Пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин иншооти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар мебошад. Қисмҳои он дар ду шаҳр – Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудаанд. Ба сохтори Пойгоҳ қушунҳои мототирпарронӣ, танкӣ, тӯппаронӣ ва иктишофӣ, инчунин, қушунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, радиатсионӣ, кимиёвию биологӣ ва алоқа дохил мешаванд. Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ маҷмааи нодири оптикию электронии “Равзана” фаъолият мекунад, ки дар системаи назорати кайҳонии Русия нақши калон мебозад.
Ҳифзи сарҳадҳои ҷанубӣ
Федератсияи Русия ва Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар таъмини суботу амнияти Тоҷикистон, бахусус дар шароити вазъи ноором дар марзи Афғонистон нақши калидӣ мебозанд. Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ аз соли 2025 инҷониб барномаи панҷсолаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро амалӣ мегардонад. Ин барнома таҳвили аслиҳа ва техникаи ҳарбиро барои таҳкими марзҳои ҷанубии Паймон дар назар дорад. Пойгоҳи низомии 201-ум, ки бузургтарин иншооти низомии бурунмарзии Русия мебошад, унсури марказии инфрасохтори низомии Русия дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин пойгоҳ аслиҳаҳои муосир, аз ҷумла танкҳои Т-72Б3, зиреҳпӯшҳои БТР-82А, артиллерия, ҳавопаймоҳои бесарнишини “Орлан-10” ва системаҳои мудофиаи зиддиҳавоии С-300ПС ҷойгир шудаанд.
Доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев муътақид аст, ки ҳузури Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ нақши калидӣ мебозад.
“Дар шароите, ки вазъ дар ҷаҳон ва бахусус дар марзҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ ноустувор боқӣ мемонад, ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон на танҳо рамзи робитаҳои иттифоқона, балки кафили суботу амният аст. Афғонистон беш аз чиҳил сол аст, ки дар ҳолати бӯҳрони низомӣ қарор дорад ва мо ҳамсояҳои наздиктарини ин кишвар ҳастем. Аз ин рӯ, ҳузури Пойгоҳи 201-ум дар ин ҷо бисёр муҳим аст”, – таъкид мекунад коршинос.
Ба гуфтаи вай, дар душвортарин давраҳои таърихи Тоҷикистон, бахусус дар солҳои 90-уми асри гузашта, маҳз низомиёни Русия нақши калидиро дар боз доштани таҳдидҳои беруна бозидаанд. “Дар заминаи Пойгоҳи 201-уми Русия афсарони мо таълим гирифта, малакаҳои амалии худро такмил медоданд. Ин ҳамкориҳо пас аз анҷоми ҷанг низ идома ёфта, ба ташаккули неруҳои миллии мусаллаҳи қудратманд дар кишвар мусоидат карданд”.
Машқҳои мунтазами муштарак, аз қабили амалиётҳои зиддитеррористӣ, ки моҳи апрели соли 2025 баргузор гардиданд, ба роҳандозии ҳамкории мутақобила дар шароити маҳалли кӯҳистонӣ ва мубориза бо таҳдидҳои ифротгароӣ равона карда шудаанд. Илова бар ин, дар соли 2025 СААД ба нақша гирифтааст, ки аслиҳа ва техникаи низомиро барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон таҳвил диҳад.
Ниёз Мирзоев ҳамчунин, нақши муҳимми Пойгоҳро дар ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон таъкид мекунад. Ба гуфтаи ӯ, барои ҳифзи хати марзи кӯҳӣ ва душворгузар бо ҳамсояи ҷанубӣ технологияҳои муосир ва зудамал зарур аст: “Ба шарофати техника, аслиҳа ва ҳузури ҳайати низомиёни машқдидаи Русия метавонем дар муқобили қочоқ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, инчунин, дар муқобили вуруди эҳтимолии гурӯҳҳои мусаллаҳи радикалӣ монеаи боэътимод эҷод кунем. Ҳузури неруҳои Русия дар марзҳои ҷанубӣ танҳо як омили боздоранда нест. Ин як сипари воқеӣ бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои байналмилалӣ мебошад. Дар баробари ин, Толибон аз бархӯрди (зиддияти) мустақим бо ин қувва (низомиёни рус) худдорӣ мекунанд”.
Профессор дар алоҳидагӣ аз баркамолии сиёсие, ки ҳарду ҷониб бо он ба масъалаи тамдиди созишнома оид ба ҳузури пойгоҳи Русия то соли 2042 муносибат карданд, ёдовар шуд: “Ин тасмимро наметавон аз ҳад зиёд арзёбӣ кард. Ин як қадами зарурӣ ва асоснок буд, ки ба таъминоти дарозмуддати амнияти кишвар нигаронида шудааст. Ва ин вобастагии якҷониба нест, тавре бархе аз мунаққидон эътиқод доранд, балки шарикии баробарҳуқуқи стратегиест, ки бар асоси манфиатҳои умумӣ ба роҳ монда шудааст”.
Ба андешаи Ниёз Мирзоев, баҳсҳо дар бораи “вобастагии аз ҳад зиёд”-и Тоҷикистон аз Русия дар соҳаи амният ҳеч асоси воқеӣ надоранд. Баръакс, ҳамкорӣ бо иттифоқчиён дар СААД ба кишвари мо барои ҳифзи субот, бахусус дар пасманзари дигаргуниҳои геополитикӣ, мусоидат мекунад.
Баланд бардоштани омодагии ҷангӣ
Аз 13-ум то 26-уми май машқи низомӣ оид ба омодагии кӯҳӣ бо қушунҳои барои иҷрои вазифаҳо дар мавзеъҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ баргузор гардид. Дар рафти омодагӣ теъдоди зарурии унсурҳои марҳилаи асосии таълим, аз қабили гиреҳ бастан, ба танҳоӣ ва дар ҳайати гурӯҳ баромадан ва фаромадан ба ресмони маҳкамшуда, ҳаракат дар бастаҳо, бофтани замбарҳо барои бардошта бурдани зарардидагон, сохтани гузаргоҳи дарё ва ғайра омӯзонида шуданд.
Баъди ба охир расидани ин давраи омодагӣ ба ҳар як хизматчии ҳарбӣ, ки барномаро дар сатҳи баланд азхуд карда, аз уҳдаи тамоми вазифаҳои барномаи таълимӣ баромадааст, дараҷаи якуми курси тобистонаи таълими омодагии кӯҳӣ дода мешавад, ки ин барои дар оянда такмил додани омодагии худ дар ин самт имконият медиҳад.
Ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба самти мусбат рушд мекунад. Ҳамасола устодони ҳарбии Пойгоҳи низомии 201 беш аз 1000 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи 27 ихтисос таълим медиҳанд. Инчунин, дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон бо иштироки низомиёни Пойгоҳи 201-уми Русия ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам машқҳои муштараки байналмилалии зиддитеррористӣ баргузор мегарданд.
Ниёз Мирзоев, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ мегӯяд: “Пойгоҳи низомии 201-уми Русия сатҳи зарурии ҳимояи сарҳадро, ки Тоҷикистон ба танҳоӣ онро таъмин карда наметавонад, нигоҳ медорад. Ман мутмаинам, ки ҳузури низомиёни рус на танҳо барои кишвари мо, балки барои суботи тамоми Осиёи Марказӣ зарур аст”.
Масалан, аз 7-ум то 11-уми апрел дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон бо иштироки низомиёни Русия ва Тоҷикистон тамриноти муштараки зиддитеррористӣ баргузор гардид. Таваҷҷуҳи асосӣ ба амалҳо дар маҳалли кӯҳию биёбонӣ, ки хоси марзҳои ҷанубии Тоҷикистон аст, дода шуд. Дар ҷараёни машқҳо амалҳои нест кардани дастаҳои эҳтимолӣ, ҳимояи сарҳади давлатӣ ва ҳамкории байни қушунҳо машқ карда шуданд.
Дар ҷараёни тамринот қушунҳои гуногун, аз ҷумла мототирпарронӣ, танкӣ, артиллерия, иктишофӣ, инчунин, мутахассисони алоқа ва операторони ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷалб карда шуданд. Таваҷҷуҳи хоса ба истифодаи технологияҳои муосир, аз қабили FPV-дронҳо барои иктишоф ва нобудсозии ҳадафҳо зоҳир карда шуд.
Пас аз хатми машқҳои назариявӣ ва амалӣ нормативҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои вақтӣ ва сифатӣ супорида шуданд.
Нақши Пойгоҳи низомии 201 имрӯз низ тағйир наёфтааст. Мисли пештара, таъмини амният дар марзҳои ҷанубии СААД, инчунин, вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳои террористӣ ҳамчун самтҳои асосии афзалиятнок муайян карда шудаанд. Дар ин росто, Пойгоҳи низомии 201 пайваста дар машқҳои муштарак иштирок мекунад, ки ин дар навбати худ ба таҳкими омодагии ҷангӣ ва ҳамкории неруҳои СААД дар минтақа мусоидат мекунад. Фаъолияти Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон на танҳо як самти ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ, балки омили стратегии суботи минтақа низ мебошад. Дар шароити идомаи таҳдид аз марзи Афғонистон, фаъолгардонии машқҳо, таҳвили техника, омодасозии мутахассисон ва амалҳои муштарак бо ҷониби Тоҷикистон як вокуниши сазовор ба чолишҳои амниятӣ мегардад. Русия ва СААД на танҳо иқтидори дифоии Тоҷикистонро тақвият медиҳанд, балки як низоми муҳофизатии дастаҷамъонаро ташаккул медиҳанд, ки дар он пойгоҳи 201-ум нақши калидиро мебозад.
Матлубаи Қ