(Гуфтори шашум бо руҳи тобони МАЙСАРА – модари Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ ШОҲТЕМУР)

Такягоҳе ҳаст ҳар касро, ки бар пой аст рост,

Соя ҳам бе такяи девор аз ҷо барнахост.

Рустам Ваҳҳобзода

Боре, модари гаронқадр, дар Петербург Шириншоҳ Шоҳтемур тасодуфан бо як ҳамдеҳаи мусофираш рӯбарӯ омад ва аз ин вохӯрии ғаримунтазира хушҳолиашро ҳадду канор набуд. Фарзандатон бо ашки ҷонсӯз аз Шумо ёд овард ва он муаммои пандомӯзеро, ки ҳангоми молбонӣ аз ҳуш рафтану аз нав ба худ омадан гуфта будед, қисса кард, низ аз нигоҳи вопасинатон, ки мазмунаш «пайваста мутолиа кардану илм омӯхтан» буд, ҳарф зад. Шириншоҳ дар ҷӯши суҳбаташ рафтаеро бар забон оварда, гуфт:

– Барои нани азизам хоб чун ҷонмуҳофизи ҳушёр ҳамеша бедор буд, гӯё моро аз марги ногаҳонии гушнагӣ ҳамеша ҳифз менамуд.

Боре аз ӯ пурсидам:

– Нан, чаро намехобӣ?!

Гуфт:

– То бачаҳоям ғалоғула накунанд, хобам намеояд.

– О, ин чӣ хел мешавад?! – тааҷҷуб кардам.

– Ана ҳамин хел; агар хомӯш бошед, метарсаму хоб асло ба чашмонам меҳмон намешавад!

Он гаҳ мо, бачаҳояш, ба ҳам ғалоғула мекардем, то модари маҳбубамон нафаси роҳат бинад. Лек аз куҷо?.. Акнун хонаи мо беғалоғула гашт, чун мурғони ҳаво ба ҳар сӯ пароканда шудем ва ба ёди Ватану модар дигар ба чашмони худамон хоб намеояд.

Шириншоҳ амиқ нафасе кашиду пасон биафзуд:

– Дуруст мегуфтаанд, ки модар мисли шохаи ангур дар зиндагӣ се хӯша меорад: хӯшаи роҳат, хӯшаи мастӣ ва хӯшаи нафрат. Нани раҳматии мо, Худо биёмурзадаш, хӯшаҳои мастиву нафрат ба дунё наоварда буд, лекин аз хӯшаҳои роҳаташ низ сари мӯ баракат надид. Барои ҳамин дар симои модари азизам фақат Тоҷикистонро мебинам. Орзуи ягонаам ин аст, ки ҳамчун фарзанд ба Ватан як умр ҳалол хидмат кунам, агар ҷонамро ҳам фидояш созам, кам аст.

Ва Шириншоҳ инро гуфту бори гаронеро болои шонаҳои хеш эҳсос намуд, дилаш ба тазъйиқ омад ва ашк аз дидагонаш сарозер шуд.

Ҳамдиёр зуд аз ҷо бархест, ӯро оғӯш гирифту таскин бахшид. Гоҳе ки Шириншоҳ ба худ расид, аз нав дилашро холӣ кард:

– Одамизод дар ғурбат мисли хиштест, ки ҳар қадар дар оташ сӯзад, ҳамон қадар пухта мегардад. Дар ин дуриҳо сӯхта-сӯхта ба қадри модару Ватан бештар расидам; фаҳмидам, ки онҳо мисли ҳавои софу беғубори субҳгоҳие ҳастанд, ки агар аз наздик набӯямашон, гумонам касе маро бӯғӣ дораду роҳи нафасам дақиқа ба дақиқа танг мешавад. Худо насибам кунаду ба Ватан равам, пеш аз ҳама, мазори модарамро зиёрат мекунам, хоки қабрашро ба дидаҳоям мемолам, мебӯсам… – ва ин дам танҳо садои писари пазмонатон на, бал тамоми пайкараш чун барги бед аз вазиши шамол ларзид, мисле дар видои вопасинатон. Ва оҳиставу ногаҳонӣ аз ҳамдиёр суол кард:

– Мебахшед, бародар, нани шумо бар ҳаёт аст?..

Ҳамдиёр хаёле сар ба зер афканду хомӯш монд. Ӯ амиқан эҳсос намуда буд, ки ёди Ватан, ёди Шумо, ёди бародарону хоҳарон дар синаи фарзандатон чун оташ аланга гирифтааст. Ва забонаи ин оташ ба андоми вай ҳам кора кард. Он гоҳ ҳамдиёр осема аз ҷо боло шуд ва дар ҳоле ки авзояш тағйир хурда буд, бар забон овард:

– Шириншоҳи азиз, ҳазор раҳмати Худо модаратро, ки чашмонамро кушодӣ! Намефаҳмам, ки чаро дар ин ҷо беҳуда мегардам?! Ба кӣ даркорам, намедонам?! Меравам ба Тоҷикистон, то аз ҳоли модарам бохабар шавам. Ту кадом вақте ки тавонистӣ, ба ватан биё! Агар хабар ёбам, ҳатман пешвозат мегирам, бародар!..

Ҳамдиёр худоҳофизиро нася гузошт ва шитобзада роҳро ба фурудгоҳ рафт, то ҳамон соат ба Ватан парвоз кунад…

Аё модари беҳтар аз ҷон, чун пеши дидагони Шириншоҳ нақши рӯйи Шумо давр мехӯрд, ба гӯшаш гуфтугӯйи пандомӯзатон нишаста буд, аз димоғаш бӯйи гувороятон нарафта буд ва дилаш ҳамеша ба сӯятон чун анори ҳазордонаи шохаи нор овезон буд, миён барбасту аз роҳи дур бархест ба ҷустуҷӯятон. Гоҳе ки нигоҳи пазмону меҳрбораш хоки Тоҷикистонро бӯса дод, нахуст ба зиёрати мазори пуранворатон шитобид, зону барзаду чун қуи ошиқу сӯхтадиле, ки пас аз солҳо ба зодгоҳ баргаштааст, соате ҳой-ҳой бинолид ва омӯрзиш талабиду баланд нидо дардод: «Қурбонатон шавам, ало на- ни зи ғам қурбонгашта! Шири покатонро пиҳилам кунед, модари азиз! Маро бибахшед, ки ба зиёрататон дери дер омадам…».

Бас мушкил аст ба қалам додани лаҳзаи эҳсосбарангези зиёрати қабри модар! Аммо шоири тавоно, жарфнигоҳ, мушоҳидакор ва модарпараст метавонад, ки ин лаҳзаи пурғуссаро бо дасти фарёди ҷонгудози даруни хеш эҳсосу ламс намояд ва халлоқона аз нӯки қалам ба дафтар резад. Ҳамнафас бо Мирзо Турсунзодаву Муъмин Қаноат ва Бозор Собиру Гулрухсор ин гуна шоири дардошнову модаршинос Лоиқ Шералӣ буд, ки пас аз даргузашти солҳо, аз ҳамингуна манзараи ҳузн, ҳам барои модари маҳбуби худ ва ҳам барои тамоми модаргумкардаҳо, ғазале гӯяд, то дардҳои ботинии фарзанди одамиро фарогир бошад. Ҷавонмардона бояд иқрор кард, агар он айём чунинро кадом шоире, ки мегуфт, Шириншоҳи суханпарвар ҳатман ҷабинашро бӯса медод. Мақтаи он ғазал ин аст:

Ало модар, пиҳил кун шири покатро, ки то ҳастам,

Ҳама сӯи худо ноланд, ман сӯи ту менолам.

Оре, дидагони бинои фарзандатон тамоми умр ба сӯйи Ватан дӯхта шуда буданд! Ватан модари воқеияш, ҷону ҷигараш ва ба ҷойи Шумо буд.

Он айём Шириншоҳ Шоҳтемурро барои забондонӣ, кордонию зеҳни хубаш ба Ҳукумати Туркистон ба кор даъват карданд. Соле чанд он ҷо ҳушмандона фаъолият дошт, таҷриба андӯхт ва ҷаҳонбинии сиёсиашро вусъа- ти тоза бахшид. Маҳорати роҳбариву ташкилотчигиаш сайқал хурд ва сиёсатмадори бохираде гашт, ки дигарон дар ҳар мушкиле аз ӯ маслиҳат мепурсиданд.

Соли 1925 Шириншоҳро ба шаҳри Душанбе раҳӣ намуданд. Маҳз ин ҷо ҳисси ватандориву ифтихори миллиаш бурузи бештар пайдо кард ва муборизаҳои истиқлолхоҳии ӯ дар замони пурошӯбу мураккаб авҷ гирифтанд. Он солҳо, модари гаронқадр, Душанбе ин гуна ободу сабзу хуррам набуд. Зиндагии халқи тоҷик ҳамон вазнин мегузашт. Фарзандатон аз рӯзҳои аввал дар вазифаи Роҳбар барои беҳтар шудани аҳволи халқи тоҷик, обёрӣ кардани заминҳо ва киштукори пахта шабу рӯз заҳмат кашид. Дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишварамон бо маслиҳату дастгириҳои ҷигарбандатон дабиристонҳои нав ва донишкадаву омӯзишгоҳҳо дунболи ҳам қомат афрохтанд. Аммо ҳоли тоҷикони берун аз Ватан чандон хуб набуд. Ба ҳимояи онҳо Шириншоҳ миён барбаст. Дар ин росто номаи таърихии Шириншоҳ ба Сталин «Дар бораи шароити маданӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии тоҷикон дар минтақаҳои Ҷумҳурии Узбекистон», ки моҳи майи соли 1926 ба Кумитаи Марказӣ ирсол гаштааст, гувоҳи далерию шуҷоати фарзанди миллатдӯсти Шумост, ки заминаи воқеии таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистони дар соли 1929 гардидааст. Ӯ дар номаи хеш бо як дилсӯзӣ ва ғамхории эҳсосбарангез аҳволу шароити зисти тоҷикони онвақтаи минтақаҳои Ҷумҳурии Узбекистонро таҳлил намуда, ба Комитети Марказии Умумииттифоқии Ҳизби Коммунисти болшевикон се пешниҳоди муҳим баён доштааст.

Модари азиз, аз руҳи бузургу тавонои Шумо маъзарат, ки ин пешниҳодҳоро бо забон ва ҳарфҳои набиштаи худи фарзандатон манзур медорам.

Инак, ӯ дар номаи хеш, минҷумла, сабт карда буд:

«Прошу Центральный Комитет Всесоюзной Коммунистической партии большевиков обратить серьезное внимание на таджикский вопрос, для чего вношу следующие предложения:

  1. Констатировать, что в отношении культурно-национального обслуживания таджиков Узбекистана, Узбекской Коммунистической партией ничего почти не сделано;
  2. ЦК ВКП(б) предлагает Средне Азиатскому Бюро ВКП(б) обратить особое внимание на работу среди национальных меньшинств Средней Азии, а в частности, среди таджиков #Узбекистана.

Ш. В целях более полного и всестороннего освещения таджикского вопроса в Узбекистане образовать комиссию из членов ЦК ВКП(б) и поручить ей наметить основные мероприятия, которые необходимо было бы провести по линии и партийного и советского строительства для обеспечения интересов трудящихся масс таджиков в области школы, суда и т.п.

Шотемор

Член ВКП (б) май, 1926 г.».

Талош ва ҷонфидоиҳои пайвастаи ӯ дар ин росто, дер ҳам бошад, мунтаҳо бор оварданд. Самараи комилаш таъсиси Тоҷикистони мустақил аст.

Модари арҷманду огаҳ аз дили фарзанд! Барои таърих асрори пӯшида нест, ки Шириншоҳ дар мавриди ҳимояи миллати тоҷик ва сарҳадҳои Тоҷикистон низ талошҳои зиёд ба харҷ додааст. Дар ҳар баҳсу мунози- рае, ки дар ин мавзуъ ба вуқуъ мепайваст, чун бо забони русӣ таври олӣ суханронӣ карда, аз таъриху фарҳанги тоҷикон комилан огаҳ буд, ҳатман пирӯз меомад. Нутқи буррову оташину таъсирбахше дошт, ки ӯро на танҳо мешуниданд, бал рӯшан низ медиданд ва ба нигоҳи барроқаш душманон ас тоб намеоварданд. Ҳеҷ кас дар ҳимояи Ватану миллат бо вай баробар намеомад. Ин буд, ки рақибону бадхоҳон қасосситониро дар барканор карданаш донистанд ва оқибат ба ҷурми миллатпарастӣ номашро доғдор намуда, сояашро аз девор тарошиданд.

Аё равони башарӣ, оё донистан мехоҳед, ки чаро ба фарзандатон «миллатпараст» гуноҳ ниҳоданд?! Мефаҳ мам, асло донистан намехоҳед! Чунки фарзанд барои модар ҳамеша ҳамон тифли поку бегуноҳ аст. Аммо фарзанди Шумо аз зумраи онҳое набуд, ки номашро «бо як ишораи бурут» сияҳ созанд. Шириншоҳатон, Шириншоҳи миллат пушти нохун айбе надошт! Танҳо барои он гунаҳгораш донистанд, ки дар ҳамоишу маҷлисҳои марбут ба ҳимояи миллат аз рӯйи лабонаш ба тахмин чунин ҳарфҳо мерехт: «Мо бо ҷурми дигарон, пеш аз ҳама бо дасти худамон, мисли сағераҳои бемодаре пойлучу сарлуч то зону дар хоку лой ҷӯлида будем. Ҳокимияти советӣ чун падару модари азизамон моро аз даруни лою хок берун овард, вилоятамон дод, сару либосамон ҳадя намуд, хононд, пӯшонду хуронд. Мо бо дасти халқи Руси кабир аз нав одам шудем. Модоме ки аз нав одам шудаем, акнун танҳо ғами худа- монро не, балки аз модару фарзандонамон, аз миллатамон, аз ҷумҳуриамонро хурдан даркор. Мо ба ин ҳақ дорем, чунки миллати тоҷик соҳиби забону таърих ва тамаддунофар аст ва ҳазорон сол пеш аз ин давлат, ҳарфу китобу девон дошт! Медонед, мо соҳибдавлат будем ва боз ҳам бо мадади Ҳокимияти советӣ аз нав давлату ҷумҳуриамонро барқарор мекунем! …».

Шамсу қамаро, чи илоҷ, ки рӯйи оина ҳам дучори таънаи гард мегаштааст, вагарна куҷои ин сухан нодуруст буд, ҷуз он ки фарзандатон ҳаққи ҳалоли ҷумҳурии томро дархост кард?! Вале магар чунин «мушт»-и обдор ба душманони давлату миллат хуш меомад? Оё онҳо об дар даҳон гирифта, хомӯш менишастанд ва мисли ҷуворимаккаҳои даруни деги тафсон аз ҷо ҷастухез намекарданд?! Э-ҳа, бо дандон замин газида, ба сӯяш гунае теғи нигоҳ мекашиданд, ки душмани қаттоли ҷонашон бошад ва ё ягон азизашонро кушта. Ҳар соат пайти муносиб меҷустанд, то обро ба лаби ҷӯ баробар созанд. Ба ин тариқ, «аз рӯ шонаву аз таг фона» зада, дареғо, ки оқибат ба ҳадаф расиданд! Дардбарангез ин буд, ки Шириншоҳи азизро батамом аз дидори ёру диёр ҷудо сохтанд. Ӯ аз беилоҷӣ чун гӯсфанде дар чанголи галаи гургони ашшадандон танҳо уфтода буд. Кас ҷуръати сар боло кардану даҳон во намудан надошт, ки ба имдодаш бирасаду пуштибонаш шавад. Бо вуҷуд, ҳарчанд пойҳояш дар занҷир баста буданд, аммо ҳанӯз ҳам дасти умед бар домани фалак мезад, ки мунтаҳо аз қайди банд хоҳад раҳид. Гуноҳе аз ӯ сар назада буд, охир! Аммо беҳуда буданд умедҳояш, чаро ки фақат «оламе зоғи сиёҳ медиду бози сапедеро не, як рамма Афросиёб медиду барояш пури Зол ҳеҷ пайдо набуд». Дар он аҳд пофишорӣ карданаш низ пашшаеро дар даҳони ғук мемонду халос.

Аё руҳи тавонову тобони модар! Аз пушти наздик сад сол андӯҳи танҳоии Шириншоҳро аз садои вопасин суруде, ки овозхони маҳбубу зиндаёд Ҷамшед Исмоилов бо оҳанги басо ғамангез замзама мекунад, бармало мешунавам. Ин садову суруд тамоми вуҷудамро тагурӯ сохта, ба андеша мебарад, ки аз ёрону дӯстон дар ҳоли парешониву дармондагиашон ноогаҳ мабош, нодидагириҳоро пушти сар бинеҳу онҳоро хабар бигир, гар метавонӣ, дасти ёрӣ дароз бикун, ғамшарикашон бош. Ба қавли Мавлавӣ, «ғаразҳоро аз дил бирону оинаи дӯстиро тира мадор, ки ногаҳ аз якдигар мондан барои инсон талафи бузургест». Ин аст, ки баробари Ҷамшеди зиндаёд, на ба хотири гилоя, балки бо мақсуди ҳушдори бародарони ҳамсаф, банда низ месарояд:

…Дар ҳалқаи ҷафоям,

Дасти бародарам ку?

Омода чун гадоям,

Фарёди модарам ку?

Ҳарчанд ки давидам,

То пушти дар расидам.

Як даркушо надидам,

Ёрони дар барам ку?..

Аммо, чӣ метавон кард, ки «ғофилтаре аз марди мусалмон набудааст, зеро дар миёни сина дил дораду ба ҳамон дили хеш ҳам бегона аст»?! Ин мазмун аз як шоҳбайти Иқболи Лоҳурист ва ҳаёт собиташ намуда, ки воқеан ҳамин тавр ҳаст. Вале ҳаёти қартабоз паҳлуи дигар низ дорад. Ин ки дар он солҳои махуфу тарсбор ба дӯсту ошно дасти мадад дароз кардан басо мушкил, ҳатто номумкин буд ва агар чунин мекардед, бегумон худ сиёҳу бадном ва чун саги осӣ ба нокуҷоҳое бадарға гашта, аз ватан мисли Шириншоҳи миллатдӯст абадан мекандед.

Аз дигар сӯ, дар он айёми душмантарош ёрону дӯстону ҳамсафонро ҳам шинохтан амри муҳол буд, чаро ки дигар хасму хоину сифла рӯ надошт. Ҳарчанд ба гӯши фарзандатон нишаста буд, ки «сифларо зери замин аз рӯйи замин беҳтар аст», вале ба он расид, ки сифла дар зери замин ҳам беҳтар зи рӯйи замин хоинӣ хоҳад кард.

Ин буд, ки фарзанди ҷавонмардатон, ба қавли шоираи шерзан Гулрухсор, «дардро ба тоқати дармон, номардро ба нафрати мардон, хоинони ватанро бар дасти Яздони пок супурд» ва бебок ба сӯйи марги иҷборӣ қадам ниҳод. Сари ниҳоли сабз бо чанголи ноҷавонмардон шикаста шуд, вале баъдҳо он гуна решаву панҷа давонд, ки аз марги давому абадияташ хоинон солҳо зи кардаи ғалати худ пушаймон буданд. Мегӯянд, «оқибати онҳое, ки аз Худо рӯ тофтаанд, сахт нест, бал оқибати онҳое сахт аст, ки Худо аз онҳо рӯ тофтааст».

Ҳо, Худо аз онҳо рӯ тофта буд, аммо офтоби оламтоб бо сад сеҳр ба гӯрҳои бенишон гумшудаашон ҳамоно ханда нисор мекард! Охир, рисолати офтоб ҳамин аст: аз ҳарораташ ҳатто сангҳоро об мекунад, вале ба шабнами гулбарги хорҳои сунъӣ асло кор намегирад. Зеро хорҳои кандабоди коғазӣ, аз он ки ҳукми мурда доранд, бе қатраи об зистанро авлотар медонанд.

Аё модари ҷонпайванд, қудрату азамати Офтоби тори сар ҳамингуна аст, ки одамон ҳар субҳи тилоӣ сар дароварданашро бо чашми чор ва ба умеди баракати рӯзгор интизор мешаванд. Ва гоҳе ки ин қурси нур пан- ҷа ба домани гардун мезанад, он гуна медурахшад, ки лозур(пирях)-и дилҳои ҳамагон якбора об гашта, ҳатто рӯзу худафрӯзи фарзандони бефарёдрас низ ба мавҷоб печ мехурад. Мавҷ–мавҷи хушиҳо ва фавҷ–фавҷи иқболҳо дар осмони орзую боварҳо чун турнаҳои баҳорӣ села–села дунболи ҳам бол мекашанд.

Тавре мирзои хушбин тасвир кардааст, соате, ки Офтоб чун бонуи ҳунари тардасти хатлӣ ба домани раққосаи товусхироми субҳи зарин куртаи чаканро ба бофтан оғозид ва бо инояти Худованд фарзанди хирадманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон бар сари қудрат ҳукмронӣ доштанд, дар қатори дигар иқдомҳои муборак, зинда гардонидани номи фарзандони ватансозу миллатпараст осмони кишварро он гуна нурборон ва дӯстонро шоду душманонро кӯр сохт, ки қалам рӯйи дафтар болу пар даровард. Ин муждаи таърихии худогоҳиву худшиносӣ ва арҷгузорӣ аз садои симфонии пурҷозибае ҳам таъсирбахшу эҳсосбарангез буд, ки тору пудро қудрати гарму муассири он комилан фаро гирифт. Фарзанди ҷоннисоратон Шириншоҳ сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон гардид ва миллати шарифи тоҷик барқарории адолати таърихиро бо нишоту сурури саршор истиқбол кард; истиқбол кард ва якдигарро ҳушдор дод, ки ба қадри заҳмати ҷоннисорони роҳи Ватан хурду калон бирасанд, ҳарчанд сари ҷавонашонро дар роҳи мустақилии миллат бибохтанд, вале гунаҳкорони гуноҳнокардаанд.

Арҷмандо, дар ин маврид моҳи июни соли 2020 – айни ҳангомаву талвосаҳои коронавирусӣ дар Фейсбук ва Ютуб шеъри устоди гиромӣ, донишманди шаҳир Абдунабӣ Сатторзода бо унвони “Ман гунаҳкори гуноҳнокардаам” бо садои нотакрору мағзнишини худашон рӯ зад, ки ба дароза зеҳни хаставу ноумеди ағлабро даври худ чархонд, ақлҳоро варзиш дод ва дар ин ҳошия ҳушу фикри парешони онҳоро то ҳадде аз яъсу навмедӣ канор андохт. Муҳиммаш ин ки устод аз забони фарзанди ҷафодидаи Шумо на танҳо дарди дили худро кориданд, бал дарди дили тамоми тоҷикони бедори оламро ҷигарсӯзона аз рӯйи лаб бирехтанд, то ки ватанхоҳону мусофиргаштагон аз гузаштаи таърихии фарзандони баномуси миллати тамаддунофар бе биму ҳарос сабақ бигиранд, номи онҳоро чун баҳодурони ҷоннисори роҳи озодӣ зинда доранд ва худ барои фардои Ватан танҳо гуноҳҳои сағира на, баҷуръатона гуноҳҳои кабира зоҳир бикунанд. Он шеъри бедорӣ, парчами озодагии фазилат, ҷавҳари одамият ва алами номуси муҳаққиқи борикбину олими бинишвари миллати тоҷик ин аст:

Ман гунаҳкорам!

Ман гунаҳкори гунаҳнокардаам.

Ман гунаҳкорам барои он ки тоҷик будаам.

Ман гунаҳкорам ки ёд аз Золу Дастон кардаам,

Аз Самарқанду Бухорои шарифам, меҳанам,

Аз Ҳироту Балху Сурхони диёри кӯҳанам.

Ман гунаҳ кардам, ки ҷамъ орам диёри пораам,

Тоҷики овораи садпораи бечораам.

Ман гунаҳ кардам, ки лафзи тоҷикиям, модарам

Хорию зорӣ набинад, зинда бошад дар барам.

Ман гунаҳ кардам, ки нури маърифат афрӯхтам,

Пардаи ҷаҳлу ҷаҳолатро зи бехаш сӯхтам.

Ман гунаҳкори гунаҳнокардаам, эй ҳамватан!

Бехабар аз макри даврон бохтам ман ҷону тан.

Гар ту дорӣ, гар ту хоҳӣ, рӯҳи ман ором хобад,

Гар ту хоҳӣ, хотири ман шод бошад,

Ман агар кардам гуноҳҳои сағира,

Аз ту мехоҳам гуноҳҳои кабира

Баҳри фардои Ватан!

Тоҷи саро, ин садо, тавре гуфта омад, танҳо фарёди даъватгуну руҳбарангези донишманди шаҳир ва шахсияти бузурги фарҳангӣ Абдунабӣ Сатторзода набуд, бал аз фарзанди Шумо – Шириншоҳ Шоҳтемур аз пушти деворҳои сангии маҳбас низ буд, ки мардони бедорро ба мардонагиву шуҷоат баҳри фардои Ватан ҳамехонд!

Ва он садои ғулғулабарангезу заминларзон, бегумон даҳҳо, садҳо, бал аз ин бештар ҳамраҳону ҳамсароёну ҳамраъйиёнро бисабзонду бирасонд ва хоҳад сабзонду расонд!

Кунун, модари арҷманд, фарзанди гуноҳкардаи бегуноҳатон Шириншоҳ Шоҳтемур дар ёдҳо то абад боқӣ хоҳад монд ва модарон бо сад ҳавас номи мубораку шарифи ӯро, – яке Шоҳтемор, дигаре Шоҳтӯмор, – ба фарзандонашон ниҳода, дар ҳар маврид ҳузури ҷовидонаи Шуморо низ бармало эҳсос менамоянд. Ва бо ифтихор мегӯянд: «Худо раҳмату мағфираташ кунад, модари Шириншоҳ Майсара ном дошт ва Худованд хонаи муҳаббати ӯро дар арши осмон бино кард».

Оре, дақиқан ҳамин тавр аст, на гунаи дигар!

Пас, эй модари дилрешу некандеш, руҳи тарбиятгару покатон дар рифоҳу роҳат бод, ки номи фарзанди миллатпарваратон зимни суханрониҳои ифтихоромезу ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд садо медиҳад ва дар китобу адабиётҳои таълимиву асарҳои таърихии кишвари соҳибистиқлоламон сабт ва дар дилҳои сабзу гулрези тамоми мардум абадан ҷо гаштааст! …

Сайдаҳмади ЗАРДОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь