Худшиносии миллӣ чист?

Худшиносии миллӣ василаи асосии ба маънавиёт расидани инсону ҷомеа аст. Он решаи миллат ба ҳисоб меравад. Агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъи асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносист, мебояд камари ҳиммат баст.

Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш доир ба ин мавзуъ чунин ибрози назар намуда буданд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳарду…

Абулқосим Лоҳутӣ, шоири машҳур ва тавоно мефармояд:

Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳарду…

Воқеан, ватандӯсту миллатдӯсти ҳақиқӣ ҳамонест, ки пайваста ва дар ҳама ҳолат ба муқаддасоти миллӣ эҳтиром дошта, ба он арҷ мегузорад. Яъне, эҳтиром ба забон, фарҳанг, нишон, Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва ғайра.

Ба андешаи инҷониб, ба гузаштаи пурифтихори хеш такя карда, аз панду андарзи ниёгон сабақ ва баҳра гирифтан, дар ҳар кунҷу канори даҳр сано бар Ватану миллати хеш гуфтан, Истиқлоли Ватанро бузургтарин дастоварди зиндагии хеш шумурда, барои пойдорӣ ва мустаҳкамии истиқлоли Ватан хизмати содиқонаро пеша намудан, дар тарбияи ватандӯстӣ саҳм гузошта, ҷавононро дар руҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ташвиқу раҳнамоӣ намудан, нисбат ба тақдиру сарнавишти миллату Ватани хеш бетафовут набудан аз ҷумраи рисолати ҷавонмардӣ ба ҳисоб меравад.

Вазъи мураккабу печидаи минтақа ва ҷаҳон

Пӯшида нест, ки вазъ дар минтақа ва ҷаҳон мураккабу печида аст. Аксарияти давлатҳои абарқудрат барои халалдор намудани суботу оромии давлатҳои амн ва ҷустани манофеи шахсиашон мехоҳанд суботу оромиро халалдор созанд. Хизматчиёни ҳарбӣ хуб дарк мекунанд, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, хусусан вазъи минтақа ва ҷаҳон мураккаб боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша дар ҳолати омодабошии ҷангӣ қарор доранд. Имрӯз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон умеду бовариашон ба хизматчиёни ҳарбӣ аст, зеро медонанд, ки ҷавонони асили Меҳан ҳомии Модару Ватани хешанд.

Ҳамагон вазъи сарҳадоти кишвар бо бархе аз давлатҳои ҳамсояро хуб дарк ва эҳсос менамоем. Мутаассифона, бархе аз соҳибмансабони кишварҳои минтақа барои пиёда сохтани ҳадафҳои сиёсии хеш мехоҳанд вазъро дар минтақа ноором созанд. Вале ба нияту аҳдофи муғризонаашон нахоҳанд расид. Зеро, мо – тоҷикон, ки шаҳди ҷанги шаҳрвандиро чашидаем, пайваста барои суботу оромии кишвар талош меварзему намегузорем, ки фазои кишвар ноором гардад.

Сарбозон – ҳимоятгарони меҳан

Боиси сарафрозист, ки солҳои охир миёни ҷавонон ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ афзудааст. Албатта, мисоли ин гуфтаҳо сарбозони шуҷои Ватананд, ки дар ҳама гуна вазъият барои пос доштану ҳимоя намудани арзишу манфиатҳои миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат кӯшишу талош менамоянд. Гузашта аз ин, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки қисми зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, дар замири ҳар яки онҳо меҳри ин Ватану миллат ҷойгоҳи махсусро дорад.

Ба назар чунин мерасад, ки солҳои охир ҷавонони ҳушманду зирак, хусусан сарбозони Меҳан эҳтиром ба арзишҳои миллӣ гузошта, барои ҳифзу ҳимоя намудани марзу буми кишвар нақши муассир мегузоранд. Ин аст, ки теъдоди ҷавонони ихтиёрӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар меафзояд. Ҳамчунин, пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъват мисоли гуфтаҳои болост.

Аминем, ки ҷавонони мо садоқат ба халқ, миллат ва Президенти кишвар нишон дода, барои то абад пойдор мондани сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ба насли оянда талош хоҳанд кард.

Албатта, имрӯз дар симои сарбозони Ватан корнамоиву қаҳрамонии садҳо нафар аз номварони Меҳанро мебинему меболем ва ифтихор мекунем.

Ватан, дар раҳат ҷон супорам

Боиси хушнудист, ки дар замири ҳар як сарбози шуҷои Меҳан меҳри Модар-Ватан ҷой гирифта, ҳомиёни ин сарзамин намегузоранд, ки нохалафе, бадтинате пой ба хоки ин сарзамин гузошта, суботу оромии моро халалдор созад. Як нуктаро метавон зикр намуд, ки имсол мо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Албатта, ҳастанд давлату кишварҳое, ки суботу оромии моро намехоҳанд ва талош меварзанд, ки бо ҳар васила суботи моро халалдор созанд. Вале имрӯз давлату ҳукумати кишвар ба ҷавонон, хусусан хизматчиёни ҳарбӣ боварии комил доранд. Аз ин рӯ, барои набаромадан аз ин боварии давлату ҳукумати кишвар, ҷавонон-хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар ҳолати омодабошии ҷангӣ қарор дошта бошанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Агар хоҳони сулҳ бошӣ, ба ҷанг омода бош».

Ба наздикӣ дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ қарор доштем. Сарбозон бо садои баланд чунин зам-зама мекарданд:

Ватан, ишқи ту ифтихорам,

Ватан, дар раҳат ҷон супорам.

 «10 фарзанди дигар медоштам, ба ҳифзи ватан мефиристодам»

Сарвинисо Мирҳайдарова – модари марҳум Рустам Амакиев дар суҳбаташ бо рӯзноманигорони кишвар таъкидан иброз дошта буд, ки агар даҳ фарзанди дигар медошт, ба ҳифзи Ватан мефиристод. Рустам Амакиев, собиқ афсари Вазорати мудофиа дар як набарди мусаллаҳонаи хоинон қаҳрамонона ба ҳалокат расид, ки пас аз маргаш бо рутбаи генерал-майор сарафроз гардонида шуд. Воқеан, ғайр аз модари Рустам Амакиев, дигар модарони тоҷик, ки фарзандонашон дар роҳи дифои Ватан ҷон ба Ҷонофарин супориданд, шукргузорӣ менамуданд, ки фарзандони онҳо қаҳрамонона ба ҳалокат расидаанд.

Модар яктост, Тоҷикистон яктост

Боз бармегардем ба масъалаи худшиносиву давлатдорӣ. Бубинед, дар 30 соли соҳибистиқлолӣ мо – тоҷикон тавонистем, ки барои бунёди як давлати озоду ҳуқуқбунёд муваффақ гардем. Вале ҳастанд ҳамсоякишварҳое, ки бо тақлиди демократиякунонии ҷаҳони Ғарб ба кашмакашиҳои дохилӣ мувоҷеҳанд. Ватандорӣ ҳам кори саҳлу осон нест. Барҳақ фармудаанд:

Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, ватандорист,

Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, ватандорист.

Бе муҳобо, ҳар инсони ватандӯсту ватандор пас аз мутолиаи мисраъҳои боло ҳисси милливу ифтихори ватандориаш меафзояд.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар замони муосир «умед бар сояву ҳамсоя намонданаш»-ро дар як рубоӣ тасвир намуда, таъкид менамояд, ки ба ҳеҷ кишвару нафаре набояд эътимод баст. Албатта, дар замони муосир, ки ҳама кишварҳо манофеи шахсиашонро дар мадди аввал мегузоранд, барои ҳимоя намудани кишвари ягонаи мо – Тоҷикистон ҷаҳду талош намоем. Зеро, Тоҷикистон Ватанест азиз ва ягона. Ба қавли устод Лоиқ:

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,

Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.

Олам ҳама азиз, лек бар ман,

Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Азимҷон БАДАЛОВ,

капитан

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь