Абу-л-Аббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Касири Фарғонӣ (797, Кубо, Фарғона – 865, Қоҳира, Миср) аз силсилаи он донишмандони бузурги асримиёнагии тоҷик ба ҳисоб меравад, ки агарчанде фаъолияташ асосан дар асри IX милодӣ сипарӣ шудааст, ёдбуду гиромидошти ному насаб ва зикри хайраш беш аз 12 аср (1228) ҳазор сол идома дорад. Ӯ асосан ба омӯзишу пажӯҳиши донишҳои ситорашиносӣ (астрономия), риёзӣ (математика) ва ҷуғрофиёӣ (географӣ) машғул буд. Бояд гуфт, ки на ҳама донишмандони асримиёнагии олами ислом дар Аврупои лотинӣ шинохта мешуданд. Аммо Аҳмади Фарғонӣ дар радифи Абуалии Сино (Avicenna), Ибни ал-Ҳайсам (al-Khazen), ал-Хоразмӣ (al-Khwārizmi), Абубакри Розӣ (Abubater, Razes) ва дигарон дар олами насронии асримиёнагӣ, ба истилоҳ, Аврупои лотинӣ бо номи Алфраганус (Alfraganus) маъруфият дошт. Ӯ ба монанди Абуалии Сино, ки замоне вазири замон низ буд, чанд муддат ҷонишинии халифаи маъруфи Бағдод – Абуҷаъфар Ҳорун ибни Муҳаммад, мулаққаб ба Ҳорун-ар-Рашид (17.03.766, Рай, Эрон – 24.03.809, Тус, Эрон)-ро бар уҳда дошт.

Аҳмад писари Муҳаммад набераи Касири Фарғонӣ, мулаққаб ба Абу-л-Аббос, яъне падари Аббос маълумоти ибтидоиро дар назди падараш Муҳаммад писари Касири Фарғонӣ омӯхтааст. Аз ин ҷо ҳадс зада мешавад, ки падараш низ аз аҳли илм будааст. Дар бораи овони кӯдакиву наврасии Аҳмади Фарғонӣ маълумоти муфассал вуҷуд надорад.

Агарчанде дар бораи ватани кӯчаки ӯ сарчашмаҳои хаттӣ вуҷуд надоранд ва ё дар сурати мавҷудияташон то замони мо нарасидаанд, таърихшиносон ва бостоншиносони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар натиҷаи пажӯҳишоти арзишманде шаҳри Кубои водии Фарғонаро зодгоҳи ӯ қаламдод кардаанд.

Аҳолии шаҳри Кӯбо дар замони зиндагии Аҳмади Фарғонӣ ба монанди ҳамаи фарғониён гӯяндагони яке аз шохаҳои забони эронии шарқӣ – ниёгони имрӯзаи тоҷикон буданд.

Аз ин рӯ, дар бораи маҳалли таваллуд ва ватани кӯчаку бузурги Аҳмади Фарғонӣ бояд гуфт, ки вожаҳои “Кубо”, “Фарғона” ва ибораи “водии Фарғона” чанд сухан гуфтан ба маврид хоҳад буд.

Шаҳри Кубо дар роҳи қадимаи тиҷоратӣ қарор дошт, ки Фарғонаро бо Қошғар (шакли таҳрифшудаи Кашғар) мепайваст. Дар асрҳои миёна Кубо пас аз Ахсикат дуввумин шаҳри аҳамиятноки водии Фарғона ба ҳисоб мерафт. Бинобар маълумоти сарчашмаҳои мавҷуда (Макдисӣ, Ибни Ҳавқал ва муаллифи “Ҳудуд-ул-олам”) шаҳри Кубо бо об хуб таъмин буда, дар он боғпарварӣ рушд доштааст. Бинобар маълумоти сарчашмаҳои асрҳои VIII-Х номи ин шаҳр Кубо буда, дар талаффузи муосирин ҳарфи ҳамсадои “б” ба “в” таҳриф шудааст, ки то имрӯз арзи ҳастӣ дорад, ки бо номи “Кува” зикр мешавад.

Вожаи “Кубо” аз решаи паҳлавии шимолии “Купаг” (“Kupag”) пайдо шуда, ба тадриҷ шакли “Купа”-ро гирифтааст. Бояд гуфт, ки бинобар он ки дар забони арабӣ ҳарфҳои “п”, “г”, “ч” ва “ж” вуҷуд надорад, арабҳо ба ҷои ҳарфи “п” гоҳо “б” ва гоҳо “ф”, ба ҷои “г” гоҳо “ҷ” ва гоҳо “ғ” талафуз мекунанд, аз ин рӯ дар сарчашмаҳои асримиёнагии арабӣ “Нишопур”-ро “Нишобур”, “Гургон”-ро “Ҷурҷон” ва ғайра навиштаанд. Ҳамин тавр, вожаи “Купа” дар баъзе маврид “Куфа” ва дар баъзе маврид “Куба” таҳриф шудааст. Дар ҳамин асно бояд ёдовар шуд, ки вожаи “Куфа” – номи яке аз шаҳрҳои овозадори Ироқ дар соҳили дарёи Фурот, ки русҳо Евфрат, англисҳо Euphrates ва юнониҳо Ευφράτης номидаанд, низ шакли таҳрифшудаи вожаи паҳлавии “Кӯпа” мебошад. Маънои вожаи “Кубо” (ҳамон “Купаг” ва “Купа”-и қадима) буда, маънояш “кӯҳпоя”, яъне “шаҳри воқеъ дар пояи кӯҳ” мебошад. Аз ин ҷост, ки вожаи “паг”-и паҳлавӣ – “поя”-и порсии дарӣ (тоҷикӣ) буда, қисми аввали калимаи “Кӯпаг” – “Кӯ” шакли ихтисоран таҳрифшудаи “кӯҳ” мебошад. Яъне маънои калимаҳои таҳрифшудаи муосири “Кува”, “Кубо” ва қадимаи “Кӯпаг” – “Кӯҳпоя”, “пояи кӯҳ” мебошад.

Муаллифи “Ҳудуд-ул-олам” дар мавриди ин шаҳр чунин навиштааст: “Кубо шаҳрест бузург ва хуррамтарин, шаҳрест андар ноҳияти Фарғона”.

Бино бар маълумоти андӯхтаи В.В.Бартолд ва Е.К. Бетгер дар асри X ин шаҳр дорои қалъа, шаҳристон ва работ, бозор, қаср, зиндон (дар қалъаи то он замон харобшуда) ва масҷиди ҷомеъ буд.

Дар Кубо дар асри X гӯё ҳатто манзили сикказанӣ вуҷуд доштааст, ки аз дараҷаи пешрафти иқтисодиву сиёсии он далолат мекунад. Аммо, бинобар маълумоти Е.А.Давидович амирони Сомонӣ аз қудрати олии худ истифода карда, моликият ва тангаҳои воқеиро ба мансабдорони худ дар он ҷой боварӣ мекардаанд.

Дар асоси таҳқиқоти Ю.А. Заднепровский муайян кардан мумкин аст, ки шаҳри Кубо ба монанди шаҳрҳои Ахсикат, Косон ва ғайра дар давраи Кушониён дар асрҳои I-III ба вуҷуд омада, дар асрҳои миёна ривоҷи дуввумро аз сар гузаронидааст.

Ҳамин шаҳри бузургу хуррам ва серобу дорои боғистонҳо бо номи Кубо ватани кӯчаки Аҳмади Фарғонӣ (ватани бузургаш Фарғона) тахмин шудааст. Азбаски давлати Сомониён давлати тоҷикӣ эътироф гардидааст ва онҳо дар ватани Аҳмади Фарғонӣ ҳуқуқи сикказаниро ба мансабдорони он ҷой бовар карда, амалӣ мекардаанд, ин яке аз далели ба тамаддуни тоҷикӣ тааллуқ доштани Аҳмади Фарғонӣ ба шумор меравад.

Шаҳри Кубо дар ибтидои асри XIII дар натиҷаи тохтутози бераҳмонаи яке аз хуношомтарин чеҳраи таърих – Темучин, мулаққаб, ба Чингизхан пурра хароб гардид ва аз он шаҳри зебои асримиёнагии тоҷикӣ танҳо харобаҳои он боқӣ мондаасту халос.

Калимаи “Фарғона” низ аз забони паҳлавӣ пайдо шуда, аз решаи “фар” – “рӯшанӣ”, “баландӣ”, “арзишманд” ва пасванди “ғона” ифодакунандаи маънои “манзил” буда, дар маҷмуъ маънои “Фарғона” – “ҷои арзишманд” аст. Ҳамин тавр, ҳам Кӯбо ва ҳам Фарғона аз вожаҳои паҳлавӣ (модари забони тоҷикӣ) иборат мебошанд.

Водии Фарғона ҳамчун ватани бумии тоҷикон яке аз қадимтарин воҳаҳои кишоварзӣ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад, ки дар болооби дарёи Сир ҷойгир буда, дар дили кӯҳҳо иҳота шудааст. Ин водӣ аз ҷануб бо қаторкӯҳҳои Олой ва Куромос, ки русҳо Туркистон номидаанд, аз шарқ бо кӯҳҳои Фарғона, аз шимол бо кӯҳҳои Чаткал ва аз ҷанубу ғарб бо қаторкӯҳи Курамин маҳдуд аст. Дар зери адирҳо дарёҳои аз кӯҳҳо ҷоришаванда ноҳияҳои Исфара, Сӯх ва Исфайрамро сероб карда, шакли конусро ташкил медиҳанд. Дар миёнҷои чунин “конус” шароити мусоидтарини кишоварзӣ муҳайё аст.

Фарғона дар радифи Бохтар, Суғд ва Хоразм яке аз минтақаҳои қадимтарини Эронзамин шинохта шудааст. Маълумоти хаттӣ дар бораи Фарғонаи қадим хеле камёфт буда, маълумоти бостоншиносӣ бештар мавҷуд аст. Дар солҳои 60-ум бостоншиносони Шуравӣ ёдгориҳои асри палеолит, неолит ва биринҷро дар Фарғона кашф кардаанд.

Аз ёдгориҳои омӯхташудаи фарҳанги моддии Фарғона ҳамчун ватани бумии ниёгони тоҷикон шаҳрҳои Ахсикат, Кубо, Косон, Риштон, Чуст, Узганд, Қӯқанд (шакли таҳрифшудаи Хӯканд), Хуҷанд, Исфара, Канди бодом (Конибодом), Ӯш (Ош) ва ғайраро номбар кардан мумкин аст. Ноҳияи Кубо танҳо ҳафтдаҳяки ( ) қисмати Фарғонаро дар бар мегирифт. Он канори шарқии минтақаи Фарғонаро ишғол намуда, дар шимолу шарқ бо вилояти Андиҷон ва дар ҷануб бо Қирғизистони муосир ҳамсарҳад мебошад.

Соли 1956 аз ҷониби бостоншиноси шуравӣ В.Д.Жуков дар минтақаи Кубо тадқиқоти мақсадноки бостоншиносӣ гузаронида шуда буд.

Аҳмади Фарғонӣ солҳои 832-833 дар корҳои гурӯҳи донишмандони риёзидон ва ситорашиноси замон барои андозагирии дарозии нисфуннаҳор (меридиан)-и Замин иштирок кардааст. Осори илмии ӯ дар соҳаи ситорашиносӣ дар муддати 700 сол ҳамчун маводи таълимии энсиклопедӣ дар Аврупо мавриди истифодаи донишмандон қарор дошт.

Аҳмади Фарғонӣ куррашаклии Заминро бори дигар собит намуда, кӯтоҳтарин соатҳои рӯзи солро мувофиқан ба якуми даймоҳи соли 204 ҳиҷрии шамсӣ (тақвими форсӣ)-и мутобиқ ба сеюми рамазони соли 210 ҳиҷрии қамарӣ (тақвими мусулмонӣ) ва 22 декабри соли 825 милодӣ ва ва дарозтарин соатҳои рӯзи солро мувофиқан ба якуми тирмоҳи соли 204 ҳиҷрии шамсӣ, мутобиқ ба 26 моҳи сафари соли 210 ҳиҷрии қамарӣ баробар ба 22 июни соли 825 милодӣ муайян намудааст. Ӯ ҳамчунин доғҳо рӯи Офтоб ва ҳодисаи кусуф (“гирифт”)-и Офтобро дар таърихи 24 сафари соли 217 ҳиқрии қамарӣ мутобиқ ба 15 фарвардини 211 ҳиҷрии шамсӣ (баробар ба 04.04.832 милодӣ) пешгӯи кардааст.

Ин ҷо як нуктаро таъкид кардан лозим аст, то хонандагони муҳтарам, хусусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба иштибоҳ роҳ надиҳанд, ки чунин корҳоро гӯё аввалин маротиба Аҳмади Фарғонӣ иҷро карда бошад. Ҳодисаҳои кусуф (гирифт)-и Офтоб ва хусуф (гирифт)-и Моҳ ҳанӯз пеш аз милод ба донишмандони Юнони Қадим, масалан Толиси Милетӣ ва ҳатто пештар аз ӯ ба ситорашиносони Бобулистони Қадим ва Чини Қадим маълум буд ва куррашаклии Заминро низ Юнониёни Қадим пешгӯӣ карда буданд.

Аҳмади Фарғонӣ, Абурайҳони Беруни ва дигар дигар донишмандони асримиёнагии тоҷик чунин маълумоти илмиро дақиқан собит намуда, дар баъзе маврид новобаста аз пешиниёни худ исбот кардаанд.

Яке аз барҷастатарин дастоварди шахсии Аҳмади Фарғонӣ дар фаъолияти илмии ӯ эҷод ва барқарори дастгоҳе бо номи Нилсанҷ (Ниломер) дар ҷазираи Родос (Ρόδος) дар наздикии Қоҳира бо ҳадафи андозагирии сатҳи об дар дарёи Нил мебошад.

Дар тули 700 сол осори Аҳмади Фарғонӣ аз ҷониби инсоният ҳамчун манбаи энсиклопедияи илмӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ҷамъшавии донишмандон ба шаҳи Марви Хуросон (яке аз шаҳрҳои бостонии тоҷикон) ҳанӯз дар даврони Сосониён ба амал омада буд. Ҳатто замоне, ки охирин шоҳи Сосониён Яздигарди Шаҳриёр барои раҳо ёфтан аз таъкиби арабҳо ба Марв омад, бо худ китобҳои зиёде низ оварда буд. Дар замони ҳукмронии арабҳо Марв мақоми худро аз даст надод, балки баръакс, аз ҳар ҷиҳат рушд пайдо кард. Ва дар ибтидои асри IX Марв ба калонтарин маркази илмию фарҳангии хилофати исломӣ табдил ёфта буд. Соли 819 Абулаббос Абдуллоҳ ибни Ҳорун, мулаққаб ба ал-Маъмун (13.09.786 -09.08.833), ки падараш Ҳорунаррашид ва модараш аз эрониёни бумии Марв буд), аз Марв ба Бағдод кӯчид. Ӯ бо ҳамроҳии худ, ба ғайр ағ дарбориён, як зумра донишмандонро низ ба Бағдод бурд, ки дар он миён Аҳмади Фарғонӣ низ буд.

Дар он замон дар хилофат 2 расадхона, як расадхона дар маҳаллаи Аш-Шамсияи Бағдод ва дар наздикии теппае бо номи Касиюн дигаре дар Димишқ мавҷуд буд. Ин маркази бузурги илмӣ бо номи Академияи Ал-Маъмун, аввал дар Марв, баъд дар Бағдод фаъолият мекард, ки дар он донишмандон аз Хоразм, Фарғона, Суғд, Хуросон ҷамъ омада буданд. Дар радифи Аҳмади Фарғонӣ аз ниёгони тоҷикон дар “Байту-л-ҳикма”-и Бағдод ситорашинос Абуалӣ Яҳё ибни Абумансур (номи аслии форсиаш Бизисти Фурӯзон, 754-830), ки қаблан мунаҷҷими вазири ал-Маъмун – Фазл ибни Саҳли Сарахсӣ (770, Сарахс – 13.02.818, ҳамон ҷо) ва аз соли 818 мунаҷҷими худи ал-Маъмун, шоир, нависанда ва сиёсатмадор Ҳасан ибни Саҳли Сарахсӣ (бародари Фазл ибни Саҳли, 775, Сарахс – 851, Бағдод), риёзидон ва ситорашинос Холид ибни Абдулмалики Марворӯдӣ (асри IX), риёзидон ва ситорашинос Абуҷаъфар Аҳмад ибни Абдулллоҳи Марвазӣ, мулаққаб ба Ҳабаши Ҳосиб (770, Марв, Хуросон – 874, Самарра, Бағдод), риёзидон ва ситорашинос Аббос ибни Саиди Ҷавҳарӣ (801, Фороб – 860, Бағдод), яке аз бузургтарин риёзидони асримиёнагӣ мулаққаб ба “падари алгебра”, ситорашинос ва ҷуғрофидон Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ (783, Хоразм – Бағдод 850, ), яке аз бузургтарин риёзидон ва ситорашинос, асосгузори тригонометрияи исломӣ Абулвафо Муҳаммад ибни Муҳаммади Бузҷонӣ (10.06.940, Бузгон, Хуросон – 01.07.998, Бағдод) ва дигарон фаъолияти илмӣ доштанд.

Ҳамин тариқ, Аҳмади Фарғонӣ яке аз донишманди овозадори тоҷик ба ҳисоб меравад, ки дар инкишофи илми ҷаҳон махсусан илми ситорашиносӣ ва риёзӣ саҳми бузург гузоштааст.

Комилӣ Абдулҳай Шарифзода,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь