Шоми 25-уми июл 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд ва бо супориши махсуси президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оварда шуданд.

Гуфта мешавад, ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.

Ҳоло тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осиошта амалӣ карда мешаванд ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба Ватан дар ояндаи наздик талош менамояд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ба иттилоъи дастрас, ҷараёни ба Тоҷикистон супурдани онҳо миёни Вазорати корҳои хориҷии Сурия, созмони Ҳилоли Аҳмар ва намояндагии Тоҷикистон дар Кувайт ҳамоҳанг гардид.

Занону кӯдакони тоҷикро аз Сурия бо ҳавопаймои чартерии ширкати “Cham Wings” (“Шом Вингз”) овардаанд. Ин ҳавопаймо соати нӯҳи шаб дар пойтахти Тоҷикистон фуруд омад, вале рӯзноманигорони мустақил ва хориҷӣ гуфтанд, дар фурудгоҳи Душанбе танҳо ба хабарнигорони шабакаҳои давлатӣ иҷоза додаанд, ки аз ҷараёни вуруди ин занону кӯдакон пӯшиш диҳанд.

Онҳоро бо 4 автобуси  ширкати “Asian Express” аз фурудгоҳ бароварданд ва ин корвонро 3 мошини “Ёрии таъҷилӣ” низ ҳамроҳӣ мекард.

Баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба ватан чанд рӯзи пеш дар Димишқ масъалагузорӣ шуда буд. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Сурия, 21-уми июл бо як зумра намояндагони кишвари Сурия бо ин масъала мулоқот дошт.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медод, Зубайдзода бо муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Сурия Башар Ҷафарӣ масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан аз урдугоҳҳо, густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ карданд.

Инчунин, гуфта мешуд, сафири Тоҷикистон ҳамроҳи муовини президенти Сурия ва роҳбари Дафтари амнияти миллии ин кишвар генерал Алӣ Мамлук табодули афкор доштанд.

Дар ҳамин ҳол, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯшанфикрони кишвар иттилоъро хуш пазируфта, ҳамзамон “рухдоди нек ва боиси хотири ҷамъи даҳҳо оилаи тоҷик” номиданд.

Бахтиёр Қутбиддин, устоди донишгоҳ, аз вазъи доштаи тоҷикон ва ба вижа занону кӯдакон дар урдугоҳҳои Сурия нигаронӣ кард ва дар саҳифааш дар Фейсбук навишт:

– Чӣ ҷои пинҳон, ки то ин дам онҳо дар сахттарин шароит дар пойгоҳу ба истилоҳ лагерҳо нигоҳдорӣ мешуданд. Чӣ ҷои пинҳон, ки то имрӯз волидайну наздикони ин фирефташудаҳо сахттарин азоби рӯҳиро аз сар мегузаронанд. Чӣ ҷои пинҳон, ки на ҳамаи онҳо зиндаву саломат бармегарданд.

Ӯ аз амалкарди мақомоти амниятӣ ва ташаббуси раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, иқтибоси солҳои 90-уми Тоҷикистон ва замони баргаштани тоҷикон ба диёру хонадонашонро ёдовар шуд.

– Биёед, як бор аз худ бипурсем, ки ин “ҷиҳодпарастӣ” ба кӣ лозим буду ҳаст? Миёни худи мусалмонҳо ин ҷиҳод не, балки аблаҳиву ҳамоқат аст. Ин чӣ ҷиҳод аст, ки як мусалмон “худфидо” шуда, худро дар байни издиҳоми мусалмонони дигар инфиҷор мекунад, – таъкид дошт Бахтиёр Қутбиддин.

Ӯ дар идома гуфт, “афсӯс, ки имрӯз ислому мусалмонӣ чун ниқоб истифода мегардад. Афсӯс, ки найрангҳову бозиҳои хоҷаҳо мусалмонро бар зидди мусалмон шӯрондааст. Ин бозгашти занону кӯдакони ҷабрдида бояд сабақ бошад”.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ, дар шарҳи хабари интиқоли аъзои хонаводаҳои ҷангҷӯён аз Сурия ба Тоҷикистон гуфт, “дар урдугоҳи Ал-Ҳавл шароити зиндагӣ сангин аст ва ба Ватан бозпас овардани онҳо барояшон беҳбудӣ дониста мешавад”.

Далер Абдулло, рӯзноманигор ва таҳлилгари кишвар, дар ин радиф гуфт, ҷавҳари иқдом ҷавонмардӣ ва шаҳодати он аст, ки раисиҷумҳур нисбат ба кӯдакон, ки ояндаи миллатанд, бетараф нестанд.

Ин журналист навишт, аз соли 2016 дар кишвар таъсис ёфтани вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳодати ин гуфта аст.

– Муҳимтар аз ҳама, ба Ватан баргардонидани чунин ашхос  дар ҷаҳони муосир таҷрибаи камназир буда, на ҳар роҳбари давлат, бо назардошти сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дар ин самт иқдом менамояд, – зикр намуд ӯ.

Далер Абдулло таъкид дошт, “баробари ба хоки кишвар фуруд омадан кӯдакон аз ҷониби масъулини сохторҳои марбута бо ғамхории хоса фаро гирифта шуданд. Ҳоло кӯдакон таҳти назари масъулини Ҳукумат қарор дошта, бо онҳо равоншиносону табибон пайваста кор мебаранд. Барояшон беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Итминонам комил аст, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии аҳли ҷомеа ба зиндагии муқаррарӣ ворид мегарданд, даҳшати ҷангу хунрезиҳои дидаро аз ёд мебароранд, аз фазои сулҳу оромӣ ва зебоиҳои табиати нотакрори диёри аҷдодӣ баҳра мебаранд”.

Саъдоншоҳи Улфатӣ, шоир ва рӯзноманигори дигар, аз ифротгароии гурӯҳҳои экстремистӣ дар олам интиқод кард. Ӯ гуфт, ҳамакнун онҳое, ки бо афкори заҳролуди ифротгароии гурӯҳҳои экстремистӣ гирифтор гардиданд, бояд андеша намоянд, ки кору рафтори онҳо ғалат мебошад ва бояд аз ин роҳи хато берун оянд.

– Таваллуди ҳар инсон дар хоки Ватан мебошад ва фақат Модар – Ватан метавонад, ҳар нафарро дар вақти мавлуд ва дар дами марг ба оғӯши худ гираду бас, – таъкид намуд Улфатӣ.

Ба иттилоъи қаблии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Ар-Равҷи Сурия беш аз 260 нафар ва ба иттилоъи манобеъи хабарӣ беш аз 500 нафар зану кӯдаки тоҷикистонӣ қарор доранд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ҳастанд, ки ба дасти нерӯҳои курд афтодаанд.

Гуфта мешавад,ки занони ҷангҷӯйёни гурӯҳи ифротии ДИИШ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки онҳоро ба кишвар баргардонанд. Бори охир 30-юми апрели соли 2019-ум 84 кӯдак тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуда буданд.

М. НАҶИБӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here