Соли 1982 пешбарии номзадҳо ба маҷлиси миллатҳои совети Олии СССР дар Тоҷикистон оғоз меёбад. Аз ҳавзаи интихоботии «Ӯротеппа», ки дар он шаҳру ноҳияҳои Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), Ғончӣ (Деваштич), Панҷакент, Айнӣ ва Зафаробод шомил буданд, Артисти халқии СССР, сарбалетмейстери машҳури тоҷик Ғаффор Валаматзода пешбарӣ шуда буданд. Барои бо интихобкунандагон вохуриҳо гузаронидан устод Ғаффор Валаматзода бо нависандаи халқии Тоҷикистон, муаллифи романи машҳури «Духтари оташ» Ҷалол Икромӣ ба Ӯротеппа моҳи сентябри соли 1982 ташриф оварда буданд.

Меҳмонони олиқадрро Котиби аввали комитети шаҳрии партияи коммунистии шаҳри Ӯротеппа Мирзоқосим Рустамов ва Раиси комиҷроияи шаҳри Ӯротеппа Зуҳро Шодиева самимона истиқбол гирифта, суҳбат оростанд ва аз реҷаи вохуриҳо меҳмононро шинос намуданд.

Вохурии нахустин бо сокинони шаҳр дар Қасри пионерони ба номи Абдураҳмон Маҳмудов ба нақша гирифта шуда буд. Аз сабаби он ки то вохури каме фурсат буд, меҳмононро ба тамошои фабрикаи трикотаҷии ба номи 50-солагии СССР ва дар як вақт гузаронидани вохурӣ бо коргарон ва кормандони масъули фабрикаи овозадор таклиф намуданд.

Меҳмононро директори он вақтаи фабрика Сайфиддин Тӯраев пешвоз гирифта, бо сехҳои бофандагию дӯзандагӣ шинос кард ва аз таърихи корхонаи азим, ки он солҳо зиёда аз 4000 нафар кормандон меҳнат мекарданд, нақл намуд.

Аксҳо баёнгари ин гуфтаҳо, ки дар онҳо Ғаффор Валаматзода, Ҷалол Икромӣ, директори фабрика Сайфиддин Тӯраев ва нависандаи сатрҳо Сайфулло Маҳкамов акс ёфтаанд. Дар саҳни ҳавлии фабрика бошад, аҳли адаби Ӯротеппа аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Наимҷон Назирӣ, шоирон Валиҷон Акбарӣ, Шукри Иброҳим, Акбар Бобохӯҷаев ва баёнгари сатрҳо Сайфулло Маҳкамов бо нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ суҳбати хосае ороста буданд.

Дар толори корхона вохурии номзад ба депутати Совети Олии СССР, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Лауреати мукофоти давлатӣ ба номи А. Рӯдакӣ Ғаффор Валаматзода оғоз гардид. Сараввал директори коргоҳ маҷлиси пеш аз интихоботиро бо сарсухан оғоз карда, сипас суханро ба устод Ҷалол Икромӣ дод. Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ баъди баёни тарҷумаи ҳоли номзад, порчае аз романи «Духтари оташ»-ро қироат кард ва баъдан ҳамаро даъват ба амал оварданд, ки дар рӯзи интихобот ба тарафдории номзади арзанда овози худро диҳанд.

Вохурии дигар, ки дар Қасри пионерони шаҳр бо иштироки наздик 500 нафар интихобкунандагон барпо гардид, хеле хотирмон ва фаромушнашаванда гузашт. Раиси Комиҷроияи он вақта Зуҳро Шодиева баъди баромади кутоҳи худ суханро ба нависандаи халқии Тоҷикистон, романнависи машҳури тоҷик Ҷалол Икромӣ доданд. Ҷалол Икромӣ аз фъолияти меҳнатии номзад ва ба шоҳроҳи баланди эҷодӣ комёб шудани раққоси рақами яки Тоҷикистон Ғаффор Валаматзода сухан гуфт.

Сипас номзад ба депутат Ғаффор Валаматзода ба минбар баромада сухан гуфтанд,- ман Ҷалолхон барин сухан ронда наметавонам, вале бо қарсакзании баланд пешвоз гирифтанатон маро водор намуд, ки бароятон як рақс кунам.

Оҳанги «Тановор» аз тарафи дастаи навозандагони театри халқии Ӯротеппа, бо сарварии ҳофизи халқии Тоҷикистон Саъдулло Азизбоев дар толор танинандоз гардид. Устод Ғаффор Валаматзода бо як чолокии ба ҷавонон хос рақси «Тановор»-ро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро карда, дили иштирокчиёнро ба ваҷд оварданд ва бори дигар исбот карданд, ки ҳақиқатан устоди рақс мебошанд.

Ҳоло сокинони калонсоли шаҳри Истаравшан он вохурӣ ва рақси зебои устоди рақс Ғаффор Валаматзодаро гоҳ-гоҳ ба хотир меоранд.

Пас аз он артисти халқии СССР Ғаффор Валаматзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ бо мардуми шаҳру ноҳияҳои дар боло номбар шуда, вохуриҳо гузаронида, ба дили мардум меҳри беандоза гузоштанд.

Рӯзи интихобот ҳама якдилона ба тарафдории артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Лауреати мукофоти давлатӣ ба номи А. Рӯдакӣ, устоди рақс, сарбалетмейстери машҳури тоҷик Ғаффор Валаматзода овози худро дода буданд.

Сайфулло МАҲКАМОВ,

рӯзноманигор, аълочии матбуот ва маорифи ҷумҳурӣ, аълочии бойгонии СССР, барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии журналистони ба номи А. Лоҳутӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь