Нони чаппотӣ

Пеш аз оне, ки дар мавриди пайдоиш ва таърихи нони миллии тоҷикон чаппотӣ маълумот диҳем мехостам, ки оиди пайдоиш ва мазмуни вожаи “нон” каме равшанӣ андозам. Нон дар фарҳанги тоҷикон яке аз муқаддасот ба ҳисоб рафта аз эҳтироми волое бархурдор мебошад. Тоҷикон одат доранд, ки агар пораи нонеро дар рӯи роҳ афтода бубинанд, онро ҳатман аз замин гирифта се маротиба мебӯсанд ва ба дидагонашон мемоланд. Буридани нон бо корд ва бо як даст пора кардани онро убол (гуноҳ) медонанд. Воқеан ҳам, тоҷикон ба фарқ аз дигар халқиятҳои минтақа нисбат ба нон муносибати махсус доранд. Нон маводи ғизоест, ки дар аксари кишварҳои олам ҳамарӯза мавриди истифодаи сокинон қарор дорад. Оё боре ҳам мо дар мавриди пайдоиши вожаи нон андеша кардаем, ки чаро ин маводи ғизоиро нон мегӯянд? Пас биёед дар мавриди вожаи “нон” каме равшанӣ андозем.

Вожаи “нон” дар гӯиши аслӣ ва шифоҳии тоҷикон “нун” ё инки “нон” гуфта мешавад. Нун яъне маҳсулоте, ки аз орди гандум, об ва намак омода мегардад. Пас чаро исми ин маҳсулоти ғизоӣ на чизи дигар, балки “нун” гуфта шуда аст? Дар таърихи башарият ду маҳсулоти ғизоии аз ҳама муҳим ин нон ва биринҷ дониста мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки макони пайдоиши биринҷ аз назари бостоншиносон ҷанубу шарқи Осиё мебошад. Аммо нон бошад таърихи беш аз чаҳор ҳазор сола дошта, баръакс макони пайдоиши нонро бостоншиносон сарзаминҳои Ховари Миёна медонанд.

Пеш аз он ки исботи идаои бостоншиносонро дар мавриди нон мисол биёрем, биёед, ки оиди пайдоиш ва маънои вожаи “нон” андеша намоем. “Тибқи ковишҳои бостоншиносӣ, тамаддунҳои аввалия дар 6 ҳазор соли пеш дар Ховари Миёна шакл гирифта буданд. Сокинони ин минтақа таъмини ғизои хонаводаашонро аз тариқи шикори моҳӣ, дар рӯдхона ва обҳое, ки дар минтақаи Ховари Миёна, бахусус дарёи Фурот, ки аз ҷануби Туркияи имрӯза сарчашма гирифта аз сарзаминҳои имрӯзаи Сурияву Ироқ ба сӯи Халиҷи Форс равона буд, таъмин менамуданд. Ин дар ҳоле буд, ки кишоварзӣ ва домдорӣ то ҳанӯз дар он замон шакл нагирифта буд ва сокинони минтақа аз тариқи шикори моҳӣ зиндагӣ менамуданд”. (Фишурдаи матн. Озодандешӣ. Мади Аҳробӣ. Шавоҳиди қабоили араби сокини Эрон дар қаламрави Сосонӣ, пеш аз ислом.)

Сокинони минтақаи Байнаннаҳрайн моҳиро, ки ғизои аслии онҳо ба ҳисоб мерафт, “нун” хитоб менамуданд. Дар забони қадимаи арамаик, ки замоне дар ин минтақа мавриди истифода қарор дошт, моҳӣ “нун” “nun” (ܢܘܢܐ) гуфта мешавад.

Дар солҳои баъд ҳангоме, ки кишоварзӣ дар ин минтақа рушд намуд, мардуми ин сарзаминҳо дар баробари шикори моҳӣ тавонистанд, ки аз гандум низ барои худ ғизои доимӣ таҳия намоянд. Рафта-рафта маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла гандум, ҷойи моҳиро ки хӯроки доимии мардумони ин минтақа буд, иваз намуд. Моҳӣ, ки онро сокинон ба хотири ғизои аслӣ буданаш “нун” хитоб менамуданд, пасон дар маҳсулоти кишоварзӣ бахусус маҳсулоти гандумӣ, ки ҳамчун ғизои аслӣ ҷойгузини моҳӣ гардид аз вожаи “нун” истифода намуданд.

То ҳанӯз дар баъзе аз минтақаҳои ҷанубӣ Тоҷикистон субҳонаро “нуни саҳар”, “нунхураки саҳарӣ”, “нунхӯрак”, хӯроки пешинро “нуни пешин” ва хӯроки шомро “нуни шом” мегуянд, ки ин ишора на ба худи маҳсулоти нонӣ аст, балки ишора ба кулӣ ғизоҳои омодагардида мебошад. Тоҷикон дар ҷашну маросимҳо низ дастурхон ороста, одамонро бо чунин ҷумлаҳо “як даҳан нун”, “фалони нун кардааст” “нуни аз баҳри Худо” ва “нуни худоӣ” гуфта даъват менамоянд. Вақти хӯрдани хӯрокро низ “нун” хитоб менамоянд, ки сарчашмаи ин вожа-ҷумлаҳо аз калимаи “нун”-и арамӣ яъне моҳӣ сарчашма мегирад. Пас ин ҷо маълум мегардад, ки тоҷикон на танҳо худи ин маҳсулоти гандумиро, балки кули ғизоҳои дигарро, ки барои истеъмол омода мешавад “нун” хитоб менамудаанд.

Дар миёни миллатҳои дигари минтақа аз шимоли Африқо то шарқи Осиё ин маҳсулотро “нон” ва “нан” гуфта ном мебаранд. Аммо ҷолибаш дар он аст, ки то ҳанӯз тоҷикони кӯҳистон ин вожаро бо ҳамон номи аслии бостониаш “нун” хитоб менамоянд. Тоҷикон аз маҳсулоти гандумӣ кулча, фатир, фатирхамир ва нони чаппотӣ омода месозанд, ки назирашон дар ҳеҷ куҷои дигар дида намешавад. Тоҷикон дар пухтани нон маҳорати баланди касбӣ дошта, садсолаҳо ин ҷониб дар омода намудани намудҳои гуногуни нон таҷрибаи баланд доранд. Нони фатирхамир яке аз нонҳои хеле болаззат ва машҳур дар миёни тоҷикон мебошад. Фатирхамирро нони чакдонӣ низ мегӯянд, ки ҳаҷман бо нони чаппотӣ як буда, ғафсиаш каме бузургтар мебошад. Фатир ва хамир вожаҳои ҷудогона ҳастанд ва ҳар кадом дар алоҳидагӣ маънои худро дорад. Фатир нонест, ширин ва ҳаҷман хурд, ки дар Ховари Миёна онро Фатойир мегӯянд. Хамир, хамира ”Khahmir” “חמיר “ ”מץֵ חָ” вожаи қадимаи арамӣ ва ибрӣ буда, ба маънои хамтуруш ва ё ин ки хамиртуруш мебошад, ки барои омода намудани анвои нонҳои гуногун истифода карда мешавад. Пас маълум мешавад, ки нони тоҷикии “фатирхамир” низ аз ин ду вожаи қадимаи забонҳои Ховари Миёна “фатир” ва “хамир” номгузорӣ шудааст.

Нони чаппотӣ гунае аз нонҳои аслии мардуми кӯҳистон ба ҳисоб рафта, дар базмҳои гуногун аз ҷумла, дар рӯзҳои ҷашн ва маросимҳои дигари суннатӣ омода карда мешавад. Чаппотиро тоҷикон нони бурак, гирдача ва нони тунук низ мегӯянд. Тибқи гузориши шабакаи телевизионии CBS Sunday Morning “Baking an ancient bread in Tennessee” ахиран аз ҷониби бостоншиносон муайян карда шуд, ки нони чаппотӣ беш аз чор ҳазор сол умр дошта, дар дунё яке аз аввалин нонҳои бостонӣ ба ҳисоб меравад. Нони чаппотӣ бори аввал 4000 соли пеш дар Месопотамия (Байнаннаҳрайн) пайдо гардидааст. Аз рӯи мушоҳидаҳо нони чаппотӣ дар шакли ягона ва қадимаи худ то ба имрӯз дар байни се қавм курдҳо, яҳудиҳои ироқӣ ва тоҷикон боқӣ мондааст. Тибқи гузоришҳо дар мавриди таърихи нони чаппотӣ маълумоти муфассал дар даст дорем ва маълум гардид, ки ин гунаи нон аввалин маротиба дар Ховари Миёна пайдо гардидааст. Акнун мехостам, ки оид ба пайдоиш ва нони чаппотӣ номгузорӣ гардидани ин навъи нон, барои шумо маълумоти муфассал пешниҳод намоям.

Чуноне, ки дар боло зикр намудем, тибқи маълумоти бостоншиносон нони чаппотӣ дар чаҳор ҳазор соли пеш дар Ховари Миёна, Байнаннаҳрайн пайдо гардидааст. Дар тақвияти гуфтаҳои олимони бостоншинос мо шавоҳиди равшан дорем, ки ин гунаи нон то ҳанӯз дар Ховари Миёна дар миёни курдҳо ва яҳудиёни ироқӣ ва дар Осиёи Миёна танҳо дар байни тоҷикон ба шакли қадимаи худ ҳифз гардидааст. Пас бар мегардем сари мазмуни аслии номгузорӣ шудани ин гунаи нон, ки онро тоҷикон чаппотӣ мегӯянд. Ин нонро курдҳо “нан” ва яҳудиёни ироқӣ “хубз това” ва нони “шабботӣ” (shabbaty bread) мегӯянд. Яҳудиёни ироқӣ нони “хубз товаро” барои рӯзи шанбе, ки рӯзи муҳим дар фарҳанги онон ба ҳисоб меравад омода менамудаанд ва ба ин хотир ин нонро нони шабботӣ низ меномиданд.

Аз рӯи мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки вожаи чаппотӣ аз вожаи шабботӣ (Нони чаппотӣ. Shabboty bread) сарчашма мегирад. Тоҷикон, ки дар гузаштаҳои дур аз равияи муъминин дар дини мусаввӣ пайравӣ менамуданд, нонеро, ки ҳар ҳафта барои рӯзи муқаддаси шанбе барои аҳли оилаашон мепӯхтанд, нони шабботӣ мегуфтанд. Дар ҳазорсолаҳои гузашта вожаи “шабботӣ” дар зери таъсири забони форсӣ ба вожаи “чаппотӣ” тағйири шакл намудааст.

Ҳамчунин тоҷикон нони махсусе доранд, ки онро танҳо ҳангоми дар саҳро будан омода менамоянд ва онро нони товагӣ мегӯянд, ки шаклан ба чаппотӣ монандӣ дорад, аммо ҳаҷми баландии бараш бузургтар аст. Пас мо мебинем, ки номгузорӣ ва гунаи ин шакли нон дар байни тоҷикони Осиёи Марказӣ, курдҳо ва яҳудиёни Ховари Миёна шаклан ва мазмунан “чаппотӣ-шабботӣ” ва “хубз това-нони товагӣ” ба ҳам шабоҳат доранд. Хулоса, “чаппотӣ” номгузори шудани ин нон ба он хотир мебошад, ки дар ҳазорсолаҳои гузашта тоҷикон ва дигар пайравони дини мусаввӣ ин нонро дар рӯзи муқаддаси шанбе, яъне “шаббот” барои аҳли оила омода менамуданд.

 Чакан ва чакандӯзӣ

Чакандӯзӣ яке аз ҳунарҳои зебои мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Чакан ва чакандӯзӣ як навъи гулдӯзӣ аст, ки бо маҳорати баланд дасткорӣ мешавад. Ҳамчунин чакан ба навъи либоси занона низ мегӯянд. Калимаи чакан дар шаклҳои гуногун ба таври эҳтимоли тафсир ва маънидод карда шудааст. Аммо ҳеҷ яке аз ин тафсирҳо ба таври мушаххас таърихи пайдоиш ва мазмуни аслии вожаи чаканро шарҳ надодаанд. Барои мисол баъзеҳо бар он назаранд, ки чакан аз решаи калимаҳои чакома ва чакомак (авастоӣ) гирифта шудааст, ки ба маънои нақш мебошад. Аммо ин тафсир ба воқеият наздик нест. Агар вожаи чакан вожаи авастоӣ мебуд ин вожаро ба ғайр аз тоҷикон тамоми мардумони сарзаминҳои ориёӣ аз ҷумла дар Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон низ истифода менамуданд. Ҳатто бубинед, ки дар Осиёи Миёна аз ҷумла дар Ӯзбекистону Тоҷикистон низ ба ғайр аз қисмати ҷанубии Тоҷикистон касе ин ҳунарро бо номи чакан ва чакандӯзӣ исм намебарад. Пас ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро дар водиҳо, ки асли тамаддуни ориёӣ ва дини зардуштӣ рушди бевосита доштанд барои ҳунари гулдӯзӣ аз ин ном истифода нанамуданд. Ба назар мерасад, ки пайванд додани вожа ва мафҳуми чакан бо вожаҳои авастоӣ аз ҷониби баъзе нафарон ё аз рӯи надонистан сурат гирифтааст ва ё ин ки ба хотири пинҳон ва омезиш додани фарҳанги тоҷикони кӯҳистон бо фарҳанги эътиқодоти зардуштӣ мебошад.

Дар фарҳангномаи муътабарӣ “Деҳхудо” вожаи чакан чунин гуфта шудааст. “Навъе аз кашидадӯзиро гӯянд, ки тоҷикҳо аз ин навъ гулдӯзӣ барои либосҳои занона, парда ва рӯболиштҳо истифода мекунанд.” Дар ҳоле, ки ба ҳамагон маълум аст, фарҳанги “Деҳхудо” дар ин маврид ба маълумоти “Бурҳони қотеъ” такя карда, этимологияи онро шарҳ надодааст.

Пас маълум мегардад, ки сарчашмаҳои мавҷуд буда, то ба ҳол таърихи пайдоиш ва мафҳуми вожаи чаканро дақиқ муайян накардаанд. Баъзеҳо онро ҳамреша бо “чеканитъ”-и русӣ низ медонанд, ки ин назария воқеият надорад. Ҳатто баъзеҳо муътақиданд, ки чакан анвои пӯшиши ориёиҳои бостонӣ мебошад ва намоди олами афсона, руёву асотир ва оинҳои бостонии ориёиҳоро дар худ нуҳуфтааст. Албатта, ҳамаи ин назарҳо дар мавриди пайдоиш ва маънидоди чакан ҳадсу гумонҳои эҳтимолӣ буда, ба воқеият наздикӣ надоранд. Боз ҳам таъкид намуданӣ ҳастам, ки агар вожаи чакан ва шакли хоси он пӯшиши ориёиҳои бостонӣ ва реша дар дини зардуштӣ медошт, ба ғайр аз тоҷикон дар сарзаминҳои паҳноваре, ки ориёиҳо зиндагӣ менамуданд, ақалан дар як гӯшае аз ин маконҳо ин ҳунар бо ҳамин ному шакл то ба имрӯз вуҷуд медошт.

Ҳунари сӯзанидӯзӣ дар миёни форсизабонон ва дигар халқиятҳои минтақа вуҷуд дорад. Аммо чакан ба кулӣ аз ҳунарҳои дигари минтақа фарқ мекунад. Чакан бо номҳо ва шаклҳои гуногун дар миёни тоҷикон мавриди истифода қарор дорад. Хомакдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, даврӣ ва зардӯзӣ аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб мераванд. Чакандӯзӣ дар ашъори бузургони форсу тоҷик низ дарҷ гардидааст, ки аз ҳунари қадима будани он дарак медиҳад. Ҷамолиддин Муҳаммад Абдураззоқи Исфаҳонӣ шоири асри шашуми ҳиҷрӣ мефармояд.

Бадон сифат ки сарангушт мони наққош,

Савод мушк кунад нақш бар баёзи ҳарир.

Канизаке аст чакандӯз хуб дебобоф,

Ки бар ҳарири хатои ҳама кунад таҳрир.

Мутаасифона, имрӯз ҳастанд нафароне, ки ҳунари чакандӯзиро ба мардумони туркнажод низ рабт доданӣ мешаванд, ки ин иддао ҳеҷ асоси воқеӣ надорад. Оддитарин мисол ин аст, ки дар миёни ақвоми туркнажод ҳатто як намунаи кӯчаке ҳам аз чакандӯзӣ дида намешавад, ки далеле барои гуфтаи онҳо бошад. Чакани Хатлонзамин асилтарин ва кӯҳантарин ҳунари дастии тоҷикон буда, қадимитарин фарҳанги ин мардум ба ҳисоб меравад. Бостоншиносон бар он назаранд, ки ҳунари чакандӯзӣ беш аз се ҳазор сол таърих дошта, хоси тоҷикон мебошад. Ин ҳунарро тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳои гузашта ҳифз намудаанд.

Ҳангоми маънидод намудани вожаи “чакан” назарияи дигаре, ки ба воқеият хеле наздикӣ дорад, ҷалби таваҷҷуҳ мегардад. Дар умум агар мо ба чакан ва чакандӯзӣ аҳамият диҳем пеш аз ҳама пеши назари мо ҳунар, ҳунармандӣ ва таҷриба ҷилвагар мегардад. Пас мо метавонем гӯем, ки чакан ин ҳунар, санъат ва таҷриба аст. Дар ин ҷо пеш аз оне, ки дар мавриди пайдоиши вожаи чакан ва таърихи он маълумоти дақиқ пешкаш намоем, назарияи аввалиро, ки ба замина ва пайдоиши чакан наздикӣ дорад, мисол меорем. Оғози заминаи пайдоиши калима ва вобастагии ҳунари чакану чакандӯзӣ ба эҳтимоли зиёд пайвастагӣ ба вожаи арамӣ-ибрии “Хакам” (Chakam) skilful (in technical work), яъне моҳир, маҳорат ва ҳунар доштан (дар корҳои фаннӣ) -ро низ дорад.

Аммо асли вожаи “чакан” аз вожаи арамаи “шакан” “shakan” (כןַ שְׁ) гирифта шуда, ба маънои сукунат, макони муқаддас ва намодди зебогӣ мебошад. Шакан макони сукунатро гӯянд, ки деворҳояш бо матоъҳои нақшину гулдӯзишуда оро дода шудааст. Аз ин бармеояд, ки вожаҳои шакан ва чакан ҳаммаъно буда, мафҳуми аслии ин вожаҳо ишора ба ҳунару ҳунармандӣ ва ороиши деворҳо менамояд. Паҳлӯи дигари маънои шакан ин ороиш додани макони зист тавассути ҳунарҳои дастӣ ба мисли дӯзандагӣ мебошад.

Истифода аз мафҳум ва вожаи “шакан” дар заминаи бунёди хаймаи муқаддас барои ибодат ва парастиши Худованд, аз ҷониби ҳазрати Мусо оғоз мегардад, ки бо номи “Мишкан”, дар китоби Таврот оварда шудааст. Вожаҳои арамӣ-ибрии “шакан” ва “мишкан” ҳаммаъно буда, дар ду мавриди хос дар боварҳои дарундинӣ истифода карда мешавад. Мишкан аввалин маъбаде мебошад, ки ҳазрати Мусо барои парастиши Худованд бунёд намуд.

Тибқи ривоятҳои дарундинӣ дар дини Мусавӣ ҳангоме, ки ҳазрати Мусо бо ҳамқавмонаш аз Миср хориҷ мешавад, пас аз чиҳил рӯз ба кӯҳи Сино мерасанд. Пас аз он ки Худованд паёми худро дар он макон ба Мусо мерасонад, яъне ҳамон даҳ фармонро, Мусо бо ҳамқавмонаш маконеро ихтиёр намуда, хаймаеро барои ибодат ва парастиши Худованд бунёд месозад ва он хаймаро “Мишкан”, яъне макони сукунат ва ибодат меномад.

(Mishkan. The Mishkan was the temporary, portable Temple that the Jews were commanded to build after the revelation at Mount Sinai. It had all of the furnishings of the future Temple and served the same functions, but it was smaller and used fabrics and animal skins for its walls and roof.)

Пас аз бунёди хайма, занону мардон дар баробари ҳам барои ороиши дохил ва беруни ин хайма дар пораҳои матоъ нақшҳои гуногунро тарроҳӣ ва гулдӯзӣ менамоянд. Сипас гулдӯзиҳоро барои ороиш додани хайма дар деворҳои он овезон менамоянд. Пас аз он ки деворҳои дохили хайма бо гулдӯзиҳои гуногун сад ранг мегирад, ба хотири зебогии ин макон аз овезаҳои гулдузӣ он хаймаро “Мишкан” яъне ба маънои макони зебо ва муқаддас ном мегузоранд. Мишкан яъне макони муқаддасу зебо ба хотири ибодат ва парастиши Худованд мебошад. Шакан дар боварҳои дарундинӣ зебогиҳои гулдӯзишудаи дохили Мишканро (хайма) низ гӯянд. Вожаи “Мишкан” ҳаммаъно ба вожаи “шакан”-и арамӣ мебошад.

Қавми Мусо дар давоми 440 сол то замони бунёди маъбади Сулаймон дар Байтулмуқаддас ҳар куҷо ки муҳоҷират менамуданд, “Мишкан” -ро ҷамъу гир намуда, бо худ мебурданд. Чуноне ки дар боло зикр намудем вожаҳои “Мишкан” ва “Шакан” мазмуни яксон дошта, дар бештари маврид мафҳуми макони сукунат ва муқаддасро бозгӯ менамояд. Ба қавли дигар дар сарчашмаҳо ва ривоятҳои дарундинӣ исми “Мишкан” ва “Шакан” танҳо дар мавриди хаймаи муқаддас, ки бо ороиши нақшу гулдӯзиҳои гуногун аз ҷониби ҳазрати Мусо бунёд шуда буд, ном бурда мешавад.

Дар Таврот китоби дуюм, ишора гардидааст. Exodus 36:8 “And all the wise of heart among the doers of the work made the mishkan of ten curtains. Twisted linen, blue wool, purple wool, scarlet wool; cherubs, of artistic work he made them.” Баъзеҳо бар он боваранд, ки вожаи “шакан” ба маънои қарор гирифтан дар “Мишкан” ва оромиш ёфтан аз зебогиҳои ин макон низ гуфта мешавад. Аз ин мафҳум бармеояд, ки вожаи “шакан” дар боварҳои динӣ ба мафҳуми қарор гирифтан дар баробари зебогӣ ва оромишу болидагии руҳ низ маънидод мегардад. Бояд ёдовар шуд, ки санъати гулдӯзӣ дар фарҳанги динии яҳудиён дар замонҳои қадим хеле назаррас буд. Яке аз анъанаҳои қадимаи яҳудиён ин санъати сузанидӯзӣ бо номи “кетубаҳ” мебошад, ки дар ҷашнҳои арӯсӣ то ҳанӯз роиҷ аст. Ба эҳтимоли зиёд “кетубаҳ” низ аз фалсафаи “шакан” сарчашма мегирад. “Кетубаҳ” пораи матои гулдӯзӣ шудааст, ки дар ҳангоми ҷашни арӯсӣ аз ҷониби навхонадорон ба ҳамдигар ба хотири эътимоду боварӣ ва ҳифзу ҳимояти ҳамдигар туҳфа карда мешавад.

Тоҷикон низ дар ҳангоми базмҳои арӯсӣ бо таманнои бахти сафед барои арӯсу домод гунаҳои чаканро аз либос сар карда то овезаҳои онро барои тирезаю девор ва тагсарӣ омода менамоянд, ки ба фалсафаи “кетубаҳ” шабоҳат дорад. Дар фарҳанги тоҷикон намоди чакан низ мафҳуми зебогӣ ва хушбахтиро дорад. Инчунин тоҷикон то ҳанӯз анъанае доранд, ки дар деворҳои дохили манзилашон ба таври доими матоъҳои чакандӯзишударо меовезанд ва онро рамзи хушбахтӣ ва зебогӣ медонанд. Ин анъанаи тоҷикон бо мафҳуми вожаи “шакан” ҳамсон мебошад. Чуноне ки мебинем мафҳуми аслии шакан низ дар қадим макони сукунат ва муқаддас дониста мешуд, ки бо овезаҳои гулдӯзишуда он маконро ороиш дода буданд. Чаканро низ бештар тоҷикон ба хотири зебо гардонидани деворҳои манзили зисташон, ки онро макони муқаддас ва пок барои оила медонанд, истифода менамоянд.

Пас ба мо маълум мегардад, ки пайдоиши вожаи чакан ва ҳунари чакандӯзӣ аввалин маротиба дар Ховари Миёна сурат гирифта рамзи ҳаёти пок ва оромиши руҳ мебошад. Вожаи “чакан”-и тоҷикӣ ва вожаи “шакан”-и арамӣ ҳамреша ва ҳаммаъно буда, мафҳуми ягонаи макони зебо ва муқаддасро дар худ доранд. Дар тӯли ҳазорсолаҳо вожаи “шакан” ба “чакан” тағйир намуда, ин ҳунар то ба имрӯз дар байни тоҷикони кӯҳистон ҳифз ва дар шаклҳои гуногун рушд дода шудааст.

Ҳотам ФАЙЗУЛЛОЕВ,

адиб ва муҳаққиқ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь