Вақте аз манфиатҳои миллӣ мегӯем, бояд худшиносии динии халқи тоҷик сарфи назар нагардад.
Зеро моҳияти таълимоти бузургони ин бахш, бо дарназардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир тамоюли афзоишро касб карда, барои ташаккули дурусти худшиносии динии халқи тоҷик истифодаи мероси ғании онҳо зарур аст. Бешубҳа, арзишҳои динӣ дар ташаккул ва инкишофи худшиносии миллӣ аҳамияти зиёд доранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: “Уммати мусулмон бар асоси ягонагии динӣ ва гуногунрангии фарҳангӣ ташаккул ёфтааст. Ислом бо такя бар асли тавҳид ба масъалаи худшиносӣ ва худсозии миллатҳои мусулмон маҷрои ягона бахшидааст. Воқеан, халқи тоҷик дар шинохти ҷавҳар ва ҳақиқати ин дини бузурги тавҳидӣ ва шикасти таассуби қавмӣ дар назди Худои Мутаол метавонад аз парҳезгортаринҳо дониста шавад”.
Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки ҳамрадиф бо арзишҳои миллӣ арзишҳои динии худро эҳё намоем. Натиҷа ин аст, ки имрӯз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва оину суннатҳои миллии худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намудани 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, баргузории ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангии халқамон, аз ҷумла Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон шаҳодати гуфтаи болост.
Илова бар ин, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам- Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва як силсила тадбирҳои дигар дар сатҳи давлатӣ далели гиромидошти фарҳанги диниву мазҳабӣ мебошад.
Аз далелҳои таърихӣ бармеояд, ки халқи тоҷик ба фарҳанги исломӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, дар шаклгирии ин раванд саҳми шахсияти фарҳехта бориз аст. Намунаи барҷастаи онҳо Хоҷа Абӯбакри Варроқ мебошад.
Оромгоҳи ин орифи бузург дар зодгоҳи ман – деҳаи Похути Фалғарзамин воқеъ буда, ба зиёратгоҳи ашхоси касбу кори гуногун аз ҳама минтақаҳои кишварамон табдил ёфтааст. Бо дастгирии саховатмандони деҳа ин мавзеъ сол то сол ободу зебо шуда, ба ҳусни ин гӯшаи дурдасти кӯҳистони мамлакат ҳусни нав зам кардаст. Мутаассифона, дар бораи ин шахсият маълумоти зиёд қобили дарёфт нест. Матлаби мазкур кӯшише дар шинохти ин шахсияти аст.
Мавлавӣ Ҷунунӣ дар китоби худ – «Маъдан-ул- ҳол» Абӯбакри Варроқро яке аз ошиқони роҳи Ҳақ ва орифи яқин, соҳиби ахлоқи ҳамида ва оташинсухан, марди дилогоҳ, соҳиби илми ладун номида, муътақид аст, ки ҳаёти онҳо намунаи ибрат ва роҳи ҳаёти солим аст.
Китоби мазкур ёдномаи аҳли ирфон буда, дар он зикри бузургони Тирмиз аз қабили Ҳаким Тирмизӣ, Абӯбакр Варроқи Тирмизӣ, Шайх Аттори Валӣ, Шайх Ҳасани Аттор ва дигар улумову удабое, ки бевосита дар пешрафти маданияти Тирмиз ва муҳити адабии Чағониён вобастагӣ доранд, бо баёноти шеърӣ оварда шудааст.
Тавре Иқрориддин Айниддинов – магистранти Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар мақолаи худ таҳти унвони “Сайри таърихии Мавлавӣ Ҷунунӣ”, ки ду сол қабл дар маҷаллаи илм, адабӣ ва таълимию маърифатии “Адаб” нашр шуда буд, нигоштааст: “Пораҳои мазкур тасвири баланди шоирона ва мухайялона надошта бошанд ҳам, дар онҳо аз санъатҳои бадеӣ аз қабили қавофии лафзӣ ва ғайрилафзӣ, ташбеҳ, истиора, таҷнис, ташхис, санъати такрор ва ғайра фаровон аст. Аз ҷиҳати забонӣ аз антоним, синоним, калимаҳои иқтибосӣ, изофаи арабӣ, нидо, ҳиссачаҳои инкории арабӣ ва амсоли инҳо бой мебошанд. Албатта, барои омӯхтани «Маъдан- ул- ҳол» бояд муҳаққиқ аз илми ирфон ва забону адабиёти форсу тоҷик огоҳ бошад”.
Ҷунунӣ дар эҷодиёташ ҳаёту фаъолияти бузургон, аз ҷумла Абӯбакри Варроқро ба силки назм кашида, аслу насаби онҳоро бозгӯйӣ менамояд. Барои тақвияти андеша пораеро аз ашъори ӯ мисол меорем:
Азизе номи ӯ Бӯбакри Варроқ,
Мунаввар ӯ зи нури Холиқи Тоқ.
Дар ин раҳ пешвои корвоне,
Дилу ҷонаш ба сайри ломаконе.
Ба ҳар зикре ҳиҷобаш пардадар буд,
Зи кимиёи нигоҳаш хок зар буд.
Зи роҳаш кӯрдилҳо роҳ дида,
Зи ҷомаш талхкомон май кашида.
Аз таснифи ҳамзамонон бармеояд, ки Абӯбакри Варроқ намои хираду озодагӣ, инсофу ростӣ, садоқат ва сарбаландӣ, ҳақшиносӣ ва ҳақталошӣ, набарду пирӯзӣ будааст. Баҳри татбиқи аҳдофи нек азми қавӣ дошта, алорағми ҳама сахтӣ таҳаммул, бовар ва умедро талқин менамудааст:
Муридон гирди моҳаш чун ситора,
Ба нӯши хуми ваҳдат бенақора.
Зи таълимаш ҳама дар нола шабхез,
Ба ташна дода юмнаш ҷоми лабрез.
Зиндагии инсони асил мисоли китобест пурмаънӣ, ибратбахшу хонданӣ. Ҳар саҳифаи умри фарди некном рангину фаромӯшношуданист. Ҳарчанд рӯзҳо мегузаранд, ҳамон қадар қадру қимматаш афзун мешавад. Кори накӯ ва писандидааш дар хотираи мардум зиндатар, номаш гиромитар мегардад.
Вақте ба пажӯҳиши шахсияти Абӯбакри Варроқ майл намудам, мутмаин гаштам, ки номест ошно ва гиромӣ. Чеҳраест шинохта, маҳбубу муътабар ва соҳиби мақому манзалати бениҳоят баланд.
Ӯрост ёдгориҳое хуҷаста ва носутурданӣ дар китоби зиндагӣ. Ӯрост пайравону ихлосмандони зиёд. Ин аст, ки дар ҳар гуфтор сухане аз ҳиммату наҷобаташ гуфтаанд, дар рафтор пайравиаш кардаанд, рафтору гуфтор ва кирдорашро кирдорашро аҳсан гуфтаанд.
Мавлавӣ Ҷунунӣ дар китоби худ – «Маъдан-ул- ҳол» мақому манзалати Абубакри Варроқро чунин тасниф кардааст:
Мусоҳиб бо Ҳакими Тирмизӣ буд,
Ба Ҳузравя пайи улфатпазӣ буд.
Адибулавлиё ӯро лақаб буд.
Ки хулқаш доимо ҳусни абад буд.
Номбурда бо дарки амиқи ҳикмати илоҳӣ ва бо истифода аз арзишҳои фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ ҳақиқату аҳдофи дини мубини исломро бозгӯйӣ намуда, ба мардум талқин намудааст, ки дар зиндагиву фаъолияти дилхоҳ шахс парҳез аз аъмоли бад ва тарки васвасаҳои ҷоҳу ҷалолталабӣ бояд сармашқи кор бошад.
Шахсияти Хоҷа Абӯбакри Варроқ, бо дарназардошти арҷгузориаш ба арзишҳои инсонӣ таҷассуми ҳамин ҳақиқат мебошад.
Дорои хислатҳои ҳамида будану ба фарҳанг ва улуми асри худ эҳтироми хоса доштан номбурдаро дар сафи беҳтарин донишмандони замони худ ҷой додааст.
Таҳаммулпазирӣ аз нуктаи муҳими таълимоти ӯ буда, ба ҳеч ваҷҳ аз дин ва таълимоти он суиистифода накардааст. Дар «Маъдан-ул- ҳол» ин хислати наҷиби бузургвор чунин тавсиф шудааст:
Муридро манъ кардӣ аз сафарҳо,
Ки сабр омад калиди қуфли дарҳо.
Ҳамеша сабр мифтоҳул фараҷ гуфт,
Гули мақсуд зи сабри ғунча бишкуфт.
Анъана ва арзишҳои устувори фарҳангӣ, ки бо ақоиди динӣ ороста шудаанд, пойдевори мустаҳками фарҳангиро ташкил додаанд. Дар ин раванд баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, бузургдошти инсон, эҳтироми шахсият ҳамзистии осоишта меҳвар буда, Хоҷа Абӯбакри Варроқ низ намунаи баланди инсондӯстиро дар зиндагӣ ва таълимоти худ нишон додааст. Ахлоқи ҳамидаи бузургворро васф карда, Мавлавӣ Ҷунунӣ минҷумла гуфтааст:
Камоли нахли имон сабр бошад,
Ки тухм аз сабр шаҳбозӣ тарошад.
Зи сабр аз хоки тира бишкуфад гул,
Лаби хушке расад дар шишаи мул.
Ҳазорон кимиё ин ҷо падид аст,
Касе чун сабр иксире надидаст.
Муҳаққиқон тамаддунро ба дин вобаста ва симои маънавии ҷомеаро аз он иборат медонанд. Бегуфтугӯ, дар пешрафти ҷомеа дин мусоидат кардааст ва анъанаю муассисаҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки ба пешрафти тамаддун кӯмак расонидаанд.
Бо андешае мувофиқам, ки дини мубини ислом баҳри зуҳур ва ташаккули шахсиятҳои таърихии таҳрик бахшида, аз тариқи онҳо мероси фарҳангии ҷаҳоншумулро ба вуҷуд овардааст. Бо дарназардошти таълимоту осор метавон гуфт, яке аз чунин шахсиятҳо Хоҷа Абӯбакри Варроқ мебошад.
Пораи навбатие, ки аз «Маъдан- ул- ҳол» иқтибос овардем, ин андешаро собит месозад:
Чунин фармуд рӯзе он дилогоҳ (манзур Абӯбакри Варроқ),
Ки ман санҷидаам дар роҳи Аллоҳ.
Ду олам хайр дар моли қалил аст,
Зиёда аз қадар аз сар сабил аст.
Ҳисоби кам малолаш камтар ояд,
Ҷавоб осон ба рӯзи маҳшар ояд.
Онҳое, ки инсони комиланд, ба арзишҳои умумибашарӣ эҳтиром мегузоранд, воқеан ҳам, соҳиби дили бузург ҳастанд. Аз худ гузаштан, арзишҳои инсониро боло гузоштан, ба хотири ормонҳои инсонӣ кору зиндагӣ кардан аз оини ҷавонмардист. Ҳамин гуна шахси сарсупурдаи дину оин аст қаҳрамони матлаб, ки фармуда:
Чӣ бошад фитнатар аз меҳри дунё?
Ҷудо ҳар бандаро созад зи Мавло?
Сияҳ гар шуд, либоси дил дар ин буд,
Намебинад сафои нури Маъбуд.
Хоҷа Абубакри Варроқ таълимотеро поягузорӣ намуд, ки камоли шахсият ва болорави ҳувият мусоидат мекунад. Айни замон манфиатҳои миллии мо тақозо мекунанд, ки афзалиятҳои фарҳанги миллӣ ва динӣ мадди назар бошанд, унсурҳои динӣ ба пешрафти унсурҳои миллӣ бо нигоҳ доштани муқаддасоти худ таҳрик бахшанд. Ба кавли он бузургвор:
Шар(р)и ду кавн аз моли касир аст,
Дили бебаҳра дар баҳраш асир аст.
Ки аксар дил зи меҳри Зоти Ҷаббор,
Кушояд қуфли боби ганҷи асрор.
Аз он ганҷи саодатҳои маъсум,
Бисозад, меҳри ин мурдори маҳрум.
Аз ин бадтар адуят чист, эй ҷон?
Ки маҳрумат кунад аз файзи Субҳон?
Инкишофи ҷомеаи инсонӣ тақозои ҳамкорӣ, истифодаи комёбиҳои тамоми инсоният, арзишҳои умумибашариро кардааст. Имрӯз ин раванд боз ҳам тавсеа ва таҳким ёфтааст. Пас, дар чунин шароит моро зарур аст, ки зиракии сиёсииро аз даст надода, ҷанбаҳои миллиро эмин дошта, ҳамзамон худшиносии миллиро таҳким бахшем.
Мутаассифона, дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат кишвар тавозуни арзишҳои динӣ ва миллӣ зери суол рафта, дар ин замина миллат ва давлат ба вартаи афтодаанд. Яке аз сабабҳои пайдоиши ин буҳрон сарфи назар шудани фарҳанги ғанӣ ва мероси илмии шахсиятҳои муътабар, аз ҷумла саромадони тамаддун ва фарҳанги умумиисломӣ буд.
Заминаи ба ин раванд майл намудани мардум, ки аз хурофот (сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос) маҳсуб мешавад. Моҳиятан дин ва хурофот шакар ва заҳр буда, омезиш додани онҳо пайомади маргбор дорад.
Дар ин робита Мавлавӣ Ҷунунӣ дар «Маъдан-ул- ҳол» бо истинод ба фармудаҳои Абӯбакри Варроқ чунин фармудааст:
Ду зид якҷо нагардад ҷамъ ҳаргиз,
Нашуд зулмат ба нури шамъ ҳаргиз.
Ба суръат зуд з-ин ҷифа бикан дил,
Ки қабл аз ҷифа гаштан тор бигсил.
Дар хотир дорем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҷомеа равияи нав – ба таври густурда тарғиб намудани арзишҳои динӣ маъмул гардида буд. Кор то ба ҷое расид, ки як олиме, ки дониши мукаммали гуногунҷанба дорад, дар радифи ба ном муллои чаласавод қадру манзалат надошт.
Фурӯши густурдаи фитаҳои амри маъруф, гузаронидани тӯй ва маъракаҳо ба тарзи мазҳабӣ, нишон додани афзалияти гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар ва ғайраҳо ба «осиёб»-и чунин муллоҳо «об мерехт».
Касе наметавонад инкор кунад, ки дар мамлакати мо давлат баҳри такомули афкори динӣ ва суннатҳои ба он марбут дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ муқаррарот пешбинӣ кардааст ва онҳо ба талаботи ҷомеа созгоранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, ки бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод қабул шудааст, далели бебаҳси ин гуфта мебошад.
Аз далелу арқоми таърихӣ бармеояд, ки фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динӣ тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва роҳбарияти давлат низ ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад.
Банда низ бо андешае ҳамфикрам, ки ин арзишҳоро ба ҳеч ваҷҳ набояд ба ҳам муқобил гузошт, баръакс, онҳоро тибқи талаботи замон ва манфиатҳои миллӣ вусъат бояд бахшид.
Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд.
Бидуни баҳс ҳар фарди мусулмон ба дини мубини ислом чун ба як сарчашмаи асосии маънавӣ ва рӯҳониву ахлоқӣ эҳтиром мегузорад, зеро ислом ба яке аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо табдил ёфтаву ин раванд муттасил аст.
Тоҷикистон давлати дунявӣ аст. Ин рукни асосии давлатдории миллӣ ҳисоб мешавад. Дин кори хусусии ҳар як шаҳрванд ва инсон буда, аз эътиқоди озоди ҳар кас бармеояд.
Мушкилӣ дар он зоҳир мегардад, ки баъзеҳо ҷудо будани иттиҳодияҳои диниро аз давлат ҳамчун тазод байни дунявият ва дин маънидод карда, масъаларо ба мардум нодуруст шарҳ медиҳанд ва чунин мешуморанд, ки гӯё давлат динро аз ҳаёти ҷомеа берун мекарда бошад. Дар натиҷа, баъзе шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини нафарони тафриқаандоз ва ҷоҳталабу беимон мешаванд.
Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад”.
Муҳим он аст, ки давлат ба муайян намудани муносибати инсон ва шаҳрванд ба дин ва мансубияти динӣ дахолат намекунад, ба зиммаи иттиҳодияҳои динӣ иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро намегузорад, ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунҳо пешбинишуда дахолат намекунад, хусусияти дунявии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таъмин менамояд, барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун, инчунин байни пайравони онҳо мусоидат менамояд, ба зуҳуроти таассуб ва ифротгароӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ роҳ намедиҳад.
Ҳарчанд баъзе моҳияту таъноташро нодуруст шарҳу тавзеҳ медиҳанд, вале муқаррар шудааст, ки масҷид иттиҳоди ихтиёрии мусулмонон бо мақсади анҷом додани намоз ва қонеъ гардонидани дигар эҳтиёҷоти динӣ, инчунин намозгоҳи ҷамъиятии исломӣ бо таъйиноти умумидиёнатӣ мебошад.
Тибқи маълумоти мавҷуда, имрӯз шумораи масҷидҳо аз 17 адади замони шӯравӣ ба беш аз чаҳор ҳазор расида, теъдоди ҳоҷиёни кишвар аз 30 нафар то ба 200 ҳазор афзоиш ёфт ва коршиносон муайян намуданд, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи теъдоди масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ дар мақоми аввал қарор дорад.
Дар баробари ин, фаъолияти масҷидҳоро берун аз чорчӯбаи арзишҳои миллӣ тасаввур кардан иштибоҳи маҳз аст. Дар онҳо бояд шахсиятҳои миллие тарбия ёбанд, ки миллати тоҷикро, чун дар гузашта, дар байни дигар миллатҳои мусулмон бо хислатҳои воло – парҳезгорӣ аз ҳар гуна таассуб, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ муаррифӣ карда тавонанд.
Вазифаи ҷонӣ ва қарзи инсонии мост, ки ин дини покро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгаройӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем.
Дилхоҳ мусулмон хуб медонад, ки Китоби муқаддас – Қуръони Карим манбаи саршор аз баёнот дар бораи ваҳдати иҷтимоӣ, фарҳанг ва ахлоқ аст.
Ҳамон тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Дини ислом мазҳари ҳукми рӯҳонӣ ва ахлоқӣ аст, ки метавонад ба манфиати миллат ва таҳкими давлатдорӣ хизмат кунад. Он дар якҷоягӣ бо андешаи миллӣ метавонад ҳамаи сатҳҳои зиндагии мардумро фаро гирад ва ба маҷрои солими такомул ва пешравӣ равона кунад”.
Хулосаи ниҳоӣ: Хоҷа Абубакри Варроқ ҳакимест, ки вазъу набзи замони худро дуруст дарк намуда, баҳри пешгирӣ намудани ифроту тафриқаандозӣ дар масъалаҳои марбут ба дин бо азми қавӣ ва нияти нек ҷаҳду талош намудааст.
Ин бузургвор инсони боҳувиятест, ки дар олами ислом мақому манзалати баландро соҳиб буда, дар шароити кунунӣ дарку тарғиби мероси бебаҳои ин фақеҳи бузург заруру ногузир ва ба манфиати кор хоҳад буд.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садоии мардум”