Порае аз посухи устод Муҳаммадҷони Шакурӣ бар синоталошон, мункирони “Бобои пуршарафи халқи тоҷик”
Пешгуфтори Субҳони Аъзамзод: Бисёр расм шудааст, ки дар ҳар рухдоди пантуркистонаву туркҷӯшона – аз худ карданҳои мероси азиму гаронқадри фарҳангиву адабии форсии тоҷикӣ аз ҷониби берунагон ва ба дигар миллатҳо нисбат додани фарзандони шоистаи мо, аз ҷумла Ибни Сино зиёд доду вой занем, Тоҷикистону тоҷиконро ба бепарвоӣ муттаҳам созем ва садо баланд намоем, ки то оне кишвари мо хомӯш асту хомӯш менишинад, бегонагон бузургони моро рӯфта хоҳанд буд ва аз худ хоҳанд кард.
Аммо, таърихан, Тоҷикистони мо ва ватанпарастони воқеиву ашаддии мо ҳаргиз хомӯш нанишаста ва ҳар гоҳе ки зарур омада, барои аслияти насаб ва мероси бойи форсии тоҷикӣ ва бузургмардонамон талошҳои хастанопазир кардаанд. Аз ҷумла, масъалаи талош барои Ибни Сино ва турксозии ӯ дар доираҳои расмиву илмии беруна гапу кори нав нест. Посухи нотакрори устод Лоиқ Шералӣ бар синоталошон кадом хомӯш нишастан буд? Қадру қимати талошҳои адабиётшиноси фақид Валӣ Самад, ки таърихи 150-солаи турксозиҳои Ибни Синоро бар дафтари айём навиштааст, чӣ камиву костӣ дошт? Ҷавобҳои босавоби адабиётшиносони набардгар Муҳаммадҷони Шакурӣ ва Сафар Абдулло ба нависандаи гурҷӣ Людмила Салдадзе ва романнависи ҳамсоякишвар Мамадалӣ Маҳмудов, раддияҳои Муҳаммадҷони Шакурӣ, Раҷаб Амонов ва Сафар Абдулло ба адиби рус Валерий Войскобойников – турксозии Ибни Сино дар романи «Великий врачеватель» (ва таҳрифгари ин китоб А. Шаламаев) чаро аз ҳофизаи таърихии тоҷикон дур монанд, ки раднопазиртарин посухҳо буданд?! Ҷавобҳои аллома Акбари Турсун бар Гогаву Литвинскийҳо оё хомӯшии мо – тоҷиконро нишон медиҳанд?!…
Пас беш аз сад сол аст, ки ин тамоюли манфури синобарӣ бар яғмои туркӣ ҳамеша дар ҷӯшиш аст ва талошварзони миллии мо ҳамеша дар пайи дифои Ибни Сино (ва на танҳо ӯ) аз ин гуна рухнамудҳо будаанд. Ба гуфтаи аллома Шакурӣ, ки Ибни Синоро “Бобои пуршарафи халқи тоҷик” хондаанд, мубориза бар раванде монанди пантуркизми ӯзбекӣ беш аз сад сол таърих дорад ва сари он бисёр парчамбардорон ҷой дошта ва ҷон кам карда ва аз ин рухнамуд ғами зиёд хӯрдаанд. Ба сухани эшон нағз гӯш фаро диҳед: «Асосгузори адабитёи нави тоҷикӣ ва яке аз сардафтарони адабиёти ҳозираи ӯзбек Садриддини Айнӣ, яке аз поягузорони Партияи Коммунистии Бухоро ва нахустин раиси Шӯрои Комиссарони халқии Тоҷикистон Абдулқодир Муҳиддинов, шоири инқилобкор Абулқосими Лоҳутӣ, Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Тоҷикистон Нусратуллоҳ-махсум Лутфуллоев, яке аз сарварони миллати тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, шарқшиносони шӯравӣ академик В. В. Бартолд ва профессорон А. А. Семёнов, В. Поливанов, А. Шмидт, бисёр кормандони намоёни ҳизбиву шӯравӣ ва ходимони маданият муборизи шӯълавари зидди пантуркизми ӯзбекӣ буданд. Ин мубориза хусусияти байналмилалӣ дошт: намояндагони бисёр халқҳо, аз ҷумла халқҳои бародари қазоқ, туркман ва ӯзбек дар он иштирок кардаанд».
Ман фикр мекунам, дар посух доданҳои имрӯзӣ таърихияти ин рухдод ва талошҳои равшангаронаи зиёиёни пешин ҳам ба назар гирифта шавад. Беш аз сад сол боз равшанфикрони мо ба чунин майли мансубсозии Сино ба худ сари норозогӣ баланд мекунанд, эътирози воқеӣ доранд, аммо он боз ҳам дар либосҳои наве идома дорад.
Мо беҳтарин посухҳоро бар синоталошон дорем, ки набояд онҳоро кам бинем!…
Барои исботи ин нукта, дар навбати аввал бахше аз посухҳои устоди аллома Муҳаммадҷони Шакуриро бар Синоситезони берунӣ меоварам, ки соли 1990 таълиф ва нашр шудааст.
…На танҳо дар романи М. Маҳмудов таърих бадғаразона шарҳ ётфааст, балки тавзеҳи бадғаразонаву таҳрифкоронаи рӯйдодҳои таърих дар баъзе асарҳои дигар ҳам мақсади асосист. Ин ҳолат боиси тезу тунд шудани муносибатҳои байни миллатҳо гардидааст. Бархе аз чунин асарҳо монанди романи М. Маҳмудов «Қуллаҳои ҷовид» зуд-зуд диққати аҳли танқидро ба худ мекашанд, вале ҳанӯз баҳои возеҳу равшани онҳо дар миён нест.
Яке аз персонажҳои романи М. Маҳмудов дар таҳлука аст, ки «мумкин аст, пагоҳ – фардо даъво кунанд, ки Ибни Сино ҳам форс буд» (саҳ. 70). Инак, Лудмила Салдадзе дар китоби «Ибни Сино» (1985) хеле кӯшидааст, ки барои чунин даъво имконе намонад. Л. Салдадзе мехоҳад исбот кунад, ки падару модари Ибни Сино аслан ба тоҷикон нисбате надоштанд. Ӯ менависад: «Инро, ки падари Ибни Сино шеа буд, воқеияти бебаҳс метавон донист… вале ба ин ваҷҳ инчунин ба он асос, ки Абдуллоҳ (падари Ибни Сино – М. Ш.) дар Балх ба дунё омадааст, ӯро эронӣ ҳисобидан шояд беэҳтиётие мебуд» (саҳ. 33). Чунонки мебинем, муаллиф далелу бурҳоне наовардааст. Далели ӯ фақат «беэҳтиётие мебуд» аст, ки низ ба чуну чаро ҷавоб надорад.
Аслу насаби ӯзбекии модари Ибни Сино низ ба ҳамин тарз «исбот» шудааст: «азбаски як шоҳзодаи турк на бо номи худ, балки бо лақаби тоҷикии «Шери кишвар» шӯҳрат ёфта буд, метавон тахмин зад, ки номи модари Ибни Сино – Ситора ҳам тарҷумаи тоҷикии калимаи туркист (саҳ. 34). Ва ба ин «асос» Л. Салдадзе чунин вонамудан мехоҳад, ки масъала равшан шуд ва баъд аз ин дар роман чунин сухан рондааст, ки гӯё ба нажоди туркии падару модари Ибни Сини дигар ҷойи шубҳа намонд.
Охир, бо чунин «тахминҳо» ҳар чиро хоҳем, «исбот» кардан мегирем. Муаллиф дар сарсухани китоб ин гуна «андешаҳои» худро «пайбурду тахмин» ва «фарзия» – «догадка» ва «гипотеза» номидааст. Ва ҳол он ки чунонки маълум аст, ҳар тахмину фарзия он гоҳ сазовори диққат хоҳад буд, ки бунёди ҷиддие дошта бошад. Ва ҳол он ки Л. Салдадзе барои ҳеч яке аз даъвоҳояш далелу бурҳон надорад.
Ба муносибати ҳазораи Ибни Сино, ки соли 1980 баргузор шуд, дар Ӯзбекистон ақидае реша давонд, ки ин олими бузург дар асл аз туркон аст. Ин ақидаро дар бисёр навиштаҳо, аз ҷумла дар чандин асари бадеъӣ мебинем. Чунончи, марҳум Тошпӯлод Ҳамид дар достони «Қувғин» («Ронда» – Гулистон, 1980, гуфтааст:
Ӯзбекбуви қизи – Ситора
Шундай ӯғил кӯрди, бу – бир бахт!
Яъне (тарҷумаи таҳтуллафз):
Ситора – духтари пиразани ӯзбек
Чунин писаре дид, ин худ як бахт аст!
Дар достони шоири намоён Абдуллоҳ Орифов «Ҳаким ва аҷал» (Гулистон, 1980, № 9) мехонем:
Чорва билан машғул эди ота-онаси,
Тирикликдан камтаргина ком олган эди.
Яъне (тарҷумаи таҳтуллафз):
Падару модари ӯ бо чорво машғул буданд,
Аз зиндагӣ камтарак ком гирифта буданд.
Ин ҷо таъкиди чорводорӣ ба он сабаб омадааст, ки нишонаи мансубият ба қабилаҳои кӯчии турк мебошад. Дигар муаллифон дигар нишонаҳои чунин мансубиятро «ёфтаанд» ва мурғи хаёлоти ҳар кадоме ба тарзи дигаре ба парвоз омадааст.
Вале фаромӯш накунем, ки ҳамаи инро «Тарҷумаи ҳол»-и Ибни Сино, ки қисман ба дасти худ навишта ва қисман ба шогирдаш имло карда буд, тасдиқ намекунад. Аз ин «Тарҷумаи ҳол» маълум аст, ки падари Ибни Сино чорводор набуд, балки дар атрофи зодгоҳи худ андоз меғундошт. Дар бораи мансубияти этникии аҳли хонадони ӯ аз «Тарҷумаи ҳол» тасаввури равшан пайдо кардан мумкин аст. Маълумоти дигар сарчашмаҳои асримиёнагӣ ҳам ба «Тарҷумаи ҳол» мувофиқанд. Фақат баъзе ривоятҳои бофтаи баъдӣ, ки бештарин дар байни туркҳои усмонӣ пайдо шуда буданд, Ибни Синоро турк донистаанд. Аммо сарчашмаҳои илмӣ Ибни Синоро ба нажоди турк нисбат надодаанд. Лекин туркнажодии Форобӣ дар манбаъҳои илм таъкид шудааст. Як хусусияти муҳимми сарчашмаҳои асримиёнагӣ, таърихномаҳо, тазкираҳо, ёддоштҳо, сафарномаҳо ва ғайра ин аст, ки агар нафаре аз намояндагони сиёсат, илм адабиёту санъат аз нажоди ғайриэронӣ, хусусан аз туркон бошад, инро дар аксари мавридҳо махсусан таъкид мекунанд. Сарчашмаҳо аз ин ҷиҳат ба дараҷаи ҳайратангез хусусияти объективӣ доранд. Бино бар ин аксаран ҳеч асос надорем, ки дар ин масъала зиндагиномаи худнавишти Ибни Сино ва маълумоти сарчашмаҳоро ба назари эътибор нагирем ва дар муҳимтарин мавридҳо аз он дур равем.
Муҳаққиқони шӯравӣ бо тадқиқоти доманадоре чанде аз муҳимтарин масъалаҳои эҷодиёти Ибни Синоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аммо Л. Салдадзе монанди баъзе касони дигар ҳавое дар сар дорад, ки он тадқиқот ва ҳақиқатҳои маълумеро ба ҳеч барорад. Ӯ хеле мехохад, дар бобҳои аввал, бобҳои таърихии китобаш хонандаро ба сари фикре орад, ки тоҷикон аз қадим то замони мо дар Осиёи Миёна ҳамеша камшумор буданд, яъне ӯ гуфтан мехоҳад, ки чунин халқи хурд наметавонад дар таърих нақше гузорад, фарзандоне чун Ибни Сино ба майдон орад.
Бинед, ки Л. Салдадзе ин матлабро бо чӣ усулҳое «ба даст меорад». Ӯ таъкид кардааст, ки дар дашти Қаршӣ қарлуқҳо зиндагӣ ба сар мебаранд ва туркҳо дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистони ҳозира ҳам ҳастанд: дар Кӯлоб деҳае Қипчоқ ном дорад, дар дараи Ромит (ки ба чӣ сабабе дар китоб «дараи Ромитан» ном гирифтааст) мардуми туркизабонро дучор меоем, дар Ҳисор мардуми деҳаи Мусобозорӣ худро турк мешуморанд. Л. Саддадзе пеш аз ин номбар суоле ба миён овардааст: «То омадани Шайбонихон (асри XVI – М. Ш.) дар воҳаи Бухоро киҳо мезистанд? Чӣ халқҳое ва чӣ қабилаҳое?» (саҳ. 36).
Ҷавоби ин саволҳо баъди он номбарҳо ба нияти муаллиф бояд ҳамин бошад, ки дар тамоми воҳаи Бухоро тоҷикон қариб нестанд. Аммо муаллиф парвое аз ин надорад, ки оё дар асоси он номбар чунин хулосае баровардан мумкин аст. Он номбар барои чунин хулосаи калони умумӣ ҳаргиз асос намедиҳад. Вай боз ҳафт деҳаи атрофи Бухороро зикр кардааст, ки номи туркӣ доранд. Ва чунин хулоса баровардааст: «Ҳар деҳаи атрофи Бухоро дар номи худ номи қабилаеро акс додааст» (саҳ. 36). Боз ҳам ҳеч маълум нест, ки чаро дар асоси чанд номе чунин хулосаи умумӣ бароварда шудааст. Ва ҳол он ки хулосаи ӯ комилан хилофи воқеият аст.
Ин гуфтаи Л. Салдадзе, ки гӯё номи ҳар деҳаи гирди Бухоро аз номи як қабилаи туркон гирифта шудааст, ба куллӣ нодуруст аст. Бухоро ва гирду атрофи он бо номҳои аҷоиби бостони суғдӣ ва форсии тоҷикӣ шӯҳрат дорад. Ин номҳо барои мутахассисони илми таърихи забонҳои эронӣ бозёфти муҳиммест. Албатта, дар ин миён номҳои туркӣ ҳам ба дид меоянд. Дар шаҳри Бухоро гузаре Дурман ном дорад, ки туркиву муғулист. Ин ҳам дуруст аст, ки дар Тоҷикистони имрӯз низ гоҳ-гоҳе номи туркӣ дида мешавад боқимондаҳои баъзе қабилаҳои туркӣ зист доранд. Вале ҳамаи инҳо ҳаргиз чунин маънӣ надорад, ки то замони Шайбониён ё пас аз он дар Мовароуннаҳр фақат туркҳо зистаанд ва имрӯз низ халқи асосӣ ҳаминҳоанд. На, ҳаргиз чунин нест. Он «назария», ки аз қарни XI тоҷикон дар Мовароуннаҳр хол-хол мезистанд ва дар уқёнуси туркҳо баъзе ҷазираҳои хурд ба дасти тоҷикон монда буд, исбот нашуда монд. Ба хусус «пайбурд»-ҳои оҷизона ва «тахмин»-ҳои ҳавоии Л. Салдадзе ҳеч қобилияте надоранд, ки ягон масъалаи таърихро ҳал бикунанд.
Бисёре аз дигар хулосаҳои Л. Салдадзе низ ба ҳамин тарз ҳайратангезанд. Вай хостааст, ки дар бобҳои авали китоб ба қаъри асрҳо, ба замонҳои қадим чашм андозад. Вале аҷобат дар ин аст, ки ин ҷо на таърихи вилоятҳои худи Осиёи Миёна – Суғд, Хоразм, Бохтар, Хуросон, ки бо тамаддуни бостонии худ хиради олии Ибни Синоро ғизо дода буданд, балки таърихи Олтой, Сибир, Муғулистон, Шарқи Дур, Хитой диққати муаллифро ба худ кашидааст. Муаллиф фақат аз воқиаҳои ин сарзаминҳои дур, ки гоҳ Осиёи Миёнаро низ дахл карда ва гоҳ онро тамоман дахл накарда буданд, оғозгоҳҳои ташаккули ҳастии маънавии Ибни Синоро ҷустааст. Ва ҳол он ки Ибни Сино ҳамчун андешапарвари бузург дар рушду камоли илмӣ, дар ақидаву назарияҳои худ пой бар заминаи Хуросон ва Эрони Бузург, бар тамаддуни исломӣ ва маданияти Юнони бостон дошт. Ӯ такя ба рушди таърихии миллати худ, рӯ ба Ғарб дошт, аммо Л. Салдадзе ба зӯр рӯйи ӯро ба Шарқ гардондан мехоҳад. Гӯё Ибни Сино дар ҷустуҷӯйи саргаҳу сарчашмаҳои илм рӯй ба даштҳои Сибир ва Муғулистон доштааст.
Ин камоли хиёнати Л. Салдадзе ба таърих ва рисолати эҷодкории нависандаи таърихнигор аст. Ин хиёнаткорӣ ба мушовирони тошкандии ӯ, ки чанд гоҳ ӯро дар чорбоғи ҳукуматии Тошканд ҷо дода, ба ӯ «ҳамкории эҷодӣ» карданд, вобастагӣ дорад. Вагарна он гоҳ ки Л. Салдадзе дастнависи романашро ба Тоҷикистон овард, то ин дараҷа хилофи воқеъияти таърих нарафта буд.
Л. Салдадзе дар ин «ҷӯяндагиҳо» асосан ба китоби Л. Гумилёв «Туркҳои қадим» такя дорад. Пас суоле пеш меояд: наход, ки пас аз пайдо шудани асарҳои Л. Гумилёв, ки аз бисёр ҷиҳатҳо ҷолиб, вале гоҳ баҳсталабанд, асарҳои пештараву баъдии дигар олимони машҳури археолог, этногроф, таърихшинос, забоншинос ва ғайра дар бораи Осиёи Миёна аҳамияти худро аз даст дода бошанд? Асоси эътирофшудаи таърихи этникиву мадании Осиёи Миёнаи замонҳои қадим ва давраи феодализм асарҳои В. Иванов ва Т. Гамкрелидзе, В. Бартолд, Б. Ғафуров, С. Айнӣ, Е. Бертелс, И. Брагинский, А. Фрейман, В. Лившиц, В. Расторгуева ва дигарон, инчунин бисёр муҳаққиқони хориҷӣ мебошад. Вале навиштаҳои онҳо шавқи Л. Салдадзеро бедор накардаанд, зеро ба «консепсияи» аввалин бобҳои китоби ӯ мувофиқ намеоянд.
Қасдан чашмандозро яктарафа гирифтани Л. Салдадзе, аз таърихи қадими Хуросон, Суғд, Хоразм моҳиятан чашм пӯшидани ӯ, ба роҳҳои таърихии маданияти маънавии ин ноҳияҳои Осиёи Миёна эътибор надодан, нодида гирифтани ҳамбастагии сахти ин маданият бо Шарқи Миёна ва Шарқи Наздик дар бобҳои аввали китоби вай як мақсад дорад: мехоҳад, ки ташаккули шахсияти Ибни Синоро аз решаҳои тамаддуни бостонии ватани ӯ, аз таърихи тоҷикон ва аҷдоди онҳо ҷудо кунад.
Албатта, як сохтакорӣ чанд сохтакории дигар аз пас меорад. Л. Салдадзе то охир ба ҳамин роҳ рафтааст. Ҳатто сужети китоби ӯ як бофтаи сунъии пастмаҳак ва ба ғоят дур аз воқеият мебошад. Дар ин сужет қозӣ Бурҳониддин – охирин қозикалони Бухоро чун донишманде тасвир шудааст, ки гӯё ҳама назариёти Ибни Сино, Ғазолӣ ва дигар файласуфонро нағз медонист. Ва ҳол он ки воқеан ӯ ҳаргиз чунин донишманд не, як ҷоҳили мутаассиб буд.
Хуллас, ҳақ ба ҷониби Сотим Улуғзода аст, ки гуфта буд: «Салдадзе асари худро романи таърихӣ номидааст, аммо бо таърихи ҳақиқӣ ҳеч муносибате надорад» (Адабиёт ва санъат, 1987, 17 дек.).
Пас, чӣ тарз имконпазир омад, ки чунин асаре чоп шавад? Ҷавоби ин савол, ба назари мо, чандон душвор нест. Он ҳама таҳрифу сохтакориҳо, паи ҳам овардани номҳо ва фактҳои сершумори таърихӣ, ки аксаран ба якдигар алоқае надоранд, ба Л. Салдадзе барои он лозим буд, ки хонандаи ноогоҳи худро гаранг карда, зеҳни ӯро ба сӯйи «пайбурду» тахмин ва фарзияҳои хаёлии худ кашад. Ин кори ӯ бояд ба баъзе касоне, ки ҳоло саргарми «назарияҳои» кайҳо бар бод рафтаи пантуркистӣ мебошанд, маъқул меомад.
Онҳо дар ҳақиқат қадри кӯшишҳои муаллифи романи «Ибни Сино»-ро зуд фаҳмиданд. Агарчи дастнависи ин китоб дар Тоҷикистон рад шуда буд ва баъдтар боз ба он чанд тақризи манфии дохилӣ омад, ба ҳар ҳол онро дар Тошканд чоп карданд: бо таҳрири узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекисттн М. М. Хайруллоев 400.000 нусха ба табъ расид.
Инро ҳам бояд гуфт, ки дар таҳрири якуми китоби Л. Салдадзе, ки дастнависаш ба Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, дар аввалин бобҳои «таърихии» он бисёр масъалаҳо дигар хел эзоҳ дошт, чунончи, Ибни Сино ва падару модари ӯ эронинажод, яъне тоҷик буданд. Дар нахустин романи Л. Салдадзе «Бурҷи Ҷаббор» (Л. Салдадзе. Созвездие Ориона. – М., 1978) низ аз нажоди туркии Ибни Сино ва падару модари ӯ сухане намерафт. Ба фикри мо, ин ҳолат аз симои ахлоқии муаллиф гувоҳӣ медиҳад, ки мувофиқи ҷои нашри китоб ва адади нашри он «ақидаҳои» худро дар бораи таърих дигар мекунад.
Ба ин муносибат воқиаи дигаре ба ёд меояд. Соли 1977 тарҷумаи ӯзбекии китоби дар бораи Ибни Сино ба номи «Шифокори бузург» (Известия, 1988, 21 апрел) аз чоп баромад. Матни ин китобро дар тарҷумаи ӯзбекӣ аз калимаҳои «тоҷик» ва «тоҷикӣ», «форс» ва «форсӣ» ва «эронӣ», аз номи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигар намояндагони адабиёти форси-тоҷикӣ тамоман тоза кардаанд, ҳар куҷо дар матни русӣ ин калимаву номҳо дучор ояд, фурӯгузор намудаанд. Мо намедонем, ки ин кор бо розигии муаллиф шуда буд ё бо худсарии тарҷумону муҳаррир ва нашриёт, вале бовари комил дорем, ки ин ҷо як тамоюли муайян ифода ёфтааст.
Собиқ котиби якуми КМ ҲК Ӯзбекистон Р. Н. Нишонов ба ҳамин қарибиҳо гуфт: «Агар аз иззату ҳурмати бародарони худ дар хонадони сермиллати мо сухан ронем, чун Ибни Сино дар ҳақиқат олими бузурги тоҷик аст, чӣ лозим буд, ки ӯро ба худ нисбат диҳем? Аз ин ки ӯ ба бародарони мо тааллуқ дорад, магар ба мо тааллуқ нахоҳад дошт?» (Известия, 1988, 21 апрел). Ин суханони Рафиқ Нишонов дар Тоҷикистон бо қаноатмандии тамом пазируфта шуд. Шубҳа нест, ки фақат чунин гузориши масъала, ки поя бар ақли салим дорад, боиси ҳалли дурусти масъала ва паҳлӯҳои гуногуни он хоҳад гардид…