(Ё дар бораи шахсият ва сиёсати Исмоили Сомонӣ чӣ медонед?)
Шинохт ва муаррифии симо ва чеҳраҳои сиёсӣ, давлатӣ, адабӣ, илмӣ ва мадании миллӣ, ки дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ саҳми муносиб гузоштаанд, қарзи виҷдонӣ, амри инсонӣ ва рисолати иҷтимоию мадании мост. Ба ин манзур, Исмоили Сомонӣ (849-907) яке аз чеҳраҳои матраҳ ва маъруфи сиёсату давлатдории мо ба шумор меравад ва муаррифии шоистаю боситаи ӯ барои насли наврасу ҷавони тоҷик вазифа ва рисолати бевоситаи ҷомеаи маданӣ мебошад. Пеш аз он ки дар бораи амир Исмоили Сомонӣ маълумот бидиҳем, зарур мешуморем, доир ба ин хонадон ва дудмони миллӣ – Сомониён чанд ҳарфи мухтасаре хидмати хонанда арз дорем.
Сулолаи Сомониён ба Сомон мансубанд, ки номи қария (русто, деҳа)-е дар ободиҳои наздики Самарқанд аст ва ин хонадон, дар асл зардуштӣ ва аз амирони маҳаллии иронитабор будаанд. Мардони ин хонадон дар ин қария ба мерос аморат кардаанд ва ба ин сабаб ҳар яки онҳоро Сомонхудот, яъне бузург ва соҳиби қарияи Сомон мехонданд. Ба назари аксари муаррихон, Сомониён аз насли Баҳроми Чӯбина (сардори маъруфи Ҳурмузи чаҳорум ва Хусрави Парвиз) будаанд (ниг.: Пирниё, Ҳасан, Оштиёнӣ, Иқбол. Таърихи Ирон: аз оғоз то поёни давраи паҳлавӣ. Теҳрон: Самир, 1384. С.546).
Баъзе муҳаққиқон бар инанд, ки аҷдод ва бобои амирони Сомонӣ Сомонхудот дар аввал ба сорбонӣ машғул будааст ва пас аз муддате, бар асари ҳимматбаландию айёрӣ (зиракию чолокӣ ва ҷавонмардӣ – ниг.: Муъин, Муҳаммад. Фарҳанги форсии Муъин (якҷилдӣ). Ҳамроҳ бо талаффузи комил ва нишонаҳои ихтисорӣ. Теҳрон: Фарҳангнамо, 1386. С.728) бо ҷалби ёрону дӯстон ба маснади аморати шаҳри қадимаи Чоч (Шош) дар маҳалли Тошканд расидааст. Яке аз ин Сомонхудоён дар айёми ҳукумати Асад бини Абдуллоҳ бар Хуросон (дар асри Ҳишом бини Абдулмалик) дини исломро қабул кард ва писари худро ба номи ҳукмрони Хуросон Асад номид (ниг.: Оштиёнӣ, Иқбол, Оқилӣ, Боқир. Таърихи Ирон пас аз ислом: аз садри ислом то инқирози Қоҷория ва давраи паҳлавӣ. Теҳрон: Нашри Номак, 1378. С.195). Аз зиндагонии Асад иттилои зарурӣ дар даст нест. Ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ дар замоне ки Маъмун дар Марв иқомат дошт, бо чаҳор писари худ – Нуҳ, Аҳмад, Илёс ва Яҳё ба хидмати ӯ иқдом мекунад ва Маъмун ӯ ва писаронашро мепазирад. Пас аз расидани Маъмун ба хилофат, ба амри ин халифа Ғассони Аббод (писари амаки Фазл ва волии Хуросон) ҳар як аз писарони Асадро ба вазифаҳои дарборӣ масъул кард: Самарқандро ба Нуҳ супурд, Фарғонаро ба Аҳмад, Чочро ба Яҳё ва Ҳиротро ба Илёс.
Ҳатто пас аз он ки Ғассон бини Аббод аз ҳукумати Хуросон дур ва ба ҷойи ӯ Тоҳири зуляминайн ба ин мақом гумошта шуд, писарони Асад дар мақомҳои худ боқӣ монданд (ниг.: Пирниё, Ҳасан, Оштиёнӣ, Иқбол. Таърихи Ирон: аз оғоз то поёни давраи паҳлавӣ. Теҳрон: Самир, 1384. С.547).
Ба ин тартиб, дар соли 261 (875 мелодӣ) халифа Муътамид расман фармони аморати тамоми қаламрави Мовароуннаҳро ба номи Наср бини Аҳмад содир кард ва Наср дар Самарқанд иқомат ихтиёр намуда, аз ҷумлаи бародарон – Исмоилро ба Бухоро фиристод ва бародарони дигароро ҳам ҳар кадом ба шаҳре барои маъмурият равона намуд. Бад- ин минвол, пас аз он ки Бухоро ба ихтиёри Сомониён гузашт, Наср ҳамчун сардори хонадон, аз халифа Муътамид дар соли 875 ҳуҷҷати идораи кулли Хуросонро ба даст овард (ниг.: Неъматов Нӯъмон. Давлати Сомониён: тоҷикон дар асрҳои 1Х – Х. -Душанбе: Ирфон, 1989. С.26).
Барои шинохтани симои сиёсӣ, давлатӣ, иҷтимоию маданӣ, ҳамчунин вежагиҳои ҳувиятию ҷавонмардии Исмоили Сомонӣ, ки қаламрави давлати Сомониён дар имтидоди солҳои 892-907 муваффақона идора карда, яке аз бузургтарин ва таъсиргузортарин давлатдорони миллӣ ба ҳисоб меравад, ба ҳодисаи низоъи Наср ва Исмоил таваҷҷуҳ мекунем. Исмоили Сомонӣ муддатҳо аз ҷониби бародари бузургтар Наср бо адлу дод дар Бухоро ҳукумат мекард ва бародарбузурги худ — Насрро эҳтиром менамуд. Дар ин баробар, Исмоил бо яке аз ҳокимони араб ба номи Рофеъ бини Ҳарсама, ки бар Нишопур ва Хуросони Шимолӣ ҳукумат мекард, дӯстӣ барқарор намуд ва дар ин миён гурӯҳи маккорону фурсатталабон хабарро ба Наср расонида, миёни бародарон иғво андохтанд. Дар натиҷа, Наср барои аз тахт барканор кардани Исмоил ба Бухоро лашкар кашид. Мувофиқи нақли муаррихон, дӯсти Исмоил Рофеъ бини Ҳармаса ҳам талоши забти Самарқандро дошт ва аз ин матлаб огоҳ шуда, Исмоил умед аз ӯ барканд ва ҷанги сахте миёни бародарон иттифоқ афтод. Ба ин тариқ, дар ҷанге, ки тирамоҳи соли 275 ҳиҷрӣ (888 меодӣ) дар наздикии Бухоро ба вуқуъ пайваст, Наср мағлуб шуд ва асир афтод.
Исмоил шикасти бародари бузургтар – Насрро сарфи назар карда, ӯро ба Бухоро оварда, бар тахт нишонда, худ дар хидмати ӯ камар баст. Исмоил ба қадре дар эҳтиром ва таъзими бародар муболиға кард, ки Наср пиндошт Исмоил ӯро тамасхур мекунад. Онгоҳ Насрро бо ҳамроҳоне ба Самарқанд фирисод ва ҳангоми видоъ ба ӯ гуфт, ки ман дар Бухоро ба ниёбат (ваколат, ҷонишинӣ)-и ту боқӣ мемонам ва дар хидмат хоҳам буд (ниг.: Оштиёнӣ, Иқбол, Оқилӣ, Боқир. Таърихи Ирон пас аз ислом: аз садри ислом то инқирози Қоҷория ва давраи паҳлавӣ. Теҳрон: Нашри Номак, 1378. С.197). Бубинед, Исмоили дурандеш, қатъи назар аз бохт дар ҷанг, аз ӯ на танҳо малол нашуд, балки бар тахт нишондаш ва адои эҳтиром намуд. Гузашта аз ин, амир Исмоил бародари калонии худро расман сардори сулола монда, худ амалан ҳокимиятро ба даст гирифт. Баъди вафоти Наср салтанати ягонаи Исмоил (892- 907) оғоз ёфт (ниг.: Неъматов Нӯъмон. Давлати Сомониён: тоҷикон дар асрҳои 1Х – Х. Душанбе: Ирфон, 1989. С.27).
Муаррихон ва муаллифони сарчашмаҳои таърихӣ аз амир Исмоил таърифу ситоиш карда, махсусият ва вежагиҳои инсонӣ ва раҳбарии ӯро таъкид кардаанд. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо, амир Исмоил марде одил, ҷавонмард, бетамаъ ва одил будааст. Адолати ӯ ба дараҷае будааст, ки лақаби “амири одил”-ро насибаш гардонидаанд. Ҳатто дар ҷабҳа ва ҷангу набардҳо ҳам бо худ қозиёнро мегирифтааст, то ин ки доду адолат дар ҳар ҷое таъмин бошад. Гузашта аз ин, ҳеҷ кадом аз лашкариёну дарбориёни амир Исмоил ҳадди тасарруф дар амволу ҳаққи мардумро надоштааст. Барои намуна, аз се вижагии шахсиятӣ ва раҳбарии Исмоилро ёдовар мешавем:
Якум, амир Исмоил сиёсатмадори пухта, парҳезкори ростин, марди бетамаъ ва саломатнафс буд. Сиёсати ӯ дар дили лашкариёнаш беандоза буд ва сипоҳиёну дарбориёни ӯ бо таваҷҷуҳ ба дидгоҳ ва мавқеъгирии сиёсию давлатии амир ҳеҷ гоҳ ба зулму тааддии мардум намекӯшиданд.
Дуюм, барои ҳифзи ҳуқуқи мардум ва рафъи зулму истибдод дар Бухоро девонхона (кабинаи махсуси сиёсӣ барои иҷрои умури давлатӣ) ва доварони махсус дошт ва ҳамеша дар сафарҳо ҷамоате аз қозиёни адолатхоҳ ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, то ин ки мушкилоти беадолатӣ ва бедодӣ дар ҳангоми ҷангу набард ва сафару боздидҳо иттифоқ наафтад.
Сеюм, сифату хислатҳои неки ӯро ба назар гирифта, муосирони Исмоил ӯро лақаби “амири одил” додаанд ва баъди маргаш аз ӯ ҳамеша боэҳтиром ба унвони “амири мозӣ” (амри пешгузашта) ёдоварӣ кардаанд (ниг.: Пирниё, Ҳасан, Оштиёнӣ, Иқбол. Таърихи Ирон: аз оғоз то поёни давраи паҳлавӣ. Теҳрон: Самир, 1384. С.549).
Чаҳорум. Раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои бузурги амир Исмоили Сомониро дар самти давлатсозии миллӣ ба назар гирифта, соли 1999 1100-солагии давлатдории Сомониёнро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуда, пайкараи ӯро дар маркази шаҳри Душанбе насб кард. Илова бар ин, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бисёре аз кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъу минтақаҳо ба исми ин шахсияти матраҳи сиёсию давлатӣ гузошта шудааст. Аз ин гузашта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000, № 415 дар хусуси аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар – “Сомонӣ”, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, эълон гардид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд. Дар пулҳои коғазии нав расми арбобони бузурги муосир ва гузаштаи миллати тоҷик, бо шумули асосгузори давлати Сомониён – амир Исмоили Сомонӣ, ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷо дода шудаанд.
Панҷум. Хотираи таърихии миллат. пеш аз ҳама, бо шинохт, эҳтиром, гиромидошт ва муаррифии шоистаи чеҳраҳои миллӣ қавӣ мегирад ва ҳар қадар мо ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни худ беэътиноӣ кунему дур шавем, ҳамон қадар беҳувиятӣ, худбохтагӣ ва манқуртизмдар баданаҳои иҷтимоӣ реша медавонад ва умри миллатро кӯтоҳ месозад. Миллати бехотира ва бидуни ҳофиза ба чӣ дарде мехурад?! Аз ин ҷост, ки дар шинохт, арҷгузорӣ, таблиғу ташвиқ ва ёддошту бузургдошти Исмоили Сомонӣ ва соири шоҳону амирони хирадпарвари мо маънои ҳувиятшинос буданамонро ифода мекунад. Дар ин замина бояд талош кард.
Нозим НУРЗОДА,
пажӯҳишгар