Дар миёни созандагони иҷтимоъ масъулияти нависанда аз ҳама бештар аст.
Муҳаммади Ҳиҷозӣ
Мусаллам аст, ки дар шароити нави таърихӣ ва замони соҳибистиқлолӣ як зумра нависандагони тоҷик ба мавзуи таърихи садаи бисти миллат ва ҳаводису мусибату фоҷеаҳои ба он марбут таваҷҷуҳ намуда, дар ин замина асарҳои бадеӣ офаридаанд, ки нақди онҳо аз аҳаммият холӣ нест. Аз як тараф, нақди мунсифона роҳро барои тағйироти сифатии асарҳои минбаъда дар ин мавзуъ ҳамвор месозад ва аз тарафи дигар, шинохти мунсифонаи ҳаводису воқеот ва мусибату фоҷеоти миллат дар имтидоди садаи бисти мелодӣ, ки як давраи муҳимми таърихи миллӣ маҳсуб мешавад, талаботи замон аст. Дар ин замина, ба насри солҳои ахир дар мисоли асарҳои нависандаи матраҳи тоҷик устод Мирзо Саидзода (Мирзонасриддин), ки фарогири таҳаввулоту тағйироти садаи бисти таърихи миллатанд, таваҷҷуҳ намудан айни муддаост. Муҳимтар аз ҳама, нависандаи мо Мирзонасриддин бар мабнои адабиёти таърихӣ, илмӣ ва бадеӣ кӯшидааст, ки ба ҳаводис, воқеот ва мусибату бадбахтиҳои садаи бист баҳо бидиҳад ва аз ин тариқ дар бозтоби ҳаводис ва бозшиносии таърихи муосири миллӣ саҳми худро гузорад. Албатта, таваҷҷуҳ ба таърихи муосири миллӣ ва бозтоби ҳаводису мусибатҳои як давраи мушаххасу муҳимми таърихӣ кори арзадаест, ки аз тарафи нависандаи мо Мирзонасриддин анҷом дода шудааст. Зимнан, мо-хонандагони асарҳои устод Мирзонасриддин муваззафем, ки бар асоси нақди мунсифона сари осори нависанда тамаркуз намоем ва назароти хешро ироа дорем. Пешопеш арз медорем, ки назароти мо маҳсули зеҳн ва ҷаҳоншиносии фардӣ буда, бар мабнои донишу таҷриба ироа гардида, таҳмилӣ нестанд, баръакс, домани баҳсро барои ҳалли мушкилоти миллӣ ва шиносоии ҳаводиси таърихӣ густурдатар месозанд.
Бояд ёдовар шуд, ки пас аз заиф шудан ва саранҷом аз байн рафтани империяи шуравӣ, ки Тоҷикистони шуравӣ ҷузъе аз он имперотурӣ ба шумор мерафт, яку якбора интиқод ва ба истилоҳ, шурависитезӣ ба як маъракаи густурдаи адабию ҳунарӣ табдил ёфт ва бозори шурависитезӣ сахт гарм шуд. Албатта, агар интиқодот мунсифона ва довариҳо баинсофона бошанд, ҷойи баҳс нест, аммо дар бисёр маврид интиқодот яктарафа ва бидуни дар назар гирифтани авомили айнию зеҳнӣ ва зарфиятҳои мавҷудаи фикрию маданӣ сурат бастааст. Ин аст, ки ба масъала ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард ва фурсатталабию пешдовариҳоро як сӯ гузошта, бо дидаи бинотаре ба ҳаводиси таърихӣ ва мусибату бадбахтиҳои замонӣ чашм дӯхт. Маҳз аз ин зовия мо мекӯшем ба масъала наздик шавем.
Ба ин маъно, асарҳои Мирзо Саидзода (Мирзонасриддин) яку якбора аз осмон ё аз ягон ҷойи номаълум ҷаҳида набаромадаанд ё танҳо маҳсул ва бофтаи хаёлоти «нависанда» нестанд, балки замина ва пешинаҳои худро доранд ва ба гуфтору навиштори нависандагони дигар, ки дар ҳамин мавзуъ навиштаанду дар эҷоди ин асарҳо ба сифати сармашқ хидмат кардаанд, такя менамоянд. Ба қавли шоир:
Шеърам, ки ба сад забон фуруд омадааст,
Дар чандин вақту он фуруд омадааст.
Таврот набуд, то бигӯям, ки ҳама
Якбора зи осмон фуруд омадааст.
Ба ҳарфи дигар, асарҳои ӯ, ба вижа «Оташ дар хонаи қадим» (2018) ва «Нони шарикӣ» (2024), дар ҷойи холӣ пайдо нашудаанд, балки аз сарчашмаҳои мухталиф, аз асарҳои нависандагони пеш аз худ, ҳамзамононаш об хурда ва мехӯранд, яъне нависанда аз онҳо мутаассир шудааст. Асарҳое мисли «Гузашти айём»-и Ҷумъа Одина, «Ғафлатзадагон»-и Баҳром Фирӯз, «Се рӯзи як баҳор»-и Саттор Турсун, бархе яз асарҳои Куҳзод, асарҳои Чингиз Айтматов ва дигарон, ки теъдодашон баъд аз асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев (охирин посдори суннати Айнию Улуғзодаву Икромию Фотеҳ Ниёзиву Раҳим Ҷалил… – Ҷ. С.) хеле зиёданд ва наметавон аз ҳамаи онҳо дар ин ҷо ном бурд…
Воқеан, баъд аз Муҳаммадиев қаҳрамонҳои асарҳои насрӣ дигар коммунистон, камбағалон, коргарону деҳқонон, ситамдидагону асирону фақирон (Айнӣ), пойлучу батракҳо, калтакдорони сурх (мисли Одина, Ёдгор, Пӯлод ва ғайра – Ҷ. С.) нестанд, балки заминдорон, масҷидгароён, босмачиён, руҳониён (муллоҳо, шайхҳо), аҷнабиҳо (Искандар – «Достони писари худо»-и Сорбон, «Искандарнома» -и Ҷумъа Одина дар назар аст) мебошанд. Масалан, қаҳрамони асари «Ғафлатзадагон»-и Баҳром Фирӯз руҳонӣ (Мулло Мурод) аст. Ҳол он ки руҳониён дар дарозои таърих ҳамеша бар зарари миллат фаъолият кардаанд, кору хиёнатҳои онҳоро баршумурдан мисли ситораҳои осмонро шумурдан имкон надорад. Ба хотир биёред хиёнати онҳоро ҳангоми ҳуҷуми Қарахониҳо ба Бухоро ва фатвои зиддимиллии фақеҳон… Лиҳозо, қаҳрамонону иштирокдорони асари Баҳром Фирӯз на дар ғами миллату кишвар, балки мусулмонону мазору масҷиду дину мазҳабу амалдорони аморату амир Олимхон, босмачиён мебошанд ва дар ҳаққи онҳо дуо мекунанд. Ба ин фиқраъ аз асари ӯ (Баҳром Фирӯз) мутаваҷҷеҳ шавед: «Мулло Мурод ба ҷониби он куҳҳо ҳар боре нигарад, дилашро як хавфи мубҳам мефишурд. «Хокистари бой рӯйи ҳаво шуд» гӯён ба ӯ наздиктар ҳам намеомадагистанд?.. Тавба кардам, се-чор нафари бетаъйин такон аҳли диёрро ба ҳадде аҳмақу аблаҳ карданд, ки баъзе худобехабарон рӯйирост ба девори масҷид мешошидагӣ шуданд-е! Лекин чӣ кунам, ки замона… Як тоифаи коҳилу кафангадо (тоҷикони мазлуму камбағалро дар назар дорад – Ҷ.С.) одамони дорою ғайратмандро (бойҳою кулакҳо– Ҷ.С.)-ро чашми дидан надоштанд… Ӯ қад-қади рудхона поёнтар рафту шустушӯ кард, сипас ба рӯйи аҷриқзор ҷойнамозашро партофту намози пешинро бо рағбати тамом бихонд ва дар хотима аз рӯйи қоида бо овози баланд дуо кард:
-Илоҳо, оқибати кори ҷамеи муъминонро (на тоҷиконро – Ҷ.С.) бахайр гардонӣ: имон ба саломат, тавфиқ дар бандагӣ (ғуломӣ – Ҷ.С.), истиқомат дар шанъу шараф… Шифои беморони аҳли ислом (беморони миллат не, аҳли ислом, ки давлату сарзаминашонро гирифта, дар тули 1000 сол онҳоро ғулом гардондаанд – Ҷ.С.), наҷоти қарздорони аҳли Ислом, тавфиқи бетавфиқон (яъне тоҷикони мазлум, ки ба озодӣ расидаанду ҳаёти нав месозанд, дар назари онҳо кофиру бетавфиқанд- Ҷ.С.), адолати подшоҳон (амирон, аз ҷумла Олимхон – Ҷ.С.), ҳоҷати ҳоҷатмандонро раво гардонӣ (аморат ва амирро аз нав ба тахти Бухоро нишонӣ – Ҷ.С.), дар вақти рафтан кандани ҷонро осон гардонӣ ва ба нури имон биороӣ…Бачаҳо баробари падар «омин» гуфта, дасти фотиҳа ба рӯйҳо кашиданд ва сипас баробари аз ҷо бархостани вай дастҳо ба сина ба ӯ салом карданд… Ба азони муллои ғариб ҳеҷ кас намоз намехондааст, лекин ҷанозаи чи миқдор муъминонро ба ҷо овардам… Наход, ки ин болшевикони худобехабар ҳаргиз аз мардуми олам ибрате нагиранд?!».
Мутаассифона, муаллифи китоби «Торикравшани шинохт» ин асарро, ки руҳияи динию мазҳабии нависандаро бештар мунъакис мекунад (на миллӣ-тоҷикӣ) ва ба назар мерасад, сабаби илҳоми Мирзо Саидзода ва романи ӯ шудааст, асари шоҳкор дар насри муосир ба хонанда муаррифӣ менамояду мегӯяд: “Аммо ба гумони мо шоҳкори ӯ дар насри муосир романи «Ғафлатзадагон» аст, ки нотамом мондааст… Устод Баҳром Фирӯз дар ин асари хеш зимни тасвири даҳаҳои сиюму чилуми қарни гузашта нишон медиҳад, ки чӣ гуна дасти хуношоми замон ин муҳити дурахшонро хафаву гулугир намуда буд. Ин вазъияти буҳронӣ дар роман бисёр муассир тавсиф шудааст. «Ба ҳамин минвол дар Гуҷумак ҳам чун дар саросари мамлакат харобиву инқирози рӯзгори мардум ба беҳуқуқии инсони одӣ ба футури ахлоқ меовард, мардуми мусулмон (на тоҷик – Ҷ.С.) «алҳаёю миналмоминин»-ро фаромӯш карда буданд. Дигар касоне набуданд, ки муҳофизи суннату анъана, номусу ифорат, ростию дурустӣ бошанд ва адлу инсофро тарғибу таъмин созанд. Одамон дигар на аз Худо меандешиданду на аз азоби виҷдон, фақат аз ҳукумат меҳаросиданду бас, ба ҷуз амале, ки ба зарари ҳукумат аст, дигар ҳамаро ба худ раво медонистанд. Кӯдаки хокбоз ҳам медонист, ки баъзеҳо масҷидро, хонаи Худоро вайрон карда, мазорҳои муқаддастаринро хароб сохта, ҷойи он ки ба ғазаби Худо гирифтор шаванд, имрӯз давру даврон доштанд. Одамон ба ҳозирбинӣ хӯ мегирифтанд, дигар касе онҳоро аз оқибати корҳо огоҳӣ намедод».
Мо дар боло аз илҳомгирию пайравии Мирзо Саидзода аз Баҳром Фирӯз ва асари ӯ – «Ғафлатзадагон» ёд кардем. Барои исботи суханҳоямон як-ду мисол аз «Ғафлатзадагон»-и Баҳром Фирӯз ва «Оташ дар хонаи қадим»-и Мирзо Саидзода меорем, ки аз тақлиду пайравӣ гувоҳӣ медиҳанд:
Баҳром Фирӯз:
«Аз пайи ҳезум боре Мулло Мурод ҳамроҳи писараш Ислом ба ҷониби куҳсор рафту сари роҳ ба замини меросии падару бобоёнаш нигарист: дар боғе, ки танга барин нури офтоб ба замин намефуромад, ҷо-ҷо дарахт мондааст, ҳамаро буридаанд, боғ ҳоло ба як қитъа замини санглох табдил ёфтааст. Сӣ таноб замини обиро юнучқа коридаанд, он ҳам дар ҳар як газ як бех, ба номаш юнучқа…».
Мирзо Саидзода:
«Рӯзи дигар ҳам Мансур дил накард, ки сӯйи ҳавлиаш равад… Аз дур ба дару девори кунгураҳои пештоқи айвон нигариста, аз ҳасрату ҳаяҷони зиёд лаҳзае шах шуда истод. Ба ҷойи дарвозаи дутабақаи кандакорӣ, ки ҳалқаҳои зард дошту ҳангоми дарро кушодан садояш то хона мерафт, дарвозаи оҳанӣ шинондаанд… Хотираҳои худаш, хотираҳои падару бобою бобокалонаш ин ҷо манзил доранд…».
Баҳром Фирӯз:
«Лекин чӣ кунам, ки замона… Як тоифаи коҳилу кафангадо одамони дорою ғайратмандро чашми дидан надоштанд… Хостанд, ки ҳама кафангадо бошанд, бешараф бошанд… Ана ба мақсадашон расиданд…».
Мирзо Саидзода:
«…Дар байни мардуми Осиёи Миёна асосан ҳамин деҳқонони заминдор одамони озода, дилкушод ва сахиянд… Батракҳое, ки мо ҷонибдорияшон мекунем, гадотабъу лаванду беғайратанд. Равиши корро намедонанд».
Аммо ҳамин Баҳром Фирӯз, дар навбати худ, аз Ҷумьа Одина ва асари ӯ-«Гузашти айём» пайравӣ кардаву илҳом гирифтааст. Ногуфта намонад, ки Мулло Мурод (аз романи «Ғафлатзадагон»-и Баҳром Фирӯз) ва Мансур (аз романи «Оташ дар хонаи қадим»-и Мирзонасриддин) шабеҳи якдигаранд ва мафкураву кору фаъолияташон низ монанди ҳам аст: ҳарду аксулинқилоб, тарафдори аморату амиру босмачиҳо ва тарғибгари ғояҳои динӣ, на миллӣ, ки миллат ба он ниёз дорад, мебошанд. Дигар, ҳам Баҳром Фирӯз, ҳам Мирзонасриддин, ҳам Саттор Турсун, ҳам Аброри Зоҳир пайрави Ҷумъа Одина мебошанд, аммо дар навбати худ Ҷумъа Одина ва ашхоси зикршуда, Чингиз Айтматовро тақлид ва пайравӣ менамоянд.
Хулоса, ҳамаи онҳое, ки сохти Шуравӣ, инқилоб, дастовардҳои замонро дар тули 70 соли мавҷудияти Шуравӣ инкор мекунанд, ба ин ё он навъ, ё амалдори амирӣ ё бою куллак ё босмачӣ ё руҳонӣ (муллою эшонҳо, ҳоҷиву сайидзода) ҳастанд, ки дар солҳои инқилоб ноком гардида ва аз Шуравӣ норозӣ буданд. Лиҳозо, бо шуруи «бозсозӣ» чеҳраи худро намоён кардаанд ва бо интиқоди ғайримунсифонаи замони шуравӣ, дастовардҳои халқи тоҷик дар замони Шуравӣ, мазоқу масхара кардани деҳқонону коргарон ва пойлучону камбағалони тоҷик пардохта, аз дидгоҳу мавқеи яктарафаи худ ба мавзуъ наздик шуда, воқеиятро як навъ таҳриф карда, аморати манғитии амириро беҳтар аз давлати миллии тоҷикон (Тоҷикистони шуравӣ) донистанд ва ба интиқоди инқилоби Бухоро, ки замина барои истиқлол гардида буд, камар бастанд. Онҳо бад-ин тартиб, ба танқиди замони Шуравӣ ва Тоҷикистони шуравӣ оғозиданд ва бар асоси меъёри яктарафабиниро ҳаводис, ашхоси зимомдор ва дар маҷмуъ, мафкураи замонро баррасӣ кардаанд. Ба ҳарфи равшантар, асарҳои ҳамаи ин адибон, ки аз инқилоби Бухоро интиқод кардаанд, бо асарҳои воқеии устод Айнӣ, Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Лоҳутӣ, Турсунзода ва амсоли инҳо муғоират доранд.
«Бинобар ин, зарур аст, ки рисолаву мақолаҳои як зумра адибону олимонеро, ки аз замони бозсозии горбачёвӣ то имрӯз навиштаанд ва ба нуқтаназароти устод Айнӣ ва дигар номдорони миллии замони шуравӣ ба лиҳози мафкуравӣ бархурд кардаанд, низ бояд ҷиддӣ хонд ва бар мабнои тарозуи инсоф баркашиду нақд намуд. Воқеан, дар шароити ҳассоси имрӯзӣ бояд осор ва шахсияти устод Айнӣ дахолатнопазир бошад. Мебояд айниситезӣ ва дахолат ба осор ва таҳрифи он ба таври қонуни манъ карда шавад. Мо ҷонибдори пешниҳоди адиб Абдулвоҳиди Зевар ҳастем, ки менависад: «Президент, Парчам, Нишон, Гимн, Сарқонун, Миллати тоҷик, Забони тоҷикӣ, Қаҳрамонони миллӣ (шаш нафар, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва амсоли онҳо) бояд муқаддасоти асосии миллати мо бошанд ва касе ҳаққу ҳуқуқ надошта бошад, ки дар бораи онҳо суханони носазо гӯяд ва беэҳтиромӣ кунад! Барои паст задан ва беҳурматӣ кардан ба ин муқаддасот ҷазо ба таври ҷарима муайян карда шавад». Дар ин бора суханони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро аз китоби «Чеҳраҳои мондагор» овардан айни муддаост: «Фаромӯш набояд кард, ки замони шӯравӣ як давраи томи таърихи халқи мост ва сарфи назар аз ҳама шебу фарозҳо нодида гирифтани он дастовардҳо, ки дар он давра насиби халқи тоҷик шудаанд, ғалати маҳз аст. Ҳаминро ёдовар шудан кофист, ки заминаи давлатдории миллии тоҷикон баъд аз ҳазор сол маҳз дар ҳамон давра ташаккул ёфта буд. Агар ба таърих назар афканем, пас хоҳем дид, ки он давара чи сон пурфоҷеа будааст ва мухолифини ба вуҷуд омадани давлатии миллии тоҷикон чи қадар фишорҳо овардаанд. Маҳз дар ҳамин давра ҷунбиши миллие ба миён омад, ки бо номи Садриддин Айнӣ ва дигар фарзандони миллатдӯсти тоҷик алоқаманд аст, ки онро метавон ҳаракати шуубияи даврони шӯравӣ номид…».
Воқеан, Мирзо Саидзода дар ин роман аз табақаи болоии ҷамъият (сарватмандону дороёни замон) ва руҳониёну амиру аморат пуштибонӣ менамояд ва аз ин тоифа қаҳрамон мегузинад. Чунончи, Мансур ба унвони қаҳрамони роман намояндаи табақаи дорои ҷомеа буда, Низом-маҳдум ба лиҳози ақидатӣ ҷадид мебошад. Нависанда метавонист, ки ба сифати қаҳрамон намояндагони табақаи нодору бенавою мазлумро, ки мутаассифона, дар қолиби таҳқирии “пойлуч” тасвир шудаанд, интихоб намояд ва ҷараёни ҳаводисро дар бастагӣ бо шуури миллӣ ба риштаи тасвир баркашад (меъёри қаҳрамонгузинӣ ва тасвирсозие, ки устодон Айниву Икромиву Улуғзодаву Раҳим Ҷалил ва дигарон пазируфта буданд, як зумра нависандагону адибон дар замон ва шароити нави таърихӣ тағйир доданд ва баръакси онро бармало намуданд). Мусалламан, дар асарҳои устодон Айнӣ, Икромӣ, Улуғзода, Раҳим Ҷалил барои аввалин бор, баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ, тоҷик, ки на танҳо давлаташро, пойтахташро аз даст додаву камбағали беҳуқуқ гардидаву ҳатто номи миллаташро аз ёд бурда буд, ҳамчун қаҳрамон интихоб гардидааст. Ба ин маъно, инқилоби Бухоро як дараҷа ниёзҳои воқеии миллати тоҷикро бароварда сохта, ҷумҳурии алоқида, пойтахт ва ҳуқуқҳояшро аз нав тақдим кардааст. Мутаассифона, дар асарҳои ин устодон амир, амалдорони аморат, аморатхоҳон, амиргароён, сарватмандон, руҳониён, босмачиҳои ғоратгар ва дигар неруҳои иртиҷоӣ, ки чашми дидани тоҷикон ва соҳиби давлат шудани онҳоро надоштанд, тавсиф шудаанд.
Мутаассифона, Мирзо Саидзода – муаллифи китоби «Оташ дар хонаи қадим» Мансури Самарқандӣ ва Низом-махдуми ба истилоҳ, ашрофзодаро ба сифати дифоъгарони ватан, муҳофизони дини ислом, ватандӯст ба қалам дода, дар маркази асари худ қарор додааст. Мансур ва Низом-махдум бо неруҳои зиддитоҷикӣ, босмачиҳо, ҷадидҳо, амалдорони амирӣ, бою муллоҳо ҳамроҳ гардида, бар зидди низоми наве, ки дар он тоҷики бечора (ва ба истилоҳи ашрофону ашрофзодагон, пойлуч) соҳибмақом гардидааст, ҷанг эълом мекунанд ва бозгашт ба низоми пӯсидаи амириро хосторанд. Ба назар мерасад, ки онҳо (Мансур ва Низом-махдумҳо) намехоҳанд, ки тоҷикони пойлуч, рустоӣ, музофотӣ соҳибдавлату роҳбар бошанд, зеро, ба ақидаи онҳо, давлатдорӣ ҳаққи амалдорон, руҳониён, ашрофзодагон, шаҳриён мебошад. Аз ин рӯ, онҳо бо тамасхур ба тоҷикон менигаранд, яъне “инҳо куҷову давлатдорӣ куҷо”? Дигар, ба қавли онҳо, давлати исломӣ, яъне Бухороро, ки маркази тамаддун, ислому дин аст, аз кофирон бояд дифоъ кард. Тахминан метавон иддаоҳои тоифаи болоӣ (ашрофону ашрофзодагон, ки дар замони амирӣ соҳиби сарвату амвол будаанд)-ро, ки дар осоре ҳамчунинӣ ба сифати қаҳрамони асосӣ ҷилва мекунанд, хулосабандӣ кард: Танҳо ислоҳи аморати Бухоро, давлати Узбакия басанда аст ва агар мактабу мадрасаи аморатро ислоҳ намоянд, тамом, ҳама корҳо ҳал мешаванд, яъне олам гулистон. Аморат беҳтарин системаи давлатдорӣ аст. Танҳо он метавонад хушбахтии одамонро таъмин намояд, ин ҷо миллат муҳим нест, муҳим он аст, ки дину диёнат барҷой бошад. Ташкили давлати миллӣ кори болшевикон аст. Мо дар давлати амирӣ-исломӣ зиндагӣ кардем ва мекунем, бо он хӯ гирифтаем. Бинобар ин, ба мо кӣ роҳбарӣ мекунад: Маҳмуд, Қарахон, Салҷуқ, Темур, Шайбонӣ, Олимхон фарқ надорад, муҳим, ки мусулмон бошанд… Душманони мо кофирон, болшевикҳо, аскарони сурх мебошанд. Бойҳо, босмачиҳо, руҳониён, амиру амалдорони ӯ ҳама ғамхори мардум мебошанд. Онҳо муҳофизони ватананд, ки бар алайҳи бегонагон ба ҷиҳод бархостанд, онҳо муҷоҳидони ислом, давлатӣ исломӣ, аморат маҳсуб мешаванд. Бою сарватмандон ҳеҷ гоҳ бадхоҳи камбағалону пойлучони тоҷик нестанд, балки барои рафоҳат ва хушбахтии онҳо мекӯшанд. Бинобар ин, вазифаи ситамдидагони тоҷик сар хам кардан, мисли Одина, Дохунда ба амир, аморат, дин, намояндагони он – руҳониён, муллою эшону бою сарватмандон хизмати содиқона кардан аст…
Тавре ки дар оғози сухан гуфтем, афкору нуқтаназарҳои Мирзо Саидзода худ аз худ пайдо нашуданд, балки онҳо замина ва сарчашмаи хоси худро доранд, ки бо замони «бозсозӣ» иртибот мегиранд. Онҳо аз асару китобҳои олимони навназару бозсозу аламрасида, яъне аламдор аз инқилоби асри ХХ, дақиқтараш, пасмондагону авлодони нокоми онҳо, яъне фарзандони қозиҳо, раисҳо, бойҳо, муллоҳо, арбоб, оқсақол, руҳониён ва дигар амалдорони замони амирӣ, ки бо ғалабаи инқилоби Бухоро аз ҳама чиз маҳрум шуда буданд, сарчашма мегиранд. Бояд гуфт, ки аз олимон аввалин мақолаву китобҳоро дар ин замина устод Муҳаммадҷон Шакурӣ навишт. Хусусан, мақолаи «Аз пайи дарёфти фаҳмиши нав»-и ӯ сахт таҳрикдиҳанда буд. Аз адибон Саттор Турсун (бо романи «Се рӯзи як баҳор»), Баҳром Фирӯз (бо романи «Ғафлатзадагон»), Аброри Зоҳир (бо романи «Бозгашт»), Диловари Мирзо (бо романи «Вақте ки борон изҳоро мешӯяд»), Мирзо Саидзода (бо романи «Оташ дар хонаи қадим») дар ин замина аз пештозон маҳсуб мешаванд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин беморӣ қариб ба тамоми насри мо сироят кардааст ва имрӯз аксари носирони мо ба инкори дастовардҳои миллати мо дар замони Шуравӣ, интиқоди ғайримунсифонаи методи реализми сотсиалистӣ ва яктарафабинӣ камари ҳиммат бастаанд. Аз ин рӯ, ба таври автоматӣ, ин адибон дар муқобили нависандагоне чун Айнӣ, Икромӣ, Улуғзода, Раҳим Ҷалил ва дигарон, ки инқилобро як ҳодисаи мусбат барои башарият, ба вижа миллати тоҷик, маънидод карданд, қарор мегиранд, зеро онҳо дар асарҳои худ инқилобро фитна, ҳодисаи манфӣ, вайронгар, хонумонсӯз барои миллати тоҷик қаламдод кардаанд ва мекунанд. Бинобар ин, нақду баррасии мунсифона дар заминаи мероси замони шуравӣ, аз ҷумла адабиёти шуравии тоҷик сахт зарурат дорад.
Мутаассифона, имрӯз, ба қавли устод Айнӣ, “…ҳар аҳлу ноаҳл», яъне ҳар касе, ки қалам мегирад, ба васфи босмачиёну ҷадидону амир Олимхону амалдорону боёну руҳониёну эшону муллоҳову қозию раису арбобу оқсақоли он замон ба масобаи муҷоҳидони ислом, муҳофизони ватан, дину диёнат, муборизони зидди кофирон, ишғолгарон, бегонагон, болшевикон, русҳо, мепардозанд. Имрӯз ин вабо (эпидемия), ин ҳаракати зидимиллии зиддиилмӣ дар кишвар ҳоким ва муд шудааст. Дар ин замина чорабинӣ ва ҳаракатҳои олимони кишвари ҳамсоя, ки босмачиёну ҷадидҳоро, ки ба фоидаи онҳо кору фаъолият карда буданд, сафед кардаанд ва қаҳрамон хондаанд, нақши муҳим доранд. Онҳо баъд аз пош хурдани Шуравӣ имкон ёфтанд, ки на танҳо аксулинқилобиён, босмачиҳо ва ҷадидҳоро сафед кунанд, балки ба ташкили иттиҳодияи бузурги давлатҳои туркнажоду туркзабон комёб гарданд, Самарқандро маркази тамаддуни туркҳо эълон намоянд. Албатта, бародарони узбак, ки то замони инқилоб соҳиби давлати Узбакия – аморати Бухоро буданд ва босмачиҳо, ки аз ҳамқавмони онҳо буданд ва барои ислому аморат бо аскарони сурх, болшевикон ва тарафдорони инқилоб меҷангиданд ва ҷадидҳо, ки мақсадашон ислоҳи мактабу мадраса ва аморату шукуфоиву пойдории он буд, на инқилоб, ба сафед кардани онҳо зоҳиран ҳақ доранд ва кори эшон мантиқан дуруст менамояд. Аммо барои мо ин иқдоми онҳо зараровар аст, зеро босмачиҳо барои ташкилшавии давлати тоҷикӣ намеҷангиданд, баръакс, бар зидди ташкилшавии Тоҷикистон ва буғӣ кардани он буданд. Мунтаҳо, ҷадидҳо низ дар фикри инқилоб набуданд ва ташкилшавии Тоҷикистонро тарафдорӣ намекарданд, балки онҳо тарафдори ислоҳи мактабу мадраса ва аморату пойдорию шукуфоии он буданд. Лиҳозо, кур-курона амал кардан, аз ҳамсоягон тақлид кардан, ки чаро онҳо босмачиҳоро сафед карданд, аммо мо не, ҳаргиз ба фоидаи мо нест ва нахоҳад буд. Ба қавли шоир:
Зи маъшуқи касон кай комронӣ метавон кардан?
Ба умри дигарон кай зиндагонӣ метавон кардан?
Агар инқилоб намешуд, босмачиҳо пирӯз мегаштанд, ҷадидҳо танҳо мактабу мадрасаву аморатро ислоҳ мекарданд ва аморат ба ҳоли худ мемонд, мо-тоҷикон ҳаргиз худ аз худ соҳиби давлат, пойтахт, парчам, суруди миллӣ, нишони миллӣ намегардидем ва имрӯз ба истиқлол намерасидем, зеро маҳз инқилоб замина барои расидан ба истиқлол гардид. Ба андешаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, “Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард. Инқилоб тоҷиконро соҳиби сарзамин кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд…”.
Мо такроран мегӯем, ки на амир, на амалдорони ӯ, на босмачиҳо ва на ҷадидон ғамхории мо набуданд, барои мо давлат намесохтанд, баръакс, барои маҳв кардани миллати тоҷик камар баста буданд ва ба қавли яке аз аксулинқилобиён Нарзуллои Бектош, “босмачиҳо бо яроқ, чағатойчиҳо бо дохил шудан ба органҳои ҳукуматӣ барои аз байн бурдани давлати ҷавони миллии тоҷикон на танҳо нақша кашида буданд, балки амал мекарданд» (ниг.: Абдулхолиқи Набавӣ. Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 2004. –С. 34). Дар ин бора устод Холиқ Мирзозода чунин менависад: «Охирон мақсади пантуркистон ҷудо кардани Осиёи Миёна аз Иттиҳоди Шуравӣ, таъсиси давлати муқтадире ба номи Туркистон ва турк сохтани миллати тоҷик буд».
Ҳамин тариқ, асарҳое, ки дар солҳои ахир дар заминаи ҳаводиси садаи бист, махсусан воқеаҳои солҳои бистуму сиюми асри бист иншо гардидаанд (аз ҷумла романи “Оташ дар хонаи қадим”-и устод Мирзонасриддин), ба таҳлилу баррасӣ ва бозбинии ҷиддӣ ва ба истилоҳ, нақди ихтисосӣ ниёз доранд. Зимнан, нақду баррасиҳо бояд бар мабнои ҷаҳонбинии илмӣ, довариҳои мантиқӣ ва манофеи миллӣ сурат бигиранд. Танҳо дар ин ҳолат мо метавонем таърихи гузаштаи худро дуруст арзёбӣ намуда, ба ҳаводис баҳои мунсифона дода, аз мусибату бадбахтиҳои миллӣ ибрат бигирем.
Ҷамолиддин САИДЗОДА,
адабиётшинос