Ба таваҷҷуҳи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чаро варзишгаре, ки аввалин медалҳои тилллоиро аз мусобиқаҳои байналмилалӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба кишвар овардааст, ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст?
Бо Сайриддин Икромов ба шарофати яке аз дӯстон шинос шудам. Вақте дар шинохти ӯ амиқтар таваҷҷуҳ намудам, дар ҳайрат афтодам, ки чаро дар бораи ӯ мардум чизе намедонанд? Дар ҳоле ки баъзе варзишгарони дар мусобиқаҳои маҳаллӣ рақиби нотавонеро «мағлуб» карда аз худ ҳамчун таҳамтан «дарак» медиҳанд, хоксории ин парчамбардори воқеии миллат ба маънои том нодир аст. Бо истинод ба дастовардҳои ӯ дар зеҳнам саволе пайдо шуд, ки чаро варзишгаре, ки аввалин медалҳои тилллоиро аз мусобиқаҳои байналмилалӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба кишвар овардааст, ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст?
Барои мутмаин шудани хонандагон аз ҷамъи дастовардҳои варзишии номбурда чанд мисол меорем: Қаҳрамони матлаб Устоди варзиши ИҶШС (соли 1987) буда, соли 1991 дар Спартакиадаи тобистонаи варзишии халқҳои ИҶШС, ки дар шаҳри Мински Беларус доир шуда буд, дар риштаи самбо ғолиб гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин охирин мусобиқаи Давлати абарқудрати шуравӣ ба ҳисоб рафта, Қаҳрамони ҷаҳон шодравон Саидмумин Раҳимов маҳз дар ҳамин шаҳр ва дар ҳамон толор соҳиби медали тилло гардида буд. Минбаъд ин раванд идома ёфта, паҳлавони мавриди назари мо соли 1993 ғолиби чемпионати ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ гардид. Илова бар ин, С. Икрамов соли 1995 дар чемпионати Осиё оид ба самбои варзишӣ ва соли 2002 дар мусобиқаи бонуфуз миёни афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Федератсияи Россия соҳиби медалҳои тилло шудааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки баъд аз ин ғолибият ба ӯ унвони Устоди варзиши Федеартсияи Россияро эҳдо намуданд. Дар ин мусобиқа ӯ ҳамрадиф бо Фёдор Емеляненко, ки минбаъд ба шарофати қадршиносӣ ва тарғибу ташвиқ хеле муътабар гардид, қувваозмоӣ кардааст.
Муҳимтар аз ҳама, мавсуф соли 2005 медалии тиллоии чемпионати ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавиро, ки дар шаҳри Прагаи Чехия баргузор шуд, ба даст овард. Ин дастовард баъд аз комёбии Саидмуъмин Раҳимов дуюмин ва дар замони соҳибистиқлолии кишвар аввалин маҳсуб мешавад. Минбаъд дастовардҳои ӯ муттасил гардида, соли 2010 дар Гранприи Париж низ соҳиби медали тилло шуд. Бояд зикр намуд, ки ба шарофати Сайриддин Икромов дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистон даҳҳо маротиба барафрохта шуда, Суруди Миллӣ садо додааст.
Дар дохили кишвар низ дастовардҳояш қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш буда, зиёда аз 30 маротиба чемпиони Тоҷикистон оид ба гуштини миллӣ, самбо ва ҷудо мебошад. Нуктаи дигари ҷолибу муҳим он аст, ки ба ин дастовардҳо номбурда аз вазни 39 кило то вазни мутлақ ноил гардидааст. Тавре ӯ иброз дошт, давоми 10 сол (солҳои 1993 – 2003) дар мусобиқаҳои гуштини миллӣ доимо дастболо ва шикастнопазир буд. Хоса қувваозмоиҳои ӯ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо паҳлавонони номӣ, аз ҷумла Тоштемур, Эралӣ ва дигарон, ки зиёда аз ду метр қад ва то 130 кило вазн доштанд, сутуданист. Дар раванди суҳбат аз устодонаш Шариф Неъматов, Бурихон Ҷобиров, Аҳтам Раҷабов ва бародари паҳлавонаш Баҳриддин, ки роҳнамою муттакояш маҳсуб мешуд, ба некӣ ёдовар гардид. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, айни замон дар байни табақаҳои гуногуни аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон, зарурати пешрафту густариши соҳаи варзишро тарғиб намуда, таҷрибаи худро ба онҳо омӯзонида истодааст. Барои мисол, дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Рӯдакӣ толори варзишӣ бунёд карда, онро ройгон ба истифодаи насли наврас вогузоштааст.
Сайриддин ба он назар аст, ки варзишгарони муътабар бояд бо кору пайкори ибратомӯзашон собит намоянд, ки варзиш маънои нерумандию солимӣ, бардамию дарозумрӣ ва шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Ватанро дорад. Дар лаҳзаҳои садо додани Суруди миллӣ ва барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарафи варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тамоми халқи кишвар худро сарбаланду пирӯз меҳисобад, дар замири ҳар як шаҳрванди ватандӯсту бонангу номус аз ин дастовардҳои фарзандони шуҳратёри Ватан ифтихори беандоза бедор мешавад. Аз ин лиҳоз, насли ҷавон аз корнамоиҳои варзишгарони муътабар сабақ мегиранд ва собитқадамона ба онҳо пайравӣ менамоянд.
Мавсуф ёдрас гардид, ки замони шуравӣ даврони пешрафти оммавии варзиш арзёбӣ гардида, ҷавонон вобаста ба қобилияту истеъдод ва синну сол ба мактабу маҳфилҳои варзишӣ фаро гирифта мешуданд. Вале бо вуҷуди ҳамаи он имкониятҳо дар он замон шумораи варзишгароне, ки дар миқёси ҷаҳониву минтақавӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ аз Тоҷикистони мо ширкат варзидаанд, ангуштшумор буданд.
Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба шарофати таваҷҷуҳи хоса ва дастгири доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибат ба варзиш, ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол, мазмуну моҳияти хоса касб намуд. Шоҳид ҳастем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мунтазам бо ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир намуда, онҳоро таври шоиста қадрдонӣ менамоянд. Ин аст, ки солҳои охир варзишгарони кишварамондар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори Ватани соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, онро дар арсаи ҷаҳонӣ таври шоиста муаррифӣ менамоянд. Ба ғайр аз ин, бахшида ба рӯзҳои таърихӣ ва идҳои умумихалқиву ҷашнҳои миллиамон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо мардуми зиёд, бахусус ҷавонон, фаъолона ширкат варзида, маҳорати хешро намоиш медиҳанд.
-Зимни ироаи Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан, наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро низ ҳамчун самти муҳими фаъолияти давлатдорӣ дастгирӣ менамоем»,- афзуд қаҳрамони матлаб.
Бо ибрози таассуроташ аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар Сайриддин Икромов аз суханони Роҳбари давлат: «мо аз қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024-ум ифтихор мекунем. Инчунин, ҷаҳонӣ шудани гуштини миллии тоҷикӣ низ боиси ифтихору шараф ва дар айни замон масъулияти мо дар самти муаррифии бештари он дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад», – ёдовар шуд.
Дар ин робита ҳамсуҳбатам таъкид кард, ки ҳар чӣ қадар мо ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар шароит фароҳам орем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои қонуншиканӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро, наҷот мебахшем.
– Барои рушди соҳаи варзиш мо дар мамлакат имконияту захираҳои зарурӣ дорем ва бояд аз онҳо оқилонаву мақсаднок истифода намоем. Ба ибораи дигар, бояд варзишро ба ниёзи доимии иҷтимоӣ дар ҷомеа табдил диҳем. Далели возеҳи ин гуфта фаъолияти пурмаҳсули президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир мебошад. Шоҳидем, ки ба шарофати ташаббускории ин ҷавонмард гуштини ҷудо дар кишвари мо ба марҳилаи сифатан рушд ворид гардида, дастовардҳои варзишгарони мо дар сабқатҳои байналмилалӣ тамоюли бесобиқаи афзоишро касб кардааст,- афзуд С. Икромов.
Садҳо далел мавҷуд аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст, зеро мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рӯҳиву равонии онҳо беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меоянд. Таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон возеҳ нишон медиҳад, ки ҳадафҳои соҳаи варзиш зимни қабулу татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бунёду таҷдиди иншооти замонавии варзишӣ, васеъ ба роҳ мондани корҳои тарбиявию тарғиботӣ ба хотири густариши тарзи ҳаёти солим амалӣ мегарданд.
Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд, ки «омили дигари ба дараҷаи кофӣ густариш наёфтани соҳаи варзиш дар кишвар – сатҳи пасти таблиғоти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тавассути воситаҳои ахбори омма мебошад. Дар шароити имрӯза ҳар чӣ бештар ва ҳадафноку пурмуҳтаво ташвиқ намудани варзиш ва аҳамияти бузурги он ба насли ҷавон таъсири мусбат мерасонад, ғайрату қувват ва азму иродаи онҳоро ба самти зарурии ҳаёт равона месозад».
Иншои матлаби мазкур аз ин таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, мутмаинем, ки роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиши кишвар тибқи муқаррароти Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ва маводҳои таҳлиливу танқидии воситаҳои ахбори омма» ба он бетаъхир амал хоҳад кард.
Далер АБДУЛЛО, журналист