Дар таърихи миллати кӯҳанбунёди тоҷик воқеъаҳои зиёди таърихии чи фоҷиабор ва чи хурсандибахш зиёд ба назар мерасанд ва ҳар яке бо муҳимият ва бузургии хеш барои миллат аҳамияти хосе дорад. Дар ҳамин асос меандешам, ки яке аз чунин давраҳои бузург ва хоса барои миллати мо бе шакку шубҳа бисёр муҳиму то андозае сарнавиштсоз, ин таъсиси Ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравист.
Дар аввалҳои асри ХХ бузургтарин воқеаи ҷаҳонӣ, ки маҷрои рушду тараққиёти ҷаҳонро куллан барои тамоми аср дигар кард, бе шакку шубҳа ин вуқӯъи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр дар Русия буд. Инқилоби якуми коргару деҳқон бо як азамати бузург ва андешаю хулосаҳои фарзандони худ, хосатан дар симои сотсиал-демократҳои Русия (фирқаи коммунистии оянда), ки ба таърих ва фалсафаи сохти давлатдориҳои ҷаҳон бо роҳбарии пешвои худ Владимири Илич Улянов (Ленин) диди дигар доштан, ба назарияҳои фалсафии асосгузорони ғояҳои ҷомеъаи сотсиалистӣ ва назария коммунизми илмӣ, муттафакирони барҷастаи асри Х1Х-и башарият Маркс ва Энгелс эътиқоди қавӣ дошта ва бо ғояҳои ташкили як давлати адолатпарваронаю давлати умумихалқӣ мусаллаҳ буданд ба майдон баромаданд. Ба зуди тағйиротҳои зиёдеро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии собиқ империяи Русия ба вуҷуд овард (ба ном «сиёсатмадорони пасошӯравӣ баъдан солҳои 90-уми асри гузашта пайдо гаштанд, ки таърихро «ревизия» кардаву ин инқилоби бузургтарини башариятро, ки маҷрои сиёсӣ ва иқтисодии башариятро дигар кард таҳқиромез «ошӯб» меномиданд. Ин сухани онҳо ба андешаи банда аз як сухани кӯдаконе беш нест, чун ғояҳои ин инқилоб вазъи сиёсӣ ва андешаи башариятро то имрӯз дигар кард – шарҳи Варқаи Зайниддин).
Баъдан Ҳукумати Шӯравии замони инқилоб ба вуҷуд омад, ки ҳукуматро дар ҷумҳурии ҷавони Русия ба дасти Шуроҳои сарбозон ва коргарону деҳқонон дод. Санадҳои зиёди ҳуқуқиеро он давраи вазнин ва ҳассоси ба вуҷуд омадани худ пушти сар намудаву ҳуҷҷатҳои муҳими зиёдеро он замон, замони даргириҳо ва ба истиллоҳ муборизаҳои синфии шурӯъшаванда ва тарафдорони ба истилоҳ сохти кӯҳна ва нав (сурхҳо ва сафедҳо) қабул намуд. Аз ҷумла қабули декретҳои машҳур дар бораи замин, моликият то қабули аввалин конститусияи Русияи шӯравӣ дар соли 1918 мисолҳои барҷастаи он замони пуртазод ҳастанд.
Ҳамон давра ва замони пуршӯри ҷанги шаҳрвандӣ дар Русияи шӯравӣ, ки кишвар дар дохил ба низоъ ва хархашаи назми кӯҳна ва нав кашида шуда, ҳукуматдорони аврупоии олами буржуазӣ дар симои сохти нави сиёсии Русияи шӯравӣ душмани сарсахти олигиархияи молиявӣ ва моликияти хусусиро медиданд, аз ин низому раванди инқилоби бузурги русӣ ба хотири молу колои ҳангуфти ҷамъовардаи худ дар мустамликаҳо дар тамоми сайёра ба даҳшат омада буданд, аз тамоми кунҷу канори кишвари ҷавони Шуроҳо ва берун бо қувваҳои яроқноқ мудохила мекарданд.
Ахиран санаи 30-юми декабри соли 1922 бо миёнҷигарии роҳбарони ҳукумати ба истиллоҳ болшевикии Русия шартнома оиди ташкил намудани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ бо ширкати Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалисти Украина, Белорус, РСФСР, ЗФССР (Ҷумҳурии Федератвии Шӯравии Сотсиалистии Закавказия) матраҳ намудаву ба он имзо гузошта, ба ташкили як давлати бисёр бузург, ки баъдан дар ҳаёти сиёсии мардуми ҷаҳон нақши мондагор ва волоеро низ бо номи СССР ба ҷой гузошт рӯйи об оварданд. Дар ҳамин асос дар канораҳои кишвари пусидаи собиқ Русияи подшоҳӣ аз ҷумла дар хоки Осиёи Миёна, Карелия, Молдова баъди таъсисёбии СССР ва дар асоси ғояи маъруфи болшевикӣ-ленинии «худмуайянкунии миллатҳо» раванди таъсиси ҷумҳуриҳои шӯравии иттифоқӣ (субъекти олии СССР) шурӯъ гашт.
Ин раванд ба таври куллӣ мақсади худро дар мисоли сиёсати Ҳукумати Шӯравӣ ва қарори маъруфи ҷалласаи Бюрои сиёсии КМ РКП(б) аз 12-уми июни соли 1924 «Дар бораи тақсимоти миллӣ-марзии Осиёи Миёна» зоҳир намуда буд ва инҷо ҳаводори чунин тақсимот бе шакку шубҳа роҳбари вақти Шӯравӣ Сталин буд (мутаассифона ин шахсият, ки дар бораи таърихи миллати тоҷиктабори форсинажод ва Эрон хуб медонист, то тавонист баъдан миллати моро аз марзу бумҳои бобоӣ маҳрум намудаву ба лоиҳаи «Тоҷикистони бузург» бо пойтахти он шаҳри Самарқанд ва дар ҳайати он ташкил намудаи ҷумҳурии мухтори Ӯзбекистони комиссари вақти корҳои хориҷии СССР Чичерин – дӯсти вазири вақти корҳои хориҷии Афғонистон -Шоҳ Муҳаммад Валихони Дарвозӣ нимнигоҳе низ накард-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Дар ин мақола камина ба масъалаҳои ҷойдошта, ки чаро дар замони ташкил ва амал намудани комиссиюни тақсимоти марзӣ-миллии Осиёи Миёна, ки қароргоҳаш дар маркази собиқ генерал-губернатории Туркистон ва ҶМШС Туркистон, шаҳри Тошкент қарор дошт ва ягона миллате, ки дар ҳайати ин коммиссиюн шуъба ва ё бахши тоҷикӣ надошт намеистам, зеро дар ин хусус адабиёти зиёде чоп гаштааст. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки ахиран даву тозҳои зиёиёни тоҷик, муборизони шӯълавари озодии тоҷику форс дар мисоли Ализода ва репликаҳои фелетонмонанди бархе аз намояндагони комиссияҳои миллӣ (пеш аз ҳама бахши қазоқӣ ва дигар намондагони миллатҳо) ба он оварда расонид, ки санаи 14-уми октябри соли 1924 ахиран мавҷудияти миллати тоҷик аз тарафи коммиссияи марказии тақсимоти марзӣ-миллӣ дар муқобилияти шадиди душманони миллати тоҷик дар симои пантуркистон ва панӯзбакҳо эътироф гашта, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон таъсис дода шавад. Яъне мо соҳиби суъбекти федератсияи СССР гаштем ва марзеро бо эътирофи давлатдории мухтор бигузор дар ҳайати ҷумҳурии иттифоқӣ ва СССР низ бошад ба даст даровардем.
Муҳимияти масъала аз лиҳози таърихӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва пеш аз ҳама аз лиҳози ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар ҳамин аст. Ду субъекти дигар федератсияи шӯравӣ ба мисли вилояти мухтор ва округҳои миллӣ дар худ нишонаҳои давлатиро надоштанд, ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва ба истиллоҳ ҷумҳуриҳои мухтори шӯравӣ ин аломатҳоро дар худ доштанд. Аз ин рӯ бузургтарин моҳияти ин воқеаи рӯйдода дар санаи 14-уми октябри соли 1924 низ дар ҳамин аст хонандагони азиз.
Аз чи сабаб бошад, ки таҳқиқгарон ва хосатан таърихшиносон ба ана ҳамин моҳияти масъала камтар диққат медиҳанд. Вазъи ҳуқуқӣ ва моҳияту мавқеи ҷумҳурии мухтор ин пеш аз ҳама моҳияти ҷанбаи миллатсозӣ ва давлати миллиро дорад ва дар он вазоратхонаҳо, парлумон, забони давлатӣ, конститусия, нишонаҳои давлатӣ мисли парчам, нишони давлатӣ, суруди миллӣ ва дигар атрибутҳои давлатӣ ба миён меоянд.
Ҷумҳурии мухтор барои сохтани ҷумҳурии иттифоқӣ-субъекти олии Иттиҳоди шӯравӣ як ҷаҳиши бузургест ва ин вазъро бояд мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем. Баъди дар моҳи январи соли 1923 бо имзои Комиссари Шӯрои комисарони халқи Шуравӣ Владимир Илич Ленин қабул гаштани декрет «Дар бораи тақсимоти марзӣ-миллии Осиёи Миёна» комиссия дар шаҳри Тошкент ба кори худ шурӯъ намуда ба баррасии маводҳо ва тақсими марзҳои миллатҳои дар ин минтақаи бузург зиндагикунанда шурӯъ намуданд ва ахиран дар моҳи октябри соли 1924 дар ин марзи таърихи ҷумҳуриҳои иттифоқии Туркманистон ва Ӯзбекистон, ҷумҳурии мухтори Қирғизистон ва вилояти мухтори Қара-қалпоқ дар ҳайати РСФСР ва ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбакистон таъсис дода шуд.
Ҳамин коммиссия ҳамон вақт ба қароре омад, ки тоҷикони назди Помир дар як вилояти мухтор гирд оварда шаванд ва дере нагузашта моҳи январи соли 1925 вилояти мухтори кӯҳии Бадахшон (баъдан ВАБК) таъсис дода шуда ба ихтиёри Тоҷикистон дода шуд (ҳамин мақсади таъсиси вилояти мухтори тоҷикнишини Бадахшон яке аз сабабҳои таъсиси давлати тоҷикон дар шакли ҷумҳурии мухтор гардид, вагарна ҷараёнҳои пантуркистии давр ва тарафдорони Кремлини онҳо, ҳамчунин монеъа эҷод намудани бархе аз намояндагони миллати тоҷик дар ҷаласаҳои комиссияи тақсимоти марзҳо, оиди кифоя будани вилояти мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷор мезаданд). Санаи 14-уми октябри соли 1924, санаи таъсиси Ҷумҳурии мухтори шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Баъди таъсиси ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон, оҳиста – оҳиста муборизаи зиёиёни то андозае камҳаракат ва камчини тоҷикзабон барои табдил додани ҷумҳурии мухтор ба субъекти олии СССР – ҷумҳурии иттифоқӣ бо роҳбарии роҳбари №1 собиқ Бухорои Шарқӣ ва ҶМШС Тоҷикистон (роҳбари Кумитаи инқилобии ҷумҳурӣ) сиёсатмадори №1-и тоҷикон ва лидери миллии тоҷикон дар он замон Нусратулло Махсум, сиёсатмадорони варзидае чун Шириншоҳ Шоҳтемур, Ҳоҷибоев, Муҳидиннов, Чинор Имомов ва устодон Садриддин Айнӣ, Лоҳутӣ, вазири вақти маорифи ҶМШС Тоҷикистон Ализода ва дигарон кӯшишҳо ва исботкуниҳо барои ҳуқуқдор будани миллати кӯҳанбунёду аз ҷиҳати шумора хело зиёди тоҷик ба он оварда расонид, ки ахиран округи Хуҷанд ба Тоҷикистон ҳамроҳу санаи 16-уми октябри соли 1929 дар азизтарин бино барои миллати тоҷик, собиқ «Хонаи деҳқон» , баъдан собиқ бинои театри русии ба номи В.В.Маяковский эъломия оиди эълон гаштани карор оиди ба Ҷумҳурии мустақили иттифоқи (субъекти олии федератсияи шӯравӣ) аз ҷониби роҳбари вақти Точикистон Нусратулло Махсум эълон гардид (бояд гуфт, ки қироати эъломия оиди таъсиси аввалин давлати миллии тоҷикон бо номи Тоҷикистон дар шакли мухтор низ ба ҳамин шахсият даст дода, онро моҳи феврали соли 1925 дар деҳаи Душанбе қироат намудааст-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Бояд гуфт, ки бузургтарин воқеаи таърихӣ дар асри ХХ барои миллати порсинажоди тоҷики чи дохилӣ ва чи берунӣ, ин таъсиси давлат дар санаи 14-уми октябри соли 1924 аст, ки ин ҷумҳурӣ ва сохти давлатдорӣ ахиран моро ба сохти ҷумҳурии умумииттифоқӣ ва баъдан бо тай кардани фосилаи на чандон дароз, ки кишвар чун ҷумҳурии иттифоқӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаётии худ ба рушди бемислу монанде даст ёфта, санаи 9-уми сентябри соли 1991 соҳиби истиқлолияти давлатии худоде гашт.
Марзи Тоҷикистони шӯравӣ ҷамъан бо 56 ҳазор гектар заминҳои даштҳои Мирзочӯл дар солҳои 50-уми асри пор, ба андозаи 143,1 ҳазор километри квадратиро ташкил дода, аз лиҳози марз дар байни 15 ҷумҳурии иттифоқи дар ҷойи 8-ум ва ё худ дар байн қарор дошт ва кишвари хурд низ ҳисоб намеёфт. Марзи мо аз кишварҳои маъруфе чун Куба, Чехословакия, Булғористон, Албания, Ҷумҳурии демократии Олмон, Австрия, Португалия, Белгия, Дания, Нидерланд, Шветсария ва як катор кишварҳои маъруфи олам ҳамон давра ва ҳоло низ калонтар ҳаст. Тибқи барӯйхатгирии охирини умумиитифоқӣ соли 1989 дар Тоҷикистон тақрибан 5 миллиону 110 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекард. Дар байни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ низ мо аз лиҳози миқдори аҳолӣ дар ҷойи 8-ум, дар Осиёи Миёна дар ҷойи севвум баъди Ӯзбекистон ва Қазоқистон қарор доштем, ки ин нишондиҳанда, низ ҳамон давра далолат мекард, ки мо аз лиҳози миқдори аҳолӣ низ як кишвари нисбатан калонтар будем ва дар мобайн қарор доштем (шукри худо холо кишвари мо аз лиҳози афзоиши аҳолӣ вобаста ба миқдори аҳолӣ мисли замони шӯравӣ низ дар собиқ СССР ба худ ҳамто надошта, айни замон баъд аз кишварҳои РФ, Ӯзбакистон, Украина, Қазоқистон, ҳамроҳ бо Озарбойҷон бо нуфузи анқариб 11 миллион аҳолӣ дар ҷои ифтихории 5-ум қарор дорад, ки ин боиси ифтихори мо ҳаст.
Бо ибораи дигар агар СССР барҳам намехӯрд ҳоло Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи бузургтарин ҷумҳуриҳои шӯравӣ қарор дошт (он ҳолат шояд аҳолии мо аз 13 миллион низ зиёдтар мегашт ва шояд муншии аввали ҳизби коммунисти Тоҷикистон аъзои фаъоли Бюрои сиёсӣ низ мешуд.
Мақсад аз овардани ҳисоботҳои омории аҳолӣ ва марзи Тоҷикистон он аст, ки бо хамаи иштибоҳҳои пешвоёни миллат ва зарарҳои расонидаи душманони миллат, замони тақсими марзҳо ва фишорҳои пантуркистон ва беадолатии Кремлнишинон ба ҳар ҳол мо кишвари хурде низ набудем ва аз ин бояд шукрона кунем.
Ҷумҳури Точикистони шӯравӣ дар зарфи 67 соли мавҷудияти худ ба комёбиҳои бузурги илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ, адабӣ ва ғайраҳо даст ёфт ва инро бояд равшан гуфта гузарем. Чун бо касофатии пантуркистон ва дигар қувваҳои зиддитоҷикӣ мо аз марказҳои саноатию фарҳангии худ мисли Самарқанду Бухоро дур монда будем, бо дастгирӣ ва ёрии беғаразонаи ҳукумати вақти болшевикии кишвар ва дигар ҷумҳуриҳои нисбатан пешрафта ва меҳнати шабонарӯзии миллати меҳнаткаши тоҷик дар ҷои холӣ давлати миллии модели шӯравии худро то санаи 9-уми сентябри соли 1991 бо тамоми ҷузъиёташ сохтем. Ҳатто шаҳре низ бо доштани роҳу бинову корхонае низ надоштем ва дар шаҳрак ва ё деҳаи калоне мисли Душанбе зербинои пойтахти ояндаи худро гузоштем, ки соли 1991 ҳукумати вақти шӯравӣ бо фурӯпошии хеш ин шаҳри саноатӣ ва маркази илмию фарҳангиро бо доштани 604 ҳазор аҳолӣ ба ихтиёри мо гузошт.
Мо тавонистем, пойтахтро ба як шаҳри саноатие, ки бештар аз 100 корхонаи саноатӣ дошт ва ба бештар аз 50 кишвари олам молҳои саноатиро чун техникаву мошинолоту асбобу анҷому таҷҳизотҳои трактору комбайн табдил диҳем. Тавонистем, дар як муддати кӯтоҳ аз лиҳози аҳолӣ аз чунин шаҳрҳое, ки соли 1924 нисбати пойтахти мо пешрафта буданд чун Кишинёв, Вильнюс, Таллин, Ашқобод пеш гузашта, ҳамроҳ бо Фрунзе пойтахти Қирғизистон қариб дар як саф байни 15 пойтахти ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дар ҷойи ифтихории 10-ум қарор гирем, ки инҷо низ меҳнати суботкоронаи халқи тоҷик ва сиёсати вақти ҳукумати шӯравӣ хуб ба назар мерасад.
Камина дар ин мақола мақсади таҳлили пурраи рушду нумӯи Точикистони шӯравӣ ва дастовардҳои зиёди онро надорам. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки кишваре, ки ба ҷуз чанд корхонаи саноатии дар шимоли Тоҷикистон аз ҳукумати Русияи подшоҳӣ мерос монда чизе надошт ва тарзи зист ва ҳаёти мардум дар замони феодализм қарор дошта ҳатто аз чунин ҳамсоякишваре чун Афғонистон аз лиҳози фановарӣ ва техникӣ қафотар меистодем, бо меҳнату амали худ ва ёрии ҳукумати вақти СССР тавонист, ки аввалан солҳои 30-юм ва 40-уми асри пор ба ҷумҳурии аграрӣ-саноатӣ мубаддал гашта, миёнаи солҳои 60-ум бошад бо тараққиёти бесобиқаи худ аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрии пешрафта табдил ёфта, ҳаҷми даромади маҳсулоти саноатӣ дар ҳамон солҳои 60-уми асри пор аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ боло рафта 55%-ро ташкил намояд, ки дар ҳақиқат ин дастоварди миллати тоҷик буд. Баъдан ин нишондиҳанда боло рафта аз 60% низ гузашта буд. Тоҷикистони азиз то фурӯпошии СССР ба як кишвари пешрафтаи саноатии истеҳсолкунандаи электротехника, мошинсозӣ, саноати кимиёвӣ, бофандагӣ, саноати сабук, саноати кӯҳкоркунӣ, хӯрокворӣ ва соҳаи кишоварзии таҷҳизонидашуда табдил ёфта, ба бештар аз 60 кишвари олам махсулоти саноати босифат бо тамғаи «Дар РСС Точикистон» -(Сделанно в СССР) ирсол мекард. Молу матоъи кишвари мо, ки аз пила ва пахтаи тоҷик истеҳсол мешуданд дар кишварҳои олам машҳур буда, харидорони зиёди худро доштанд. Фақат як мисол меорам, замони шӯравӣ фабрика ва сехҳои пойафзолдӯзии Тоҷикистон то 250 миллион ҷуфт пойафзол истеҳсол мекарданд ва хосатан фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Ленинобод (Хуҷанди имрӯза) дар тамоми хоки СССР ва кишварҳои зиёди олам бисёр машҳур буд. Ҳамон давра корхонаи яхдонбарории машҳури «Помир»-и шаҳри Душанбе соле бештар аз 300 ҳазор яхдонҳои тамғаҳои гуногун мебаровард ва дар хориҷу дар хоки СССР харидорони зиёди худро доштанд. Бояд гуфт, ки саноати шаробкашӣ Тоҷикистони шӯравӣ дар сатҳи СССР ба худ ҳамто надошта, дар кишвари мо корхонаҳои зиёде амал мекарданд ва маҳсулоти спиртии Тоҷикистон дар сатҳи СССР маъруфияти томе дошт ва ба хориҷа низ зиёд ирсол мешуд.
Саноати консервабарои рушд намуда, ҳамасола миллионҳо қуттӣ консерваҳоро ба хориҷи кишвар ва ҷумҳуриҳои СССР ирсол мегашт. Дар ин асос саноати нефту газкоркунӣ ва саноати ангишт истеҳсолкунӣ низ маҳз дар ҳамин давра рушду нумӯъ ёфта ба истеҳсоли ашёи ватани шурӯъ намуда буданд. Саноати бофандагӣ ва саноати сабук низ маҳз дар ҳамин давра рушди босуботе доштанд.
Рушди электирикунонии Тоҷикистон низ ба замони шӯравӣ рост омада, асоси саноати электркии моро маҳз Иттиҳоди Шӯравӣ гузоштааст ва мо аз ин ватани бузургамон бояд минатдор бошем. Махсусан сохтмони нерӯгоҳои барқии обӣ, ки Тоҷикистон аз лиҳози иқтидору тавоноии дарёҳои худ вобаста ба қудрати энергетиҳосилкунӣ дар СССР баъди РСФСР дар ҷои дуюм ва аз ҷиҳати иқтидори дарёҳо вобаста ба истеҳсоли энергия дар ҷои аввал меистод.
Агар то замони Инқилоби Октиябри Кабир дар кишвари мо як нерӯгохи хурде дар шаҳри Хоруғ ҳарбиёни Русияи подшоҳӣ сохта бошанд, пас замони шӯравӣ аллакай аз солҳои 30-юми асри пор сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ дар дарёи Варзоб шурӯъ гаштаву корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби муҳандисон шурӯъ гаштаву ахарин амалӣ мегаштанд, ки имрӯз ин амалро мо дар мисоли фаъолияти НОБ-ҳои Марказӣ, Шаршар, Сарбанд, Қайрокум, Норак, Бойғозӣ, Сангтуда-1, Сангтуда-2, неругоҳҳои сохташавандаи Роғун, Помир, Себзор ва дигар нерӯгоҳҳои хурд ба хубӣ мебинем. Имрӯз кишвари мо аз лиҳози истеҳсоли қувваи барқ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар байни кишварҳои олам дар ҷои 36-ум қарор дорад.
Замони шӯравӣ дар Тоҷикистон сохтмони комплекси марзӣ-саноатии Ҷанубии Точикистон бо сохтани корхонаҳои бузурги Осиёи Марказӣ вобаста ба рушди босуботи саноати ранга, саноати вазнин, саноати маҳалӣ мисли корхонаи калонтарини кимиёвии Ёвон, корхонаҳои сохташудаи нуриҳои азотии Вахш ва корхонаи ягона ва бузурги истеҳсоли трансформаторҳо дар Осиёи Миёна ва корхонаи бузурги бофандагии шаҳри Бохтар ва ғайраҳо бо суръат давом дошт. Баъдан он дар директиваҳои съезди ХХV1 ва дигар қарорҳои ҳизбӣ ва Ҳукумати СССР дар қатори комплексҳои саноатии бузурги бунёдшавандаи ин империяи Шӯравӣ мислӣ Саяну Шушенск, Эскибастузи ҷанубӣ ва ғайраҳо ёд мешуд, ки он боиси ифтирохи миллати мо буд.
Бояд гуфт, ки замони шӯравӣ рушди босуботи сохтмони роҳҳои оҳан, роҳи оҳани камбар, роҳҳои автомобилгард, алоқаи телекомуникатсионӣ, роҳҳои ҳавоӣ ба миён омада, хизматрасонӣ ва хатсайрҳои ҳавои Тоҷикистонро бо қариб тамоми пойтахтҳои кишварҳои шӯравӣ ва шаҳрҳои бузург мепайваст ва рушди хатсайрҳои бесобиқаи маҳалӣ низ дар ҳамин давра ба миён омада буд.
Дар ҳамин асос соҳаи маориф, илм, мактабҳои олӣ ба авҷи тарақии худ расида, сохторҳои соҳаи тандурустӣ ва маорифу фарҳанг соҳаи хизматрасонӣ хело пеш рафта буданд.
Қайд бояд намуд, ки дар ҳамин давра рушди бесобиқаи санъату фарҳанги точик ба амал омада, кинофилмҳои тоҷикӣ дар сатҳи шӯравӣ ва ҷаҳон шӯҳрати зиёде пайдо карданд.
Саноати полиграфӣ, чопи китобу рӯзнома ва маҷаллаву дигар маводҳои нашри низ ба авҷи аълои худ расида, нашрияҳои ҳарӯзае пайдо гаштанд, ки адади нашри онҳо хело зиёд буд. Масалан, нашрияи дӯстдоштаи мактабачагон «Пионери Тоҷикистон» дар як ҳафта 3-4 маротиба ба миқдори 300 ҳазор нусха чоп гашта, адади нашри маҷаллаи маъруфи «Садои Шарқ» ба 30 -35 ҳазор нусха дакка мехӯрд.
Санъати опера балет, санъати рассомӣ ва меъморӣ ва адабиёти точик низ дар сатҳи ҷаҳони ном бароварда, мо дар ин давра тавонистем, ки барои на танҳо сатҳи умумииттифоқ, балки барои доираи умумиҷаҳонӣ шахсиятҳои бузургро тарбия намуда, миллати тоҷик ва Тоҷикистони азизро дар мисоли адибон С.Айнӣ, М.Турсунзода, М.Миршакар, М.Қаноат, ҳунармандон Валаматзода, М.Собирова, Ҳ.Гадоев, Т.Фозилова, Ҷ.Муродов, рассомон С.Қурбонов, Хушвахтов ва дигарон муаррифӣ намоем.
Дар ин асос варзиш низ пешрафта шудаву беҳтарин варзишгарон пайдо шуда буданд. Замони шӯравӣ Тоҷикистони азиз тавонист, ки 4 нафар қаҳрамонони олимпиадаҳоро дар ҳайати тими миллиямон тарбия намояд (Юрий Лобанов- қаиқронӣ, Анатолий Старостин-панҷҳарбаи муосир, Александр Чередник- футбол (бозингари «Днепр»), Андрей Абдувалиев-гурзандозӣ.
Метавон дар бораи ҳаёти пурҷӯшу хӯруш ва пешравиҳои зиёди Тоҷикистони шӯравӣ навишт, лекин ба ҳаминаш иқтифо менамоем.
Хулоса дар Тоҷикистони шӯравӣ бештар аз 500 корхонаҳои калони саноатӣ бо доштани ҳазорон коргар, ҳамчунин садҳо корхонаҳои хурд, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва чорводории механиконидашуда (бештар аз 500 колхозу совхозҳои пуриқтидор), марказу пажӯҳишгоҳҳои зиёди тухмипарварӣ, зотпарварӣ ва ғайраҳо амал намуда, соҳаи кишварзиву чорводорӣ низ бо олимону муттахасисони муваффақаш шӯҳрати ҷаҳонӣ дошт.
Санаи муборак ва муқаддаси 100 солагии таъсиси давлати миллии тоҷиконро дар низоми ҷумҳуриявӣ бо доштани статуси мухтор ва доштани номи Точикистон аввалин маротиба дар таърих, ба тамоми тоҷикони ҷаҳон, порсизабонон ва эронинажодон табрик менамояд!
Саодатманду пирӯз, хонаобод, сарсабз чун арчазорони Точикистони азиз бошед ҳамватанони азиз!
Варқаи ЗАЙНИДДИН