Зардуштия таълимоти динии эрониёни қадим мебошад, ки асосҳои он дар китоби Авасто сабт гардидаанд. Асосгузори он пайғамбар Зардушт мебошад, ки тибқи маълумоти муҳаққиқон, ӯ дар асрҳои 7-6 то м. зиндагӣ мекардааст. Дар ин таълимот макони марказиро нуктаҳо дар бораи макони инсон дар олам, маънои зиндагии инсон ишғол менамоянд.

Зардуштия, яке аз шаклҳои таърихии динҳои халқҳои эронитабор, яъне дини миллии онҳо мебошад, зеро вай дар муҳити табиӣ-иҷтимоии этнос – халқҳои эронитабор пайдо шуда, ба онҳо этноси муайян ё гурӯҳи халқҳои ҳамреша, ҳамрангу ҳамзабон (тоҷикон, курдҳо, паштуҳо, балуҷҳо, талиҷҳо ва ғ.) пайравӣ менамудаанд. Зардуштия дар ибтидои ҳазораи якуми қабл аз м., дар замони вайроншавии сохтори қабилавии мардумони эронӣ, ташаккулёбии халқиятҳои эронӣ ва пайдоиши давлати мутамаркази онҳо ба вуҷудомада, ҳамзамон барои ташаккулёбии халқиятҳои эронӣ ва давлатдории онҳо мусоидат кардааст.

Зардуштия бо низоми давлатдории Ҳахоманишиҳо дар асоси ҷаҳонбинии фалсафӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабии он ташкил ёфта, шоҳони он тибқи дастуроти ахлоқию ҳуқуқии ин дин амал мекардаанд. Худои  зардуштия Аҳуромаздо, монанди худоёни дигар қаҳҳору ҷаббор набуда, балки ҳамчун нури мутлақ оқилу доно ва меҳрубон буда, аз ҳамаи халқу миллатҳо ҳимоя ва пуштибонӣ мекунад. Куруши Кабир, яке аз аввалинҳо шуда, дар ҷаҳон эъломияи ҳуқуқи башарро эълон намуда, баробарии ҳамаи адёнро эътироф намуда буд.

Зардуштия дар заминаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии этоси (халқ) – муайян қомат афрохта, на танҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти онҳо, балки рафтору кирдори муқаррарии аъзоёни онро аз тариқи расму одат, қоидаву маросимҳо инъикос кардааст. Дар зардуштия масъалаи покӣ аз масъалаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, онро бояд ҳар як аъзои ҷомеа аз рӯзи таваллуд то дами марг бояд риоя менамуд. Зеро покӣ бо ҳафт офаридаи Аҳуромаздо: осмон, замин, об, наботот, ҳайвонот, оташ ва инсон робитаи зич дошт. Танҳо инсони соҳибхирад, ҳуқуқи интихоби некӣ ва бадиро дошт. Барои ҳамин дар обҳои ҷорӣ: дарёҳо, наҳрҳо, чашмаҳо, кӯлҳо партофтани чизи нопок, шустушӯ кардани либос ва оббозӣ кардан қатъиян манъ шуда буд. Дар оташ низ партофтани ҳар чизи нопок манъ шуда, танҳо ҳезуми хушку тоза иҷозатдода мешуд.

Дар зардуштия рӯҳ абадӣ ва ҷисм миранда мебошад. Муборизаи некӣ ва бадӣ дар дунёи ҷисмонӣ шурӯъ мешавад. Зардушт бори аввал қоидаҳо ва қонуни одобро эълон намуд. Инсон бояд дар байни неку бад аз ин ду якеро интихоб намояд. Интихоби хешро бояд новобаста аз мушкилоти зиндагӣ риоя намояд: зиндагӣ бояд бошуурона ва мақсаднок бошад. Ҳаёти инсон бояд ба усули ахлоқии кирдори нек, рафтори нек ва пиндори нек ҳатман мувофиқ бошад. Одами пок бояд меҳнати ҳалол карда, парвариши ҳайвоноти хонагиро ба роҳ монад. Зардуштия инсонро даъват менамояд, ки эҷодкор ва ободкор бошад, яъне ҳамқадами давру замон бошад. Дар зардуштия ростӣ (аша) қонуни пешрафт ва такомул мебошад. Ҳеродот навиштааст, ки эрониён аз 5 солагӣ то 20 солагӣ се чизро ба фарзандон меомузонанд: тирандозӣ, аспсаворӣ ва ростгӯиро. Онҳо чизҳои ношоямро ҳаргиз ба забон намеоранд. Танбалӣ пайравии Аҳриман эътироф шудааст, зеро бекорӣ, коҳилӣ, харобӣ, вайронӣ, бесару сомонӣ, гуруснагӣ  ва гадоӣ меоварад. Дар “Минуи хирад” гуфта шудааст: “Одами коҳил пасттарин инсон аст”. Покии тани солим кафили ақлу кори солим аст. Одами бад ҳамеша дар фикри кори бад буда, хеле хавфнок ва зараровар мебошад.

Моҳияти таълимоти ӯ ба ду қисми асосии бо ҳам муқобил – олами хайр (нур) ва олами шар (зулмот) ташкил медиҳанд. Ин ду нерӯ дар симои – Аҳуромаздо ва Аҳриман таҷассум гардидаанд. Дар байни онҳо муборизаи оштинопазир барқарор аст: инсон бояд мавқеи худро аз ин ду нерӯ интихоб намояд. Зардушт одамонро ба мубориза ба муқобили шар даъват менамояд. Барои ин одамон бояд хайрхоҳ, дар андешаҳо ва шавқу рағбатҳо муътадил буда, дар сулҳу якдигарфаҳмӣ, осоиш, дӯстона ва мусоидат ба наздикон зиндагӣ намоянд. Зардушт ростӣ ва вафодор буданро тавсиф намуда, амалҳои бадро танқид мекунад. Ҳамин тариқ, даъватҳои Зардушт дорои самти ахлоқӣ-иҷтимоӣ мебошанд.

Таълимоти ахлоқии Зардушт аз назари таърих хеле аҷиб аст ва сабабҳои он чунинанд. Аввалан, таълимоти ҷазо ва подош дар он дунё. Пайғамбар мутмаин аст, ки ҳаёти ондунёии инсон аз рафтори ахлоқии инсон вобаста аст. Агар инсон ба кори хайр даст занад, пас аз марг ба олами хайр – биҳишт, вале агар корҳои бад карда бошад, ба олами шар – дӯзах меафтад. Имкони таъсири зардуштия ба тасаввуроти масеҳият вуҷуд дорад. Дуюм, принсипи дуализм дар таърихи андешаҳои ахлоқӣ бисёр нодир аст: Хайр ва шар дорои асосҳои ҷавҳарии хеш мебошанд. Яке аз натиҷаҳои системаи дуалистӣ фишор ва шиддати зиёди маънавие мебошад, ки инсон дар зиндагӣ эҳсос мекунад. Дар тафоввут аз таълимотҳои ахлоқии низомҳои монотеистӣ (яккахудоӣ), ки дар онҳо ғалабаи хайр ба шар ҳатмист, дар чунин ҳолат ғалабаи хайр ба шар мушкилоти зиёде дошта, дар ниҳояти кор аз саъю талошҳои ҳар як шахс вобаста мебошад.

Зиёева З. И. ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь