(Аз китоби «Фитнаи инқилоби Бухоро»-и Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ)

Дар муддати андаке бештар аз як моҳ (моҳи августи соли 1920) ҳама қарордоди зарур дар бораи ин ки ба Бухоро инқилоби шӯравӣ бояд бурд, қабул шуд. 29-уми июли 1920 Дафтари ташкилӣ (оргбюро)-и Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистӣ (болшавикӣ)-и Русия – ЦК РКП (б) тасмим гирифт, ки дар Бухоро инқилоб бояд кард ва ба Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобӣ, ки моҳи феврали соли 1920 дар Тошканд таъсис гардид, ёрии маънавиву моддӣ расонда шавад. Ин аст, ки иҷозати инқилоби Бухоро аз Маскав расман содир шуд.

Дар айни замон тасмим гирифтанд, ки сарвари инқилоб бояд Ҳизби коммунистии Бухоро бошад, на Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобӣ. Файзуллоҳ Хоҷа розӣ шуд, ки Ҳизби коммунистии Бухоро пас аз инқилоб ҳокимиятро ба даст бигирад. Аз ин рӯ, Файзуллоҳ Хоҷа зуд ба Ҳизби коммунистии Бухоро гузашт ва Ҳизби ҷавонбухориёни инқилобиро ба ҳоли худ гузошт. Вай ваъда кард, ки дар якумин рӯзҳои пирӯзии инқилоб Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобӣ барҳам мехӯрад, дурусттар он ки қисми асосии он ба Ҳизби коммунистии Бухоро ҳамроҳ мешавад (Ин ваъда 11-уми сентабри соли 1920 иҷро шуд).

Моҳи июли соли 1920 Турккомиссия барои тайёрии инқилоби Бухоро созмоне ба номи Бюрои ҳарбии инқилобӣ таъсис дод. 30-юми июл маҷлиси ин Бюро ҳайъати сарварони ҳукумати Ҷумҳурии Бухороро, ки пас аз инқилоб таъсис хоҳад шуд, муайян кард. Аз ҷумла Аҳмадҷони Ҳамдӣ (Абусаъидов) раиси Кумитаи инқилобӣ (ревком) ва Файзуллоҳ Хоҷа раиси Шӯрои нозирони халқ (сарвазир) тавсия шуданд.

Рӯзи 10-уми август Турккомиссия (Комиссиюни Туркистон, ки намояндаи комилҳуқуқи Ҳизби коммунистӣ ва ҳукумати шӯравии Маскав дар Тошканд буд) маҷлис баргузор карда, ин тавсияро тасдиқ намуд ва Файзуллоҳ Хоҷаро раиси Шӯрои нозирон (комиссарон)-и Халқии Бухоро, яъне сардори ҳукумати демократии инқилобии Бухоро интихоб кард. Яъне мақомоти шӯравии Туркистон 33 рӯз пеш аз инқилоб ӯро сарвазир таъйин карданд.

25-уми августи 1920 Турккомиссия як маркази ҳизбӣ барои раҳбарӣ ба инқилоби Бухоро тартиб дод, ки В. Куйбишев раиси ин марказ, Наҷиб Ҳусаинови тотор (раиси Ҳизби коммунистии Бухоро) ва Файзуллоҳ Хоҷа узви он буданд. Ҳама раҳбарии сиёсии дар инқилоб ба ҳамин марказ, асосан ба Куйбишев супурда шуд.

Чунонки мебинем, ҳама қарордодҳои оид ба инқилоби Бухоро дар Маскав ва мушаххастар дар Тошканд қабул шуда буд. Ҳизбҳои муҳоҷирони бухороӣ, ки дар Тошканд буданд, он қарорҳоро маъқул донистанд. Чунончи аз 16 то 18-уми август анҷумани чаҳоруми Ҳизби коммунистии Бухоро дар Чорҷӯй барпо гардид ва он қарорҳоро тасдиқ карда, баъзе масъалаҳои Бухорои пас аз инқилоб, аз ҷумла ҳайъати ҳукумати ҷумҳурии Бухороро муайян кард.

Чун ҳама қарорҳо ва нақшаҳои инқилоби Бухоро дар сатҳи баланди мақомоти шӯравии Туркистон ва шояд Маскав низ тасвиб шуд, навбати амали низомии Фрунзе расид…

***

Инқилоби Бухоро чанд қаҳрамон дошт. Аҷобат дар ин аст, ки ин қаҳрамонон на аз инқилобкорон, балки аз мухолифони инқилобанд. Онҳо касонеанд, ки на барои иҷрои барномаҳои инқилобӣ, балки баръакс барои пешгирии амалӣ шудани бархе аз моддаҳои маромномаи инқилобиён ба муқобили пешвоёни он инқилоб ва истеъмори болшавикони Русия мубориза кардаанд. Дар муқобили ишғолгарони шӯравӣ ва пешвоёни инқилоби Бухоро талош кардан баробари он буд, ки мухолифи ҷараёни нерӯманди об шино кунанд. Бо вуҷуди ин, касоне пайдо шуданд, ки имрӯз онҳоро метавон қаҳрамони пархошҷӯ бо инқилоби болшавикии пантуркистӣ номид.

Мо ҳоло шаммае аз саргузашти се тан аз аҳли як хонадони наҷиб ҳикоят мекунем. Аз достони ин се тан моҳияти инқилоби Бухоро маълум мешавад.

Чунонки устод Айнӣ дар «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» гуфтааст, дар Бухоро дар аҳди амир Музаффар як муллои машҳур буд ба ном қозӣ Абӯсаъид махдум писари Наҷмиддин махдум. Амир боре Абӯсаъид махдумро дар Шаҳрисабз (Кеш) қозӣ кард. «Аз он ҷо ки қозии мазкур муллои машҳур ва ба сифати адлу дод мавсуф буд, муллоёни Шаҳрисабз, ки инони ихтиёри эл ба дасти эшон аст, ба атрофаш муридвор ҷамъ шуданд» (С. Айнӣ. Куллиёт. ҷ. I0, с. 88.).

Қозӣ Абӯсаъид дид, ки ҳокими вилоят 120 нафар духтареро, ки духтарбинҳо дарак дода буданд, гирд оварда, барои фиристодан ба ҳарами амир Музаффари манғит – подшоҳи Бухоро омода мекунад. Қозӣ Абӯсаъид падарони ин духтарҳоро ба қозихона даъват карда, дастур дод, ки барои наҷот аз фиристодан ба ҳарамхонаи амир зуд барои духтаронашон гаҳворабахш ё номзад биёваранд, то ки қозӣ он духтаронро ба никоҳи номзадҳо дароварда, аз гирифторӣ озод бикунад. Падарон шод шуда, зуд барои духтаронашон домодшаванда оварданд ва қозӣ онҳоро никоҳ карда, ба шаҳру деҳи худашон фиристод. Ва ба амир ба ин мазмун нома навишт, ки чанд заъифаро аз номи Ҷаноби Олӣ озод карда, дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ дуо гирифтам ва ҳама як умр Ҷаноби Олиро дуо хоҳанд кард. Амир он гоҳ дар Қаршӣ (Насаф) буд, ки ба Шаҳрисабз наздик аст. Амир аспи хашмро тозиёна зада, ба Шаҳрисабз омад ва қозӣ Абӯсаъидро бо худ ба Қаршӣ бурд. Дар роҳи Қаршӣ чӣ мушкиле рӯй дод ва қозӣ Абӯсаъид бо заковату корсозӣ он мушкилро осон кард ва бо ин чорасозӣ аз ғазаби амир раҳоӣ ёфт, амир аз гуноҳи ӯ гузашт.

Шак нест, ки ин кори мулло Абӯсаъид, ба вежа ба навъе худро аз ғазаби амир халос кардани ӯ худ як қаҳрамонии камназир буд. Шунидаам, ки чунин корҳо аз мулло Абӯсаъид чанд бор ба вуқӯъ пайвастааст.

Қозӣ Абусаъидро фарзанде буд ба ном Аҳмадҷон махдуми Абӯсаъидзодаи Ҳамдӣ. Ин Аҳмадҷони Ҳамдӣ дӯсти ҷонии Садриддини Айнӣ ва аз шогирдони Садри Зиё буда, Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» ном тазкираи манзуми худ чанд шеъри Ҳамдиро ба унвони намунаи «шеъри нав» дар ҳавзаи адабии Бухоро овардааст. Ҳамдӣ дар ҷунбиши ҷадидон ширкат карда, соли 1908-и мелодӣ (1326-и қамарӣ) бо Абдулвоҳиди Мунзим, Айнӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ дар Бухоро мактаби усули ҷадид таъсис карданд. Аз он ҷо ки иддае аз уламои расмӣ мактаби нави ҷадидони маорифпарварро хилофи шаръи шариф дониста, ҳукуматдорон омӯзгорон ва шогирдони мактабро таҳти таъқиб қарор доданд, тавон гуфт, ки маорифпарварон, Ҳамдӣ ва рафиқонаш ҷон ба каф гирифта ба майдон даромаданд ва ин кори онҳо низ як навъ қаҳрамонӣ буд. Қаҳрамонии Ҳамдӣ баъдтар ба авҷи аъло расид.

Ҳамдӣ моҳи апрели соли 1917 бо дигар ҷадидон ба Тошканд паноҳанда шуд. Дар Тошканд Ҳамдӣ мисли бисёре аз маорифпарварони гуреза ба ҷунбиши инқилобӣ пайваст. Тобистони соли 1918 дар Тошканд чанде аз ҷадидони машҳур, аз ҷумла Азимҷон Яъқубов, Мухторҷон Саъидҷонов (яке аз дӯстони Пайрав) ва Аҳмадҷони Ҳамдӣ Ҳизби коммунистии Бухороро ташкил карданд. Аз ин рӯ, Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» Ҳамдиро яке аз бунёдгузорони Ҳизби коммунистии Бухоро донистааст.

Дар остонаи инқилоб дар баъзе маҷлисҳои мақомоти баландпояи болшавикӣ, аз ҷумла дар маҷлиси Бюрои ҳарбии инқилобӣ 30-юми июли соли 1920 Ҳамдиро раиси Кумитаи инқилобӣ, яъне сарвари давлати нави пас аз инқилоб таъйин карданд, ки ба забони имрӯз бигӯем, президенти Ҷумҳурии Бухоро хоҳад буд. Яъне, дар миёни инқилобиён ва дар Ҳизби коммунистии Бухоро дар се соли гурезагӣ (1917-1920), аз ҷумла дар рӯзҳои наздик ба инқилоб эътибори Ҳамдӣ бисёр баланд будааст.

Инқилоби Бухоро ҳарчи наздик меомад, Ҳамдӣ аз ниятҳои нопоки болшавикон, Куйбишев, Фрунзе ва дигарон бештар пай бурда, кам-кам худро аз ҳаракати инқилобӣ канор кашидан хост.

Рӯзе лозим омад, ки Ҳамдӣ бо Фрунзе, Файзуллоҳ Хоҷа ва дигар шахсиятҳои баландпоя аз Тошканд ба Бухоро биравад, то ки дар инқилоб ширкат дошта бошад. Он гоҳ ки ҳама ба истгоҳи роҳи оҳани Тошканд омаданд, то ба Бухоро бираванд, Ҳамдӣ дар истгоҳ ҳозир нашуд. Яъне Бухоро рафтан ва ба инқилоб иштирок кардан нахост. Фрунзе аз наомадани Ҳамдӣ (ки ӯро Абӯсаъидов номидааст) сахт дар ғазаб шуд ва ин кори ӯро дар ёдмондаҳояш «буздилии нангин» (позорная трусость) номидааст.

Банда дар бораи ин сафари Ҳамдӣ чизҳое шунида будам ва чун аз китоби В. Генис навиштаҳои Фрунзеро хондам, он шунидаҳоям ба ёд омад. Шунида будам, ки Ҳамдӣ дар айёми инқилоби Бухоро тарҷумони Фрунзе будааст, бо ӯ шатранҷ мезадааст ва бозиро мебохтааст, то табъи фармондеҳ болида бошад, шояд дар ҷанг камтар бераҳмӣ кунад.

Дар байни шунидаҳои ман ишорае ҳам буд, ки гӯё аз чӣ сабабе Ҳамдиро аз ширкат дар инқилоб андак дур карда буданд. Маънои ин ишораҳои номафҳум аз он ёддоштҳои Фрунзе, ки дар китоби В. Генис омадааст, маълум шуд.

Он чи маълум шуд, ин аст, ки чун Ҳамдӣ ба истгоҳи Тошканд ҳозир нашуд, то Бухоро равад ва инқилоб кунад, Фрунзе хашм гирифта ва ба шуъбаи махсус (особый отдел) фармон дод, ки Ҳамдиро пайдо бикунанд. Фрунзе навиштааст: «Пришлось дать приказ найти его через особотдел и прислать вслед под конвоем» (В. Генис. «С Бухарой надо кончать…», с. 39). Ин фармон иҷро шуд ва Ҳамдиро таҳтулҳифз бо як даста муҳофизони мусаллаҳ ба Самарқанд оварданд ва ба Фрунзе супурданд. Дар Самарқанд Ҳамдӣ боз ғайб зад (опять исчез). Боз ӯро ёфтанд ва ба ихтиёри Фрунзе оварданд. Ҳамдиро дигар канорагирӣ муяссар нашуд ва лозим омад, ки маҷбуран инқилобӣ шавад.

Барои Куйбишев ва Фрунзе лозим буд, ки дар рӯзи инқилоб пешқадамони обрӯманде чун Ҳамдӣ дар паҳлӯи эшон бошанд ва Фрунзе Ҳамдиро ба зӯр ба паҳлӯи худ овард.

Аз чӣ бошад, ки Фрунзе идомаи ин достонро дар дафтари ёддоштҳояш нагуфтааст. Ин қисса идомаи ҷолибе дорад, ки онро профессор Намози Ҳотамӣ пайдо кардааст (Ниг.: Н. Ҳотамов.Таърихи халқи тоҷик.–Душанбе, 2007.–С. 242, 262, 278). Идомаи достон ин аст:

Чунонки дидем, рӯзи якуми ҷанги инқилоби Бухоро лашкари Фрунзе «талафоти зиёде доданд ва маҷбур шуданд, ки ақиб нишинанд». Инчунин дидем, ки Фрунзе навиштааст, ки фақат бомбаандозҳо сипоҳиёни ӯро аз шикасти куллӣ ва нобудӣ раҳоӣ бахшиданд.

Чун Фрунзе барои ба кор андохтани ҳавопаймоҳо фармон омода сохт, лозим буд, ки ин фармонро раиси Кумитаи инқилобӣ Ҳамдӣ (Абусаъидов), раиси Шӯрои нозирон Файзуллоҳ Хоҷа ва фармондеҳи ҷабҳа (фронт) Фрунзе имзо бикунанд. Ҳамдӣ аз имзо гузоштан ба ин фармон қатъиян саркашӣ кард. Ӯ нахост, ки шаҳри азиз, ватани муқаддаси ӯ Бухорои Шариф бомбаборон шавад. Ба Фрунзе ва Файзуллоҳ муяссар нашуд, ки аз Ҳамдӣ ба зӯрӣ имзо биситонанд. Оқибат Файзуллоҳ Хоҷа ба ҷои Ҳамдӣ имзо гузошт.

Ин саркашии Аҳмадҷони Ҳамдӣ як қаҳрамонии камназир буд. Он гоҳ чашми Фрунзеро хун гирифта буд ва Ҳамдии саркаш дар рӯ ба рӯи ӯ ҷон ба каф дошт. Дар ҳамин ҳолат ҳам ба ватан хиёнат накард ва сахт истод.

Он гоҳ Ҳамдиро аз раисии Кумитаи инқилобӣ сабукдӯш карданд. Пас аз инқилоб Ҳамдӣ чанде вазифаҳои хурдеро иҷро кард. Пас аз таъсиси Тоҷикистон ба Душанбе омада, дар матбуоту нашриёт кор кард. Шеър ҳам гуфт. Дигар мисли пеш аз инқилоб шоири ширинсухан набуд. Соли 1937 зиндонӣ шуд ва ба қатл расид.*

Фарзанди Ҳамдӣ низ саргузашти аҷиб дорад. Фарзанди ӯ Анвар Аҳмадов ном дошт. Аҳмадови хурдсолро соли 1922 бо як гурӯҳ бачаҳои баистеъдод бо сарварии Абдулвоҳиди Мунзим ба Олмон фиристоданд. Он ҷо таҳсили илм кард ва пас аз бозгашт дар корхонаҳои Ленинград (Санкт-Петербург) ба унвони муҳандис кор кард. Чун падараш соли 1920 «гуноҳ» содир карда буд ва соли 1937 зиндонӣ ва кушта шуд, Анвар Аҳмадов «фарзанди душмани халқ» ном гирифт ва дигар ба Бухорову Душанбе намеомад. Дар кадоме аз барномаҳои кайҳоншиносӣ ширкат дошт ва гоҳ-гоҳ ба фурудгоҳи кайҳоннавардии Байконур мерафт.

Аҳмадов мегуфт, ки ҳама китобҳои тоҷикии ба хати лотинӣ ва русиро дар хона – дар Ленинград дорад, ҳама қартаҳои тоҷикии граммофон дар хонаи ӯ ҳаст. Дар Ленинград, ҳатто дар Маскав консерти тоҷикӣ шавад, ҳатман меомад, дар охирин қатор нишаста гирён-гирён суруди тоҷикӣ мешунид. Боре чун Театри Лоҳутӣ ба Ленинград чанд намоиш бурд, артистон ҳар шаб медиданд, ки касе дар охирин қатор менишинад, пас аз намоиш оби чашм поккунон меравад. Оқибат артистон бо ӯ шинос шуданд ва саргузашти ғарибии ӯро шуниданд, ки ҳамин фарзанди Ҳамдӣ будааст.

Аҳмадов охири умрро дар Душанбе гузаронд ва китобе ҳам дар бораи падараш чоп кард.

Дар суҳбатҳо аз саргузашти худ кам чизе мегуфт. Гӯё рӯйдодҳои рӯзгори пурозори хешро ба ёд овардан намехост. Афсӯс, ки саргузашташро аз худаш навишта нагирифтаам.

Ҳамин аст шаммае аз саргузашти се нафар аз аҳли як хонадон, ки якумӣ Қозӣ Абусаъид буду қаҳрамонӣ кард ва фарзанди ӯ Аҳмадҷон махдуми Ҳамдӣ низ қаҳрамонӣ карду шаҳид шуд ва фарзанди ӯ Анвар Аҳмадов, ки ба «гуноҳи» қаҳрамонии падару бобо умр ба ғарибӣ гузаронид, лекин забони модариро фаромӯш накард, меҳри суруди тоҷикӣ, меҳри ватану миллат дар дилаш ҳамеша шӯълавар буд. Ин ҳам шояд як навъ қаҳрамонӣ бошад.

Мутаассифона, азбаски Ҳамдӣ соли 1937 террор шуда буд, устод Айнӣ натавонист, ки ӯро дар «Ёддоштҳо» тасвир бикунад. Дар «Ёддоштҳо»-и Айнӣ танҳо ба муносибати вафоти Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат ва тадоруки дафни ӯ Аҳмадҷон ном касе номбар шудааст ва ҳеч маълум нест, ки ин Аҳмадҷон кист. Ҳоло медонем, ки ин Аҳмадҷон ҳамин Ҳамдист ва дар бархе аз осори Айнӣ гоҳ-гоҳе тасвир шудааст.

Пайнавишт:

* Дар китоби «Адибони Тоҷикистон» (нашри 4-ум ба забони русӣ, мураттибон-муаллифон М. Левин, А. Маниёзов, Душанбе: Ирфон, 1986, с. 453) соли фавти Аҳмадҷон махдуми Ҳамдӣ 1946 сабт шудааст.

Манбаъ:

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Фитнаи инқилоби Бухоро. – Душанбе: Шуҷоиён, 2010. – С. 38-40; 43-48.

Овардаи Субҳони АЪЗАМЗОД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь