштӣ будааст. Аммо то ба имрӯз ҷойгоҳе ки ин осор ба он нисбат дода шавад, ҳувайдо нагардидааст. Ва мо танҳо медонем, ки ганҷинаи Амударё дар наздикии ноҳияи Кубодиён аз бистари рудхона падидор гаштааст.

Бархе гумон мекунанд, ки пас аз кушташудани Дорюши севум ба дасти бародарзодааш Ардашер фармондори Бохтриш ё худ Бохтар руёруии ин шоҳи хиёнаткор бо Искандари Мақдунӣ ногузир менамуд. Аз суи дигар хабари ба оташу вайрони кашонидашудани кохҳои мардумони ориёӣ муъбадони Вахшро бар он водошт то дороиҳои боарзиши ниёишгоҳоро аз бими ғорати бегонагон дар ҷое пинҳон намоянд.

Аммо дар гузари замон ҷо ба ҷоии бистари дарё ва такопуи ҷараёни об сабаби шусташудани гилу лойи поёни хок гардид ва инчунин ин осор ба сатҳи рӯи замин расиданд.

Ба бовари гурӯҳе аз бостоншиносон ниёишгоҳи тахти Сангин, ки дар дурдастҳои 40 километрии маҳаллӣ падидоршудани ин осор қарор гирифта ва дар ҳангоми давлати Юнону Бохтар аз нав бозсозӣ шудааст. Ва мумкин аст дар замони фармонравоии Ҳахоманишиён низ ин ҷойгоҳ як оташкада ваё парастишгоҳ буда бошад. Бинобар ин онҳо гумон мекунанд ганҷинаи Амударё ба дасти касоне аз ин ниёишгоҳ ба болодасти рустои Қубодиён бурдашуда ва пинҳон шудаанд. Ҳарчанд дар дидгоҳи дигар тахти Қубод хостгоҳи ин ганҷина баён мешавад. Ин ҷойгоҳ бозмондаи аркест бо паҳноии 1000 метри мурабаъ, ки дар каронаи фарозии дарё бунёд шудааст.

Пайкараҳои заррин ва симини ин ганҷина бозтобдиҳандаи ҳунар ва дониши филизкорӣ дар давраи Ҳахоманишиён мебошад. Тандисҳои дугонаи муъбадон пӯшиши коҳинони баландмартабаро дар рухсори заррин бо резакории тамом ба намоиш кашидаанд.

Имрӯз шумори бисёр андаке аз ин шоҳкорҳои ҳунарӣ дар осорхонаҳои ҷаҳон нигоҳдори мешаванд. Ганҷинаи Вахш гувоҳи равшанест, ки ниёгони сарзамини модарии мо аз тахти Сангин то тахти Ҷамшед ва чун имрӯз аз Шероз то Тоҷикистону Бухоро дорои пайвандҳои фарҳангии бешуморе ҳастанд. Ҳарчанд, ки марзҳои мо дар гузаштаҳои таърих аз ҳам ҷудо шуданд аммо ёди бузургиҳои пешин сабаб хоҳад шуд, ки рӯзе мо дубора МО шавем.

Мансур МЕЛИКЗОДА

PS:Маводи мазкур дар асоси мутолиаи асарҳои таърихии “История Персидской империи” муаллиф Олмстед Альберт, “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров, “Древняя Персия”, Гюиз Филип, “Культура и экономика древнего Ирана” хулосабарорӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here