Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳар касе, ки дар роҳи зиндагияш вохӯрда буд, эҳтиром гузоштааст. Дар замону маконе, ки ин гуна хислатҳо кам ба назар мерасид, ӯ марди поквиҷдон, меҳрубон ва одил буд. Иттифоки Советӣ бо вай ду маротиба созишномаи сулҳ имзо кард, ки вай бевосита онро иҷро мекард. Генералҳое, ки бар зидди ӯ меҷангиданд ва дар музокира ширкат доштанд, мегуфтанд, ки Шери Панҷшер дар сурати зинда монданаш ба кишвараш манфиатҳои зиёд меорад.

Вақте ки СССР артиши худро аз Афғонистон берун кард, амрикоиҳо низ рафтанд. Фармондеҳони муҷоҳидин, ки пештар аз Идораи марказии инктишофи ИМА (ЦРУ) маблағ мегирифтанд, кӯшиш мекарданд, ки ҳуукумат ташкил кунанд, аммо дар охир байни худ мубориза бурданд. Замоне афғонҳои оддӣ аз ин хаста шуданд ва ҷунбиши Толибон – як созмони пурқувват ва даҳшатноки асримиёнагӣ ба вуҷуд омад.

Аҳмадшоҳи Масъуд кӯшиш кард, ки аз Иёлоти Муттаҳида аслиҳа, таҷҳизот, маблағ, ба ғайри ин боз сарбоз гирад, аммо ба ӯ ҷавоби рад доданд. Як сол пеш аз ҳодисаи 11 сентябр ӯ бо ИМА дар бораи ҳамлаи эҳтимолии Ал-Қоида сӯҳбат кард, аммо Пентагон бо ҳикмати бепоён ва такаббури худ вонамуд кард, ки гӯё ӯ ин огоҳиномаро нафаҳмида буд.

Чаро амрикоиҳо аз пуштибонии ин мард худдорӣ карданд?

Сабаби асосӣ он буд, ки миссияи Америка дар Афғонистон баъди аз он ҷо баровардани қӯшунҳои советй анҷом ёфт. Вашингтон дар он ҷо ҳамаи мақсадҳои имконпазирро ба даст овард: вай аз СССР барои Ветнам интиқом гирифт, барои ҳаматарафа суст шудани душман замина гузошт, ба вай зарари калони молиявӣ расонд ва ҳатто барои пошхӯрии ин мамлакат шароит фароҳам овард. Иёлоти Муттаҳида майли ҷалб шудан ба ҷанги шаҳрвандӣ дар як давлати воқеъ дар канори ҷаҳонро надошт.

Пентагон медонист, ки Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҷониби Толибон шикаст хӯрда истодааст, вале онҳо ба сарнавишти ин кишвари дур парвое надоштанд. Гузашта аз ин, Кохи Сафед, воқеан, аз Толибон пуштибонӣ карда, сафирони ин ҷунбишро ба Техас барои музокирот оид ба кашидани лӯлаи газ тавассути қаламрави Афғонистон даъват карданд.

Ҳатто вақте ки Ал-Қоида ба сафоратхонаҳои Амрико дар Кения ва Танзания ҳамлаҳо анҷом дод ва бин Лодин баъд аз он ба Афғонистон рафт, дар Амрико касе Толибонро душман намедонист. Ҳеҷ яке аз сиёсатмадорон дар Конгресс парвое надошт, ки онҳо ҳуқуқи занонро эҳтиром намекунанд, демократияро намедонанд ва таҳаммулпазирии динӣ надоранд.

Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамчун иттифоқчӣ онҳоро нигарон намекард. Агентии федералӣ (CIA) резиденти худро ба ӯ фиристод, аммо ин танҳо як амал барои бозпас гирифтани мушакҳои истифоданашудаи Стингер аз фармондеҳони саҳроӣ буд.

Маҳз дар он ҷо афсарони ҷосуси амрикоӣ дар бораи омодагӣ ба рӯзи 11 сентябр хабардор шуданд, аммо инро кӯшиши пур кардани арзиши худ медонистанд.

Илова бар ин, ба ғайр аз такаббурии бепоёни америкоиён, албатта, барои даст кашидан аз мусаллаҳ гардондани роҳбари Иттифоқи Шимолӣ ба муқобили Толибон дигар сабабҳои асоснок низ мавҷуд буданд. Покистон шарики деринаи Штатҳои Муттаҳида буда, онҳоро бо бандарҳо, анборҳои ҳарбӣ ва базаҳои васеъи худ таъмин мекард. Покистон ба маблағи миллионҳо доллар техникаи ҳарбӣ харид. Ин давлат дорои аслиҳаи ҳастаӣ буд, ки бо онҳо хеле қабеҳ кор мекард, (онҳоро дар мошинҳои яхмоскашӣ ва микроавтобусҳои оддӣ ва ғайра интиқол медоданд) ва ин равандро сахт назорат кардан лозим буд.

Вақте ки сиёсатмадорони ин кишвар ба Толибон шарт гузоштанд, ки ҳамсояи худро зери назорати бигиранд, амрикоиҳо ба ин розӣ шуданд ва аз пуштибонӣ ва мусаллаҳ кардани душманони Толибон ба ҳар роҳ худдорӣ карданд. Онҳо парвое надоштанд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд мухолифи таассуби динӣ ё тарафдори демократия аст, чун тақдири халқи афғон онҳоро тамоман нигарон намекард.

Аз смонаи “ВОСТОК ДЕЛО ТАНКОЕ”,

тарҷумаи Дилноза ҲУКУМАТУЛЛОЕВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here