Сӯҳбати раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзодаро дар рӯзномаи “Фараж” хондам. Ман ҳамчун шахси иқтисоддон С. Усмонзодаро эътироф мекунам ва эҳсос мекунам, ки ӯ фардои кишварашро нигаронкунанда дармеёбад. Ҳамчун роҳбари ҳизби фаъол С. Усмонзода аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил кунад ва аз пойбандӣ бар Чинро дар канор гузорад. Медонам, Чин кишвари абарқудрат аст, аммо аз он набояд ҳаросид. Барои тақвияти фикри худ мехоҳам сужаеро аз филми ҳинду, ки телевизиони Тоҷикистон нишон дода буд, дар поён ҳикоя кунам. Як нафар бонуи ҳинду пеш аз тӯйи хоҳарзодааш дар кишвари Амрико ба хонаи хоҳараш меравад. Дар он ҷо чанд рӯз мемонад. Бону бо надонистани забони англисӣ дар кӯчаҳо бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ӯ қасд мекунад, ки забонро омӯзад ва вориди мактаби забони англисӣ мешавад. Дар он ҷо намояндагоне аз миллатҳои гуногун: фаронсавӣ, испанӣ, чинӣ ва мардумони сиёҳпӯст низ буданд. Рӯзе як нафар марди ҳинду, ки забони англисиро меомӯхт, дар назди тахтаи синф бо ифтихор гуфт: мардуми мо фардо бузургтарин ихтироъкор мешаванд ва тамоми ҷомеаи ҷаҳониро идора мекунанд. Баъд ба марди англис, ки омӯзгор буд, рӯ овард: ин бародари ман аст, ба марди франсуз рӯ овард: вай ҳам бародари ман аст, ба бонуи испанӣ, ки бо чашмони пӯшида, гӯё хоб буд ва дар лабонаш табассум дошт (ишорае ба ҳарчӣ дар дастат ояд бикун, аммо ман нодида мегирам), рӯ овард: вай хоҳари калониям аст, баъд ба марди чинӣ рӯ овард: вай дӯсти азизи ман аст. Ба сиёҳпӯстон дигар ишорае накард. Филмномаҳо аслан паҳлӯҳои иҷтимоӣ ё сиёсии як ё якчанд кишварро ифода мекунанд. Ин филм сар то по тобиши сиёсӣ дошт ва ишорае ба чигунагии фардои ҷомеаи ҷаҳонӣ мекард. Яъне аз ин ишора пай бурдан мумкин, ки фардо сиёсати давлатдории ҷаҳонӣ аз Ғарб ба Шарқ мегузарад. Дар шарқ бошад, ду кишвари абарқудрат ҳаст: Ҳиндустон ва Чин. Оё Чин идора  намудани тамоми ҷаҳонро дорад? Дорад! Аммо ба чунин қудрат расидан пеш аз ҳама розигии кишварҳое абарқудрат ба мисли Русия, Амрико, Франсия, Англия, Испания ва Ҳиндустон лозим аст. Зеро чандин садсола аст, ки идораи ҷаҳонӣ ба дасти оилаҳои ҳиндуавропоӣ буд. Чин чунин вазъиятро хуб медонад ва даъвои идора кардани тамоми ҷаҳонро надорад. Ҳиндустон метавонад, аммо Чин намегузорад, ки чунин кишвари пурқудрат бар сари ҳокимияти ҷаҳонӣ биёяд. Дар ин миён фақат кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тӯли сӣ соли истиқлолият бо воситаи кормандони амният зери назорати Русия буд ва боқӣ хоҳад монд. Фақат дар ин миён Чин бе даъвои ҳеҷ чиз ва бо маслиҳати пинҳонии Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмаки беғаразона хоҳад намуд.

Ҳамроҳи Авлиёпур

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here