(ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Гафуров бахшида мешавад)

Замон хостори зуҳури худшиносӣ аст, то ин ки миллат аз таърих, забону фарҳанг ва суннатҳои миллии хеш огоҳ бошад. Дар гузашта ҳам, сарсупурдагони ватан баҳри нигоҳдорӣ ва рушди забону таърих, эҳёи миллат ва суннатҳои хеш ҷонбозиҳо ва фидокориҳо карданд, қурбониҳо доданд, ранҷҳову машшаққатҳо кашиданд, то битавонанд хештани хешро бишносанд. Айём шуд, ки бо талошҳои ҷасурона ва наҷотбахши Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин гомҳо дар ин роҳи созанда ва умедбахш, баҳри пешбурди ҳадафи миллӣ бардошта шуд. Бо пазируфтани муқаддасоти миллӣ миллат ба ватан пайванд шуд ва бо забони ширини модарӣ ва суннати миллии худ баргашт. Албатта, ин сиёсати бозгашт ба хештани хеш, бо ливои худшиносӣ, зери парчами миллӣ афрохта шуд ва хостори эҳёи миллат, таърих, забон, одобу русуми хеш ва ҳуввияти миллӣ гардид. Аз ин рӯ, бо афзоиши ормонҳо ва шӯри миллӣ ва пайванди рӯзафзуни Истиқлол ва озодӣ маъвои худшиносӣ ногузир гардид.

Бо оғози эҳёи миллӣ фаъолиятҳои фарҳангпарастона оғоз гардиданд ва миллат ин масъулияти ифтихорофаринро бо ҷону дил пазируфт. Худшиносӣ қодири ҷилавгирии рушд ва ҳадафу ормонҳои нерӯманди миллӣ гардид. Ишқу шавқи рӯзафзун, ҳушу тамоили дигар нисбат ба ватан оғоз гардид ва Тоҷикистон бо забони ноби модари шӯълавар гашт ва ин буд, ки як ватанпарастии нобу воқеӣ ва як нобиғаи шоистаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вазифаи муқаддасро ба низом даровард ва бо ин кор номи баландашро дар лавҳи ҷовидонагӣ сабт кард. Пас бо ин тариқ, ӯ дар замону таърих вазифаи зинда кардани соири ифтихороти миллиро дар ҷодаи ватанпаймоӣ гузошт. Дар зарфи си сол ва андар чунин хидмат  ба ватан Пешвои тавонои миллат гардид. Ӯ хуб огоҳ буд, ки маҳз қомати рости ватандорӣ, ифтихор намудан аз ватан, таҷдиди ҳаёти миллии забон, таърих ва фарҳанг худшиносӣ аст. Ӯ тавонист бо меҳри ватандорӣ як давлати воҳид бо номи Тоҷикистон бунёд намояд ва ин аст, ки имрӯз нерӯҳои худшиносии миллӣ таҳлил мегарданд ва фаҳми нақди он гуфта мешаванд. Худшиносӣ муҳимтарин парастиши ватан аст, зеро маҳз дар ин пайём ватану ватандорӣ гиромӣ аст.

Худшиносӣ густариш меёбад, пеш аз пеш хештани хешро огоҳ месозад, ҳуввияти миллӣ таҷдиди андешаву таблиғ мегардонад. Маҳз парастиши худшиносӣ саволоти ҷадиди ҳуввияти миллиро ба миён овард, ки даргири худсозӣ аст. Парастишҳои нав ва тозаро рӯ ба рӯ гардиданд, ранг ва ранги парастишии худшиносӣ бештар гардид, зеро инсони дигар, фарорави хеш афзун ёфт. Ин инсон аз худ бештар ва беҳтар савол мекунад, ки натиҷа аз худшиносӣ дар куҷост ва онро чӣ гуна метавон дарк кард. Огоҳии инсон аз марзу буми хеш, нақши тафсири он дар вуҷудаш радифи такомулёфтаи сидқу вафо ва худбинӣ аст, ки инсони боватан ниёзмандӣ он аст. Кӯшиш барои афзоиши огоҳӣ, пазириши ватан ва эҳтироми қавмӣ худ кӯшиши ширкат дар ватанпаймоӣ аст.

Шинохти амиқи инсон аз амри худшиносӣ, худогоҳӣ аз ватан аст, ки рушд мекунад ва масири худшиносии хешро мавриди парастиш ва савол қарор медиҳад ва – «мо чи гуна мо шудем». Аз ин рӯ, «худшиносӣ» ва «мо чи гуна мо шудем» як воҳид дар як маънианд. Худшиносӣ ҳамчун ҳуввияти хеш омӯхтани фарҳанги хештан аст, ки аз ҷавҳари моҳияти хеши хештан дарак медиҳад. Он гоҳ худро беҳтар хоҳем шинохт, агар маънии ватанро бештар донем, зеро ҳар амре шинохта мешавад, агар рӯ ба рӯ ватан сайқал дошта бошад.

Дар баъзе мавриду ҳолат мепиндоранд, ки ин ватан танҳо ватани як фард аст ва худро аз сарҳади камоли ватан дур мекашанд ва содиқона баҳри ободии ватан хидмат намекунанд. Нисбат ба ватан он чи ки дар дил доранд ба забон намегиранд. Зоту бумашонро дар чашму қалби «хеш»-парастӣ гиромиву муқаддас ва маҳбуб намепиндоранд. Ҳол он ки ишқи пок ба ватани хеш азамати худшиносӣ аст. Меҳри миллат ба ватан ин ба торупуду вуҷудаш танидан бо хоку вуҷудаш оғуштаву сиришта шудан аст. Номи марзу буми хешро бо таъзиму такрим ситоиш намудан, ба вижа ҳар ҷое, ки номи Тоҷикистон, номи ватани азизро бо калимаи озодагон ҳамрадиф намудан осон аст. Бо ин кор, эҳтироми хешро ҳам ба ватан ва ҳам ба миллат нишон додан имон аст, зеро он ҷое, ки тадбири озодагон аст, он ҷо Тоҷикистон аст.

Истиқлол ва озодӣ беш аз беш таъбиру тадбири худшиносиро дар нақди ватан мушаххас менамояд, то кай ва чи гуна хештан ҳифз карда шавад ва даричаҳои худшиносӣ возеҳ кушода шаванд. Таъбир ва таблиғи худ-шиносӣ имрӯз муҳим аст, зеро «ҷаҳонишавӣ», ки таъсири фарҳангҳои шигифтаву азим аст, тамоил ва таваҷҷӯҳ доранд ва ҳуввиятро то андозае коста карда хештанро дар ойинаи дигар тадбир дорад. «Ҷаҳонишавӣ» – таъсири фарҳангҳои берунӣ, бо вижагиҳои дигар миллатро мавриди бознигарӣ қарор медиҳад, меҳвари истиқлолу худбунёдиро бегона месозад, фарёдҳо ва шаклгириҳои он, ки фасл доранд, ҳарфи аввалу охири он бегонапарастӣ аст. Ба маънии дигар, «ҷаҳонишавӣ» нигоҳи дигари хештаншиносӣ дорад, дар он хешу ҷаҳон як таваҷҷӯҳ доранд. Ин ҳангом «хеш» ва ҷаҳон дар ҷодаи иллатҳояш муқоиса карда мешавад ва масъулияти миллатро нисбати ҳуввият коста менамояд. Аз ин рӯ, худшиносӣ ва пояи ҳуввияти хештан бо бастгии тамом ба ҷаҳон пайваста аст, ки маънии «хеш» ва таъбири «хеш» дар «ҷаҳонишавӣ» дар ойинаҳои дигар соя дорад. Хештаншиносӣ, аз ин рӯ, рӯёрӯи фарҳанги берунӣ бо завол дучор аст, ки маҳз ин завол худбегонагиро ба миён меорад. Худбегонагӣ ҳулули «ғайр» ва «бегона» – ҳолатест, ки «худ» эҳсос намегардад ва дар натиҷа худшиносиро роҳгум мекунад ва навои бегонапарастиро падид меорад.

Худбегонагӣ ғофил будан аз хештани хеш аст, ки миллат на худро балки ҳадафро эҳсос мекунад, вале танҳо худшиносӣ метавонад дар миллат шинохти дуруст ва нигоҳи дақиқро ба ватан воқеият намояд. Худшиносӣ ин фикри солиму воқеӣ доштани миллат аст, аммо худбегонагӣ дар муқобили худшиносӣ аст ва миллате, ки худро дар ватан бегона медонад, соҳиби қавли хеш намедонад, дар пайи хештани хеш нест ва ҳуввият низ унвони миллии ӯ нест. Маҳз миллати худогоҳ худшинос аст ва дар он маънии ҷойгоҳи хеш меҷӯяд, созандагиву офарандагиро эҳсос мекунад. Унвони худшиносӣ нигоҳи хабар аз хештан аст. Имрӯз ватан, ки истиқлоли миллӣ дорад дар муқобили «ҷаҳонишавӣ» муҳимтарин иқдом – эҳёи худшиносӣ мепазирад. Ин ногузир аст, зеро ватан дар ҷаҳоне арзи ҳастӣ дорад, ки ҳифз ва басти қудрат, дар сармашқи ғолиб танҳо дар муносибатҳои сиёсӣ аст. Имрӯз ҳеҷ ҳукумат наметавонад бе миллатсозӣ, ки аҳкоми он худштносӣ аст, нерӯву қудрати худро созанда созад.

Гуфтем, бузургони тоҷик, дар зери фишори аҷнабиён таҳти фишори таассубомези динӣ-мазҳаби андешаҳо дар партави худшиносиро ба бор оварданд. Ҳоло, ки ин ватани озоду осуда, ки қалби поку ҳамвор дорад, метавонад ва қудрат дорад, маҳз дар пояи шинохти миллӣ барои хеш ва ҳам баҳри қавмҳои кучӣ, дар аҳкоми фарҳанги аҷдодии гузашта, дар пояи асолати забон, адабиёт ва таърих фарҳанги фарогир эҷод намояд ва бори дигар рахти тамаддунофариниро эҳё кунад. Фарҳангофаринӣ ва тамаддунсозӣ, ки алифбои он худсозӣ аст, дар фишорҳои сиёсӣ-иқтисодии берунӣ, талотумҳои сиёсии гурӯҳҳо, то имрӯз шаклу моҳияти дигар дорад. Аз ин рӯ, «ҷаҳонишавӣ» на як беморӣ, балки як ҳолати тақдири таърих аст. Дар ин изтироб набояд дучори таназзул шуд, набояд ба ин тақлид кард ва баръакс баҳри муқовимат худшиносиро гиромӣ бояд донист. Дар ин ҳолат, муодил донистани ҳуввият ва худшиносӣ амри воқеӣ аст. Тасҳеҳи ҳуввият айни ҳуввият доштан аст, яъне «шудан» порае аз «будан» аст ва чун чунин аст, пас эҳёи хеш – худшиносӣ аст. Ҷустуҷӯӣ мояҳои хештаншиносӣ, диҳандаи ҳастӣ ва фардоияти миллат аст, дар иртибот бо амри ватанхоҳӣ мояи худшиносӣ аст. Мояи худшиносӣ, яъне, ҳуввияти хештан ба номи ватан бастагӣ дорад ва дар ҷустуҷӯи хештан будан маъвои «хеш» ва таъбири он, ёфтани хеш ва дар андешаи худшиносӣ будан аст. Муқаддима ва пояи худшиносӣ ҷустуҷӯ ва таъбири хештаншиносӣ аст, ки ҳарчи бештар ватан мавридӣ парастиши ақл қарор мегирад.

Ҷустуҷӯи бомавриди хештани хеш худшиносиро рангу бӯи дигар медиҳад. Иртиботи ҳамешагӣ бо ватан ваҷҳи муҳими худшиносӣ аст, ки ватан бо амри намоёни созанда баён мегардад ва хештанро бо ин ҷиҳат мумтоз месозад. Ҷустуҷӯи роҳи ватанпаймоӣ, иртиботи ҳамешагӣ бо вай таҷаллии тозаи худшиносӣ аст, ки ҳамеша фароравиши кушуда аст. Дар ин дидгоҳ, хештаншиносӣ, ки дар пояи ватандорӣ қарор гирифтааст, чун падидаи фарҳангӣ ҳуввияти фаровонро ба бор меорад, ки як навъ таъбири муҳиму мумтози худшиносӣ аст. Танҳо хештаншиносӣ метавонад шуур ва тафаккури худшиносиро ба вуҷуд оварад ва зиндагии айниро мутобиқи зеҳн таъбир диҳад. Дар таъбир ва ташреҳи мушкилоти дарк ва фаҳми хештаншиносӣ «ҳуш», «ҳуввият» аз маънии калидӣ ва бунёдии худшиносӣ аст. Ин маҷмӯи сармояи миллӣ ҳуввият ва хештанро қазоват медиҳад ва танҳо интихоб ва ихтиёр аст.

Водии хештаншиносӣ, имрӯз аз гузарҳои сохта «эъмор» гардидааст, ки ҳеҷ ранги миллӣ надоранд. Сархурдагон дар пайи ҳадафҳои сиёсӣ андешаҳои сохтаву бофтаи худшиносиро бо зерсохтаҳо андаруни худ зерорӯ гузоштанд. Усули таблиғ ва роҳи ҳалли худшиносӣ, бо ғояҳо ва ҳадафҳои гуруҳӣ-динӣ таблиғ мегарданд. Ин ҷо иллат андаруни мағзи сар аст. Ин ҷо равиш ва масири худшиносӣ ростои хештаншиносӣ надорад. Аз ин ҷиҳат, фасл кардани хештаншиносӣ бо тавсифи сиёсат унвони ватандориву соҳибназарӣ нест.

Ватандорӣ дар партави хештаншиносӣ роҳи худшиносӣ аст, бо вижагиҳои ватан будан, ин мероси гузаштагонро пазируфтан ва онро шугуфтатар намудан дармони худшиносӣ аст. Хештаншиносӣ ҳамоҳангӣ бо ватан, чун ҳифзи суннати миллӣ манбаи зеҳнӣ ва маърифатии худшиносӣ аст. Худшиносӣ дар ин ҷода, ҳуввияти фарҳангӣ, нерӯи фикрӣ ва афзалияти ақлиро тақозо дорад. Маҳз орои ҳуввияти фарҳангӣ – фарҳанги худшиносӣ аст, ки бо арзишҳои миллӣ доманадор аст. Ин арзишҳо, яке аз онҳо арзишҳои фаромиллӣ, фаротаърихӣ ва фаромаишӣ аст, аммо арзишҳои дувум мутаносиб ба зиндагианд, нақшу самимият доранд ва зиндагиро оромтару шуданитар ва намоёнпазир мекунанд. Дар ин ҷода, муҳимтарин иқдом арзиши худшиносӣ аст.

Арзиши худшиносӣ бо истиқлоли миллӣ нақшу суботи бештар дорад, маънои ватан ва гавҳарпазирии ваҳдатро гуштариш медиҳад, яъне дар арзиши худшиносӣ бузургтарин армон истиқлол аст. Худшиносӣ арзиш ва неруи нигоҳдорандаи инсон аст, ки Муҳаммад Иқбол онро чунин шарҳ додааст: “Набояд фаромуш кунем, ки саропои зиндагӣ аз таъғири маҳз ва ноб ташкил намеёбад, балки аносири ҳифз ва нигоҳдорӣ низ дар он вуҷуд дорад. Ва инсон дар ҳамон ҳоле, ки ба навофаринӣ пардозад ва мудом нерӯҳояшро ба сӯи кашфи интиқодҳои тоза барои зиндагӣ ҷиҳат мебахшад. Дар баробари он чи ки кашф менамояд, эҳсоси изтироб мекунад. Инсон дар аснои пешрафт наметавонад худро аз нигаристан ба гузашта  боз дорад… Инсон ҷузъ роҳи равиши дигаре дар ин куқта надорад ва ҳаракат мекунад ва ин ки ба ҳангоми арзёбии ҳар таъғири иҷтимоӣ наметавонад аз арзиши неруҳои нигоҳдоранда ва амалкарди онҳо чашм пушид”.

Аз маҷмӯи ин матолиб натиҷа чунин аст, ки ҳар мавҷи худштносӣ пайваста бо замон сайр мекунад ва шак нест, ки вақте ки авҷи худшиносӣ бо авҷи ватандорӣ аст, ватан макони шермандон мегардад. Ин ватан ҷойгоҳи мардонагиву ҷавонмардӣ ва диловарӣ буд ва ҳаст. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик баҳри мудофиаи диёри хеш аз аҷнабиён, тан ба куштан дод. Темурмалик чанд муддат дар қалъаи обӣ ва бо киштии сарпӯшида ба ҷангиён муқовимат кард. Ба ӯ “маслиҳат” доданд: “чораи кори худ созед ва барои худ гузаргоҳе ба даст оваред, то аз чанги ҳаводис ва навойиб эмин бошед!” Аммо, ҳокими Хуҷанд қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ба ин гуна “маслиҳат” гуш надод ва дар пайи мудофиаи ватан афтод… Темурмалик, оқибат ба тарафи шаҳри тамоман сӯхтаи Хуҷанд зебоманзараш нигоҳи пурҳасрате  карда оҳи ҷонкоҳе кашид ва худ ба худ мазмуни ин байтро суруд:

Меравам з-ин шаҳру дар дил дарди ёре мебарам,

Дарди ёре аз диёре бар диёре мебарам!

Темурмалик баъди бистсолӣ дур аз ватан, ки ҳамеша бо ёраш – ватанаш буд, бо чингизиён муқовимат мекард, ҳамроҳи писари шуҷоаш дар маҳали Консойи Хуҷанд, бо табарзин, бо зарбаҳои паёпай чандин муғулро аз по афтанданд ва дар ин задухурди нобаробар Темурмалик ва писараш кушта шуданд. Ҳамон рӯз дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он мардум ҷомаҳои сиёҳ пӯшиданд ва мотам гирифтанд. Ҳамдиёрон дар маҳали Консой ду қабр кофтанд ва мурдаҳоро монанди шаҳидшудагон ношуста бо либоси хунолудашон гӯрондан хостанд, аммо бинобар эҳтиёт пеш аз гӯронидани мурдаҳо ҷайбу кисаҳои онҳоро кофта диданд, ки шояд васиятномае бошад. Дар миёнбанди Темурмалик халтачае ёфтанд, ки дар вай як каф хок ва як пора коғази хатнок буд. Хатро хонданд, ки он ҷо чунин навишта шуда буд: “Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгории Ватани азизи ман аст”. Дар охири хат ин байт ҳам буд:

Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,

Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок!

Ин иқтибос аз очерки адабию таърихии адиби бузурги тоҷик устод Айни роҷеъ ба корнамои шахсияти вафодори ватан – Темурмалик аст, ки баҳри дифои ватан ҷонашро нисор кардааст. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик барои дифои ватан аз душмани хунхори ваҳшӣ ҷонашро ба кафи даст гирифт ва синаашро сипар кард дар майдони ҷанг бо чингизиён ҳамеша ин байтҳоро замзама мекард:

Бимирем чун кому ноком мо,

Ҳамон беҳ, ки мирем бо ном мо!

Бо номи накӯ, кушта гаштан ба ҷанг,

Беҳ аз зиндагонии боайбу нанг!

Бифармо, ки мо ҷонсупорӣ кунем!

Ба ҷанги ватан бар ту ёрӣ кунем!

Ки ин маргамон умри сонӣ диҳад,

Ҳаёти нави ҷовидонӣ диҳад…

Темурмалик бо ҷонбозиҳояш баҳри дифои ватан, имрӯз дар ватани озодаш – Тоҷикистон умри ҷовидона гирифт. Темурмалик симои қаҳрамониҳои халқи тоҷик баҳри озодии ватан аз аҷнабиён аст, ки ҳамеша бо бузургиаш ёд мегардад.

Ин муҳтаво-нангу номуси ватандорӣ миллатро водор менамояд, ки номи ватанро дар миёни кишварҳои шинохташудаи дунё шукуҳтар намояд. Бо ин фикр, аз рӯи камоли ватан – Тоҷикистон, ки тасвираш гулу гавҳар аст, зимистонаш насими баҳор дорад, пирумонаш биҳишт аст, домонаш бо зикри кавсарӣ баста аст, саводаш зи бас сабзаш мушку падидааст, заминаш бо обу зар оғуштааст, ганҷинаи оромию осоиштагӣ аст ва меҳр дорад, дӯст дорем. Ният худшиносӣ аз ватан ҳам эҳёи бақои ин сарзамини аҷдодӣ ва пайгириву таҷдиди азамати ватандорӣ аст. Оре, худшиносӣ оини беҳтарини ватанпаймоӣ аст ва ин андешаи комил ва пешбинии ватандорӣ тавсифи дастовардҳои моддиву маънавии ватани маҳбуб аст, ки решаҳои болотару асилтар дорад.

Дилбохтагиву дилбастагӣ бо ватан, ин пайванди таъриху забон ва одобу русуми сарзамин будан аст. бо неруи тавоно ҳифз ва нигоҳдории ин суннатҳои миллӣ ин айём, ватандорӣ аст. Фидокори ватан будан, қиём ба ватан доштан рӯҳи фидокориву тавоноии ватанпарастиро бо колбадаш меафзояд ва “гумкардагони ватан” дар сояи имону ақидаи истиқлол ҷисму ҷонашонро пок месозанд ва дар муноҷот бо ватан, бори дигар таҳаммул мекунанд.

Дар ватан – Тоҷикистон ватанпарастӣ, ки решаи худшиносӣ аст, камол дорад ва дар рушди дилпазири ватанпарастӣ бедории миллӣ айён аст. Бо азамати истиқлол ва озодӣ рушди ватан ва миллат дар эҳёи ақидаи худшиносӣ таъмин аст, зеро ҳар гуна эҳсосоти содиқона ва ҷилавгири худшиносӣ фаризаест, ки ба зоту бум вобастагӣ дорад.

Худшиносӣ аз ватан, дида кушодан ба “худ”, ки “худ”-и нав тавлид мегардад, хештаншиносии пайваста аст. Яъне, “худ” собиқаи қавмӣ дорад ва ҳуввият аст ва метавон онро бо дили далер ва дасти тавоно ба худшиносӣ муодил кард. Ҳифзи “худ”- ҳуввияти миллӣ маънои эҳёи худшиносиро дорад, ки дар завқҳо ва адабҳои миллат ифтихори рангоранг дорад.

Худшиносӣ маҷмӯи эътиқодҳо, дидгоҳҳо, андешаҳо ва арзишҳои миллӣ аст, ки бо хоки азамати ватану ватандорӣ пайванд аст. Худшиносӣ як навъи тадбири зиндагӣ аст, ки дар ҷаҳони нав инсони нав тарбия дода мешавад. Фазилати инсон аз худшиносӣ оғоз мешавад, ки ӯ аз бегонашиносӣ берун бошад. Ин маънои онро дорад, ки инсон маҳз бо худшиносии хеш таровати ахлоқӣ дорад ва нишонаҳои худшиносӣ дар “биноҳои” тарбия ва маърифат аст, зеро худшиносии ҳар миллат аз осори адабӣ, илмӣ ва фалсафаии он миллат аст. Ба вижа, худшиносиро метавон маҷмуи низоми миллӣ донист. Худшиносӣ тобеи омили хештаншиносӣ аст, ки ба асари он густариш меёбад. Ватан, “худшиносӣ” на “бозиҳои сиёсӣ”, балки ватанпаймоӣ ва низоми ҳуввияти миллӣ доштан аст. Худшиносӣ сурури миллӣ аст, ки ниҳодҳои пайвастаи миллиро густариш медиҳад. Миллати тоҷик, дар тули таърихи хеш дорои рушди якнавохти завқи ватандорӣ буданд, ки онро метавон яке аз хислати аслии рӯҳи тоҷикӣ донист. Муҳимтарин иқдом, дар ин маврид эҳёи аносири ватандории гузашта дар пояи худшиносӣ аст. Даъвоҳои сархурдагон, тундравону куҳнапарастони сиёсӣ, дар ниҳоят натиҷа надорад, зеро ин ватани озодагон дар ҳама бархурдҳо устувор аст, зеро худшиносии миллиро иқдом кардааст.

 Каримҷон Қодиров,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь