Чанд рӯз қабл ба Душанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров омад. Мавзци асосии мулоқот чӣ буд ва равобити Тоҷикистону Русияро чӣ интизор аст?

Соли гузашта изҳороти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳошияи нишасти «Русия – Осиёи Марказӣ» садо дода буд, сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Бахусус, ӯ аз набуди иртиботи қавӣ байни кишварҳо дар сатҳи шахсони олимартаба норозигии худро баён кард. Хоҳиши роҳбари Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Русия, тавре ки ҳангоми ҳамкориҳои стратегӣ бояд бошад, шунида шуда ва дар соли ҷорӣ вазирони ин кишвар чанд маротиба ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом доданд.

Дар доираи сафари кории Михаил Мишустин ба Душанбе созишномаҳо оид ба расонидани кумак дар рушди системаи идоракунии андоз, шартномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, маълумоти тиббӣ ва илм, барномаи ҳамкориҳои варзишӣ, харитаи роҳи инкишофи туризм ва ғайра ба имзо расиданд.

Махсусан, вохӯрии вазири иқтисод ва рушди Федератсияи Русия Максим Решетников бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода,  ки дар натиҷаи он дар мавриди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон, аз қабили рақамикунонии идораи андоз, ташкили корхонахои муштарак, ҳамлу нақли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва нерӯи барқ ба созиш расиданд. Ҳамчунин, барои мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров омада буд, ки дар ҷараёни он масъалаи ҳамкорӣ дар бахшҳои барои Тоҷикистон манфиатдор баррасӣ шуданд.

Рӯйдоди дигари хеле муҳим ин ташрифи сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин бо ҳамроҳии ҳайати тақрибан ҳазорнафараи иборат аз намояндагони ширкатҳои русӣ ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷа байни онҳо ва ширкатҳои Тоҷикистон беш аз 50 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар натиҷаи ин сафари Михаил Мишустин ба Душанбе 9 санади таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд.

Дар ҷаласаи ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои ҳамкориҳои кишварҳо дар самти боздошти ҷинояткорони таҳти ҷустуҷӯ қарордошта, ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои электронӣ, омодакунии кадрҳо дар донишгоҳҳои тобеи Вазорати корҳои дохилии Русия баррасӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, 5-уми июн вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари корӣ ба Душанбе омад. Сергей Лавров тайи 2 рӯзи дар Тоҷикистон буданаш аз Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дидан карда, ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулдаста гузошт ва бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин гуфтушунид анҷом дод. Лавров ҳамчунин, дар Қасри миллат бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  мулоқот карда, аз  Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон низ дидан намуд ва барои донишҷӯён дарс гузашт.

Ба ғайр аз ин, Сергей Лавров аз сафари муовинони вазири Русия Марат Хуснуллин ва Алексей Оверчук ба Душанбе, ки дар нимаи дуюми моҳи июн пешбинӣ шудааст, чунин хабар дод: “Интизор меравад, ки онҳо ҳаллу фасли масъалаҳои равобити дуҷониба ва роҳҳои ҷадиди ҳамкориро баррасӣ менамоянд”.

Фаридун Усмонов коршиноси сиёсӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” дар ин бора чунин мегӯяд: “Дар баробари афзоиши теъдоди чунин сафарҳои мансабдорони баландпояи Русия, сифати ин мулоқотҳо низ боло  рафтааст.  Албатта онҳо бесамар намемонанд, аз рӯйи натиҷаҳои ҳар кадоми онҳо нақшаҳои корӣ ва чорабиниҳо тартиб дода мешаванд, ки дар ниҳояти кор натиҷаҳои мусбат нишон хоҳанд дод. Муҳим он аст, ки дар ин сафарҳо вазиронро  теъдоди зиёди соҳибкорону намояндагони соҳаи савдо ва маъмурияти вилоятӣ ҳамроҳӣ мекунанд, ки ин аз хоҳиши минтақаҳои мухталифи Федератсияи Русия барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун шаҳодат медиҳад.

“Тоҷикистон ният дорад ҳаҷми гардиши мол бо Русияро се баробар афзоиш диҳад, ки он дар як сол ба 5 миллиард доллар баробар хоҳад  шуд”, – мегӯяд муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.

Ҳамзамон дар ҳошияи сафари Лавров ба шаҳри Гулистон вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев  низ омада буд. Дар онҷо мулоқоти гуруҳи корӣ дар сатҳи вазирони  Русияву Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкорӣ аз рӯи рӯзнома, аз ҷумла масъалаи мубориза бо радикализм, гуруҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ғайра баррасӣ гардиданд”.

Мавзуи асосии музокироти вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия бо намояндагони мақомоти Тоҷикистон идомаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун буда, ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ диққати алоҳида дода шуд. Лавров қайд кард, ки гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2022-юм 18 дарсад афзуда, ба 1 миллиарду 400 миллион доллар расидааст.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бисёр масъалаҳо ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, амният, маориф, ҳамкориҳои башардӯстона ва ғайра.   Муносибатҳои стратегӣ, чунон ки ҳамкориҳои мо ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон нишон медиҳанд, бо фарогирӣ ва иштироки хеле ҷиддӣ фарқ мекунанд.

Барои Тоҷикистон муҳим аст, равобиташ бо Русия тавре ташаккул ёбад, ки он минбаъд низ имкони иҷрои нақши мустақил ва созандаи худро дар сиёсати минтақавӣ аз даст надиҳад» – мегӯяд коршиноси масъалаҳои сиёсӣ Фаридун Усмонов.

Агар соҳаҳои мушаххасро ҷудо кунем, пас барои Тоҷикистон аз ҳама соҳаи муҳим энергетика мебошад, яъне инкишофи иқтидори гидроэнергетикии кишвар. Тоҷикистон манфиатдор аст, ки ширкатҳои Русия дар сохтмон ва татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ дар кишвари мо иштирок кунанд. Боз як соҳаи дигари муҳим дигар ин хоҷагии об ва идоракунии захираҳои обӣ мебошад. Осиёи Марказӣ аслан як минтақаи хеле мураккаб дар масъалаи обтаъминкунӣ буда ва Тоҷикистону Қирғизистон давлатҳое ба ҳисоб мераванд, ки минтақаро бо оби тоза таъмин менамоянд. Аз ин рӯ, масъалаи идоракунии ин равандҳо, нигоҳдории қубурҳои об ва танзими ҷараёни об як унсури муҳимми иқтисодиёт дониста мешавад. Бинобар ин, ҷалби бештари ширкатҳои русӣ ба ин соҳа хеле муфид хоҳад буд.

Соҳаи кишоварзӣ низ барои Тоҷикистон хеле муҳим аст. Илова бар ин, таъсиси марказҳои зарурии логистикӣ дар Тоҷикистон калиди муваффақият ва рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи агросаноатӣ мебошад. Соҳаи логистика  низ аҳамияти калон дорад, зеро барои ширкатҳои Тоҷикистон бозори Русия ҷолиби диққат ва ояндадор аст.

Пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низоми молиявии кишварро таҳким бахшида, арзиши захираҳои молиро коҳиш медиҳад ва бо афзоиши эътимоди мардум ба бахши бонкӣ имкон медиҳад, ки пасандозҳои шаҳрвандон ба сармоягузориҳои дарозмуддати барои онҳо судманд ҷалб карда шаванд.

Дар баробари ин, масъалҳое низ ҳастанд, ки  наздикшавии мавқеъҳоро талаб менамоянд. Сухан пеш аз ҳама дар бораи ҳамкории нокифоя дар соҳаи ВАО байни кишварҳо  меравад. Агар ба матбуоти Русия (аз қабили нашрияҳои «Ведомости», «Коммерсант», «Царград» ва ғайра) таваҷҷуҳ кунем, пас мебинем, ки  сафари Лавров ба Тоҷикистон аз нуқтаи назари  манфӣ тавзеҳ дода мешавад: дар робита ба муҳоҷирони тоҷик, ҳукумати Тоҷикистон ва сиёсати берунии пешгирифтаи он. Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ВАО-и Русия ҳанӯз дар даврони солҳои 90-ум қарор доранд ва аз воқеият ва дигаргуниҳое, ки дар ҷаҳони имрӯз ба амал меоянд, комилан огоҳ нестанд. Аз ин рӯ, ба назари ман, дар ин масъала бояд корҳои зиёде анҷом дода шавад, зеро дар пасманзари шумори зиёди равандҳои мусбат байни ду кишвар чунин асароти манфӣ ба дарки муносибатҳои мо ҳам дар ҷомеаи Русия ва ҳам дар ҷомеаи Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд”.

1-уми сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода 5 мактаб (ҳар кадоме бо фарогирии 1200 хонанда) ба истифода дода шуд, ки бо дастгирии Русия (150 миллион доллар барои сохтмон ва таҷҳизот ва 91 миллион доллар барои дастгирии минбаъда) бунёд карда шуданд.

Дар шароити низоми ҷаҳони тағйирёбандаи имрӯз, иттиҳодияҳои ҳамгироишудаи Авруосиё дар арсаи ҷаҳонӣ аҳамияти бештар пайдо карда, ба кишварҳои узв имкон медиҳанд, ки иқтидор ва суботи худро таҳким бахшанд. “Намунаи меъмории нави амният ва рушди ҳамкорӣ – ин СҲШ, СААД, ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошанд. Умедворем, ки мизбонони тоҷики мо, ки ин муҳити меҳмоннавозиро фароҳам оварданд, ба зудӣ барои худ манфиатҳои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро муайян хоҳанд кард” – қайд кард вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.

Масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чандин сол боз баррасӣ карда мешавад, зеро ин ягона Иттиҳоди азим дар муҳити Авруосиё дониста мешавад.  Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамкории иқтисодӣ ба роҳ мондааст, вале аз манфиатҳои узвият дар ин он пурра бархӯрдор нест.

Коршинос Фаридун Усмонов дар ин бора чунин мегӯяд: “Албатта, Тоҷикистон намехоҳад танҳо ба хотири қайд ба ин ё он иттиҳоди ҳамгироишуда ҳамроҳ шавад. Барои мо муҳим он аст, ки Иттиҳод ба қадри кофӣ фаъолияти самаранок  дошта бошад, ҳама монеаҳо ва низоъҳо байни кишварҳои аъзо бартараф карда шаванд. Дар баробари ин, маълум аст, ки воридшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бешӯбҳа ба соҳибкорону шаҳрвандони тоҷик имкониятҳои васеъ фароҳам месозад: шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  дар дохили кишварҳои Иттиҳод озодона рафтуомад ва фаъолият мекунанд, ширкатҳо низ озодона фаъолият мебаранд, монеаҳои гумрукӣ барҳам дода мешаванд, ки боиси осон гардидани расмияти интиқоли молу маҳсулот ва хизматрасониҳо мегардад.

“Барномаҳои мусоидат ба рушд, ки аз ҷониби муҳандисони геополитикии ғарбӣ пешбарӣ карда мешаванд, дар асл як абзори назорат ва таҳриркунии манзараи сиёсӣ ва иқтисодии минтақа бо хоҳиши худ ҳастанд” – мегӯяд Сергей Лавров вазири корҳои хориҷии Русия.

Бо назардошти он, ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай имрӯз пеш меравад, барои рушд дар доираи СҲШ, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ муассир ва мувофиқи мақсад хоҳад буд. Зеро дар доираи фазои хурдтари иқтисодӣ ба роҳ мондани механизмҳои зарурӣ ва пеш рафтан ба сӯи раванди васеътари ҳамгироӣ осонтар мегардад”.

Бояд ба хотир дошт, ки робитаҳои Русия ва Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳои башардӯстона низ ба таври муассир рушд мекунанд. Сергей Лавров махсусан ифтитоҳи филиали донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ва афзоиши квотаҳо ба довталабони Тоҷикистонро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия хеле муҳим арзёбӣ кард. Вай ҳамчунин, дар бораи натиҷаҳои муваффақи лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа”, ки аз соли 2017 дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, чунин гуфт: “Имрӯз дар доираи ин лоиҳа 74 нафар омӯзгорони фаннӣ аз манотиқи гуногуни Федератсияи Русия ба мактаббачагони тоҷик дарс медиҳанд”.

Зимни суханрониаш Лавров ба масъалаҳои амниятӣ диққати махсус дода, қайд кард, ки ҳамкориҳои низомию сиёсӣ миёни Маскав ва Душанбе рушд мекунанд. Бахусус, масъалаи Афғонистон аз барномаи амниятии Тоҷикистон берун намеравад. Бо  вуҷуди он ки ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон то ҳол хоҳони таъсиси ҳукумати фарогир дар ин кишвар ҳастанд, вазири корҳои хориҷаи Русия  зарурати роҳандозии муколамаи корӣ бо ҳукумати кунунии Афғонистонро таъкид намуд.

Ба гуфти Сергей Лавров, сохторҳои террористии Афғонистон аз ҷониби ИМА дастгирӣ карда мешаванд, зеро ин минтақа барои онҳо як самтест, ки тавассути он Амрико метавонад Русияро ба хашм оварда, дар ин ҷо ҷабҳаҳои дувум боз кунад. Дар баробари ин, Русия ва СААД кафили асосии амният ва ҳифозати боэътимоди Тоҷикистон аз таҳдидҳои террористӣ мебошанд.

Вазири корҳои хориҷаи Русия ҳамчунин, итминон дод, ки Русия барои таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва иҷрои тамоми қарордодҳои пешбинишуда мусоидат хоҳад кард.

Аз сафари Сергей Лавров ба Душанбе натиҷабардорӣ намуда, метавон суханҳои худи ӯро иқтибос овард: “Сарфи назар аз вазъи кунунии геополитикӣ, робитаҳои дуҷониба устуворона ва босуръат рушд мекунанд. Ҳеч кас наметавонад муносибатҳои байни кишварҳои моро халалдор кунад, ҳарчанд бисёриҳо кӯшиш доранд, ки ин корро анҷом диҳанд”.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь