Сарфи назар аз кӯшишҳои Ғарб барои ихтилоф андохтан байни Тоҷикистон ва шарики стратегиаш – Русия, шумораи мулоқоту қарордодҳо ва тавофуқҳои нав миёни кишварҳои мо торафт меафзояд. Чанде пеш вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ба кишвари мо омад, инчунин Тоҷикистон муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллинро бо сафари кориаш қабул кард.
8-уми июн дар Сочи сарвазирони ду кишвар (М. Мишустин ва Қ. Расулзода) ҳангоми мулоқот дар мавриди ин сафар тасмим гирифтанд. Биёед муайян мекунем, ки муносибатҳои байни ду кишвар ба куҷо мебаранд.
Аҳамияти сафарҳои мақомдорони Русия
Кӯшишҳои Ғарб барои маҷбуран пайвастани Тоҷикистон ба таҳримҳои зидди Русия ноком шуданд. Ёдовар мешавем, ки сафири нави ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер зимни нахустин нишасти матбуотии худ дар мақоми сафир изҳор дошта буд, ки танҳо Тоҷикистон тасмим мегирад, ки алайҳи ин кишвар таҳримот ҷорӣ карда мешавад ё на.
Сарфи назар аз ин изҳоротҳои беасос, Русия шарики иқтисодии Тоҷикистон ва сармоягузори асосӣ ба иқтисодиёти ин кишвар буд ва боқӣ мемонад. Таҳримҳои Ғарб ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон халал намерасонанд. Гардиши мол сол то сол меафзояд, барномаҳои муштарак оид ба воридотивазкунӣ амалӣ карда мешаванд, ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва кооператсияи саноатӣ фаъол мегарданд. Гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 18,3% афзуда, ба 1,4 миллиард доллар расид.
Дар соли 2023 гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 13% афзоиш ёфта, тамоюли устувори болоравӣ дорад. Дар ин бора муовини сарвазири ҳукумати Русия Марат Хуснуллин санаҳои 19-20 июн дар ҷараёни сафари кориаш ба Душанбе изҳор дошт. Ҳангоми мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Душанбе Хуснуллин қайд намуд, ки тибқи маълумоти ӯ ҳаҷми сармоягузории ҷамъшудаи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 130 миллиард рублро ташкил дода, дар бозори ҷумҳурӣ беш аз 300 ширкати Русия фаъолият мекунанд (ин рақам назар ба нишондиҳандаҳои солҳои гузашта чанд баробар зиёд аст).
Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи тиҷоратии тоҷикии “Иқтисодчӣ” аҳамияти ин сафарро чунин арзёбӣ мекунад: “Сафари Марат Хуснуллин аҳамияти намоишӣ (калон) дорад. Ин нахустин сафари мақомдори баландпояи Русия ба Тоҷикистон нест. Ин дафъа ӯ дар мақоми нав – ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Қаблан ба кишвари мо муовини сарвазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук ташриф оварда буд. Фарқи байни ин сафарҳо дар самтҳое аст, ки мансабдорон назорат мекунанд. Оверчук барои бахши иқтисодӣ масъул аст ва қаблан бо масъалаҳои танзими андоз машғул буд, Хуснуллин масъалаҳои сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналиро дар ҳукумати Русия назорат мекунад. Дар ҷараёни сафари ӯ масъалаҳои фаъолият дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ ва инкишофи лоиҳаҳои нав, бахусус дар бахши энержӣ баррасӣ карда шуданд. Ин сафар барои лоиҳаҳои нав ва иштироки ширкатҳои русӣ дар лоиҳаҳои сохтмонӣ дар қаламрави Тоҷикистон имконият фароҳам меорад. То охири сол аз рӯи натоиҷи сафари ӯ тадбирҳои мушаххас таҳия ва амалӣ хоҳанд шуд”.
Қоҳир Расулзода қайд кард, ки самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои моро тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва маориф ташкил медиҳанд.
«Мо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ самимона манфиатдорем», – таъкид намуд муовини сарвазири Русия.
Хуснуллин дар ҷараёни сафараш бо сарвазири Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда”, сохтмони муассисаи таълимии “Сириус” ва сохтмони театри Маяковский дар пойтахти ҷумҳурӣ баррасӣ намуд.
Шарики асосӣ
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) бар ин назар аст: “Ба ҳар ҳол, ягон алоқаи сиёсӣ ва лоиҳаҳои дигар, фикр мекунам, наметавонад ба шарикии стратегӣ бо Русия халал расонанд.
Муомилоти молии мо асосан бо Русия аст, муҳоҷирони мо ба Русия мераванд, илова бар ин, мо на танҳо робитаҳои иқтисодӣ, балки робитаҳои фарҳангиву таърихӣ низ дорем. То 80 дарсади молҳои мо ба Русия, Осиёи Марказӣ ва Чин содир карда мешаванд. Ҳатто менталитети тоҷикону русҳо хеле монанд аст.
Яке аз муҳимтарин нуқтаҳои рушди илму иқтисодиёти мо дастрасӣ ба донишҳои ҷаҳонӣ мебошад. Бархе аз забони англисӣ истифода мекунанд, вале дар кишвари мо ин забон мақоми илмӣ ё сиёсӣ надорад. Равзанаи асосии дастрасии мо ба технология ва иттилооти ҷаҳонӣ танҳо забони русӣ аст. Маводҳои илмӣ бо забони форсӣ низ вуҷуд доранд, вале дар кишвари мо кам нафароне хати форсиро медонанд, аз ин рӯ, мардум асосан аз маводҳои илмӣ бо забони русӣ истифода мебаранд. Мо бояд инро қадр кунем ва ба хотири рушди ояндаи илм манфиатҳои худро ҳифз намоем».
Дар мавриди фишорҳои Ғарб Саидҷаъфар Усмонзода мӯътақид аст, ки равандҳои ҷаҳонӣ ба сӯи ғасби доираҳои нуфуз дар ҷаҳон пеш мераванд: «Рақобат байни Русия ва Ғарб вуҷуд дорад, ҳар як кишвари ғарбӣ мехоҳад ба кишварҳое, ки бо Русия робита доранд, зарба занад. Дар Афғонистону Украина мушкилот вуҷуд дорад, Ғарб мехоҳад ин мушкилотро ба аслиҳаи худ табдил диҳад ва онро барои хароб кардани равобити дипломатии Русия бо дигар кишварҳо, аз ҷумла бо Тоҷикистон истифода барад. Вале сарфи назар аз ин, созишномаҳои зиёди минтақавӣ ва дуҷониба вуҷуд дораед, СПАД фаъолияти муқаррарии худро идома медиҳад. Албатта, ин ҳама хушунат зидди Русия ба амнияти мо низ таъсир мерасонад, аз ин рӯ, мақомдорони баландпояи Русия барои ҳалли ин муаммоҳо ба кишвари мо меоянд. Дар таърихи мо давраҳои аз ин ҳам душвортаре буданд, вале мо ҳама мушкилиҳоро паси сар кардем.
Фикр мекунам, кишварҳои мо бояд тамоми иқтидору фишангҳоро истифода баранд, то робитаҳоро дар ҳамаи соҳаҳо нигоҳ доранд. Мо бояд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон дӯст бошем, вале тавассути долони ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиатҳои Русия».
Созишномаҳои воқеӣ
Дар ҳақиқат муносибатҳои байни кишварҳои мо густариш меёбанд. Тибқи маълумоти муовини Вазири иқтисоди Федератсияи Русия Дмитрий Волвач, дар соли 2023 аллакай 70 субъекти Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ ба роҳ мондаанд. Дар Конфронс оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон (моҳи марти соли 2023) беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни ҶСК «БТК Групп» ва минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» оид ба таъсиси кластери нассоҷӣ мебошад.
Ба гуфтаи М.Хуснуллин, Русия омода аст ба Тоҷикистон интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди чӯб, металлургӣ, воситаҳои нақлиётӣ ва саноати кимиёро афзоиш диҳад.
Дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаи саноати сабук ва таъсиси занҷирҳои муштараки истеҳсолӣ соли 2022 дар Исфара филиали фабрикаи пойафзоли Магнитогорск кушода шуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фабрика дидан карда, пешниҳод кард, ки ҷиҳати бозсозии як корхонаи мушобеҳ дар Душанбе корбарӣ кунанд.
Дар рафти мулоқот бо Марат Хуснуллин сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҷонибҳо бояд кӯшишҳои худро, ки ба татбиқи пурраи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда оид ба тавсеаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳамкориҳои ду кишвар равона шудааст, идома диҳанд. Ҷонибҳо инчунин доир ба ҳамкориҳои муҳоҷират, бахусус, таҳкими ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирон суханронӣ карданд.
Барои пешгирӣ кардани таҳдидҳо
Тавре дар боло қайд кардем, Ғарб аз чунин ҳамкории наздики кишварҳои мо нигарон аст. Фаридун Усмонов мегӯяд: «Таҳдидҳои Ғарб нисбат ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд, зеро ин изҳоротҳо бедалел буда, маҳз ба вайрон кардани равобити иқтисодии Тоҷикистону Русия нигаронида шудаанд. На Тоҷикистон ва на Русия ба бад шудани ин муносибатҳо манфиатдор нестанд. Кишвари мо хуб медонад, ки равобити тиҷоратию иктисодӣ бо Русия – роҳи асосии рушди на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказист. Барои мо, инчунин барои кишварҳои ҳамсоя низ, нигоҳ доштани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва мутақобилан судманд бо Русия хеле муҳим аст.
Ҳамкории мо бо Русия барои рушди минбаъда ва таъсиси минтақаҳои амниятӣ дар марзҳои Тоҷикистон низ муҳим аст. Изҳоротҳои кишварҳои ғарбӣ танҳо дар асоси манфиатҳои ин кишварҳо сохта шуда, манфиатҳои кишварҳои Осиёи Марказиро ба назар намегиранд. Барои рушди минтақа ва нигоҳ доштани сулҳу субот, кишварҳои мо дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Туркия манфиатдоранд.
На Тоҷикистон, на кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ танҳо ба хотири хоҳиши ИМА ҳамкориҳо ва равобити чандинсола бо Русияро вайрон намекунанд. Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА хуб дарк мекунанд, ки таҳдиду шантажи онҳо алайҳи раҳбарият ва ҳукуматҳои кишварҳои мо таъсири рӯшан ва оқибатҳои воқеӣ нахоҳад дошт.
Аммо кишварҳои ғарбӣ бо мақсади тағйир додани афкори ҷомеа ва эҷоди руҳияи зидди Русия дар минтақа ҳар кореро анҷом медиҳанд. Барои ин расонаҳои назоратшаванда фаъолона истифода мешаванд, вале ба ғайр аз қабати иттилоотӣ ин таҳдидҳо ягон таъсири воқеӣ надоранд.
Албатта, барои Тоҷикистон муҳим аст, то эълом дорад, ки кишвари мо равобити неки шарикиро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, ки ба ҳамкорӣ бо давлати мо манфиатдор ҳастанд, идома хоҳад дод, зеро пояҳои ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои судманди мутақобила бо тамоми кишварҳо дар стратегияи сиёсати хориҷӣ гузошта шудаанд. Дар доираи ин фаъолият Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия равобити хуб ба роҳ монда, ҳамкориҳои мо сол аз сол рушду таҳким меёбанд”.
Имконияти дигари беҳтару хубтар кардани равобити мо бо Русия ва ба сатҳи нав баровардани он – ин пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди ицтисодии АвруОсиё мебошад. Ин барои кишвари мо дастрасӣ ба яке аз калонтарин бозорҳои чаҳониро, ки бартариҳои онро бе ягон монеа дар интиқоли молу хизматрасонӣ, захираҳои мехнатӣ ва маблағҳо истифода бурда мешавад.
Узвият дар ин Иттиҳод ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз долонҳои нақлиётӣ ва логистикие, ки аз қаламрави он мегузаранд, пурра баҳрабардорӣ кунад.