Пешниҳоди муштараки Тоҷикистон, Эрон ва Ӯзбекистон ҷиҳати таҷлили 1050-солагии донишманди саршиноси тоҷику форс Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО, ки солҳои 2022-2023 таҷлил мешаванд, қабул гардид. Ин тасмим дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ ҳосил шуд. Дар иртибот ба ҷойгоҳи андешаҳои илмӣ, табиатшиносӣ ва эпистемологӣ (фалсафӣ)-и Абурайҳони Берунӣ ва аҳамияти онҳо барои насли имрӯза хабарнигори АМИТ «Ховар» бо роҳбари Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Суннатулло Ҷонбобоев мусоҳиб шуд.

– Абурайҳони Берунӣ кӣ буд ва осори боқимондаи ӯ барои ҳамзамонон чӣ аҳамият дорад?

-Зодаи Хоразм, олими зуфунун-энсиклопедист Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048), мутафаккири форсизабони Хоразм буд, ки дар чандин соҳаҳои улуми асрҳои миёнаи Шарқи исломӣ, аз ҷумла дар соҳаи таърих, мардумшиносӣ, ҷуғрофия,  забону адаб, нуҷуму ҳайат, ҳисобу арифметика, механика, геодезия, минералогия -илми ҷавоҳир, фармакология, геология беш аз 100 асари илмӣ офаридааст, ки асосан ба забонҳои арабӣ ва форсӣ тасниф шудаанд ва миқдори бузурги онҳо то замони мо расидааст. Умдатарин осори Абурайҳони Берунӣ «Таҳқиқ мол-ул-Ҳинд», «Қонуни Масъудӣ», «Ат-тафҳим», «Алҷамоҳир фил маърифат-ул-ҷавоҳир», «Алсайдана фи-т-тиб», «Осор-ул-боқия», «Таҳдид ниҳоят ал-амокин ли тасҳеҳ масафат ал- масакин» ва «Мукотибот» ба шумор мераванд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Забон ва мансубияти қавмии Абурайҳони Берунӣ чӣ гуна аст? Чун ҳоло баъзе мардумони ҳамсояи Осиёи Марказӣ низ даъвои мансубияти мутлақ ба мероси илмии ӯро доранд?

-Маълум аст, ки Хоразм ва хоразмиён аз нигохи таърих ва тамаддун ба мисли тоҷикони имрӯза мансуб ба мардумони эрониасли шарқӣ мебошанд ва як шохае аз тоҷикон  буда, ба мисли суғдиҳо аз як дудмон ба вуҷуд омадаанд. Абурайҳон Берунӣ дар чандин ҷойҳои осори худ ба нажоди эронии шарқии худ ва пайванди хоразмиҳо ба шохаи бузурги эронӣ ишораҳо мекунад. Имрӯз зарур аст, ки аз мероси илҳомбахши ин олими нотакрор дар тарбияи зеҳниву маънавии насли ҷавон истифодаи бештар барем. Осори Берунӣ метавонад, ки илҳомбахши насли нави тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ дар кашфиёти навтарини илму техникаи имрӯза гардад. Бузургоне, ба мисли Абурайҳони Берунӣ ва осори онҳо ба тамоми инсоният тааллуқ доранд.

Тарзи тафаккури Абурайҳони Берунӣ чӣ гуна аст? Оё он ба самти афкори замони муосир ягон наздикӣ ё умумият дорад?

-Абурайҳони Берунӣ қариб дар тамоми соҳаҳои илми замони худ асар эҷод карда ва ё назари илмиву фалсафии худро ба ин ё он масъала ба таври мушаххас баён намудааст. Умдатан самти тафаккури Берунӣ самти фалсафаи табиатшиносист ва назари ӯро мухтасар назари табоиюн, ба истилоҳи имрӯз натурфалсафӣ (мутамоил ба кайҳонмеҳварӣ ва инсоншиносӣ) номидан ба назар мувофиқ аст. Бо вуҷуди ин назарияҳои илмии Берунӣ дар баробари ихтисосиву ҳирфаӣ будан ба мушоҳидаву озмуни мушаххас асос ёфтанашон фарогир ва вусъатнок низ аст. Тамоми осори Абурайҳони Берунӣ нишони он аст, ки ӯ поягузори назарияи байнифаннии таҳқиқ аст. Дар асари  «Осор-ул-боқия» Берунӣ менависад: «Чун шахс ҳамвора дар як илм назар кунад, хаста мешавад, вале агар аз фанне ба фанни дигар ворид шавад, монанди он хоҳад буд, ки дар боғҳои гуногун қадам гузошта, ки ҳанӯз аз яке берун наёмад, боғи дигаре бад ӯ арза дорад».

Азбаски фаъолияти илмиву фалсафии Берунӣ бештар майл ба масоили табиатшиносӣ, таҷрибаи илмиву амалӣ дошт, ӯ назарияҳои илмии худро на ба таври сунъӣ чун иқтибос ё тақлид аз олимону гузаштагони номдор, балки бо такя ба баъзе андешаҳои гузаштагон дар аксари вақт назари мушаххаси худро дар асоси таҷриба ва мушоҳидаҳои шахсӣ ва инчунин чун маҳсули амалҳои мантиқӣ, хулосабарориву фарзиясозиҳои худ бунёд месохт. Ин усули таҳқиқро ӯ дар омӯзиши ҳама соҳаҳои илм, аз ҷумла, заминшиносӣ, маъданшиносӣ, илми ҳайъат, улуми дақиқ- ҳисоб, алҷабр, ҳандаса истифода мебарад. Инчунин, Абурайҳони Берунӣ усули таҷрибавиро дар таҳқиқи осори илмиву фарҳангӣ, расму русуми халқу миллатҳои гуногун моҳирона истифода мебарад, ки ин тарзи таҳқиқ осори ӯро дар таърихи илм нодир, нотакрор ва худи ӯро нобиғаи айём менамояд. Ин усулҳо ҳоло ҳам усулҳои илмии пешрафтаи замони мо мебошанд.

Хеле ҷолиб аст, ки Абурайҳон ба муҳокимарониву фаъолияти назариявиву муроқибавие, ки ба тарзи тафаккури пайравони Арасту ва бисёре аз мутафаккирони асрҳои миёна хос буд, муқобил меистод. Мухолифат ва муқовимат бо мантиқи Арасту яке аз муҳимтарин унсури инқилоби илмии Аврупо гашта буд, ки оғози онро Абурайҳон поягузорӣ кардааст. Фалсафаи табиатшиносии ӯ дар тамаддуни ҷаҳони ислом бештар ба тарзи тафаккури таҷрибагароии Абубакри Розӣ наздик буд, вале Берунӣ, ки худро бештар мансуб ба тарзи тафаккури мусулмонон мешуморид, ҷаҳонбинии фалсафии Розиро, ки майл ба боварҳои пешазисломии тоҷикону эрониён ва тафаккури соф илмӣ дошт, наметавонист пурра қабул бикунад. Вале дар баробари ин, дар муқобили назариёти соф табиатшиносии метафизикии пайравони Арасту Берунӣ аз нуқтаҳои муҳими ҷаҳоншиносии таҷрибавии Абубакри Розӣ дифоъ мекард ва «Феҳрасти осори Розӣ»-ро тартиб дод, ки то замони мо арзиши илмии худро аз даст надодааст.

-Берунӣ дар масъалаи пайдоиш ё офариниши олам чӣ назар дорад?

-Азбаски Берунӣ дар тафовут аз файласуфи пешгузашта ва ҳамватани худ Абубакри Розӣ ба истилоҳи роиҷе байни авом «мусулмони собитқадам» буд, ба Худо имон дошт ва тамоми аҳком ва рукнҳои динро риоя мекард, вале аз осори олим маълум мешавад, ки ӯ дар айни замон мутафаккир ва файласуфи сирф табиатшинос будааст, зеро ақидаҳое, ки оид ба ҳастӣ, оламу одам, маърифат, фаҳмиши таърих ва ҷамъият аз нигоҳи Абурайҳон мавриди баҳс қарор гирифтаанд, бештар ҷанбаи таҷрибавӣ ва амалӣ доранд, на нақлӣ. Аз мазмуни мукотибаи Берунӣ бо Сино равшан мешавад, ки ӯ назарияи физикии Арастуро ба зери тозиёнаи сахти интиқод кашида, дар фалсафа назарияи машшоии қадимии оламро қабул надошт ва тарафдори ҳудуси олам буд. Яъне олам офарида шудааст! Вале дар баробари ин, дар ин мукотибот Берунӣ аз боби мавҷудияти чандин оламҳои дигари беканор суҳбат мекунад, ки дорои сохту таркиб ва қонунҳои ба худ хос мебошанд. Нуктаи ҷолиб он аст, ки дар айни замон Берунӣ ба мавҷудияти нахустасоси олам қоил аст, зеро ба ақидаи ӯ ягон моя ё қуввае бояд бошад, ки низоми олами беканорро назорат бикунад. Яъне олам на аз ҳеҷ, балки аз чизе офарида шудааст. Дар «Осор-ул-боқия» ӯ менависад, ки «…шояд дар ибтидо ҷисмҳое, ки Офаридгор офарида буд, дар ҳоли бетартибона вуҷуд доштанд, вале дар баробари ин, онҳо дорои харакате буданд, ки дар раванди гузаштани вақт ин ҳаракат онҳоро дар ягон нуқтае ба ҳам пайваст мекард». Аз ин суханҳо маълум мешавад, ки тибқи назари Абурайҳон офаридгор оламро на аз «ҳеч», балки аз чизе мавҷуд офардааст ва ин чиз ба назари ӯ дар ибтидо шояд «об» будааст. Ҷолиби диққат аст, ки чунин заминаро барои шинохти об ҳамчун нахустасос Берунӣ дар китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръони Карим низ ҷустуҷӯ мекунад ва дар ояҳои он санадеро ҳам меёбад: «Ба ҳамин монанд дар ваҳй, дар сухани Аллоҳ омада: «Ва тахти он дар болои об буд». Берунӣ менависад, ки он чиз аҳамият надорад, ки ин маънии бевоситаи сухани Худо аст, ё шояд ин таъвили сухани Худо бошад, муҳим ин аст, ки мазмуни умумии ин гуфтор чунин аст: дар давраи офариниш дар баробари Аллоҳ ба ғайр аз обу Тахти Худованд чизе набуд».  Ба назари Абурайҳон об яке аз нахустасосҳои олам аст. Дар мукотибаи Сино бо Абурайҳон ба ғайр аз Об ҳамчун нахустасос боз унсурҳои дигари Табиат, ба мисли Оташ, Ҳаво ва Замин илова мешаванд. Аз ин сабаб, муҳаққиқон ба хулосае омадаанд, ки ҷаҳонбинии мутафаккир ҳарчанд ки дар доираи дин ва тамаддуни ислом сохта шудааст, дар баробари ин, бештар тобиши илмиву деистӣ дорад.

Дар бораи масъалаҳои методологии илм ва маърифатшиносии Берунӣ чӣ андеша доред?

-Дар раванди баёни моҳияти масъалаҳои эпистемологӣ ё назарияи маърифат мутафаккир системаи ибтидоии маърифатро ба ҳис, ақл ва қалб тақсим мекунад. Абурайҳони Берунӣ ба нақши ҳиссиёт чун омили бунёдӣ дар дарку маърифати олам баҳои сазовор додааст. Албатта, нақши ҳисҳо чун воситаи ибтидоии дониш дар таҷрибаҳои илмиву амалии худи мутафаккир хеле бузурганд. Боварӣ доштан ба эҳсосот ва ҳиссиёти аввала заминаи муҳимест барои мушоҳидаҳои амалӣ. Таассуб на танҳо ба дину маросими динӣ, балки ба илму сиёсат низ роҳ ёфтааст ва меёбад. Ба андешаи Берунӣ, «таассуб чашмҳоро кӯр ва мағзҳоро хушк мекунад».

Дар асари «Китоб-ал-ҷавоҳир» ё «Минералогия» Абурайҳони Берунӣ ба тамоми воситаҳои ҳис ба таври мушаххас баҳо гузошта, хусусият ва макони моддиву ангезандаҳои онҳоро номбар мекунад, ӯ эҳсосотро зинаи муҳими гузариш аз дониши ҳиссӣ ба дониши ақлонӣ мешуморад.

Ба ақидаи ӯ, ягон фикри илмӣ ва ақидатиро наметавон аз роҳи тақлиди кӯр-кӯрона қабул намуд. Ин хулосаи методологияшро ӯ борҳо дар «Китоб-ал-ҷавоҳир», «Мол ул-Ҳинд» ва «Геодезия» таъкид мекунад. Абурайҳон  системаи кайҳоншиносии Арасту ва Сино, назарияи онҳо дар бораи «макони табиӣ» ва назарияи хало дар баробари заррачаҳои хурдтарин (атомҳо)-ро рад карда буд. Дар ин бора ӯ дар мукотибаи худ бо Сино баҳси тунду тез мекунад, андешаҳои Арасту ва пайравонашро ба чолиш мекашонад. Бо истифода аз ин усул дар асараш «Мол-ул-Ҳинд» ӯ «илмҳои ботил» (фолбинӣ, фолнома аз тариқи усули астрологӣ, бурҷҳои осмонӣ)-ро рад мекунад ва бо мушоҳидаҳои бевоситаи илмии фалаки осмон, ситораву сайёраҳо, бо дастёбӣ ба донишҳои мушоҳидашаванда ва бунёдӣ  дар асараш «Геодезия» мақоми илми астрологияро, ки ба тахмину боварҳо асос ёфта буд ва дар назди шоҳону ҳокимон мавқеи муайян гирифта буд, камаразиш мешуморад.

Назарияи маърифатшиносии Берунӣ ҳанӯз масъалаи заминаҳои пайдоиши ақли инсониро ба таври таҳаввул намегузорад, ӯ ақлро қобилияти ирсии инсон тасаввур мекунад. Дар «Геодезия» ӯ таъкид мекунад, ки ин вазифаи муҳаққиқ аст, ки «мушоҳидачии дақиқкор бошад, натиҷаи корҳои худро на як бору ду бор санҷида бинад, худро ва ақидаи худашро ҳамвора тафтиш, ё бознигарӣ кунад».

Як хислати нотакрори назарияи маърифати Берунӣ он аст, ки ӯ дар ба даст овардани дониш ба ягон шабаҳ ё «бут», чӣ ашхоси машҳуру чӣ назарияҳои олӣ такя карданро воҷиб намедонад.

-Вижагиҳои дигари фалсафаи донишу маърифати Берунӣ аз чӣ иборат аст?

-Як чизро набояд нодида гирифт. Дар баробари рисолати ақлонии инсон Абурайҳони Берунӣ ба қувваи маърифатии қалб диққат медиҳад. Бояд таъкид намуд, ки ӯ ба мақоми қалб аз дидгоҳи нигоҳдошти суботи ҷомеа ва мақоми оромиши рӯҳ аз тариқи дин, риояи ахлоқи пазируфта дар ҷомеа бархӯрд мекунад ва ба таври махсус таъкид мекунад, ки ба андешаи ӯ, неруи ақл аз тариқи омехтани он бо қалб дучанд зиёд мешавад.

Бо такя ба ҳамин гуна андешаҳо, бо вуҷуди ин фалсафаи Беруниро ба таври кулл метавон фалсафаи табиатшиносона, натурфалсафӣ- ратсионалистӣ номид.

-Агар имкон дошта бошад, каме аз озодандешиҳои Абурайҳони Берунӣ сухан гӯем. Назари Берунӣ ба астрология, фолбинӣ ва назарҳое ба ҳамин монанд чӣ гуна буд?

-Дар осори Берунӣ ва бо иқрори баъзе аз муҳаққиқон, дар баъзе мавридҳо дар ҷаҳонбинии Абурайҳон тобишҳо аз андешаҳои озодандешона ва то ҳатто  деистӣ зуҳур мекунанд, ҳарчанд ӯ ба аҳкоми асосии дини ислом дар бисёр маврид назари интиқодӣ дошт, вале ба ин аҳком ба таври куллӣ эътиқодманд буд, ба онҳо зиддияти шадид низ нишон намедод ва дар «Осор-ул-боқия» ба амри зурурат рисолати динҳои гуногунро барои кашфи ҳақиқатҳои нуҳуфтаи гузашта, ҳақиқатҳои замони куҳан ва инчунин оромиши равонии ҷомеа таъкид мекунад. Дар баробари ин, чунонки дида шуд, ӯ таассуби диниву мазҳабиро дар ҳар гуна шакле, ки набошад, маҳкум мекунад. Ӯ ҳар гуна айбномаҳоро аз онҳо мебардорад ва заминаи бадбинии мазҳабиро дар манфиатҳои моливу гурӯҳӣ мебинад. Абурайҳон собит мекунад, ки ақидаи «никоҳи макорим» (хешутаборӣ) дар бораи зардуштиён ва ягонагии зан дар бораи маздакиён аз афсонае беш нест.

Берунӣ аҳамияти фолбинӣ ва муайян кардани асрори олам аз тариқи бурҷҳои фалак ва усулҳои ғайриҳирфаии таҳқиқотро шадидан танқид карда, моҳияти маърифатии онҳоро ба зери суол мегузорад. Дар маҷмӯъ Абурайҳони Берунӣ олими якрӯ ва воқеъбин аст, вале шахси бедин ҳам нест, бо вуҷуди ин ӯ ба дахолати дин дар масъалаҳои илмӣ комилан зид аст. Ин нукта барои замони мо хеле муҳим аст. Маълум аст, ки ақл инъикоси воқеият аст. Дар асари «Таҳдид ниҳоят ал амокин ли тасҳеҳ масафат ал масакин» /Геодезия ё заминшиносӣ/ Абурайҳон маҷбур мешавад, ки барои дифои илму фалсафа ҳақиқатҳои фалсафии Арастуро то ҳатто бо истифода аз сураҳои қуръонӣ дастгирӣ кунад. Бо вуҷуди дифои одилонаву оқилона аз илму фалсафа, ба таври кулл дар ҷустуҷӯи илмӣ ӯ ақидаҳои кӯҳнашудаи Арастуро намепазирад, онҳоро чи дар илм ва чи дар фалсафа шахшуда ва ба истолоҳи замони мо догма мешуморад.

-Осори Абурайҳони Берунӣ ва дигар мутафаккирони гузаштаи форсу тоҷик кӯҳнанашавандаву ҷавобгӯи ниёзҳои насли имрӯза аст?

-Бале, илм ба таври кулл ҳеч гоҳ кӯҳна намешавад, агар баъзе ҷиҳатҳои он ҳам кӯҳна шаванд, дар маҷмӯъ он дар худ имконҳои нуҳуфта бисёр дорад ва фалсафаи табиатшиносӣ, таълимоти маърифатшиносиву фалсафаи илмшиносии мардуми тоҷику форс ва мардумони Осиёи Марказӣ таҷрибаи ғании таърихӣ дорад. Он то ҳанӯз ҳам ба ҳеҷ ваҷҳе кӯҳна нашудааст ва дар сурати мавҷудияти ҳусни нияти нек ва омӯзиши интиқодӣ метавонад ҳоло ҳам таконбахши пешрафт бошад. Он инчунин дар тарбияи фикрӣ, рушди тафаккури интиқодиву таҳлилӣ ва бунёди ҷаҳонбинии воқеан илмии насли ҷавони миллат хизмати шоиста дошта бошад. Осори ин гуна бузургонро гаштаву баргашта ба нашр расонида, барои оммаи васеи мардум бештар муаррифӣ бояд намуд, мардумро аз хоби асримиёнагӣ бедор бояд кард, ки замони мо замони илму иттилоот аст. Дар акси ҳол мо торафт қафо монда, барои дигарон ғулому муздур хоҳем шуд.

Мусоҳиб:

Марзия САИДЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here